Главная / Маданият ва санъат / Дар баёни никоҳ кардан

Дар баёни никоҳ кардан

Дар баёни никоҳ кардан

Акнун, эй бародар ва хоҳари азиз, бидон, ки зан гирифтан ва шавҳар кардан низ аз муҳимоти ислом аст. Бинобар ин саъй кардан лозим аст, ки баъди ба балоғат расидан ин амри муҳимро ба ҷо оварӣ. Агар инро ба ҷо наёрӣ, хавфи он бошад, ки туро нафсу шайтон аз роҳ бароварда, ба сӯи зино, ки гуноҳи бузург аст, далолат кунанд.

Ҳазрати пайғамбар салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки никоҳ суннати манаст ҳар ки майл накунад, дар суннати ман аз ман нест. Дар никоҳ кардан ва зан хостан бояд, ки нияти ҳавои нафс накунад, балки нияти он кунад, ки нисфи дини вай дар девори амн дарояд ва дигар бояд, ки дар никоҳ нияти фарзанд кунад ва аз Ҳак таъоло фарзанди солеҳ талаб кунад. Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: зани диндорро ихтиёр бояд кард, то тавонгарии дин ва дунё ёбӣ. Дунё матоье аст ва беҳтарнн матоъи дунё зани солеҳа аст. Пас мард бояд, ки зани солеҳа ва диндор ихтиёр кунад, ки неъмати зоҳир фарзанди солеҳ аст ва неъмати ботин зани солеҳа ва фармонбардор.

* * *

Зани бад дар сарои марди накӯ,

Ҳам дар ин олам аст дӯзахи ӯ.

 

Зан ҳам бояд, ки марди диндор ва парҳезгору бо амонатро шавҳар кунад ва аз дарвешии шавҳар нанолад ва ба шавҳари фосиқ розӣ нашавад ва бо аҳли шарру фасод никоҳ накунад, агарчи соҳиби мол бошанд, ки он мол ба ҳақиқат мор аст. Ҳар зане, ки розӣ шавад ба никоҳи шавҳари фосиқ, дар қиёмат аз гӯр бархезад миёни ду чашми вай навишта шуда аст, ки ин зан навмед аст аз раҳмати Худованди таоло.

Фосиқ шахси бенамоз ва аз роҳи шариат дурро гӯянд.

Расул салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: бидонед ва огоҳ бошед, ки ҳар кас шафоати ман хоҳад, духтари худро ба шавҳари фосиқ надиҳад, ба ҳеҷ рӯ.

Ҳикоят. Овардаанд, ки ҳазрати Алӣ карамаллоҳу ваҷҳа рӯзе ҳамроҳи Фотима разияллоҳу анҳо назди Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам омаданд, ки пайғамбари Худо салаллоҳу алайҳи ва саллам ба гиря машғуланд. Пурсиданд, ки ё Расулаллоҳ, барои чи гиря мекунед? Ҳазрати Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: шаби меъроҷ гурӯҳе аз занонро дидам, ки ба азобҳои гуногун гирифтор буданд, хотирам ба онҳо машғул гардида, гиря ба ман ғолиб гардид.

Пурсидем, ки ё Расулаллоҳ, ба чи сабаб он-занҳо ба азоб гирифторанд? Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: занеро дидам аз мӯи он муаллақ овехтаанд, ки аз димоғи он чирк равон аст ва занеро дидам, ки аз забони он овехта ва дастҳои ӯро аз пушт баровардааид ва аз ҳалқи он чирки сиёҳ равон аст ва занеро дидам, ки аз пистони ӯ овехтаанд ва пистон аз пушти ӯ баромада ва ба даҳони ӯ аз закум мерехтанд. Ва занеро дидам, ки дасту пои ӯро ба мӯи пешонии ӯ баста ва мору каждумҳоро бо ӯ овехтаанд, ки ҷасади ӯро мехӯранд ва аз таҳти он зан оташ аланга мезад ва занеро дидам, ки ба миқрози оташин бадани ӯро мебуриданд ва занеро дидам, ки рӯяш сиёх гашта. Он зан рудаҳои худро мехӯрд. Ва занеро дидам кӯру кару гунг буд, ки дар сандуқи оташин азобаш медоданд ва аз даҳону бинӣ ва махраҷи поёни он оташ фаввора мезад ва он зан пес буд, ки аз бӯи бади он тоқати дидан набуд. Ва занеро дидам, ки сари ӯ мисли хук ва бадани ӯ мисли маркаб ба ҳазор-ҳазор анвоъи азоб гирифгор буд. Ва занеро дидам, ки ба сурати саг мору каждумони бисёр аз даҳони ӯ даромада аз махраҷи поёни ӯ мебаромаданд ва фариштагон ӯро ба ҳарбаи оташин мезаданд.

Ҳазрати Фотима разияллоҳу анҳо аз ҷои худ бархоста гуфтанд: ё падари бузургвор, ҷонам фидои шумо бод. Аз аъмоли он занон маро хабар диҳед. Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам гуфтанд: эй нури чашми ман Фотима, он зане, ки ба мӯяш муаллақ овехтаанд, мӯи худро аз номаҳрамон пинҳон накарда аст ва он зане, ки аз забони ӯ овехтаанд, шавҳари худро ба забони бад озор додааст ва он зане, ки аз пистони ӯ овехтаанд, бе иҷозати шавҳари худ фарзандони дигарро шир додааст. Ва он зане, ки аз дасту пои ӯ овехтаанд бе ризои шавҳар аз хона баромада ба ҷое рафтааст. Он зане, ки гӯшти бадани худро мехӯрд ва аз даруни ӯ оташ фаввора мезад, худро дар назари номаҳрамон зинат дода аз мардони бегона худро пинҳон накардааст. Он зане, ки часади ӯро ба микрози оташин мебуриданд аз барои шӯҳрат ёфтан худашро ба либосҳои фохира ороста, ба кӯчаҳо гузаштааст, то мардумон ӯро тамошо кунанд. Он занеро, ки дасту пои ӯро ба мӯи пешонии ӯ баста буданд ва мору каждумон заҳр зада азоб мекарданд, зане бошад, ки бо вучуди тандурустӣ намоз нахонад ва рӯза надорад ва аз чанобат худро пок накунад. Он зане, ки сараш мисли хук ва ҷасадаш мисли маркаб бошад, зани суханчину дурӯғгӯест. Он зане, ки рӯяш сиёх гашга рӯдаҳои худро мехӯрад, занест, ки аз пушти шавхари худ ба ҳар кас шикоят кунад. Он зане, ки кӯру кару гунгу пес буд аз  дахону бинни ӯ оташ фаввора мезад, моли шавҳари худро бе ризои ӯ сарф карда, ғайбати шавҳари худро мекард. Он зане, ки ба сурати саг буд, ба шавҳари худ нофармонӣ карда, суханҳои дурушт мегуфт.

Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: ҳар зане, ки шавҳари худро ба забон озор расонад, Аллоҳ таъоло рӯзи киёмат забони ӯро ҳафтод зироъ гардонида. ба гарданаш печонад ва ҳамаи фариштагон ва одамиён бар он зан лаънат кунанд. Ҳар зане, ки ба шавҳари худ гӯяд: ман аз ту ҳеҷ чизе надидаам. Аллоҳ таъоло ҳафтодсола ибодати ӯро ҳабата гардонад, агарчи он зан тамоми умр рӯза дошта бошаду шаб намоз гузорида бошад. Ҳар зане, ки шавҳари худро аз ваҷҳи нафака ғамгин созад ё кулфат расонад, Аллох таъоло намозу рӯзаи ӯро қабул накунад. Ҳар зане, ки бе иҷозати шавҳари худ аз хона барояд, то боз ба хона гашта омадани ӯ, тамоми махлукоти осмону замни бо он зан лаънат фиристонанд. Ҳар зане, ки худро зиннату хушбӯй карда аз дарвозаи худ берун барояд ва шавҳари ӯ ба он розӣ бошад, Аллох таъоло дар ҳар кадами ӯ ба шавҳараш хонае аз оташ бино кунад ва ба азоб гирифтораш кунад.

Фармуданд Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам: ҳар марде, ки занӣ худро дар бистари хоб талаб кунад ва он зан қабул накарда, ба бистари ӯ наояд ва мард дар ғазаб ояд, фариштагон то субҳ бар он зан лаънат фиристонанд.

Мард бояд зани худро илму адаб ва шариат биёмӯзад ва агар кӯтоҳӣ кунад, хатари он бошад, ки дар охират ҳар ду ба азоб дармонанд ва аз бисёрии фарзандон наноланд, ки рӯзии онҳоро Худои таъоло медиҳад. Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки беҳтарин зан он аст, ки агар шавҳар ба сӯи вай назар кунад, он зан сари худро дар пеш андозад ва агар шавҳар ба коре амр кунад, итоат кунад шавҳарро. Агар шавҳар ғоиб бошад, моли шавҳарро

муҳофизат кунад ва худро аз чашми номаҳрам и нигоҳ дорад.

Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: ҳар зане ки панч вақт намозро хонад ва рӯзаи моҳи шарифи рамазонро дорад ва худро аз номаҳрамон муҳофизат кунад ва шавҳарро фармонбардорӣ кунад, аз кадом дарвозаи биҳишт, ки хоҳад дарояд.

Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: як зани солиҳа беҳтар аст аз ҳазор марди ғайри солиҳ ва ҳар зане, ки хизмати шавҳари худро ба ҷо орад ва ӯро фармонбардорӣ кунад, ҳафт дари дӯзах ба рӯи он зан баста гардад ва ҳашт дари биҳишт ба рӯи вай кушода шавад ва беҳисоб дохили биҳишт гардад.

Ҳикоят. Овардаанд, ки дар замони пайғамбар салаллоҳу алайҳи ва саллам марде буд,  ба ҷанг рафт ва ба зани худ гуфт: то омадани ман аз хона ба ҷое наравӣ. Баъд аз рафтани он мард падари он зан бемор шуда, аз барои дидани духтар кас фиристод. Он зани солиҳа гуфт: маро шавҳар иҷозати берун баромадан надодаасг.

Хешони ӯ назди Расул салаллоҳу алайҳи ва саллам рафта даъво карданд. Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо он зан кас фиристод.

Он зан гуфт: ман итоати шавҳарро ба ҷо орам, аз хона берун наравам.

Пас падари он зан даргузашт, кас фиристоданд, наарафт, то вақте ки шавҳараш наомад, аз хона набаромад Ба пайғамбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ваҳӣ омад, ки аз барои фармонбардории шавҳари худ он занро мағфират карда, гуноҳони ӯ ва гуноҳони падари фавтидаи ӯро даргузаштам.

Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: ҳар зане, ки либоси шавҳари худро шуста, покиза кунад, Аллоҳ таъоло бо он зан  ҳазор савоб ато карда, ҳазор гуноҳи ӯро бахшад ва ҳазор дараҷаи некӣ ӯро ато фармояд.

Овардаанд, ки рӯзе ҳазрати Фотима разияллоҳу анҳо назди Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам гирякунон омад, ки рангаш тағйир ёфта, зард гашта буд. Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам пурсиданд, ки эй духтари ман, чи ҳолат туро воқеъ шудааст?

Хотуни қиёмат гуфтанд:  Расулаллоҳ, ҳамроҳи Муртазо Алӣ карамаллоҳу ваҷҳа шӯхӣ мекардам. Аз сухани ман Алӣ разияллоҳу анҳу дар ғазаб гардида хост, ки аз хона барояд, ман аз он сухан пушаймон шуда гуфтам: эй ҳабиби ман, дар вақти мазоху шӯхӣ надониста туро дар ғазаб овардам, аз он пушаймон шудам, аз ман розӣ бош, – гуфта ҳафт мартаба ӯро аз cap гардонидам.

Аз ман розӣ шуда ба рӯи ман хандид, бо вуҷуди ин аз Аллоҳ таъоло тарсида, назди Шумо омадам.

Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: эй духтари ман, савганд ба зоти поки Аллоҳ таъоло, ки ба ростӣ маро ба халқ фиристодааст, агар ҳаройина пеш аз розӣ шудани шавҳарат вафот мекардӣ, ҷанозаи туро намехондам. Эй духтари ман, бидон аз ҳар зане, ки шавҳар розӣ бошад, Аллоҳ таъоло аз он зан розӣ ва ҳар зане, ки шавҳар аз он зан розӣ набошад, Аллоҳ таъоло аз он зан розӣ нест.

Эй духтари ман, ҳар зане, ки мисли ибодати Марям бинти Умрон ибодат дошта бошад, агар шавҳараш аз ӯ норозӣ бошад, он ҳама ибодати ӯро Аллоҳ таъоло қабул накунад. Эй духтари ман, беҳтарин аъмоли занон фармонбардории шавҳар аст. Эй духтари ман, ҳар зане, ки як соат ҳамроҳи шавҳари худ ба хушвактӣ ҳазлу мазох карда шавҳари худро хурсанд кунад, аз ибодати яксола беҳтар бошад ва савоби шаҳидонро дарёбад.

Эй духтари ман, ҳар зане, ки ба сухани хушу маҳбубона дилрабоӣ карда, шавҳари худро хурсанд кунад, ё фарзандони худро хушвакт гардонад, Аллоҳ таъоло воҷиб гардонад ба он зан чаннатро ва ато мекунад ба ҳар хурсандии онҳо барояш шаҳре дар биҳишт.

Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: ҳар марде, ки ду зан дошта бошад, дар байни онҳо адл накунад, дар нафақа ва хоб кардан, дар таому шаробу либос баробар надорад, ман безорам аз он мард. Ӯ аз шафоати ман бенасиб бошад, магар он ҳангоме ки тавба кунад ва адлро пешаи худ созад.

Бидон, ки хизмат кардани занон мар шавҳаронро аз воҷиботи ислом аст ва хақки шавҳар бар зан бисёр аст. Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтаанд, ки ба ғайри Худо каси дигарро саҷда кардан мумкин нест, агар мумкин мебуд, ман амр мекардам занонро, ки шавҳарони худро саҷда мекарданд, аз бисёрии ҳаққе, ки Худои таъоло додааст шавҳаронро бар занон. Аммо фармонбардории зан мар шавҳарро вакте вочиб шавад, ки коре фармояд, ки аз ҳуқуқи заношавҳарӣ ва ҳуқуқи шаръӣ бошад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …