Главная / Гуногун / Давлатхои Осиёи Миёна дар асри II пеш аз милод

Давлатхои Осиёи Миёна дар асри II пеш аз милод

Яке аз муҳимтарин ноҳияҳои зироатии Осиёи Миёна – Фарғона мувофиқи маълумоти маъхазҳои охири асри II пеш аз милод дар давраи пешина ва дар давраи Юнону Бохтар соҳиби иқтисодиёти мутараққие буд. Рости гап, мо фақат дар асоси маълумоти охири асри II пеш аз милод чунин иддао карда метавонем, зеро осори асри III–II пеш аз милод алҳол аз хоки Фарғона ёфт нашудааст.

Масъалаи дар ҳайъати давлати Юнону Бохтар будан ё набудани Фарғона ҳам масъалаи баҳснок аст. Дар асоси фақат як қайди Страбон (ХI, 11, 1) бисёр муҳаққиқон иддао доранд, ки Фарғона як қисми давлати Юнону Бохтар буд. Вале ин иддао далели мӯътабар надорад[1].

Дар Фарғона тангаҳои Евтидем, Деметрий ва сиккаи тақлидии Гелиокл ёфт шудаанд. Вале мумкин аст ин тангаҳо ва ҳам тангаи юнону бохтарӣ, ки дар Насои Порт ёфт шудааст, дар натиҷаи муомилоти савдо ба он ҷойҳо афтода бошад.

Хоразм, ки аз истилои аҷнабиён камтар аз ҳама зарар дида буд, дар асри II пеш аз милод давлати соҳибихтиёри тавоно ҳисоб мешуд. Маъхазҳои хаттӣ дар ин бора маълумоте надодаанд, вале ин иддаоро осоре, ки экспедитсияи Хоразм кашф кардааст, бешак, ба исбот мерасонад. Баъзе аз ин кашфиётро аз назар мегузаронем.

Ҷонбосқалъа росткунҷаи баробарпаҳлуест, ки дар атрофаш ду қабат девори мустаҳкам дорад. Даромадгоҳи қалъа, ки ба мудофиаи он махсус аҳамият медоданд, ба шакли долони морпечи панҷгардиша сохта шуда, ба замми ин деворҳои  он тиркашҳои иловагӣ дошт. Азбаски девори қалъа бурҷ надошт, тиркашҳои гӯшаҳои девор бодбезаквор ҷойгир шуда, ғайр аз ин тоқчаҳои нимдоирае низ буданд, ки ҳар яке се тиркаш дошта, имкон медоданд, ки таги девори қалъа тирборон карда шавад. Тиркашҳо ниҳоят чуқур буда, ғайр аз ин нова ҳам доранд, то ки тир кушодан осонтар шавад. Ана ҳамин новаҳо деворро чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё сатҳи он саросар нимсутун дошта бошад.

Шумораи калони тиркашҳо касро ба ақидае меорад, ки ба мудофиаи қалъа тамоми аҳолии он сафарбар карда мешуд. Тамоми сохти қалъабандӣ аз нақшаи ягонае далолат мекунад, ки мақсади он мудофиаи воҳа аз ҳуҷуми кӯчманчиён буд.

Ба ду тақсим будани шаҳр ҷолиби диққат аст. Кӯчаи калоне, ки шаҳрро ба ду тақсим мекунад, бо «Оташкада» – маркази парастиши оташи ҷовид интиҳо меёбад, ки он рӯбарӯи дарвозаи қалъа ҷой гирифтааст. Дар ҳар ду тарафи кӯча иморатҳои бузург сохта шудаанд, ки аз хонаҳои сершумори андозаашон қариб якхела иборат аст[2].

greco-bactriankingdommap-1024x699

Яке аз иншоотҳои ҷолиби диққати Хоразм Қӯйқирилганқалъа мебошад. Бар хилофи қалъаҳои муқаррарии чоркунҷа ё росткунҷа Қӯйқирилганқалъа манори алоҳидаест, ки ғафсии он 42 м буда, бо девори тарҳаш доирашакли бурҷдор иҳота шудааст (қутри ҳалқаи берунии девор 87,5 м). Манори марказӣ дуошёна буда, ду бор аз нав сохта шудааст. Дохили қалъа бо мурури замон пур аз иморат шуда будааст.

Дар натиҷаи ҳафриёт ашёи гуногун, аз ҷумла, хумҳои бисёр ёфт шуданд. Дар рӯи зарфҳои пачақ (баклаг) нақши мунаббатшудаи баландсанъати грифонҳо, аспакиҳо, занон ва ғ. тасвир шудааст. ҳайкалчаҳои сершумори сафолию гаҷӣ бутҳои хоразмиро таҷассум менамоянд, инчунин суратҳои тасвири рӯзгор ҳам ба назар мерасанд. Баъзе ҳайкалчаҳо ниҳоят реалистона мебошанд. Чанд катиба ҳам ёфт шуд, ки ба асрҳои III–II пеш аз милод тааллуқ дошта, бо хати оромӣ навишта шудааст. Дар яке аз он номе зикр шудааст, ки асосаш «аспа» мебошад ва мазмунан савораро ифода мекунад.

Дар Қӯйқирилганқалъа пораҳои даҳҳо устадонҳо (оссуарийҳо) ва бисёр ниқобҳои мотамӣ ба даст омаданд. Дар гирду атрофи қалъа ҳам бисёр устадонҳо ёфт шудаанд. Онҳо қуттии чоркунҷаи гилӣ мебошанд ва дар сарпӯши худ ҳайкали одамиро доранд (баъзан андозаи ин ҳайкал баробари қади одам аст)[3].

Ба қавли муҳаққиқони Қӯйқирилганқалъа, «бинои марказӣ гӯё сағонае буда, аниқтараш, бо қоидаи мурдасӯзӣ алоқа дошт. Ин «бинои мурдагон» якҷоя бо ҷасади ягон ашроф ё ҳоким ё худ подшоҳи Хоразм сӯзонда шудааст. Хокистари ҷасад ва шояд хокистари онҳоеро, ки ба дунёи охират мушоият мекарданд, аз хонаи сӯхта бардошта, ба устадон андохта мондаанд. Баъд тамоми ин иморат маъбади калоне шуда, дар айни ҳол ба маркази парастиши ҷирмҳои осмонӣ ва мушоҳидаи астрономӣ табдил ёфт».[4]

Ин нукта хеле аҷиб ва баҳсталаб аст, вале шубҳае нест, ки Қӯйқирилганқалъа осори барҷастаи маданияти Осиёи Миёна мебошад.

Қабилаҳои кӯчманчӣ ва ниммуқимӣ дар минтақаи васеи дашт, доманакӯҳҳо ва марғзорҳои кӯҳистон сокин буданд. Дар ноҳияҳои назди Арал ва байни дарёҳои Аму ва Сир ин қабилаҳо дар зери таъсири маданияти Хоразм монданд. Ва маҳз дар ин ҷо ба ҳаёти муқимӣ гузаштанд, ашрофи кӯчманчиён мулкҳои истеҳкомӣ доштанд. Қабилаҳои кӯчманчии сакоиҳо дар ноҳияҳои соҳили рости Сир, ки дар ҷараёни мобайни он воқеъ буданд, дар даштҳои ҷануби Қазоқистон, шимоли Қирғизистон, дар канораҳои водии Фарғона, қисман дар ноҳияҳои дохилии Фарғона ва дар Помири шарқӣ маскун мешуданд. Онҳо бо ноҳияҳои аслии муқиминишин робитаҳои мустаҳками иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданӣ доштанд, дар айни ҳол, онҳо як қисми он баҳри беканори қабилаҳои кӯчманчӣ буданд, ки аз Муғулистон то даштҳои ҷануби Рус мавҷ мезад.

Мо фақат тарҳи умумии таърихи асрҳои III–II пеш аз милоди Осиёи Миёнаро медонем ва он акнун як шакли муайян гирифта буд. Гап на танҳо дар он аст, ки ҳодисаҳои он давра чун лавҳаҳои ҷудо-ҷудо ва гусистаи як кинои азбайнрафта дар пеши назари мо ҷилвагар мешаванду зимнан иртиботи сабабии воқеаҳо, чун қоида, комилан номаълум аст. Таърихи сиёсии Юнону Бохтар то ба ҳол барои мо торик ва мавҳум мебошад. Пеш бисёр кӯшиш карда мешуд, ки номҳои аз тангаҳо маълуми ҳокимони Юнону Бохтар «ба навъҳо» тақсим карда шавад. Шарқшиноси рус В.В.Григорйев расо 100 сол пеш ин кӯшишҳоро танқид карда, бо алам навишта буд, ки «бо ин найрангбозиҳо илми таърих як қадам ҳам пеш намеравад»[5]. Дар ин сад соли охир шумораи тангаҳои ёфтшудаи Юнону Бохтарӣ хеле афзуд. Шарҳу тавзеҳоти нави таърихи Юнону Бохтар пайдо шуд, ки нисбат ба шарҳу тавзеҳоти сиккашиносони нимаи аввали асри ХIХ хеле ҷасурона буд. Вале ин ҷасорат, алалхусус ҷасорати В.В.Тарн, ба ягон факти аниқ муқарраршуда асос наёфтааст, балки асоси ин ҷасорат ҳамин, ки В.В.Тарн бе ҳеҷ далел байни ашхоси таърихӣ робитаву риштаҳои хешу ақрабоӣ кашида, аз рӯи расми тангаҳо онҳоро ба ҳам наздик мекунад ва маъхазҳоро бениҳоят озодона тавсиф менамояд. Ғояти субъективизми В.Тарн боиси он гардид, ки вай манзараи аз ҳақиқат дури таърихи Юнону Бохтарро ба вуҷуд овард. Мо ҳаргиз ният надорем, ки аҳамияти асари ин муаррихи барҷастаи англисро паст кунем. Ин асар аз мушоҳида ва материалҳои пурқимат моломол аст.

Мо фақат ҳаминро гуфтанӣ, ки ҳадде ҳасту аз он ҳад гузаштани таърихшинос мумкин нест, зеро агар вай аз ин ҳад гузарад, на ин ки таърихшинос, балки қиссапардоз мешавад. В.В.Тарн маҳз ба ҳамин аҳвол афтодааст.

Дар айни ҳол ба туфайли кашфиёти археологҳо ва нумизматҳо тавсифи иқтисодӣ ва мадании Юнону Бохтар як шакли ба таври лозима конкрет ва муайяне гирифтааст.

Боз дар як масъала таваққуф кардан лозим меояд. Дар адабиёти ғарб рол ва аҳамияти маданияти эллину юнонӣ дар инкишофи Осиёи Миёна беҳад болобардор карда мешавад. Баъзе олимон иддао мекунанд, ки кулли инкишофи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна дар давраи баъди истилои юнону мақдунӣ фақат натиҷаи таъсири юнониён аст ва шаҳрҳо, аз ҷумла, истеҳкомҳо фақат баъди омадани юнониён сохта шудаанд ва ғ. ва ҳоказо.

Дар асарҳои олимони советӣ, аз ҷумла, дар асари муаллифи ин сатрҳо, ки пеш чоп шудаанд, ин ақида сахт танқид шудааст. Сабабгории узвии протсессҳои дохилии иҷтимоию иқтисодӣ – ин аст он қувваи асосие, ки инкишофи ҷамъияти Осиёи Миёнаро муайян мекард. Кашфиётҳои археологӣ дар айни ҳол муқаррар намуданд, ки бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиён ва дигар халқҳои Осиёи Миёна маданияти ба худ хос доштанд.

Вале баъзеҳо ақидаҳои беасоси буржуазиро ҳаққонӣ танқид карда истода, ба ифрот роҳ медиҳанду аҳамият ва самараи робитаи иҷтимоию иқтисодӣ ва мадании байни олами юнону эллинӣ ва Осиёи Миёнаро дуруст акс наменамоянд, дар Осиёи Миёна мавҷуд будани бошишгоҳҳои калони юнониро рад мекунанд.

Юнониён ба Осиёи Миёна ҳамчун истилогар омаданд, вале баъдҳо юнониён на танҳо дар ҳайъати дастаҳои ҳарбӣ монданд. Дар байни юнониёне, ки дар Осиёи Миёна, Афғонистон ва шимоли ҳиндустон зиндагӣ мекарданд, косибу савдогар, артисту ҳайкалтарош, духтуру машшоқ ва ғ. мавҷуд буданд. Ба муносибати робитаи зич бо олами эллинӣ инкишофи сохти ғуломдорӣ як такони зӯре гирифт. Шаҳрҳо аз таъсири шаҳру бошишгоҳҳои юнониён, ки дар Осиёи Миёна барпо шуда буданд, берун монда наметавонистанд.

Таъсири юнониён ба маданияти маҳаллӣ, ҳам маданияти маънавию ҳам моддӣ, аз ин ҳам зӯртар буд. Фақат як мисол меорем: хати юнонӣ баъди истилои Искандари Мақдунӣ дар муддати ҳазор сол дар Бохтар навъи асосии хат буд. Дар санъати меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, заргарӣ ва ғ. таъсири тарафайни маданияти эллинӣ ва маҳаллӣ ба назар мерасид. Самараи ин таъсири мута-қобила дар асрҳои минбаъда ҳам равнақу ривоҷ ёфтанд. Вале бар хилофи даъ-вои бисёр муҳаққиқони ғарб, дар ин ваҳдат маданияти Осиёи Миёна аъзои ко-милҳуқуқ ва ҳатто аъзои асосии пешбаранда буд. Забони юнониён, ки дар қатори аҳолии маҳаллӣ зиндагӣ мекарданд, батадриҷ бо забони мардуми таҳ-ҷоии мамлакат омехта мешуд. Маданияти онҳо низ соҳиби хусусияти синкретӣ мегардид. Муовизаи байналхалқии мол, кӯчи мардум дар натиҷаи савдо, ҷанг, муҳоҷират ва ғ. боиси он гардид, ки беҳтарин комёбиҳои маданияти маънавӣ ва моддии Осиёи Миёна дар ғарб васеъ интишор ёфт. Бинобар ҳамин маданияти эллинӣ зодаи  бисёр  халқҳо:  эллинҳо,  мардуми  Шарқи Наздику Миёна, халқҳои Осиёи Миёна ва ҳиндустон мебошад.

Боз як масъала: В.В.Тарн мегӯяд, ки Юнону Бохтар қисми олами эллинӣ, яке аз давлатҳои эллинӣ мебошад[6]. А.К.Нарайн ин ақидаро танқид карда, тамоми таърихи Юнону Бохтарро таърихи «ҳинду юнонӣ» меномаду мегӯяд: «Таърихи Юнону Бохтар як қисми таърихи ҳиндустон аст, на давлатҳои эллинӣ. Эллинҳо омаданд, диданд, вале ҳиндустон онҳоро тасхир намуд»[7].

ҳар ду ақида ҳам аз ҳақиқат дур аст. Албатта, таърихи Юнону Бохтарро берун аз доираи таърихи Селевкиён омӯхтан мумкин нест. Албатта, набояд шубҳа кард, ки нимаи дувуми таърихи Юнону Бохтар бо ҳиндустон иртибот дорад. Вале сарчашмаи таърихи давлати Юнону Бохтар дар Осиёи Миёна аст, он дар ҳамин ҷо пайдо шуд, дар ҳамин ҷо (дар Афғонистон ҳам) қувват гирифт. Маҳз ширкати унсурҳои бохтарию эллинӣ он қувваеро ба миён оварданд, ки ҳиндустонро тасхир намуд. Пас, Юнону Бохтар, пеш аз ҳама, Осиёи Миёна ва Афғонистон аст, инчунин ҳиндустон ва олами эллинӣ.

[1] Дар ин бора uайр аз асарҳои дар боло борҳо номбаршудаи В.Тарн, А.К. Нарайн боз ниг. Бартольд В.В., 1964 б; Althӯim U., 1947–1948,. 315–317.

[2] Толстов С.П., 1948, с.88-48.

[3] Рапопорт Ю.А., 1971, с. 64–66.

[4] Толстов С.П., 1962, с. 117–135. Боз ниг.: «Койкрылганкала», 1967.

[5] Григорьев В.В., 1867 б, с. 774-775.

[6] Таrn W.W., 1950, р. ХIХ–ХХ.

[7] Narain А.К., 1962, р. 10–11.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …