Главная / Илм / ДИАТЕЗ

ДИАТЕЗ

diatez2ДИАТЕЗ (юн. diathesis – майл доштан), нуқси модарзодии раванди мубодилаи моддаҳо. Д. бо аломатҳои махсус ва бемориҳо зоҳир мешавад. Механизми такомули Д. ба системаи вегетативии асаб ва тарашшӯҳи дохилӣ алоқаманд аст. Бештар намудҳои зерини Д. вомехӯранд: Д.-и экссудативӣ-назлавӣ (аксар вақт дар синни кӯдакӣ ба вуҷуд омада, кӯдак ба саглес ва диг. бемориҳои пӯст, илтиҳоби роҳи нафас, барангезиши асаб ва ғ. дучор мешавад); Д.-и лимфагӣ-гипопластикӣ (майл ба касалиҳои аллергии пӯст); Д.-и асабию артритӣ (касалиҳои банд, ҷигар, гурда, ихтилоли мубодилаи моддаҳо, шақиқа ва ғ., ки ба синну сол вобастагӣ доранд); Д.-и аллергӣ (организмҳои нисбат ба аллергенҳо ҳасосияти баланд доштаро муттаҳид мекунад); Д.-и геморрагӣ (хунравӣ аз рагҳои пӯст, пардаҳои луобӣ ва узвҳои дохилӣ).
Бемории ширинча як намуди Д. буда, баъди аз таъсири баъзе хӯроквориҳо (бештар тухм, қулфинай, меваҳои ситрусӣ, асал, шоколад) халал ёфтани мубодилаи моддаҳо ба вуҷуд меояд. Дар банди зону ва болои абрӯ баромадани ярачаҳои карахшдори зардтоб, сурх шудан ва пӯст партофтани рухсораҳо, карахш пайдо кардани сар, шалҳидани пӯст ва ғ. аломатҳои асосии бемории ширинча мебошанд. Чунин кӯдакон гирифтори бемориҳои илтиҳобӣ, конъюнктивит, отит буда, тез-тез қабзият ва дарунрав мешаванд; бисёр вақт дар онҳо бемориҳои пӯст (кубоъ, нейродермит, хоришак), аъзои нафаскашӣ (бронхит, зиқи нафас)-ро низ мушоҳида мекунанд; бемориҳои сироятии онҳо нисбатан тӯлонӣ ва вазнин мегузаранд. Одатан зуҳуроти Д. баъди 3 – 5 сол суст ё паст мешавад.
Д.-ро бо тавсияи духтур муолиҷа мекунанд. Истифодаи василаҳои хонагӣ, махсусан доруҳо боиси вазнин шудани бемории кӯдак мешавад. Духтур, одатан, аз ғизоҳои боднок парҳез мефармояд. Ҳангоми илтиҳоб ё шалтоқии пӯст ванна (бо иловаи доруҳо), ҳангоми нейродермитҳо хамираю марҳам (дар ҳар ҳолат бо тавсияи духтур) фоиданок аст. Барои пешгирии Д.-и занони ҳомила ва модарони ширхорадор ба онҳо истеъмоли хӯроки нофорамро манъ мекунанд. Ба кӯдакони то 3-сола ҳам чунин хӯрокро додан лозим нест; барои баъзе кӯдакон номгӯи хӯроки хоса тартиб бояд дод. Ниг. низ Аллергия.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …