Главная / Маданият ва санъат / Уқубати зино кардан

Уқубати зино кардан

Дар баёни оқибати зино кардан

Дигар аз гуноҳони бузург зино кардан аст, ки Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: дар касе назари ба шаҳват кунад дар занони номаҳрам, Ҳақ таъоло бифармояд, то ду чашми ӯро пури оташ кунанд. Он гоҳ ӯро ба дӯзах андозанд ва агар бӯса кунад зани бегонаро ё суханҳои фаҳш гӯяд, ба ҳар калимае, ки гуфта бошад, ҳазор сол ӯро дар дӯзах азоб кунанд. Ҳар ки миёнаравӣ кунад миёни марду зани бегона, Ҳак таъоло бихиштро бар вай ҳаром гардонад ва ҷояш дӯзах бошад.

Дар хадис омада аст, ки уболи як зино бо аврати ҳамсоя зиёда аз даҳ зино аст, ки ҷои дигар кунад. Гуноҳи як зино бо зани шавҳардор бисёртар аз ҳазор зиност, ки бо зани бе шавҳар кунад. Касе, ки ба чаҳорпо наздикӣ кунад, дар лаънати Худои таъоло гирифтор шавад.

Эй бародар, ҳамин афъоли бадро касе дар хонадони ту анҷом дидад, ту раво намедорӣ, пас хешовандони ӯ низ раво намедоранд.

Илоҳо, мо мусулмононро аз ҳар чӣ набояд ва нашояд нигоҳ дорӣ, омин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …