Главная / Илм / ДЕФЕКТОЛОГИЯ

ДЕФЕКТОЛОГИЯ

%d0%b2%d1%83%d0%b0%d1%83%d0%bb%d0%b5%d1%89%d0%b4%d1%89%d0%bf%d1%88%d0%bd%d1%84ДЕФЕКТОЛОГИЯ (лот. defectus – нуқс ва …логия), илме, ки қонуният ва хусусияти инкишофи бачагони аз ҷиҳати рӯҳӣ ва ҷисмонӣ ноқисро омӯхта, бо масъалаҳои таълиму тарбияи онҳо машғул аст. Д. сурдопедагогика, тифлопедагогика, олигофренопедагогика ва логопедияро дарбар мегирад. Д. бо неврология, патофизиология, патопсихология, психологияи умумӣ ва педагогӣ ва диг. фанҳо робита дорад.
Дар Тоҷикистон чандин мактабҳои махсус (мактаби нобиноён, мактаби кару гунгҳо, мактаби ноқисулақлон, мактаби лакнатзабонон ва мактаби хирачашмон) вуҷуд доранд, ки дар онҳо кӯдакони ноқис ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …