Главная / Гуногун / ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

Давлати ҳуқуқбунёд ва нишонаҳои он Барпо намудани давлати демократии ҳуқуқбунёд мақсад ва вазифаи ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Мақсади аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим даровардани ҳаёти ҷамъиятӣ низ аз он иборат аст, ки ҳуқуқ ва демократияро ба ҳам пайваста, давлати ҳуқуқӣ бунёд карда шавад. Ташкили чунин давлат орзуи деринаи бисёр мутафаккирони ҷаҳон мебошад.

Вале ин роҳ душвор буда, паймудани он вақти зиёдро металабад. Барои ин ба вуҷуд овардани заминаҳои муайяни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ зарур аст. Бе баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷамъият, муҳайё намудани шароит барои ривоҷи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва кафолати риояи онҳо, масъулияти давлат дар назди шаҳрванд ва шаҳрванд дар назди давлат барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд аз имкон берун аст. Дар ҷамъияте, ки ҳуқуқи шаҳрвандон поймол карда мешавад, зўроварӣ ва таҳдид ба ҳаёти шаҳрвандон ҷой дорад, ҳеҷ гунна давлати ҳуқуқбунёд сохтан мумкин нест.

davlati-somoniyon

Барои бунёди давлати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқӣ зарур аст. Дар кишвари мо Конститутсия (Сарқонун) ва як қатор қонунҳо қабул карда шудаанд, ки онҳо барои инкишофи муносибатҳои озодонаи шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд роҳ мекушоянд. Ба ин гурўҳ, пеш аз ҳама, Кодекси гражданӣ, Кодекси меҳнатӣ, Кодекси мурофиавии гражданӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» ва монанди инҳо дохил мешаванд. Асоси ҳуқуқии барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ дар асоси он қабул карда шуда, бояд ба талаботи он мувофиқ бошанд.

Нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд инҳо мебошанд

  1. Бартарии ҳуқуқ ва волоияти қонун.
  2. Арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо нишонаи дуюми давлати ҳуқуқбунёд мебошад.
  3. Масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс.
  4. Нишонаи чаҳоруми давлати ҳуқуқбунёд таҷзияи ҳокимият ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …