Главная / Биология / ДАВРАИ ТАШАККУЛИ ҲУҶАЙРА

ДАВРАИ ТАШАККУЛИ ҲУҶАЙРА

Дар ин давр ҳуҷайраҳо шакл ва андозаи муайян мегиранд. Ҳуҷайраҳои ҷинсии модина дар раванди расиш бо парда пўшида шуда, баъди пурра хотима ёфтани мейоз ба бордоршавӣ омода мегарданд.

Дар бисёр мавридҳо, масалан, дар хазандагон ва паррандагон, аз ҳисоби ҳуҷайраҳои ҳуҷайратухмро иҳота карда, дар атрофи он пардачаҳо пайдо мешаванд (расми 6.9). Вазифаи онҳо муҳофизат кардани ҳуҷайратухм ва ҷанин аз таъсири шароити номусоиди беруна аст. Ба воситаи пардаи беруна ҳаво ба дарун дохил мешавад, аммо вирусҳо ва бактерияҳо аз пардаи тухми парранда гузашта наметавонанд.

davrai-tashakuli-hujayra

Вазифаи нутфа ба ҳуҷайратухм дохил кардани ахбори ирсӣ ва барои инкишоф фаъол гардондани онҳо аст. Аз ҳамин сабаб, баъди ба охир расидани мейоз ҳуҷайраҳои ҷинсӣ бозсозии васеъро аз сар мегузаронанд. Маҷмаи Голҷӣ дар қисми пеши канори сарак ҷойгир шуда, ба ҳиссачаҳои охирин, ки акросома ном доранд, табдил меёбад. Он ферментҳоро ҷудо карда, пардаи (мембранаи) ҷанин (тухм)-ро ҳазм мекунад.

Митохондрия дар гирди қамчинак пайдо мешавад ва болои ҳам зич ҷой гирифта, гарданакро ташкил мекунад. Нутфаи ташаккулёфта инчунин сентриола доранд (расми 6.10).

Нутфаи ҳайвоноте, ки бо дигар синфҳо дохил мешаванд, бо баъзе қисмҳои худ метавонанд хосияти сохтори дигарро дошта бошанд, вале принсипи сохторашон умумӣ аст. Маҳсули ҷинсии растанӣ ба монанди нутфаи ҳайвонот ситоплазмаи кам дорад.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …