Главная / Гуногун / ДАР ОН ДУНЬЁ

ДАР ОН ДУНЬЁ

Як муллои бухороӣ дар хобаш ба он дуньё рафтааст. Мулло рўзе ба пайғамбар вохўрдааст, ки вай дар бистари беморӣ хобидаасту касе аз ҳолаш хабар намегирад. Мулло ба зери пои пайғамбар сар монда, саҷда кардаасту аз Бухорои Шариф будани худро фаҳмонда, дуо талабидааст. Пайғамбар баъди дуо ба мулло гуфтааст, ки Абўалӣ Синои Бухороиро зуд ёфта биёрад, то ки шифое пайдо кунад.

Мулло гуфтааст:

– Э расули худо, Абўалӣ Сино кофир буд-ку. Вай бояд дар дўзах бошад. Ман кофирро чӣ тавр ба наздӣ шумо биёрам?

Пайғамбар гуфтааст:

– Дар ин дуньё на кофир ҳасту на мусулмон. Тезтар рафта Абўалӣ Синоро биёр, ки дар ду дуньё ҳам монанди вай ҳакими донишманд ёфт намешавад.

Мулло дав-давон рафта Абўалӣ Синоро ёфтааст. Дар ҳақиқат, Абўалӣ Сино дар  як хонаи калон донишманду ҳакимҳои тамоми мамлакатҳоро ҷамъ карда, дарс мегуфтааст. Мулло хоҳиши пайғамбарро ба Абўалӣ Сино расондааст. Абўалӣ Сино дар ҷавоб гуфтааст:

-Ба он кас худо шифо диҳад.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …