Главная / Гуногун / Давлатҳои дигари Африкаи ҷанубтари Саҳрои Кабир ва Африкаи Ҷанубӣ (асри XIX)

Давлатҳои дигари Африкаи ҷанубтари Саҳрои Кабир ва Африкаи Ҷанубӣ (асри XIX)

Қаблан дар бораи таърихи давлатҳои сершумори Африкаи нимаи дуюми асри XIX – аввал асри XX ниҳоят кам маълумот дода будем. Тақдири ин давлатҳо низ ба тақдири давлатҳои дигари Африкаи ҳамин давра хеле монанд аст. Онҳоро низ давлатҳои империалистӣ ба мустамликаҳои худ табдил медоданд.

battle_of_kulm_by_kotsebu

Инҳо давлатҳои Африкаи Ҷанубӣ – Натал, Кап, дар Африкаи ҷанубтари Саҳрои Кабир – Сенегал, Гвинея, Соҳили Оҷ, Дагомея, давлатҳои Африкаи Ғарбӣ – Гамбия, Съера-Леоне, Соҳили Тиллоӣ ва қаламрави Нигери кунунӣ, давлати Ашантӣ, дар Африкаи Марказӣ – Конго, давлатҳои Африкаи Шарқи – Сомали, Кения, Уганда, Бурунди, Руанда, Занзибар, Танганика, Мадагаскар ва давлатҳои дигари хурду калони ин минтақаҳо мебошанд, ки дар зинаҳои гуногуни тараққиёти ҷамъиятӣ қарор доштанд. Дар давраҳои гуногуни таърихи нав дар тақсимоти мустамликавии ин давлатҳо Португалия, Англия, Фаронса, Германия, Италия, Белгия, ИМА ва Испания иштирок кардаанд. Вале дар оғози асри XX дар байни мамлакатҳои империалистӣ таносуби қувваҳо тағйир меёбад. Аз ҳамин сабаб баъзеи онҳо аз тақсимот норозӣ буданд, аз он ҷумла Германия.

Яке аз сабабҳои асосии cap задани ҷанги дар пешистодаи якуми ҷаҳон аз нав тақсим кардани мустамликаҳо, аз ҷумла мустамликаҳои африкавӣ буд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …