Дарвиш

Дарвешеро шунидам, ки ба ғоре дарнишаста буд ва дар ба рўйи аз ҷаҳониён баста ва мулуку ағниёро дар чашми ҳиммати ў шавқату ҳайбат намонда.

Ҳар ки бар худ дари суол кушод,
То бимирад ниёзманд бувад.
Оз бигзору подшоҳи кун,
Гардани бетамаъ баланд бувад.

Яке аз мулуки он тараф ишорат кард, ки таваққуъ ба карами ахлоқи мардон чуни наст, ки ба намак бо мо мувофиқат кунад. Шайх ризо дод ба ҳукми он, ки иҷобати даъват суннат аст. Дигар рўз малик ба узри қудумаш рафт, обид аз ҷой ,барҷасту дар канораш гирифт ва талаттуф карду сано гуфт. Чун ғоиб шуд, яке аз асҳоб гуфт шайхро, ки чандин мулотифат имрўз бо подшаҳ, ки ту кардӣ, хилофи одат буд ва дигар надидам. Гуфт:
– Нашунидаӣ, ки гуфтаанд:

Ҳар киро бар симот биншастӣ
Воҷиб омад бар хидматаш бархост.

***
Гуш тавонад, ки ҳама умр вай
Нашнавад овози дафу чангу най.
Дида шикебад, ки тамошои боғ
Бе гулу насрин ба сар орад димоғ.
В-ар набувад болиши оғандапар,
Хобт авон кард ҳазаф зери сар.
В-ар набувад дилбари ҳамхоба пеш,
Даст тавон кард дар оғўши хеш.
В-ин шиками беҳунари печ печ
Сабр надорад, ки бисозад бо ҳеҷ.

***
Ҳочат аст ин ки пеши миру вазир
Пушт ҳам мекунанду боло рост.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …