Главная / Маданият ва санъат / Дар баёни уқубати арақ хурдан

Дар баёни уқубати арақ хурдан

Дар баёни уқубати арақ хурдан

Акнун бародар ва хоҳари азиз, аз дигар гуноҳҳои бузург низ худдорӣ ва парҳез кардан лозим аст, ки онҳоро низ,

иншоаллоҳ ба тариқи мухтасар баён мекунем. Мисли арақ хурдан, ки яке аз гуноҳони бузург ба шумор меравад.

Пайғамбар (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки арақ модарӣ гуноҳон аст. Боз фармуданд: арак хурдан бадтар аст аз зино кардан, зеро ки зинокор дар ҳоли зино худоро мешиносад ва арақхӯр худоро намешиносад.

Рӯзе Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ба гӯристоне мегузашт, овози нолае шунавид: ал-амон ал-амон,  Расулаллоҳ, имрӯз бист сол аст, ки дар азобам, дар кори ман назаре кун.

Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) боз истод ва фикр кард. Ҷабраил алайҳи- с-салом омада гуфт: ё Расулаллоҳ, ин гӯри занест, ки дар хонаи ҳамсояи вай арақ мехурданд. Вай барои зани ҳамсоя бисту як нон пухта, ҳамсоязан нонҳоро пеши арақхӯрон ниҳодааст, аз ин сабаб бист сол боз дар ин оташ месӯзад. Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) cap ба саҷда ниҳод ва дуъо кард Ҳак таъоло ба шафоати Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) азоб аз он зан бардошт.

Касе, ки барои аракхӯрон нон мепазад, азобаш ин аст, акнун азоби арақхӯронро фикр кунед, ки чӣ гуна аст!

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …