Главная / Маданият ва санъат / Либоси аз пахтагӣ (аз нахи пахта)

Либоси аз пахтагӣ (аз нахи пахта)

Пахта –  нахи табиӣ мебошад, ки он аз гурӯҳи растаниҳо пайдо шудааст, ки ватанаш ҳиндустон аст. Пахта аз асри 1-и томелод асосан дар мамлакатҳои Осиё парвариш ва истеҳсол карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тараққиёту истеҳсолии пахтаи эътибори калон додааст.

Пахтаро дар урфият «тиллои сафед» мегӯянд, ки дар ҳақиқат арзиши пахта ба тилло баробар аст. Пахта ҳамчун ашёи хом ба ҳисоб меравад ва аз он баъзе навъҳои то 33-55% ва навҳои маҳиннах то 38-40% нахи табиӣ мегиранд. Пахта растании яксола буда, дарозии нахаш аз 12-20 то 50-60 мм мешавад. Аз ҳама пахтаи беҳтарин нахи дарозтариндошта ба ҳисоб меравад. Аз пахта нах, ресмон гирифта, матоъ истеҳсол мекунанд.

chakan_duxtar

Fайр аз ин аз пахта равған, кунҷора, шулха, собун ва дигар равғаниҳои техникию стратегӣ истеҳсол мекунанд. Баробари он аз партовҳои пахта дар истеҳсолот селюлоза, лак, ранг, линолеум, киноплёнка, материалҳои изолятсионӣ истифода мебаранд. Аз барги пахта кистлотаи сирко,

кислотаи себ ва дигар кислотаи органикӣ истеҳсол мекунанд. Пояашро ҳам чун ҳезум истифода мебаранд. Аз пахта ресмонҳои ғафс ва бисёр матоъҳои зебо, монанди чит, дока, вилвет, духоба ва ғайраҳо истеҳсол мекунанд.

Матоъҳои пахтагӣ нисбат ба дигар матоъҳо бисёр хусусиятҳои баланди гигенӣ доранд. Онҳо сабук ва осон шуста мешавад. Намии ҳаво ва гармиро нағз мегузаронад пас аз шустан хусусиятҳои гигиении худро тез ва осон барқарор мекунанд, сабук дарзмол мешавад. Дар вақти шустан ҳаҷмаш хурд мешавад.

Агар 1 тонна пахтаро талаф диҳем, хоҷагии халқ 4320 м матои пахтагин, 110 кг равған, 16 кг собун, 260 кг кунҷора, 180 кг шулха ғум мекунад. Аз ин сабаб нигоҳ доштани пахта аз талафшавӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанди Тоҷикистон мебошад.

Раванди технологияи тайёр кардани нахи пахта бисёр душвор мебошад. Аввал аз чирку ифлосии тоза ва наддофӣ мекунанд, баъд аз он нахҳоро ҳосил мекунанд. Раванди истеҳсоли матои пахтагин чунин аст.

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …