Главная / Маданият ва санъат / Дар олами афсонаҳо. Таҳия кардани композитсия бахшида ба олами ҳайвонот

Дар олами афсонаҳо. Таҳия кардани композитсия бахшида ба олами ҳайвонот

Имрӯз дар дарс мо бо шумо дар ҳамворӣ композитсияи калонҳаҷмро дар жанри тамсилӣ (анималистӣ) ба ҷо меорем.

* Шумо композитсияи таҳияшударо дар ҳамворӣ ва дар ҳаҷм чӣ гуна мефаҳмед? Мо бо кадом воситаҳо кор мекунем? Кадом намуд ва жанри санъати тасвириро мо истифода мебарем?

Тасвирҳои бадеӣ дар ҳаҷм инчунин ифодагари эҳсосот ва афко- ри рассом маҳсуб меёбад.

Шумо хуб медонед, ки образҳои ҳайвонотро дар давраи қадим одамон дар рӯйи сангҳо канда тасвир мекарданд. Animal кали- маи лотинӣ буда, маънояш «ҳайвон» мебошад. Рассомоне, ки ҳайвонотро тасвир мекунанд, анималистҳо номида мешаванд. Жанри ҷудогонае пайдо шуд, ки номи анималистиро касб кард, масалан, тавре ки дар аксҳо тасвир шудааст: дар рӯйи сангҳо образҳои ҳайвонотро меканданд.

97

Дар ҳамворӣ ва дар ҳаҷм тасвир кардани ҳайвонотро шумо ал- лакай дар синфҳои ибтидоӣ омӯхтаед.

Ба анималист зарур меояд, ки хислату одатҳоро бо ҷидду ҷаҳд назорат кунад ва биомӯзад. Рассом кори худро аз сохтани ангораҳо, мусаввадаҳо ва лавҳаҳо аз рӯйи асли ҳайвонот, паррандаҳо, моҳиҳои зинда ва ғ. оғоз менамояд, иҷрои корҳои давомдор бо- шад, маъмулан аз хӯсаи ҳайвонот ё аз рӯйи фотография ба ҷо овар- да мешавад.

Рассомон-анималистон кӯшиш менамоянд на танҳо ба шабоҳати зоҳирӣ ноил шаванд, балки дар расмҳо инъикос кар- дани хусусияте, ки ба ҳайвон ё паррандаи тасвиршаванда хос аст, симои ҳайвонро ифода намоянд. Ба асарҳои рассом-анималисти машҳур Карл Брендерс менигарем. Заргӯшҳо, мисли зинда ва дар атрофи онҳо табиати зебо дақиқ, мисли ҳақиқӣ, тасвир ёфтааст.

«Заргӯшакҳо». Акварел, гуаш, кагаз. Карл БренДерс
«Заргӯшакҳо». Акварел, гуаш, кагаз. Карл БренДерс

Ҳангоми тасвир рассом аз техникаи гуногун истифода менамо- яд. Дар оғоз ангора мекашад, сипас дар ранг кор карда мебаро- яд, зимнан воситаҳои муносиби бадеиро истифода мекунад. Онҳо дақиқ ба ҷо оварда шудаанд, ба мисли фотография ва мо ҳатто ба шабеҳии тасвир ангушти ҳайрат мегазем.

Имрӯз мо бо шумо кӯшиш менамоем, ки рассом, ҳайкалтарош- анималист бошем. Дар оғоз ба гурӯҳҳо тақсим мешавем ва инти- хоб мекунем, ки кадом ҳайвонро тасвир менамоем ё месозем. Барои он ки ҳайвонот ҳақиқӣ ва монанд бошанд, мо бояд супо- ришро ҳамаҷониба таҳлил карда, усулҳои иҷрои онро интихоб на­моем. Чунончи:

– ҳангоми иҷрои кор ҳайвоноти афсонавии интихобкардаатон тибқи андоза бояд мувофиқи ҳамдигар бошанд;

– ҷойгиршавии дуруст дар ҳамворӣ;

– зимни муқоисаи қад, ба таносуби сар, панҷаҳо, пойҳо ва диг. риоя намоед. Муайян созед, ки ҳайвон, намуди зоҳирӣ ва хислати ӯ дар кадом ҳолат қарор дорад, сипас ба иҷрои супориш шуруъ намоед.

99

Дақиқ намоед, ки шумо кадом намуди ҳайвонотро тасвир ме- кунед, одатҳо, хусусиятҳои хоси онҳо, онҳо дар кадом ҳолат қарор хоҳанд дошт ва ғ.

Дар Германия дар шаҳри Бремен композитсияи калонҳаҷми қаҳрамонони филми тасвирии «Мусиқанавозони Бремен», дар Москва бошад, композитсияи «Гавазнҳо» – и М. Белашов мавҷуд аст, ин композитсияҳоро тавсиф намоед.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …