Главная / Илм / ДИАДИНАМОТЕРАПИЯ

ДИАДИНАМОТЕРАПИЯ

diadinamoterapiyaДИАДИНАМОТЕРАПИЯ, яке аз усулҳои физиотерапия. Д. ба истифодаи ҷараёни диадинамӣ асос ёфтааст. Асосгузори Д. духтури франсавӣ П. Д. Бернар мебошад. Ҷараёни диадинамӣ ба организм таъсири зиддиилтиҳобӣ, бедардгардонӣ, ангезишовар ва ғ. мерасонад.
Ҷараёни диадинамӣ ретсепторҳои пӯст ва асабу мушакҳоро ба ангезиш оварда, ҳаракати хун ва тағзияи бофтаҳоро беҳтар месозад, маҳсули зарарноки мубодилаи моддаҳоро аз организм хориҷ менамояд, хуруҷи илтиҳобро боздошта, ҳисси дардро бартараф мекунад.
Ҷараёни диадинамӣ басомади кам дошта, ба шакли импулсҳо дода мешавад. Ҳафт навъи чунин ҷараён мавҷуд аст. Д.-ро барои муолиҷаи невралгия, осебҳои гуногун, иллати бандҳо, артрити тарбодмонанд, эндартериити фарогир, дискинезияи рӯда, талхадон ва масона, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта ва ғ. кор мефармоянд. Истифодаи Д. ҳангоми ҳомилагӣ, тромбофлебит, бемории санги пешоб ва талха, мавҷудияти кардиостимулятор ҷоиз нест. Даври муолиҷа аз 5 – 20 сеанс (рӯзе 1 – 2 маротиба) иборат аст. Муолиҷаи такрорӣ баъди 15 – 20 рӯз иҷозат дода мешавад. Давомоти табобат аз 2 то 10 дақ аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …