Главная / Гуногун / Давлат чист ва намудҳои он?

Давлат чист ва намудҳои он?

Савол:  Давлат чист  ва мафҳуми он чи маъно дораду шаклҳояш чигуна аст?

Ҷавоб: Давлат – ин намуди идоракунии сиёсии ҷамъият мебошад ва сарҳади ҷуғрофии худро дорад, ки дар он дастгоҳи идоракунӣ ҳаст ва ба он тамоми аҳолиаш итоат менамоянд.

diktator

Бо ибораи дигар: Давлат ин ташкилоти ҳокимияти ҷамъият буда, дастгоҳи махсуси маҷбуркунӣ дошта салоҳияити худро дар ҳудуди муайян амалӣ менамояд. Нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд ин ҳокимияти оммавӣ, ҳудуди муайян, аҳолӣ, соҳибихтиёрии давлат ва алоқамандии давлат ва ҳуқуқ.

Давлатҳо 2 намуд мешаванад аз нуқтаи назарӣ ташкилӣ идоракунӣ

  1. Монархия
  2. Ҷумҳуриявӣ

Монархия – Ин як намуди идоракунӣ мебошад, ки ҳокимият ба пуррагӣ ва ё қисман аз тарафи шоҳ, султон ва ё амир идора карда мешавад. Монархия ба 2 намуд тақсим мешавад:

  1. Монархияи мутлақ – ки дар ин ҳолат давлат ба пуррагӣ аз ҷониби шоҳ идора карда мешавад;
  2. Монархияи нисбӣ – ҳуқуқу ваколати шоҳ нисбатан маҳдуд карда шудааст;

Ҷумҳуриявӣ – Ҳокмият ба воситаи мақомоте, ки ба муҳлати муайян интихоб мегардад идора карда мешавад ва дар навбати худ ба 3-намуд тақсим мешавад:

  1. Президентӣ – Дар ин намуди идоракунӣ давлатро Президент идора мекунад;
  2. Омехта – Яъне дар ин шакл ҳокимият дар назди президент ва парламент масъул аст;
  3. Парламентӣ – Дар ин шакл Парламент ҳокимиятро идора мекунад;

Мафҳуми «Давлат» дар илм ва қонунгузории байналхалқӣ маънои ягона надорад. Маънои калимаи «Кишвар» аз «Давлат» камее фарқият дорад ва ҳамманои инҳо инчунин калимаи «Мулк» мебошад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …