Главная / Маданият ва санъат / Маҳфуз мондан аз шарорати ҷинҳо

Маҳфуз мондан аз шарорати ҷинҳо

Дар китоби Ибни Абӯҳотам омадааст, ки: Шахси беморе, ки ҷинне вайро азият мекард, ба назди Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд (раз) омад ва Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд (раз) ин оятро хонда, дар гӯши он бемор дамид  ва ӯ тандуруст гардид. Он оятҳо ин аст:

Маҳфуз мондан аз шарорати ҷинҳо

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

А фа ҳасибтум аннамо халақнокум абаса-в-ва аннакум илайно ло турҷаъун. Фа таолаллоҳу-л-Малику-л-Ҳаққу, ло илоҳа илло Ҳува Раббу-л-Арши-л-Карим. Ва ма-й-ядъу мааллоҳи илоҳан охара ло бурҳоналаҳу биҳи фа иннамо ҳисобуҳу инда Раббиҳи, иннаҳу ло юфлиху-л-кофирун. Ва қу-р-Рабби-ғфир ва-рҳам ва Анта Хайру-р-роҳимин.[1]

Тарҷума: Оё пиндоштед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва он ки шумо ба сӯи Мо бозгардонида намешавед?» Пас, Бартар аст Худо – Подшоҳи Барҳақ, ғайри Ӯ ҳеҷ худое нест, Парвардгори Арши гиромиқадр аст! Ҳар кӣ бо Худо Худои дигарро бихонад, ки вайро бар он ҳеҷ ҳуҷҷате нест, пас, ҷуз ин нест, ки ҳисоби ӯ назди Парвардгораш аст, ба дурустӣ ки кофирон растагор намешаванд. Ва бигӯ: «Эй Парвардгори ман, биомурзу бибахшой; ва Ту Беҳтарини бахшояндагонӣ!»

Вақте ин ҷараёнро барои Расулуллоҳ (с) бозгуфтанд, Расулуллоҳ (с) фармуд:

– Эй Абдуллоҳ, (раз), ту дар гӯши он бемор чӣ хондӣ? Он чиро ки хонда буд, ба Расулуллоҳ (с) гуфт. Расулуллоҳ (с) фармуд:

– Бо хондани ин оятҳо ту ҷинро сузонидаӣ. Ба Худо савганд, агар ин оятҳоро як шахси муъмин бо яқини комил бар сари кӯҳе бихонад, кӯҳ ҳам аз ҷояш такон хоҳад хӯрд.

[1] Сураи Муъминун, оятҳои 115-118.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …