Главная / Илм / ДЕРМАТОЛОГИЯ

ДЕРМАТОЛОГИЯ

dermatologiiaДЕРМАТОЛОГИЯ (Dermatologia; аз дермато… ва …логия), як соҳаи илми тиб, ки бемориҳои гуногуни пӯст ва вобаста ба он амрози мӯй ва нохунро меомӯзад. Д. умумӣ ва ҷузъӣ мешавад: Д.-и умумӣ анатомия ва физиологияи пӯст, қонунияти умумии инкишофи амрози пӯст ва асоси муолиҷаи онҳоро тадқиқ менамояд. Д.-и ҷузъӣ амрози алоҳидаи пӯст, мӯй ва нохунро омӯхта, роҳҳои пешгирии онҳоро дарёфт мекунад. Д. микологияи тиббиро низ дарбар мегирад. Он занбӯруғҳои паразити барои одам ва ҳайвоноти хонагӣ касаловар (ниг. Бемориҳои занбӯруғии пӯст)-ро меомӯзад. Д.-ро дар мактабҳои олӣ ва миёнаи тиб таълим медиҳанд.
Д. бо венерология, педиатрия, эндокринология, гинекология, ҷарроҳӣ ва диг. илмҳои тиббӣ робитаи зич дорад. Ҳангоми омӯзиши масъалаҳои Д. нафақат усулҳои клиникии тадқиқот, балки усулҳои тадқиқи гистологӣ, гистохимиявӣ, микробиологӣ, биохимиявӣ низ истифода мешаванд.
Дерматоз ном бемории пӯст аз замонҳои қадим маълум аст. Тавсифи баъзе амрози пӯст ва роҳи табобати онҳо дар дастхатҳои мисриёну китобҳои солномавии баъзе халқҳои дигар вомехӯранд.
Таърихи Д. аз ду зина иборат аст.
Зинаи аввал аз замонҳои қадим то а. 16-ро дарбар мегирад. Дар ин давра фақат дар бораи чанд бемории пӯст дар адабиёти Чин маълумот дода шудааст: ҷузом (махав), гар, пес, шукуфаи тар ё қубоъ, моҳипӯстӣ, мӯйрезӣ ва ғ. Дар Ҳиндустон илми тиб тараққӣ карда буд, бемориҳо ба гурӯҳҳо тасниф мешуданд. Бино ба маълумоти манбаъҳои ҳиндӣ бештар аз 20 хели иллати сӯзокмонанд, 14 навъи амрози луобпарда, 18 хели ҷузом мавҷуд буд. Дар ин сарчашмаҳо нафақат бемориҳои гуногун, балки тарзи муолиҷаи онҳо низ оварда шудааст. Дар папирусҳои Мисри Қадим дар бораи амрози римноки пӯст, хориш, озах, ҷузом, қубоъ ва ғ. маълумоти фаровон мавҷуданд.
Дар равнақи Д. саҳми пизишкони Юнон, хусусан Буқрот басо бузург буд. ӯ бисёр масъалаҳои илми тибро ҷамъбаст кард, доир ба сабаб ва тариқи пайдоиши бемориҳо, муолиҷа ва пешгирии онҳо рӯшанӣ андохт. Буқрот бемориҳои пӯст (махав, мӯйрезӣ, хориш, амрози замбӯруғӣ ва ғ.)-ро медонист; ӯ сабаби пайдоиши бемориҳоро бо дигаргуниҳое, ки дар бадан рух медиҳанд (эндогенӣ), ҳамчунин бо таъсири омилҳои берунӣ (экзогенӣ) вобаста мекард. Пайдоиши баъзе бемориҳо, аз ҷумла амрози пӯстро ба чаҳор хилт нисбат медод: хун, сафро, савдо ва балғам. Ин ақида ба аҳамияти намоён соҳиб буд, зеро дар муддати 2000 сол дар илми тиб фарзия (назария)-и хилтӣ ҳанӯз мавқеи барҷаста дорад. Дар байни пизишкони Рум метавон аз Селс ёдовар шуд, ки дар бораи бемориҳои занбӯруғӣ, шукуфаи фалсӣ, амрози римноки пӯст (сикоз) ва ғ. маълумоти амиқ додааст.
Дар равнақи Д. саҳми олимони Осиёи Марказӣ низ калон аст. Мас., Закариёи Розӣ (864 – 925), Алӣ Аббос, Абӯалии Сино (980 – 1034) ва ғ. Онҳо дар бораи ришта, амрози обиланоки пӯст, саглес, гулафшон, ҷузом ва ғ. маълумоти ҷолиб додаанд.
Зинаи дуввуми таърихи инкишофи Д. давраҳои мураттаб сохтани бемориҳои пӯстро дарбар мегирад (баъди а. 16). Бори нахуст олими итолиёвӣ Меркуриасис с. 1571 дастурамалеро оид ба бемориҳои пӯст навишт. С. 1776 олими маҷорӣ Пленк, таснифоти бемориҳои пӯстро пешниҳод ва онҳоро ба 14 гурӯҳ тақсим намуд. Ин пешниҳодро минбаъд олимони англис (Виллан, Батемон ва диг.) дастгирӣ карданд. Таснифоти мазкур дар илми Д. аҳамияти калон дошт. Зеро аз ин вақт сар карда унсурҳои якум ва дуввумдараҷа аниқ шуданд, гузарондани ташхиси тафриқӣ имконпазир гашт. Донистани унсурҳои якум ва дуввумдараҷа имкон дод, ки бемориҳои пӯст аз рӯи аломат фарқ карда шаванд. Аз ҳамин вақт Д. ҳамчун илми мустақил, ки усулҳои муоинаи худро дошт, ҷудо гардид. Ҳамин тавр, а. 19 дар Аврупо Д. ба муваффақиятҳои калон ноил гашт. Таъсиси чаҳор мактаби асосии Д. (англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва русӣ) далели ин фикр аст.
Дар Тоҷикистон Д. бо ташкил шудани кафедраи бемориҳои пӯст ва ҷимоии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино тараққӣ кард. Ташкилотчӣ ва роҳбари аввали кафедра проф. А. Я. Прокопчук буд. Мутахассисони кафедра доир ба бодхӯрда, реши пашша, фотодерматоз, нейросифилис ва диг. бемориҳо пажӯҳиш анҷом доданд. Масъалаҳои сили пӯст, микозҳои амиқ, псориаз, тавлиди хун ҳангоми баъзе дерматозҳо вобаста ба шароити иқлими ҷумҳурӣ, табобати курортии амрози пӯст, хосиятҳои шифобахши чашмаҳои минералии Тоҷикистон мавриди тадқиқу омӯзиш қарор гирифтанд. Ҷанбаи дигари пажӯҳиши дерматологҳои тоҷик аҳамияти лойқаҳои шифобахш дар муолиҷаи дерматозҳои музмин дар калонсолон ва кӯдакон, сифилис, густариш ва ҷараёни клиникии дерматозҳои аллергӣ, шукуфа, омосҳои қаблисаратонӣ ва саратонии пӯст, пиодермия, махав, зуҳуроти пӯстии домана, табхол ва сирояти папилломавирусӣ маҳсуб меёбанд. Дар ривоҷу равнаки Д.-и тоҷик саҳми олимони варзида Прокопчук А.Я., Перкел И.Д., Раҳматов Б.Р., Исҳоқов С.И., Исоева Е.Т., Зоиров П.Т., Исоева М.С. ва бисёр дигарон назаррас аст.

П.Т. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …