Главная / Илм / ДЕРМАТОМИОЗИТ

ДЕРМАТОМИОЗИТ

detmatomizomitДЕРМАТОМИОЗИТ (аз дермато… ва юн. mys, myós – мушак), бемории умумии организм, ки ҳангоми он асосан пӯст, мушак ва асаб иллат меёбанд. Маълумоти аввалинро оид ба Д. соли 1887 бехабар аз ҳамдигар духтурони немис Э. Вагнер ва Х. Унферрихт (с. 1891 истилоҳи «Д».-ро пешниҳод намудааст) додаанд. Дар бораи пайдоиш ва инкишофи Д. хулосаи ягона вуҷуд надорад. Д.-ро аз рӯи нишонаҳои клиникӣ ташхис мекунанд. Д. шадид ё музмин мегузарад. Ба Д. асосан ҷавонҳо ва занҳо гирифтор мешаванд. Нишонаҳои асосии Д. дарди мушак, кашишу паридани мушакҳои алоҳида (махсусан ҳангоми ҳаракат), сурх шудани пӯст ва ғ. мебошанд. Д.-ро бо доруҳои гормонӣ, антибиотикҳо, давоҳои зиддигистаминӣ ва сусткунандаи ҳассосияти организм муолиҷа мекунанд. Ниг. низ Коллагенозҳо.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …