Главная / Илм / ДЕСМОИД

ДЕСМОИД

desmoidДЕСМОИД (юн. desmos – алоқа, бандак ва eidos – намуд), фибромаи десмоидӣ, омосе, ки аз бофтаҳои пайвандии байнимушакӣ, апоневрозҳо ва ниём (мушакпарда) бармеояд. Бештар дар занҳои 25 – 35-солаи таваллудкарда ба назар мерасад. Д. омоси танҳо, сахт ва бедард буда, дар девораи пеши шикам ҷой мегирад; суст месабзад. Вобаста ба ҷараёни болинӣ (клиникӣ) байни фибромаҳои ғайрисаратонӣ ва фибросаркома қарор дорад. Ҳангоми гумонбар шудан аз Д. беморро ба назди мутахассиси омосшинос фиристодан лозим аст. Дар беморхона Д.-ро ҷарроҳӣ мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …