Главная / Гуногун / ДАР ХАВФ ВА МУРОҚИБАТИ ИМОМИ АЪЗАМ (Р) АЗ ПАРВАРДИГОРИ СУБҲОН ВА БАЪЗЕ АЗ ХОБҲОИ НЕКӮЕ, КИ БА ЭШОН МАРБУТ АСТ

ДАР ХАВФ ВА МУРОҚИБАТИ ИМОМИ АЪЗАМ (Р) АЗ ПАРВАРДИГОРИ СУБҲОН ВА БАЪЗЕ АЗ ХОБҲОИ НЕКӮЕ, КИ БА ЭШОН МАРБУТ АСТ

Вақиъ (р) мегӯяд: «-Ба Валлоҳ, ки Абӯҳанифа  (р) ҳомили амонате азим буд, ва Худои мутаъол, дар қалбаш ҷалолу ҷабарруте тамом дошт. Ӯ ризои Рабби таборакро бар ҳамаи дунёву мо фиҳо тарҷеҳ медод ва агар дар роҳи Аллоҳ (ҷалла ҷалолаҳу) шамшерҳо вайро дар ҳисори худ мегирифтанд, ҳар оина зарбати шамшерҳоро таҳаммул мекард, пас раҳмати Ҳақ таъоло ва ризои Ӯ (ҷалла ҷалолаҳу) шомили ҳоли вай бод, ризое, ки хосаи аброр аст, чи Абӯҳанифа (р) ба ҳақ аз аброр буд».

Ва Яҳё ибни Қатон (р) мегӯяд: «-Ман чун ба сӯи Абӯҳанифа (р) менигаристам, аз симои вай ба ин ҳақиқат пай мебурдам, ки ӯ аз Худои ъазза ва ҷалл, ба ҳадди тамом метарсад, ва ӯ дар шабе аз шабҳояш «Қуръон»-ро то ба сураи шарифи «Ал-Ҳоку муттакосур» расид, пас ин ояро то субҳдам такрор мекард, ки мекард ва аз хавфи Ҳақ мӯя менамуд ва зор-зор мегирист».

Язид ибни Лайс раҳматуллоҳ, ки аз ахёри авлиёи ҳақ аст, мегӯяд: «-Пешнамоз, дар ҷамъоати намози «Ъишо» сураи «Изо зӯлзилатил арз»-иро мехонд, ва Абӯҳанифа аз муқтадиёнаш (иқтидокунандагон) буд, пас чун намоз тамом шуд, ба сӯи вай нигаристам, дидам, ки ғарқи баҳри тафаккур аст ва аз синаи пуранвораш оҳу нолаи ҷигарсӯз бармехезад, пас бархостам, то қалби мубораки вай машғул ба ман нашавад ва чароғро ҳамчунон гузаштам, дар ҳоле, ки рӯғани чароғ рӯ ба итмом (тамомшавӣ) буд, сипас дар ҳоле, ки Бомдод тулӯъ карда буд, ба масҷид дар-омадам ва ӯ (Абӯҳанифа раҳматуллоҳ) истодаву маҳосини муборакашро дар даст гирифта, бо як олам ниёз чунин илтимос мекард: («-Эй он зоти зулҷалоле, ки дар баробари мисқоли заррае аз хайр, ҷазои хайр медиҳӣ ва дар баробари заррае аз шарр, ҷазои шарр медиҳӣ?! Нӯъмон (Абӯҳанифа)-ро аз оташ ва ҳар ончи, ки мӯҷиби наздикӣ ба он аст, дар паноҳи худ нигоҳ дор! Ва ӯро дар фарохнои раҳмати хеш ҷой деҳ!»).

Ровӣ (Язид ибни Лайс раҳматуллоҳ) боз мегӯяд: «-Вақте ба масҷид даромадам, дидам; ки чароғ ҳамоно рӯшан аст ва Абӯҳанифа раҳматуллоҳ ба ниёз истода, пас чун маро дид, ба ман гуфт:

«-Мехоҳӣ чароғро бигирӣ? Яъне, инки ӯ (Абӯҳанифа) баҳадде мустағрақ (ғӯтавар)-и зикри Ҳақ ва муноҷоти Вай (ҷалла ҷалолоҳу) буд, ки гузашти як шаби тамомро бар худ эҳсосе накард (масту махмӯри ҷамолу висоли Ҳақ буду шефтаи сӯҳбат ва розе пурасрор-С.Б.Б)-а буд. Гуфтам: Охир азони «Бомдод»-ро доданд!

(«-Бале, замон бо ҳамаи шитоби хеш, дар эҳсоси Имом Абӯҳанифа  раҳматуллоҳ истода буд, ва Имом (Абӯҳанифа) дар дунёи рӯҳонии хеш мустағрақ ва дар сайри анфусӣ (нафс)-и хеш, маҳви тамошои анвори маърифат буд. Оре!»)

– Ва чароғе, ки рӯғани он шомгоҳон рӯ ба итмом буд, то «Бомдод» медурахшид (ин аз каромоти Имоми Аъзам раҳамуллоҳ буд, ки Худованд ба ӯ дода, С.Б.Б). ва шабе ба дарозои он шаб гузашта буд, аммо ӯ (Абӯҳанифа раҳматуллоҳ) гузашти замону вақтро эҳсос накарда буд, пас чун суханони маро шуниду таҳайюрам (ҳайрат, тааҷҷуб)-ро нигарист, фармуд: «-Ибни Лайс, ончиро, ки дидӣ, пинҳон биндор! «-Он гоҳ ду ракаъат суннати «Бомдод»-ро гузорид ва нишаст, то ки намози ҷамоат иқома шавад ва бо вузӯи аввали шаб, бо мо намози «Бомдод»-ро хонд.

Абӯлаҳвас (р) мёгӯяд: «-Агар барои Имом (Абӯҳанифа) раҳматуллоҳ гуфта мешуд, ки шумо то се рӯзи дигар мемиред, дар авқот (вақт)-и ибодату амали Имом (р) вақти изофие мавҷуд набуд, то бар он амале, ки ба таври оддӣ анҷом медоданд, чизеро биафзояд».

Ва дар назди Исо ибни Юнус (р) зикри Имом (Абӯҳанифа раҳматуллоҳ) рафт, пас барои эшон дуои хайр кард ва гуфт: «-Ваҷҳаи ҳиммату арсаи муҷоҳидати вай, ҳама сирф он буд, ки муртакиби маъсияти Худои мутаъол нашавад ва арзишҳои Илоҳӣ ва муқаддасоти вайро бузург дорад».

Ва мегуфт (Имом Абӯҳанифа раҳматуллоҳ): «-Агар душвории таҳайюри мардумро дар ҷаҳолат мулоҳиза намекардам, ҳаргиз фатво намедодам, зеро сахттарин чизе, ки маро аз дар афтодан, ба дӯзах, дар хавфу ҳарос медорад, ҳамин фатвоҳо аст».

Ва мегуфт: (Имом Абӯҳанифа раҳматуллоҳ): «-Аз он гоҳ, ки худро шинохтам, ҳеҷ гоҳ дар баробари Худои мутаъол ҷасорат накардаам ва карда ҳам наметавонам».

Рӯзе аз канизаш шунид Абӯҳанифа (р), ки аз Худои ъазза ва ҷалл Биҳиштро металабад, пас гирист ва ончунон гирист, ки шақиқаҳо ва шонаҳояш ба ларзаву ҷунбиш дар омад, пас дастур дод, то дӯконашро бибанданд ва дар ҳоле, ки сарашро баста буд, шитобон, бархост ва сипас (Абӯҳанифа) гуфт: «-Чӣ қадар бар Худои ъазза ва ҷалл ҷуръат ёфтаем, яке аз мо мегӯяд: «-Аз Худои ъазза ва ҷалл Биҳиштро металабам». Ва аммо ӯ ин суолро бад-ин ҷиҳат мекунад, ки аз худаш розӣ аст, охир амсоли моён аз куҷо мотавонад, то аз Худои ъазза ва ҷалл толиби афву гузашт бошад?»

Рӯзе пешнамоз, дар намози Бомдод ояи мубораки: «Вало таҳсабанналлоҳа ғофилан ъаммо яъмалу-з-золимун» (Яъне: «Ва Ҳаргиз Худоро аз ончи ситамгарон мекунанд, ғофил мапиндор»)-ро хонд, пас Имом Абӯҳанифа (р) ба ларза дарафтод, то бад он ҷо, ки ҳама муқтадиён мутаваҷҷеҳи ин амр гардиданд.

Ва чун ҳалли масъалае бар вай (Абӯҳанифа) душвор ва печида мешуд, рӯ ба ёронаш мекард ва мегуфт: «-Ин нест магар ба хотири гуноҳе, ки муртакиби он шудаем, пас аз Худои ъазза ва ҷалл омӯрзиш металабам!»

Ва чӣ басо бармехост ва вузӯ мекард ва он гоҳ ду ракаъат намоз мегузорид ва истиғфор металабид, то инки ҳалли он масъала бар вай шикофта мешуд, он гоҳ мефармуд: «-Акнун шодмонам, башоратам бод! Зеро умедворам, ки тавбаам пазируфта шуда бошад, чун ҳалли масъалаи мушкилро дарёфтам».

… Пас ин хабар ба Фазил (р) расид, сахт гирист ва сипас гуфт. «-Худо раҳмат кунад Абӯҳанифаро, ин фараҷ (кушоиш дар кор) бар вай аз он рӯнамо мешуд, ки гуноҳони вай кам буд. Ва аммо ғайри он ба ин нукта мутанаббеҳ (бедоршаванда, ҳушёру огоҳ) намешаванд,  зеро,  ки гуноҳони он,  эшонро дар худ мустағрақ (ғарқшуда) сохтаанд».

Рӯзе Имом Абӯҳанифа (р) ғафлато пойи тифлеро лағат кард, пас он тифл гуфт: – Эй Шайх! Оё аз қасоси рӯзи Қиёмат наметарсӣ?!

Имом Абӯҳанифа (р) бо шунидани ин суханони он тифл, аз ҳуш рафт ва бар замин афтод, ки пас чун ба ҳуш омад, касе ба, вай гуфт: – Чӣ қадар суханони ин писарбача дар қалбат асар кард? Имом Абӯҳанифа (р) фармуд: «-Аз он метарсам, ки ин сухан, ба вай талқин шуда бошад. Яъне, малак бар забонаш ниҳода бошад».

Рӯзе Имом Абӯҳанифа (р) ва Ибн Ал-Мӯътамар (р)-ро диданд, ки бо ҳам дар масҷид роз мегӯянд, ва зор-зор мегиранд, пас чун аз масҷид берун омад, касе аз вай пурсид: – Шуморо чӣ шуда буд, ки зор-зор мегиристед? Фармуд: «-Замонаро ба ёд овардем ва ғалабаи аҳли ботилро бар аҳди хайр, пас аз ин ҷиҳат гиряи мо бисёр шуд».

Ва дар ҳангоме, ки ба намози шаб меистод, (Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ), садои афтодани қатароти гуҳарбори ашки вай бар рӯи ҳасир (фарш, аз баргу пояҳои нозуки най ва ё аз барги хурмо бофташуда) шунида мешуд, гӯё инки борон меборад ва асари гиря дар чашмон ва ҳарду гунаи рухсори мубораки вай машҳуд буд ва бештар ба муроқибат (ибодати Ҳақ, аз рӯи хавф ва эҳтироми бандагӣ)-и Парвардигори субҳон машғул буд, ки раҳмату ризвони Ҳақ бар вай бод». 62-78-82.

«Ривояти саҳеҳ аст, ки Имом Абӯҳанифа (р) ҷамоли Худои таборак ва таъолоро наваду нӯҳ бор дар хоб дид, (яъне, ҳақиқати куллро дарёфт-С.Б.Б), пас бо худ гуфт, агар бори садум ӯ таъолоро дар хоб бинам, аз ӯ хоҳам пурсид, ки бо чи чиз халоиқро аз азоби хеш наҷот медиҳад. Ҳамон буд, ки барои садумин бор ӯ таъолоро дар хоб дид ва он суолро аз ӯ таъоло кард ва ҷавобаш хешро низ дарёфт».

Боре дар хоб дид, ки гӯё қабри Расули карим (с)-ро набш (кандан, шикофтан) менамояд ва яке аз ёронашон низ эшонро чунин хобе дид ва низ дар ҳамон хоб дид, ки эшон аз хоки қабри он Ҳазрат (с) миқдоре зиёд бармегиранд ва аз чаҳор ҷиҳат, дар ҳаво меафшонанд ва мардум ҳам ба сӯи эшон нигоҳ мекунанд ва касе бар ин корашон айб намегирад. Ин хоб он ёри Имом Абӯҳанифа (р)-ро сахт ваҳшатзада сохт, пас онро бар пири илми таъбир ва кашфу каромот Имом Ибни Сайрини тобиъӣ (р), ба таври сарбаста ҳикоят кард. Пас Имом Сайрин (р) гуфт: «-Вой бар ту! Ин касе, ки ту барои вай ин хобро дидаӣ, марде аст бузург ва олиқадр, агар чунончи фақеҳ ё олим бошад». Он ёри Имом Абӯҳанифа (р) мегӯяд, гуфтам: – Ӯ фақеҳ аст. Гуфт: «-Ба Худо, ки ин мард аз илми Расули Худо (с) он қадар мунташир хоҳад сохт, ки тамоми мардуми рӯи Замин ба андозаи вай наметавонанд нашр кунанд ва исми ин мард дар Шарқу Ғарби олам тамоми ҷиҳоте, ки ӯ ин хокро афшонидааст хоҳад рафт».

Худ Имом Абӯҳанифа (р) низ ин хобро бар Ибни Сайрин ва яке аз шогирдонаш ҳикоят кард ва айнан ҳамин таъбирро шунид. Ривояте ҳаст мегӯянд, ки Имом Абӯҳанифа (р) баъд аз ин хоб гоми қавӣ, дар майдони фатво ниҳод ва дар арасоти фиққу аҳкоми шаръӣ сухан гуфт,» 62-148.

(Бале, ҳақ аст ва ба ростӣ назди мо ривояти боло беш аз ҳақиқати ҳол аст, ки Ҳазрати қутбулавлиё ва ибрати инсони комил ва олими фозил ва фақеҳи комил ва имоми барҳақ ва муассиси мазҳаби муҳаззаби ҳанафия Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифаи сӯфии Кӯфӣ раҳматуллоҳу алайҳ олимтарини уммат ва вориси шоистаи Ҳазрати Расули акрам-Муҳаммади Мустафо (с)-анд, ки суннат ва илму ҳикмати шариати ғуррои Муҳаммадия (с)-ро бо иродаи Парвардигори субҳон, ба хубиву шоистагӣ ва сарбаландӣ интишор доданд ва ба дурустии башорати Расулуллоҳ (с) илмро нав ба нав баён намуданд ва биёбонҳоро пур аз ҳикмати илоҳӣ карданд. Ва ҳам ба дурустӣ, ба эшон мушарраф гардида, ки ба ивази тоату ибодати ботиниашон ва сидқи беандозаашон ва муҳаббати бепоёнашон, ба Парвардигори ҳаждаҳ ҳазори олам, сад маротиба, ба дидори чигун ва бе чигуни он Ҳақтаъоло, дар хоби нозашон, дастёб шаванд.

… Маълуми аҳли хос аст, ки ба ривояти Абӯҳурайра (р), ба Расулуллоҳ (с) ҳини дар масҷид, ба зикри Аллоҳ таъоло саргарм буданашон Ҳазрати Ҷибриили Амин алайҳиссалом паём дардодаанд ва салому таҳсину офаринҳои Парвардигори субҳон ва дуруди малоикро, бар Эшон (с) расонидаанд ва аз боргоҳи Илоҳӣ армуғоне, ба Паёмбар (с) овардаанд, ки он дуои бузурги «Кимиёи саодат» аст, ки яке аз сарчашмаҳои ҳама хушбахтиҳои умматони солеҳи Расули акрам (с) ва наҷоти эшон, аз шарру шӯриҳои олам аст, ки панҷоҳ хосият дорад. Ва он дуойи бузург, аз панҷоҳ калимоти басо қудсиёна ва муаззам иборат аст, ки хосиятҳои азим ва асрори зиёдеро дар худ доранд ва ҳамчунин боз агар даричаи ҳикмати ҳар як калимоти муаззами ин дуойи шарифро, дар алоҳидагӣ, вазифаи худ намоед, бисёр асрори ғайбиро кафш хоҳед кард. Ва ҳақиқатро хоҳед дарёфт, ки мурод аз дидани ҷамоли Ҳак ҳамин аст.

Ва ягона зоти шарифе, ки аз асрори комили ин дуои «Кимиёи саодат», ба пуррагӣ ва ба таври ба инсоният басанда воқиф гардидаанд, Ҳазрати Расули акрам (с) мебошанд. Ва баъди Расулуллоҳ (с) бар уммати эшон (с), яъне, ба он фардони басо содиқу солеҳ, суннат шуда, ки аз чаҳор ёри босафо (р) ва саҳобаи киром (р)-у тобиъин (р)-и гуромӣ сар карда, то ба ин дам, дуои номбурдаро вазифаи худ қарор бидиҳанд, то бошад, ки барои расидан ба ҳақиқати кулл роҳи эшонро мунаввар сохта бошад.

Аз таърихи Фарҳангу маърифати Исломи мубин, ба мо маълум аст, ки чи қадар ашхоси мӯътабар, роҳи пурфарози ин тариқатро тай намудаву аз худ номи нек, дар ҷомеаи башарӣ, боқӣ гузоштаанд (аз ҷумлаи эшон Ҳазрати Имом Муҳаммади Ғаззолӣ мебошанд, ки аз баракати ин дуъои бузург ба кашфу каромотҳо расида, номи асари лозаволи хешро «Кимиёи саъодат» гузоштаанд).

Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), аз зумраи он авлиёи барҳақ ва имоми ҳумоми аҳли суннат ва ҷамоатанд, ки дар роҳи интишори илму ҳикмат ва маърифати дини мубини Ислом ва бандагии Худойро ба ҷой овардан, басо ҷонбозиҳо карда, шабу руз алайҳи андешаи ботил муборизаи бе амон бурдаву дирафши партавафшони ҷовидонсабзи Исломро баланд бардоштаанд ва дар роҳи расидан ба ҳақиқати кулл зиёда тири ҳақ ба сӯи ботил задаанд…

Ва   ба   муаллифи   ин   фарозмониҳо,   дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои муридона ва шогирдона, каме ҳам бошад, ошкор гардид, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), он роҳнамову «Чароғи уммат»-и Расулуллоҳ (с), тавассути чигуна зикри шариф, бештар дилбастаи ҷамоли Ҳақ таъоло мешудаанд? Ва дар аснои ҷустуҷӯ, дар кӯчаҳои пур аз дару деворҳо ва равзаҳои шаҳри мақосид, ба ҳамон манзили таваққуф расидам, ва каме маълумам гардид, ки мисли дигар авлиёву кубаро, Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) дар баробари тоату ибодат ва бандагӣ, ба Худованд ва зикри шарифу дуруди бепоёнашон, ба Расулуллоҳ салъам, ки шабу рӯз, дар ҳар нафаси муборакашон, аз ҷаноби эшон (р) иҷро мегардиду амалӣ мешуд, зиёда ин зикри шарифро ба забони мубораку ҳалқаи тасбеҳи табаррук мегардонидаанд, ки яке аз калимоти муаззами дуойи бузурги «Кимиёи саодат» буда, роҳ, васила ва воситаест, ки инсони комил метавонад, ба ҷамоли Ҳақ, яъне, ба ҳақиқати кулли Ӯ таъоло ҷалла ҷалолаҳу то андозае мушарраф гардад.

Он ҷо, ки худи Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) мефармоянд: «-Агар ҳар каси солеҳ бихоҳад, ки ба ҷамоли Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло мушарраф гардад, аз рӯзи нӯҳуми моҳ сар карда, бисту як рӯз, пас аз намози Ъишо, яъне, хуфтан, бо таҳорати том, ҷомаи поку ҷои пок, хонақоҳи хешро хушбӯй ва муаттар карда, ҳар шаб ҳафтоду як борӣ, калимаи муаззами зеринро бо сидқи том тиловат бикунад. Ва бо фармони Худованди мутаъол, ба дидору ҷамоли пурфурӯғаш мушарраф гардонад. Агар мушарраф нагардад, фардо рӯзи «Қиёмат», пас аз Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит даъвогар шавад, яъне, ҳар солеҳе, ки ин сулукро ихтиёр мекунад. Ва он калимаи муаззам ва мукаррам ин аст, аз он дуойи «Кимиёи саодат»: «Аллоҳумма Анта-л-Ғафуру ва ана-л-музнибу, фа-ман ядъу-л-музниба илла-л-Ғафуру ё Раббӣ…». Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр).

Ва Азҳар ибни Кайсон (р) мегӯяд: Расули Худо (с)-ро ба хоб дидам, дар ҳоле, ки Абӯбакри Сиддиқ ва Умар Ал-Форуқ разиаллоҳу анҳумо пушти сари Эшон (с) буданд, пас ба он ду гуфтам: – Мехоҳам аз Расули Худо (с) роҷеъ ба амре суол кунам. Гуфтанд: – Суол кун, аммо садоятро баланд накун!

Пас, аз Расули Худо (с), роҷеъ ба илми Имоми Аъзам Абӯҳанифа раҳматуллоҳ суол кардам. Он Ҳазрат (с) фармуданд: «-Ин илме аст, ки аз чашмасори илми Хизр файзон карда аст». Ва дар хоб дидам, ки мегӯяд Азҳар ибни Кайсон (р), се ситораи бузург ба тартиб аз осмон суқут кард аввали он Абӯҳанифа буд, сипас Мусаъар ва баъд аз он Сӯфёни Саврӣ разиаллоҳу анҳумо, пас ин хобро барои Муҳаммад ибни Муқотил ҳикоят кардам, гирист ва гуфт: – Уламо ситорагони  зиннатбахши заминанд  ва ин хобат нишонаи реҳлати онҳо аст…».

Ва низ Имом Абӯҳанифа (р), боре Расули Худо (с)-ро ба хоб дид, ки дар Маҳшаргоҳ, бар сари ҳавзи («Оби ҳавзи Кавсар») хеш истодаанд ва дар ҷониби рости эшон (с) Иброҳими халилуллоҳ алайҳиссалом аст, ки рухсорашро бар синаи мубораки он Ҳазрат (с) ниҳода ва боз баъд аз эшон Абӯбакри Сиддиқ (р) ба ҳамин ҳайат қарор дорад, то ҳафдаҳ тан аз бузургони дин, ки якояк онҳоро баршумурд. Ва яке аз ҳамсоягони хешро дар баробари ҳавз дид, ки дар пешорӯйи вай зарфе аст, пас аз он ҳамсояи хеш хост, ки он зарфро ба вай диҳаду то биёшомад, ӯ гуфт: «-То аз Расули Худо (с) иҷоза нагирам».

Пас, аз Расули Худо (с) иҷоза хост, эшон (с) иҷоза доданд ва ӯ зарфе аз оби Кавсар ба Имом Абӯҳанифа (р) дод, ва эшон аз он ошомиданд ва тамоми ёрони хешро низ аз он нӯшониданд. Аммо ба андозаи сарангуште аз он об кам нашуд ва ин обе буд сафедтар аз шир ва сардтар аз барф ва ширинтар аз асал. Ва яке аз абдол (инсони шарифу солеҳ) Муҳаммад ибн Ал-Ҳасан (р)-ро ба хоб дид ва аз вай пурсид: – Худои таъоло бо ту чӣ муомила кард?

Гуфт: – Худои таъоло ба ман фармуд: « Ман синаи туро зарфи илм қарор надодам, то туро азоб намоям». Пас аз вай пурсидам: – Бо Абӯюсуф чӣ гуна муомила кард?

Гуфт: – Бартар аз ман.

Гуфтам: – Бо Абӯҳанифа (р) чӣ гуна муомила кард?

Гуфт: «-Ӯ дар «Аъло-ъилиййин» (болотарин баландиҳо, болотарин мақоми Биҳишти анбарсиришт) аст… Ва дар ривояте омада аст, ки гуфт: – Ӯ чандин дараҷа бартар аз Абӯюсуфи Яъқуб (р) аст».

Ва яке аз солеҳонро баъд аз вафоташ, дар хоб диданд ва аз вай пурсиданд, ки Худои таъоло ба ту чӣ кард?

Гуфт: – Маро омӯрзид ва ба ман ва ба Абӯҳанифа Ан-Нӯъмон ибни Собит, дар ҷамъи малоика мубоҳот (тафохур ва нозиш, фахридан) кард ва ману ӯ бо ҳамдигар дар «Аъло ъилиййин» ҳастем.

Шахсе, аз шогирдони Муқотил ибни Сулаймон, дар ҳалқаи дарси вай истод ва гуфт: – Дар хоб дидам, ки гӯё марде бо ҷомаи сапед аз осмон фуруд омад ва бар баландтарин манораи Бағдод истод ва нидо кард:

– Мардум чӣ чизро гум кардаанд?

Муқотил ибни Сулаймон гуфт: – Агар дар хобат ростгӯ бошӣ, мо ба зудӣ олимтарин фарди оламро аз даст хоҳем дод, ҳамон буд, ки Ҳазрати Имом Абӯҳанифа (р) реҳлат намуд, пас Муқотил истирҷоъ гуфт (яъне: «Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун» – Мо аз они Худоем ва ба дурустӣ, ки ба сӯи ӯ бармегардем) ва он гоҳ изофа кард: «-Имрӯз касе вафот ёфт, ки аз уммати Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам бори ранҷи мушкилотро бармедошт ва равзанае ба сӯи нур бар рӯи ин уммат мекушуд».

Ва Абӯмуъофӣ Фазл ибни Холид мегӯяд: «-Расули Худо (с)-ро дар хоб дидам, пас ба эшон гуфтам: – Ё Расулуллоҳ (с)! – Назари Шумо дар бораи илми Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) чист?

Фармуданд: «-Илми ӯ илме аст, ки мардум ба он ниёзманданд». Ва аз Мусаддад ибни Абдурраҳмони Басрӣ, ривоят шуда аст, ки ӯ қабл аз Бомдод, дар Маккаи Мукаррама, миёни рукн (сутун)-у мақоми Иброҳим ъалайҳиссалом хоб шуд ва Расули Худо (с)-ро ба хоб дид, пас ба эшон гуфт: – Ё Расулуллоҳ (с) назари Шумо дар бораи ин марде, ки дар Кӯфа аст, бо номи Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит чист? – Оё аз илми вай (яъне, Абӯҳанифа) баргирем?

Ҳазрати Расулуллоҳ, яъне, он муборакбаён (с) фармуданд: «-Аз илми вай баргир ва ба амали вай амал кун, зеро, ки ӯ Имоми шоиста ва некмарде аст».

Ровӣ (яъне, Мусаддади Басрӣ) мегӯяд: «-Пас аз хоб бархестам ва дар ҳоле,  ки он лаҳза бадхоҳтарини мардум барои Нӯъмон (Абӯҳанифа раҳматуллоҳ) будам, аз Худои ъазза ва ҷалл бар ин амр омӯрзиш талабидам».

Яке аз аимаи мазҳаби ҳанбалӣ, Расули Худо (с)-ро ба хоб дид, пас ба эшон гуфт: – Ё Расулуллоҳ (с)! Ба ман аз мазоҳиб сухан бигӯед? Пас, он Ҳазрат (с) фармуданд: «-Мазоҳиб се аст».

Пас, дар хотирам чунин афтод, ки алъон Он Ҳазрат (с) мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифаро аз қатори мазоҳиб хориҷ месозад, аз ҷиҳати тамассук (даст задан)-и вай ба раъй.

Аммо Эшон (с) фармуданд: «-Абӯҳанифа ва Шофеъӣ ва Аҳмад». Сипас изофа карданд Он Ҳазрат (с): «-Ва Молик чаҳорум, чаҳорум». Пас, суол кардам: – Кадом як аз онҳо беҳтар аст? Гумони ғолиби ман ин аст, ки Эшон (с) фармуданд: «-Мазҳаби Аҳмад». 62-148-151.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …