Главная / Маданият ва санъат / Дар баёни садакаи фитр

Дар баёни садакаи фитр

Дар баёни садакаи фитр

Пас аз поён ёфтани моҳи мубораки рамазон, яъне дар рӯзи иди фитр, бояд микдоре аз моли худро ба унвони садақаи фитр ба фақир ё мискин бидиҳем.

Садақаи фитр ба касе воҷиб мешавад, ки якум мусалмон бошад, дуюм озод бошад, яъне ғулом набошад. Сеюм соҳиби нисоб бошад (ба ғайр аз махориҷи мавриди ниёз).

Садақаи фитрро шахси мусулмон аз тарафи худаш, фарзандони хурдсолаш ва хидматгоронаш мепардозад.

Миқдори садақаи фитр барои ҳар нафар дар гандум ним соъ ва дар ҷав, хурмо ва монанди инҳо як соъ аст. Агар пули яке аз ин чизҳои номбар шударо диҳад, ҷоиз аст. Як соъ баробар аст, тақрибан бо се киллограм.

Худовандо, ба ҳамаи мо мусалмонон тавфиқи некӯ  гирифтани рӯзаи моҳи мубораки рамазон ва адо кардани садақаи фитрро арзонӣ дошта, рӯзаи ҳамаи мо мусалмононро ба даргоҳат кабул фармоӣ, омин.

* * *

Аз таому шароб дур шавӣ,

В-аз ҳама гуноҳон нуфур шавӣ.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …