Главная / Гуногун / ДАРГОҲИ БАХТ

ДАРГОҲИ БАХТ

Ҳангоми бо корхонаи мошинсозии «Тоҷикгидроагрегат» шиносо шудан кас мефаҳмад, ки чаро ҷавонон завод, сех, бригадаро университети ҳаёти худ меноманд. Онҳо бештар «мо», «аз они мо», «дар коргоҳи мо» мегўянд, зеро коллектив дар ин ҷо чун оилаи худ дилпазиру маҳбуб гардида, рафиқони ҳамкор одамони аз ҳама наздик шудаанд. Ҳар як коргари ҷавон ҳарорати дилу дасти дўстони ҳамкорро дар ин коллективи аҳлу тифоқ ва ҳамдилу ҳамдаст эҳсос  мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҷо онҳо ҳамчун коргар ва гражданин ба камол мерасанд. Навкороне, ки ба коллективи меҳнаткашон омадаанд, дар алоқаю муносибат бо рафиқони калонсол, ветеранҳо обутоб ёфта ва онҳо на фақат маҳорати касбӣ, балки инчунин ҳаётро меомўзанд. Онҳо худ меомўзанд, то ки баъд дигаронро омўзонанд. Бинобар ин ҳам вақте аз дастгоҳчӣ дар бораи тарҷимаи ҳоли меҳнатиаш мепурсед, вай одатан нақлашро аз муаллиму рафиқони ҳамкор сар мекунад.

duxtaroni-tojik-89Чанд сол пеш дар завод чунин шакли тарбия, монанди аз касбҳои гуногун воқиф гардонидани ҷавонон тавлид ёфт. Пештар, бо ин кор, чун қоида, фақат мактабҳо, донишкадаҳо, омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ машғул мешуданд. Ҳоло ин корро завод ба ўҳда гирифтааст. Тайёр кардани коргари ҷавон пеш аз ба вай додани дафтарчаи меҳнатӣ сар мешавад. Зеро фаъолияту боварӣ ба худ, нақшаҳои ояндаи шахс вобаста ба онанд, ки ба интихоби касб то чӣ андоза ҷиддӣ муносибат кардааст. Пештар тавре ҳам мешуд, ки ҷавонон дар бораи ягон касб бисёр шунида, мафтуни он мегардиданд. Вале моҳияти касби интихобкарда, душвориҳои он барои бисёриҳо баъдтар ошкор мешавад. Ва агар орзу бо суботкорӣ ва қувваи ирода мустаҳкам нашавад, вай ба пушаймонӣ оварда мерасонад.

Маҳз барои ҳамин ҳам коллективи завод қарор дод: мактабҳои рақами 4 ва 6-ро, ки бисёр хатмкунандагони онҳо ҳар сол ба сехҳои завод меоянд, инчунин маркази таълими политехники райони Октябрро ба шефӣ гирад. Аксари онҳое, ки ба шефӣ гирифта шуда буданд, устоҳои моҳир шуданд. Ин натиҷаҳои аввалини кор мебошад.

Кори байни мактаббачагон аз синфи шаш сар мешавад, зеро дар ҳамин давра бисёриҳо дар бораи касби оянда фикр мекунад ва хеле муҳим аст, ки онро дуруст интихоб кунанд. Аммо бо як гуфтугў кардану маслиҳат додан кор буд  намешавад. Кори доимӣ ва ба мақсад мувофиқ лозим: ташкилотҳои касабавӣ ва комсомолии завод вазифаашонро ҳамин тавр мефаҳманд. Дар плани перспективии тараққиёти завод дар панҷсола фасли махсусе ҳаст, ки ба кори шефӣ ва касбинтихобкунии хонандагони мактабҳо бахшида шудааст. Коллектив ба ин масъалаҳо ҳамеша диққати ҷиддӣ медиҳад. Одамони беҳтарини завод дар мубоҳисаҳои хонандагони синфҳои боло дар мавзўъҳои «Кӣ бояд шуд?», «Ҳусни инсон дар чист?», «Роҳи ҳаётро чӣ тавр интихоб бояд кард?» иштирок мекунанд.

duxtaroni-tojik-59Роҳбарони завод дарди мактаб, дарди  коллективи педагогии онро хуб мефаҳманд ва ҳамеша мадад мерасонанд. Дар ҳамаи чорабиниҳое, ки мактаб мегузаронад, ба мисли  «Занги аввал», «Занги охир», «Иди Алифбо», шабнишиниҳои солинавӣ, ҳамчунин дар советҳои педагогие, ки ба масъалаҳои тарафайн дахл доранд, ҳамеша иштирок мекунанд.

…Рўзи корӣ ба охир расид. Коргарон қатор ба хонаи либосивазкунӣ мерафтанд. Валерий Грядкин ҳам омаду чунин гуфтугўро шунид.

– Вақте бачаҳо аз мактаб ба завод меоянд, аз онҳо талаби риоя кардани интизоми меҳнатӣ мушкил аст, – мегуфт яке аз коргарон. – Албатта дар мактаб ҳам ба онҳо интизом меомўзанд, вале ким-чӣ хел аз ҳаёт ҷудо.

– Гапат дуруст, – розӣ шуд дигарӣ. – Дар мактаб дер мондӣ, касе аз ин зарар намебинад. Ана онҳо фикр мекунанд, дар корхона ҳам ҳамин хел мумкин…

– Ҳа, дар амал, дар сех, барои шикастани ин рўҳиёт вақти зиёд лозим аст.

– Ба фикрам дуруст мебуд, агар ба бачаҳо дар вақти таҳсилашон коргаронро вобаста мекардем.

– Ана худат як ташаббус нишон деҳ, – маслиҳат дод якумӣ. Ба мактаб раву гўй: «мехоҳам ба шефӣ гирам…».

– Бе дарди саре нишаста будам…

– Фикри хуб – бачаҳоро ба шефӣ гирифтан, – ба сўҳбат ҳамроҳ шуд Валера.

– Як ибрат нишон деҳ, Валера, – боз овози якумӣ баланд шуд.

«Хайр, ин фикр ҳам дуруст», – андешид худ ба худ ва рўзи дигар ба устохонаи мактаби рақами 4 даромад. Он тангу тор, нобобу нообод буд. Бачаҳо дар ду дастгоҳи фарсудаву шалақ ким-чӣ тайёр мекарданд.

– Ин пўлодро бо кадом мақсад метарошед, – пурсид ў.

Бачаҳо ба ин меҳмони нохонда бо ҳайрат нигаристанд. Чун диданд, ки рўи нарм дораду меҳрубон менамояд, китф дарҳам кашиданд.

– Надонем. Муаллим фармуд. Мо иҷро мекунем.

Ў ба онҳо бо як навъ табассуми дилсўзона такрор-такрор нигаристу акнун рафтанӣ буд, ки  муаллим омад.

Ў гуфт, ки ин меҳнат не, бозӣ аст. Чунки ҳеҷ кас маҳсулот намедиҳад, план намедиҳанд, чӣ коре  хоҳед, кунед. Сипас қисмҳои тайёршударо  санҷида ба қуттӣ мепартояд.

– Чӣ, мо брак кардем? – мепурсад бачае.

– Не, – ҷавоб медиҳад муаллим. – Ҳамаатон хуб кор кардед.

– Набошад, чаро онҳоро партофтед?

duxtaroni-tojik-39Дар ҳақиқат, чаро? Оё муаллим метавонист ба онҳо нақл кунад, ки ин маҳсулотро ў аз коргарони завод талбида, махфӣ аз завод баровардааст. Ва бо ҳамин роҳ бояд ба завод баргардонад. Ба дилаш задааст. Аз ин рў, дарси дигар онҳо ҳавлӣ мерўбанд, оҳанпора меғундоранд. Бачаҳо ҳам зиқ шудаанд. Ба онҳо намефорад, ғашовар аст. Боре яке аз онҳо пешниҳод намуд.

– Волидайни ман дар завоб кор мекунанд. Доимо мегўянд, ки дастгоҳҳо бекоранд, харротҳо намерасанд. Чӣ мешавад, ки ҳамон дастгоҳҳоро дар устохонаамон монем. Маҳсулот, асбобу  анҷом, план гирем.

Муаллим тайёр буд, ўро ба оғўш гирад: фикрронниаш дилсўзона, ба манфиати давлат. Ў ба завод на як бору ду бор муроҷиат кард. Вале дастгоҳ додан мумкин набудааст. Ба райкому горком рафт. Онҳо ҳам ёрӣ дода натавонистанд. Бачаҳо бошанд, ҳамоно ҳавлӣ мерўбанд, қоғазу оҳанпора меғундоранд. Барои ин муаллим ба онҳо «чор»-у «панҷ» мемонад, охир кўшишу ғайрат   карданд.

– Афсўс мехўрам, ки дар журнали синф фамилияи онҳое нест, ки ман муроҷиат кардам. Бо майли том ба ҳар кадомаш «ду»-и ғафс  мемондам!

Ба сараш фикре омад: чӣ мешавад, ки дар завод барои бачаҳо участкаи махсуси истеҳсолӣ ташкил кунем. Рўзи дигар ў боз ба мактаб омад. Як гурўҳ писарбачаҳо футболбозӣ мекарданд. Ў ба «майдон» даромад ва дасти росташро боло карда гуфт:

– Бачаҳо, як лаҳза истед! Ба шумо гап дорам!

Футболбозон ҳамоно дар ҷояшон таваққуф карданд ва ҳайрон сўяш нигаристанд. Карахтии бачаҳоро дида, Грядкин табассум намуд.

– Чӣ ин қадар тарсидед? Натарсед, ман тарафдори бозӣ, танҳо мехостам, ки дар бораи як масъалаи муҳим бо шумо маслиҳат кунам.

– Дар бораи чӣ? – бачаҳо шердил шуда ўро ҳалқавор печонда гирифтанд.

– Биёед, наздиктар шинос шавем. Ман дар завод  бригадир шуда кор мекунам. Ман ҳам футболбоз, аъзои командаи якачини завод. Лекин рўзи дароз футболбозӣ намекунӣ-ку. Чӣ мешавад, ки дар дастгоҳ кор карда ҳам касб ёд гиреду ҳам детал  созед.

– Охир, дастгоҳ набошад, чӣ кор кунем?! – шўрид писарбачае.

– Агар дар завод участка ташкил кунем, кор мекунед?

Бачаҳо хандиданд. Ў шубҳаомез бо чашмони  беғубораш онҳоро аз назар мегузаронад ва мепурсад:

– Чаро механдед?

– Э, амак, шумо афсона гуфта истодаед?

Боз бачаҳо хандиданд.

– Афсона не, ҳақиқат. Мо имконияти ташкили чунин участкаро дорем, – хеле ҷиддӣ ва боварибахш гуфт ў.

Бо вуҷуди ин бачаҳо бовар накарданд. Яке, ки аз афташ сарварашон буд, бепарво гуфт:

– Хайр ташкил кунед-ку.

Бачаҳо боз қайю ҷувкунон машғули бозӣ шуданд.

Фикри Грядкин ба котиби партком маъқул афтода бошад ҳам, сир бой надод. На ризояташро гуфту на рад кард.

Андеша одамро ба ҷойҳои дуродур мебарад, ба ҷойҳое, ки худи одам шояд ҳеҷ гоҳ нарасад. Зеро дар хаёл ҳама кор осон шуданӣ, ба зудӣ шуданист.  Аммо ҳақиқати ҳаёт на ҳама вақт мушобеҳи андеша аст. Корро бо мулоҳиза, бо нақшаи муайян ба роҳ мондан зарур, то он дар нимароҳ намонад.

Аввал ҳамаи «ҳа»-у «не»-ҳоро фикр карданд. Масъаларо амиқ омўхтанд. Маълум шуд, ки ташкили участкаи истеҳсолӣ на танҳо мумкин, балки зарур аст. Зарурияти он сабабҳои зиёде дорад. Аммо муҳимтаринашон: тарбияи меҳнатии ҷавонон, соҳибкасб шудани онҳо. Имконпазир ва зарур буданро ҳама мефаҳмиданд, эътироф мекарданд. Аммо ташкили онро на ҳама мехостанд. Махсусан сардорони сехҳо бар зидди ин иқдоми нек буданд. Онҳо, албатта, рўирост муқобилият намекарданд, зеро метарсиданд, ки ба кўтоҳандешӣ, муқобили пешрафт маҳкум мешаванду ба бало мемонанд.

Яке аз онҳо, ки чашмони бозингар дошт, даъво мекард:

– Агар бачаҳо оҳанпораҳои саҳни заводро бинанд, бемасъулиятию бесарусомониро меомўзанд.

– Оре! – тақвият дод дигаре. – Дилашон аз завод хунук мешавад.

– Не! – эътироз кард Валерий Грядкин ва бо камоли ҷиддият тафсир дод: – Баракс, ин коргаронро маҷбур месозад, ки масъулиятшиносӣ, ҳалолкорӣ, интизомнокиро омўзанд. Ин на танҳо завқу андешаи бачаҳо, балки коргаронро низ сайқал медиҳад.

Грядкин боз сўи мактаб роҳ пеш гирифт. Бо директори мактаб Андрей Михайлович Задниченко гапро пазондан лозим буд. Директорро дар даромадгоҳи мактаб ёфт, ки ба ҷое ба коре шитоб дошт, вале ў Валераро дида ноилоҷ, аз роҳаш  баргашт.

– Агар як лаҳза дер мекардӣ, ҳамдигарро намедидем, – гуфт директор, ки ўро хуб мешинохт.

– Дилҳо наздик будааст-дия, – табассум кард Валера.

Андрей Михайлович ба қавле мўйро дар кори ҳамин мактаб, дар тарбияи насли наврас сафед кардааст. Ҳоло мўйҳои қатрониаш барфрангу рўйи беҷирмаш пурожанг гаштааст. Ба як маънӣ ин нишонаи роҳи тайкардаи ўст. Пас аз шунидани Грядкин директор боифтихор гуфт:

– Мо программаи тарбияи меҳнатӣ дорем. Ҳамаи хонандагони мо дар сохтмонҳо кор мекунанд.

– Онҳо он ҷо чӣ хел кор мекунанд? – мароқ зоҳир кард Грядкин, вале ҷавоби директорро интизор нашуда илова кард:

– Хасу хошок мерўбанд. Чанг мехўранд, ҷонбазан мешаванд. Дасту дилашон ба касбу кор ях барин хунук мешавад.

– Гапатон дуруст-куя… – забон хоида гуфт Андрей Михайлович. – Фикр мекунед, дар заводи шумо хуб мешавад?

– Хуб мешавад. Боварӣ дорам! – қатъӣ гуфт Грядкин.

Билохир байни мактаби рақаи 4 ва завод шартнома ба имзо расид. Меҳнат ва таълим. Таълим ва меҳнат. Ин мафҳумҳо дар шуури мо бояд паҳлўи ҳамдигар истанд, зич паҳлўи ҳам. Бе ягонагии онҳо, бе якдигарро пурра кардани онҳо,  камолоти бачаҳо, худи мо ва ҷамъияти мо номумкин аст. Як сардори сех ба директори завод  рўй овард:

– Шумо истед, ки акнун завод базаи мактаб мешаваду ҳамаи мо тарбиятгар. Ана ман-сардори сех ва вазфиаи ман истеҳсоли қисмҳои гидравликӣ. Инро ман метавонам, инро ба ман  омўзондаанд. Лекин тарбиятгар шуда  наметавонам ва намехоҳам. Он гоҳ чӣ?

Директори завод бо ҳамон оҳанг зуд ҷавоб дод:

– Он гоҳ ҷойро холӣ мекунед.

Аввал ҳама баланд хандиданд. Баъд симоҳо ҷиддӣ гашта, ба андеша рафтанд.

Қитъаи истеҳсолӣ ҳам таъсис ёфт. Дар аввал аъзои он чандон зиёд набуд. Аммо ин ташкилотчиёни корро ба тааҷҷуб нагузошт. Зеро пешбиниашон низ чунин буд. Охир, шикастани анъанаи дерин ва ҷорӣ кардани кори нав осон нест. Норасоӣ дар ҳар қадам дучор меомад.

– Тамоман гаранг шудем, – директорро дидан замон лаб ба шикоят кушод устои қитъа, – чӣ кор карданамонро намедонем. Аз гуфтану фаҳмонидана даҳонам мў баровард, бефоида. Бинед, чӣ қадар оҳана параха кардаанд. Дилам месўзад.

Усто сохтакорона худро ғамгин гирифта, дилсўз  буданашро намоиш медод.

– Ҳа, мебинем, – оҳи чуқур кашид директор. – Лекин айби худатон. Ба шумо, кӣ фармуд, ки онҳоро паси дастгоҳ монед. Аввал ёд деҳ, баъд фармо. Чаро ба онҳо касе вобаста нест? Бо ин усул корро аз кӣ ёд мегиранд? Анна, ба худи шумо ягон кас касб омўзонд ё не?

– Ҳа, омўзонд. Акаи Мирзо.

– Набошад, чаро ба онҳо намеомўзонед?

– Коргарон намехоҳанд.

– Барои чӣ?

– Надонам.

– Э, қанд занед. Корро худатон расво кардеду боз гила мекунед.

Устои «дилсўз» аз вазифа озод шуд. Ба ҷояш  дигар кас бо амри дил омад. Мактаббачаҳо дар аввал аз овозу ларзиши дастгоҳ меҳаросиданд. Лекин оҳиста-оҳиста онҳо туфайли роҳнамоии устоҳои моҳир бо дастгоҳ аз наздик «шинос» шуданд, тадриҷан вазифаи ҳар мурватро аз худ намуда, бо дастгоҳ «забон» ёфтанд. Баъд дар сехҳои механикӣ, васлгарӣ ва челонгарӣ, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини техника муҷаҳҳазанд, қитъаҳо ташкил ёфтанд. Хонандагон бо роҳбарии истеҳсолотчиёни пешқадаму соҳибтаҷриба Ғашбек Нуров, Рустам Аноятов, Валерий Грядкин, Аъзам Алиев, Александр  Сериков, Мирзо Давлатов, Юсуф Раҷабов, Салоҳиддин Аъзамов идораи дастгоҳҳоро  меомўзанд. Дар хоҷагии пешқадам аз имтиҳони касбу ҳунар мегузаранд.

Фаъолияти хонандагонро дар машғулиятҳо ва таҷрибаҳои истеҳсолӣ Совети мураббиёни корхона, ки аъзоёни он коргарону устоҳои пешқадаманд, назорат, таҳлил ва ҷамъбаст мекунанд. Аъзоёни совет пеш аз ҳама барои ба хонандагон беҳтар ёд додани техникаи наву технологияи пешқадами истеҳсолот аҳамияти калон медиҳанд. Онҳо барои ривоҷ додани завқи эстетикӣ, фаъолияти эҷодҳои техники шогирдон тадбирҳои муҳимеро ба амал мебароранд. Тавассути ин дилсўзӣ машғулият дар қитъаҳои истеҳсолӣ басо шавқангез мегузаранд. Дар рафти он хонандагон ба касбҳои коргарӣ, донишҳои техникӣ рағбати калон пайдо мекунанд. Онҳо тасаввурот ва донишҳои техникии худро ҷасурона дар амал месанҷанд. Валерий Грядкин ақида дорад, ки дар машғулиятҳо ба талабагон бояд на фақат дар дастгоҳ кор карданро омўзонад, балки дар назди воқеаҳои душвори зиндагӣ пас наоманданро ёд диҳад. Пас наомаданро омўзондан мумкин? Оре, мумкин! Бо кадом роҳ? Бо роҳи супориши душвореро дода, иҷрояшро назорат кардан, маслиҳат додан, ёд додан, дар дилаш  тухми муҳаббат коштан. Вай мехоҳад ба шогирдон пеш аз ҳама инсонгариро омўзонад. Ба воситаи он меҳру муҳаббатро ба меҳнат, шавқи кор карданро бедор карданӣ мешавад.

Тобистони ҳамон сол директори мактаб Андрей Михайлович Задниченко ба назди директори завод Георгий Александрович Цанаксиди омада, ўро ба шабнишинии хаткунандагон таклиф кард.

– Бачаҳо, – гуфт ў, – номаи камол мегиранд. Як қисми онҳо ба заводи шумо омаданӣ. Дар назди онҳо баромад карда, ба онҳо роҳи сафед орзу менамудед, хуб мешуд.

– Бо ҷону дил, – розӣ шуд Цанаксиди, – акнун мактаби шумо як қисми заводи мост.

– Шояд завод як қисми мактаби мо бошад?

– Ё ҳарду! – хандид Цанаксиди.

Бегоҳӣ дар вақти муайяншуда ба мактаб омад. Ўро хуш пазируфтанд. Задниченко шабнишиниро кушода, аввал ба ў сухан дод.

– Дўстони азиз! – гуфт Георгий Александрович ба хатмкунандагон рў оварда. – Инак, даҳ соли хониш ба охир расид. Даҳ соли таҳсил шумоёнро бо ҳам қарин, дўст, бародару хоҳар кард. Бигузор дўстии шумо ҳамеша ҷовидон бошад!

Бачаҳо аз таҳти дил кафкубӣ карданд.

– Дўстон, – суханашро давом дод Цанаксиди, – ба заводи мо биёед, дар он ҷо шумо даркоред. Шумо дар заводи мо будед ва шояд пай бурда бошед, ки корхона барои садҳо нафар коргарону устоҳо хонаи мурод гаштааст. Бале, завод майдони бахтҷўию бахтёбист. Биёед, дар он ҷо ҷавлон занед!

Дар мактабҳои ба шефӣ гирифташуда тез-тез вохўрӣ бо одамони шўҳратманди завод – коргарони номӣ, устодони пуртаҷриба гузаронида мешавад. Мавзўи сўҳбат: «Касби ман ифтихори ман». Харротон Лилия Раҷабова, Галина Зардолова, Алӣ Шарифов, челонгарон Юсуф Раҷабов, Ғафур Исмоилов, рехтагар Бачакалон Бачабиев, суфтагар Александр Сериков, пармагар Вера Семенова, сарварони бригадаҳо Рустам Аноятов, Буйдоқ Ҳасанов, Рустам Сабуров, Салоҳиддин Аъзамов дар бораи қадру қиммати касб, нони ҳалолӣ коргарӣ ва ифтихори он завқбахш нақл карда, аз кори худ мисолҳои конкретӣ меоваранд.

Чунин вохўриҳо хеле ва хеле фоидабахшанд. Бачаҳо на фақат аз касбу кор воқиф мегарданд, балки инчунин бо намояндагони беҳтарини коллективи коргарон шинос мешаванд. Сехҳо ва шўъбаҳои завод синфҳои алоҳидаро ба шефӣ гирифтаанд. Экскурсия ба сехҳо, консултатсияи мутахассисон, кружокҳои техникӣ, ҳамаи ин корҳоро шефҳо ба ҷо меоранд.

Дар байни завод ва мактабҳо дар бораи мусобиқаи сотсиалистӣ шартнома имзо шудааст. Мусобиқаи байни бригадаҳо ва мактабҳо таҳти шиори «Синф – бе баҳои ду, бригада – бе брак!» мегузарад. Дари клубу китобхонаи завод ҳамеша ба рўи бачаҳо кушода, майдончаҳои спортӣ ба ихтиёри онҳо гузошта шудаанд.

Бачаҳо дар чунин тадбирҳои завод, монанди ба сафи коргарон қабул намудан, ба сафҳои армия гусел кардан, конкурсҳои маҳорати касбӣ иштирок менамоянд. Ғайр аз ин онҳо дар ансамбли суруд ва рақси «Фирўз», ки дар завод ташкил ёфтааст, баромад мекунанд.

Ҳамин тариқ тарбияи коргарони оянда дар завод хеле барвақт пеш аз он ки онҳо ба сари дастгоҳ истанд, сар мешавад. Дар завод ҷавонони навкорро чӣ тавр пешвоз мегиранд?

Дар рўзи ҷавононро ба кор қабул кардан онҳо бо таърихи корхона, натиҷаҳои истеҳсолӣ, вазифаҳое, ки дар назди коллектив истодаанд, пешомадҳои тараққиёти завод, шароитҳои баланд бардоштани дараҷаи ихтисос ва дониш, истироҳат бо талабҳои риояи интизоми меҳнат ва тахникаи бехатарӣ шинос мешаванд. Дар рўзи якуми кор навкорро бо коллективи участка, смена, бригада, ки вай дар он кор мекунад, шинос менамоянд. Аз ў хоҳиш мекунанд, ки дар бораи худ, дар бораи нақшаҳои ояндааш нақл намояд. Сардори участка, смена, усто ва сардори бригада бо ў ҳаматарафа сўҳбат мекунанд.

Дар завод барои машғулиятҳои назариявӣ кабинетҳо мавҷуданд, ки бо плакату лавҳаҳои таълимӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар таълими коргарони оянда қариб ҳамаи инженерон, техникҳо ва устоҳо иштирок менамоянд.

Барои сабзиш коргарон ҳамаи шароит фароҳам  аст: бисёр вақт онҳоеро, ки дар завод нағз кор кардаанд, корхона барои хондан ба омўзишгоҳи касбӣ-техникӣ, техникуму институтҳо роҳхат медиҳад.

Истироҳати мактаббачагон ҳам дилхоҳ аст. Онҳо зуд-зуд якҷоя бо коргарон ба тамошои театру сирк ва консерту кино мераванд, дар мавзеи истироҳатии завод, ки дар дараи хушманзараи Варзоб воқеъ аст, бофароғат дам мегиранд.

Падару модарони аксарияти бачаҳо дар завод  кор мекунанд ва алоқаи мустаҳками мактаб бо истеҳсолот обрўи падару модаронро боз ҳам мустаҳкам менамояд. Бачаҳо ба кори душвору бошарафи калонсолон сарфаҳм рафта кўшиш мекунанд, ки як қисми корҳои хонаро ба зиммаи худ гиранд. Ман чунин ҳодисаҳоро бисёр медонам. Дар айни замон падару модароне, ки муваффақияту нокомиҳои истеҳсолиашон аз назари фарзандон пинҳон намемонанд, кўшиш мекунанд, ки дар сафи пеш бошанд. Гўё ки як навъ омили иловагии маънавӣ ба миён меояд: кадоме аз падару модарон намехоҳанд, ки фарзандонашон бо онҳо фахр намоянд, ба ҳиссаи онҳо дар кори умум баҳои сазовор дода тавонанд.

– Имрўз дар заводи мо қариб 100 нафар ҷавонони то синни бистсола кор мекунанд, – гуфт  боре Валерий Грядкин ба директори завод. – Дар завод ҷаласаи волидон гузаронем-чӣ? Ба фикри ман ба онҳо таъсири хуб бояд бахшад.

Ба директор ин таклиф писанд омад. Зуд баҳри амалӣ гаштани он чораҳо диданд. Адреси волидони коргарони ҷавонро ёфта, даъватнома фиристоданд. Бо изтироб фарз мекарданд, ки меоянд ё намеоянд? Ғайри чашмдошт ба ҷаласа ҳамаи даъватшудагон ҳозир шуданд.

Валерий Грядкин ба волидон дастгоҳҳоеро, ки фарзандонашон дар онҳо кор мекунанд, нишон дод, бо маҳсулоти баровардаи онҳо шинос намуд, ба биноҳои маишӣ бурд. Ва баъд вақте, ки дар гўшаи сурх ҷамъ омаданд, директори завод баромад карда, дар бораи вазифаҳои дар назди коллектив истода сухан ронд, муносибати коргаронро ба меҳнат тавсиф дод. Дар хусуси ҷавонон ҳавасангез, бо фахр ҳикоя кард. Баъди анҷоми чорабинӣ яке аз падарон бо ҳаяҷон гуфт:

– Раҳмат ба шумоён.

– Кори мо дар асоси ба назар гирифтани манфиати тарафайн ба роҳ монда шудааст, – нақл мекунад, директори генералии завод Акбар Мирзоевич Фаёзов. Мо барои бачаҳо маблағ, воситаю вақтро дареғ намедорем, зеро медонем, ки баъдтар онҳое, ки ба завод меоянд, ҳамаашро пурра бармегардонанд. Оё мо гуфта метавонем, ки ояндаи заводи мо дар дасти фарзандони мост!? Метавонем. Тақдири корхонаи мо, тақдири корнамоиҳои мо вобастаи он аст, ки мо нисбат ба тақдир ва мушкилоти фарзандони худ то чӣ андоза таваҷҷўҳ дорем.

Ва ў ба ман чанд иншои хонандагонро медиҳад.

«Кор дар завод бағоят шавқовар аст. Дар дастгоҳҳои харротӣ кор кардан афсона аст. Одамонаш ҳам афсонавист: оддӣ, некхоҳу некандеш. Чеҳраи кушоду бағале во доранд ба моён».

«Ман орзу доштам лётчик шавам, зеро ин касб бароям ғароибу қаҳрамонона буд. Ба завод омадаму касби суфтагарӣ дили маро тасхир кард. Акнун ман лётчик не, суфтагар мешавам».

«Як ҳамсинфам касби коргариро наҳ зад. Ман ба ў фаҳмондам, ки ободии олам, дастархони пури мо  аз ранҷи дасти коргар аст. Онҳо бо меҳнати ҳалол умр ба сар мебаранд. Умуман, меҳнат дар ҳама гуна шаклаш меҳнат аст. Меҳнатро бояд эҳтиром намуд».

«Ҳар боре, ки вориди завод мешавам, ҳиссиёти аҷибе маро фаро мегирад. Мехоҳам, ки тамоми умр ин ҷо бошам».

«Ман орзу дорам чун Юсуф Раҷабов коргари номдор шавам. Вақте ки аз кор оям модарам бо сари баланд, бо фахр гўяд: «Писарам меояд, писари коргарам меояд!».

Ба рақамҳо рў оварданӣ набудам, вале онҳо фавқулодда пурмаъноянд. Агар соли 1986 –12 кас  аз мактаб ба завод омада бошанд, соли 1987 – 15, 1988 – 21, 1989 – 30, 1990 – 42 хатмкунанда ба завод ба кор омаданд. Омаданду дар завод шаҳди заҳмат чашиданд, бахти коргарӣ ёфтанд. Зиёда аз ними хатмкунандагони соли 1991 ҳоло дар омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ таҳсил мекунанд. Онҳо ба завод бармегарданд. Яке ба паси дастгоҳи харротӣ меистад, дигаре пармагар, сеюмӣ суфтагар, чорумӣ таъмиргар хоҳад шуд. Ва албатта хушбахт мешаванд. Ҳоло дар завод 50 нафар хатмкунандагони соли 1991 меҳнат мекунанд.

Вақте аз онҳо пурсидам: чаро ба завод омаданд, онҳо бо як овоз ҷавоб доданд:

– Чӣ хел «чаро?» О, бахти мо дар ҳамин ҷост!

Оре, даргоҳи бахт аст ин завод!

5 октябри соли 1991

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …