Главная / Гуногун / Дарвешеро зарурате пеш омад, касе гуфт:

Дарвешеро зарурате пеш омад, касе гуфт:

– Фалон неъмате дорад беқиёс. Агар бар ҳоҷати ту воқиф гардад, ҳамоно ки дар қазои он таваққуф раво надорад.
Гуфт:
– Ман ўро надонам.
Гуфт:
– Манат раҳбарӣ кунам.
Дасташ гирифт, то ба манзили он шахс даровард. Якеро дид, лаб фуруҳишта ва тунд нишаста. Баргашту сухан нагуфт.
Касе гуфташ:
– Чӣ кардӣ?
Гуфт:
– Атои ўро ба лиқои ў бахшидам.

Мабар ҳоҷат ба наздики турушрўй,
Ки аз хўи бадаш фарсуда гардӣ.
Агар гўӣ ғами дил, бо касе гўй,
Ки аз рўяш ба накд осуда гардӣ.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …