Главная / Без рубрики / Дарзӣ низ дар куза афтод: ҳикояи мусулмонӣ

Дарзӣ низ дар куза афтод: ҳикояи мусулмонӣ

Дар шаҳре марде дарзӣ[1] буд, бар дарвозаи шаҳр дӯкон дошт бар дари гӯристон ва кӯзае дар мехе овехта буд ва ҳавасаш он будӣ, ки ҳар ҷанозае, ки аз дари шаҳр берун бурданд, вай санге дар он куза афганд ва ҳар моҳе ҳисоби он сангҳо кард, ки чанд кас берун бурданд ва он кӯзаро тиҳи  кард ва боз санг дарҳамеафканд. То рӯзгоре баромад.

muzdalifah7Дарзӣ низ бимурд. Марде ба талаби дарзӣ омад ва хабари марги ӯ надошт. Дари дӯконаш баста дид. Ҳамсояи ӯро пурсид, ки:

  • Ин дарзӣ куҷост, ки ҳозир нест? Ҳамсоя гуфт:
  • Дарзӣ низ дар куза афтод.

Байт:

Гар бар сари моҳ барниҳӣ пояи тахт
В-ар ҳамчу Сулаймон шавӣ аз давлату бахт.
Чун умри ту пухта гашт, барбандӣ рахт,
К-он мева, ки пӯхта шуд, бияфтад зи дарахт.

[1] Дарзӣ – дузанда.

Инчунин кобед

Хонаи фуруши дар Вахдат

Ҳавлии фурушӣ дар н Ваҳдат (маҳалаи Дайробод) 170 кв = 650 000 с

Ҳавлии фурушӣ иборат аз 8 сотиқ ё худ 170 квадрат бинои сохтмонӣ дорад. Ин аст …