Главная / Илм / ДИАЛИЗ

ДИАЛИЗ

dializДИАЛИЗ (юн. diálysis – ҷудокунӣ), ҷудо кардани омехтаи моддаҳои хурдмолекула аз системаи коллоидӣ ва маҳлули пайвастҳои калонмолекула бо ёрии мембранаҳои табиӣ (пуфаки гов, пергаменти наботот) ва сунъӣ (селлофан, коллодий ва ғ.). Д. мувофиқи қонунҳои диффузия суст ҷараён мегирад. Аз ин рӯ, барои тезондани Д. ғайр аз диализаторҳо (асбобҳо барои Д.) ҳамчунин электродиализаторҳо истифода мешаванд. Дар электродиализатор ионҳо дар майдони доимии электр, ки ба он маҳлули тозашаванда рехта шудааст, аз камераи мобайнӣ ба воситаи мембрана ба камераҳои паҳлӯии маҳлулгузари дорои ҳалкунанда мегузаранд. Д. аз ҳисоби зиёд гаштани фишор (дар камераҳо), ҳарорати маҳлулу ҳалкунанда, майдони мембранаҳо ва тозагии ҳалкунанда суръат мегирад. Д. дар бештари амалиётҳои технологӣ, тадқиқоти физикию химиявӣ, биологӣ, инчунин дар тиб истифода мешавад.
Баъзе усулҳои муолиҷа, ки дар мавриди заҳролудӣ ва нуқси гурдаҳо кор фармуда мешаванд, ба Д. асос ёфтаанд. Гурдаи сунъӣ (гемодиализ) ва лимфодиализ ҳам мансуби Д. мебошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …