Главная / Илм / ДАВИДАН

ДАВИДАН

davidanДАВИДАН, як тарзи ҳаракати босуръат. Дар Мисри Қадим, Ошур ва Юнони Қадим чун воситаи тарбияи ҳарбиён, бурдани маълумот ва ғ. истифода мешуд. Д. яке аз воситаҳои тарбияи ҷисмонӣ буда, мушакҳоро боқувват, дилро қавӣ ва ҳаракати хунро беҳтар мегардонад. Д., махсусан баъди меҳнати фикрӣ, як навъ истироҳати хуб аст.
Дар ҳар шароит (хона, кӯча, стадион, беша ва ғ.) бо Д. машғул метавон шуд. Ҳангоми дар хона машқ кардан (3 – 5 дақ.), ба зери по гилемча партофта, тирезаро кушода мемонанд. Дар хона машқ кардан рагу пайҳоро мустаҳкам карда, барои дар кӯча Д. имконият ба вуҷуд меорад. Вақти Д. дастҳоро аз оринҷ қат карда, пешу қафо ҳаракат бояд дод. Ҳангоми дар кӯча Д. зонуҳоро баланд набардошта, аввал нӯги пой ва сонӣ пошнаи пойро ба замин гузоштан лозим аст. Ба Д., қатъи назар аз ҷинс ва синну сол, танҳо ё ҳамроҳи дигарон машғул метавон шуд. Пеш аз машғулият ҳатман бо духтур маслиҳат бояд кард. Бо либоси варзишӣ ва шиппак (ё кеди) Д. беҳтар аст; пойафзор бояд як андоза калон бошад (барои патак кардан ё пӯшидани ҷуроби пашмин). Шитоб намудан лозим нест; аввал бештар роҳ рафтан, сонӣ Д. даркор ва баръакс. Одатан, ҳафтае 3 – 5 маротиба (15 – 30 дақиқа) Д. тавсия мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …