Главная / Илм / ДИАБЕТИ ГУРДА

ДИАБЕТИ ГУРДА

diabeti-gurdaДИАБЕТИ ГУРДА (Diabetes renalis), ҳолати маризиест, ки ҳангоми он дар таркиби пешоб глюкоза пайдо мешавад (гликозурия), ҳол он ки миқдори он дар хун мӯътадил аст. Сабаби Д. г. халал ёфтани ҷаббиши баръакс (реабсорбсия) – и глюкоза аз пешоби аввалин дар найчаҳои канории гурда мебошад. Д. г. дар натиҷаи ихтилоли полоиши пешоб дар калобачаҳои гурда низ ба мушоҳида мерасад. Яке аз сабабҳои Д. г. ноқисии генетикии ферменти фосфатаза мебошад. Ҳолатҳои якҷоя бо нефропатия, ки бар асари заҳролудӣ аз сулема, уран ва диг. моддаҳо сар задааст, рух намудани Д. г. низ дучор омадаанд. Он баъзан дар моҳҳои охири ҳомилагӣ ҳам ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми Д. г. миқдори глюкоза дар таркиби хун то 3%, баъзан 6 – 7% меафзояд.
Беморони гирифтори Д. г. ҳамеша гурусна мемонанд, зуд-зуд қай мекунанд, дарунрав мешаванд. Бо мақсади муолиҷаи Д. г. ихтилоли мубодилаи моддаҳоро ба сомон овардан лозим аст. Беморон бояд талафи карбогидратҳоро барқарор намоянд, то ки захираи гликоген дар ҷигар ва мушакҳо нест нашавад

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …