Главная / Гуногун / Дар замони сосониён оташпарастӣ ҳамчун дин

Дар замони сосониён оташпарастӣ ҳамчун дин

Чаро дар замони сосониён оташпарастӣ ҳамчун дини асосӣ эътироф карда мешуд?

Ин аз он сабаб аст, ки дар масъалаи сиёсати дохилӣ Сосониён аз худи Ардашер сар карда роҳи оқилонаро пеш гирифтанд. Масалан, табақаҳои ашрофон ва аристократия ҳама вақт барои ҳукуматдорон хавфи ҷидди ба шумор мерафтанд, вале дар натиҷаи баланд бардоштани эътибори рўҳониён таъсири ашрофон кам шуда, мувозинати байни ашрофону рўҳониён ба вуҷуд омад ва қариб, ки ҳарду ифодагари мавқеи Сосониён гардиданд. Хулоса, ин муносибат сиёсати доҳилии давлатдории Сосониёнро ифода мекард. Ин сиёсати оқилона буд, зеро дар натиҷа:

s-yfdcerew«Маъмурияти доҳилӣ ва идоракунии молиявӣ,  мегўяд А. Е. Кримский, аз худи Ардашери Аввал сар карда ба системаи бениҳоят мавзун оварда шуданд, ободонӣ собитқадамона устувор гардид ва минбаъд баъди чор аср вақте, ки сулолаи Сосониён дар зери зарбаҳои арабҳо аз байн рафт, ҳокимони мусулмони Форс системаи маъмурӣ ва молиявии Сосониёнро барои худ ҳамчун намуна мегирифтанд, аммо ба онҳо ҳеҷ вақт тартибот ва даромаднокии музофотҳоро ба он дараҷае, ки дар аҳди Сосониён буд, расонидан муяссар нагардид».

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …