Главная / Маданият ва санъат / Дар баёни намоз

Дар баёни намоз

Дар баёни намоз

Рӯзи маҳшар, ки ҷонгудоз бувад,

Аввали пурсиш аз намоз бувад.

Яъне: рӯзи қиёмат бисёр рӯзи сахт аст. Дар ин дунё офтоб дар осмони чаҳорум аст ва пушташ ба тарафи замин гардонида шудааст. Бубинед, ки дар тобистон чи қадар ҳарорати гармӣ дорад, ки тоқат карда наметавонӣ. Дар рӯзи қиёмат бошад, офтоб ба осмони якум омада миқдори як найза ба болои сари одамон меистад. Замин чунон метасфад, ки оҳанеро дар оташ сурх кунӣ, ҳамон гуна мешавад. Дар ҳамин рӯзи сахт мову шуморо аввал аз намоз мепурсанд. Агар панҷ вақт намозро дар вақташ гузорида бошӣ, дар ҳамон рӯзи гармӣ он соябони ту мешавад, ки гармии он рӯзро ҳис намекунӣ.

Ҳазрати Пайғамбар (с) саҳобагонро гуфтанд, агар дар пеши хонаи ҳар кадоми шумо дарёчаи оби равон бошад ва шумо дар он дарёча ҳар рӯзе панҷ маротиба оббозӣ кунед, магар дар бадани шумо чирк мемонад?

 

Саҳобаҳо гуфтанд, ки не.

Пайғамбар (с) гуфтанд, ки ана ҳамин гуна аст намоз, ки агар панҷ вақт намозро дар вақташ бигузорӣ, дар бадани ту ҳеҷ гуноҳе намемонад.

Саҳоба гуфта шахсонеро мегӯянд, ки пайғамбар (с)-ро дида, ба ӯ имон овардаанд ва дар маҷлиси ӯ нишастаанд.

Овардаанд, ки як марди бенамоз ба сафар баромад ва ӯ бо шахсе дар роҳ ҳамроҳ шуд, то бегоҳ роҳ рафтанду шаб шуд. Шахси ҳамроҳ шуда дид, ки шахси мусофир намози пешинро нахонд, намози асру шомро низ нахонд. Ба худ гуфт: шояд шаб намозҳоро хонад. Чун шаб шуд дид, ки ӯ тарҳи хоб кашид.

Шахси ҳамроҳшуда гуфт: ман аз ту ҷудо мешавам. Мусофир пурсид: аз ман чи кӯтоҳӣ дидӣ, ки ҷудо мешавӣ?

Шахси ҳамроҳшуда гуфт: ман шайтонам. Дар умри худ як бор тарки амри худо кардам, рондаи абадӣ шудам. Ту бошӣ, дар як рӯз панҷ маротиба тарки амри худо кардӣ, метарсам, ки ба касофатии ту ба ягон доғи малъунии дигар гирифтор на шавам.

Дар ҳақиқат шайтон дар вақте ки Худои таоло ҳазрати Одам алайҳи-с-саломро офарид, амр кард, ки ӯро саҷда кун. Шайтон кибр карда, Одам алайҳи-с-саломро саҷда накард ва малъуни абадӣ шуд.

Эй бародару хоҳари азиз, шайтон, ки аз одами бенамоз гурезад, пас чи қадар гуноҳи бузург будани бенамозиро тасаввур кунед!

Боз ҷои дигар мефармояд, ки рӯзе як шахси мусалмон назди Расули акрам (с) омада гуфт: ё Расулаллоҳ, намедонам аз ман чи гуноҳе содир шудааст, ки тамоман баракат аз хонадони ман рафтааст. Расул (с) гуфтанд: оё ту намози панҷвақтаро намехонӣ?

Он шахс гуфт: ё Расулаллоҳ, панҷ вақт намозро ҳамроҳи шумо мехонам.

Расул (с) гуфтанд: оё рӯзаи моҳи шарифи рамазонро намедоред?

Он шахс гуфт: ё Расулаллоҳ, рӯзаи моҳи шарифи рамазонро медорам ва илова бар он ду моҳи дигар пай дар пай рӯзаи нафл медорам.

Расул (с) дар тафаккур фурӯ рафтанд, ки барои чи баракат аз хонадони ин мард рафта бошад. Ногоҳ Ҳазрати Ҷабраил алайҳи-с-салом омаду гуфт, ё Расулаллоҳ, Худои Таоло барои шумо салом мегӯяд ва мегӯяд, ки ин шахсро гӯед, ки дар ҳамсоягии ӯ дарахте аст ва дар болои он дарахт паррандае лона дорад, дар лонаи он парранда устухони шахси бенамозест. Аз ин ҷиҳат баракат аз хонадони ин мард рафтааст.

Акнун бародарон ва хоҳарони азиз фикр кунед, ки аз шумии устухони мурдае, ки дар лонаи дарахт аст, баракат аз хонадони ин бечора паридааст. Шумоён тасаввур кунед, ки агар шахси бенамоз дар хонадони шумо зиндагонӣ кунад, аз шумии он чӣ қадар баракат аз хонадон мерафта бошад?.

Бидон, эй мӯъмини покизакирдор,

Намози хешро дар вақт бигзор.

Ба рӯзи ҳашр аввал аз салотат,

Ҳамепурсад худо пас аз закотат.

Дигар аз рӯзаву ҳаҷ, эй мукаррам,

Зи ҳаққи муслимин аз баъди он ҳам.

Намози хешро некӯ гузорӣ,

Ба хавфу хашяту доим базорӣ.

Макун андар намоз, эй дӯст, тақсир,

Ки то бошад ба рӯзи ҳашр тавфир.

Бувад бар ту намози бомдодон,

Ки то осон бигардад кандани ҷон.

 

 

 

Қабул афтад туро ҷумла ибодат,

Намози зуҳри ту, эй босаодат.

Зи баҳри пок гаштан аз гуноҳон,

Намози аср бошад, эй мусалмон.

Гузаштан аз сиротат бар ту осон,

Намози шомро аз баҳри он дон,

Ки аз торикии гӯрат амон аст,

Намози хуфтан аз баҳри он аст.

Зи Иброҳим пешин, эй мукаррам,

Намози бомдод омӯз зи Одам.

Намози шом аз Исост, эй ҷон,

Намози дигар аз Юнус ҳамедон.

Намози витр аз пайғамбари мост,

Намози хуфтан, эй мӯъмин, зи Мӯсост.

Намоз, эй дӯст, кори покбоз аст,

Намоз, эй дӯст, розасту ниёзаст.

Намоз, эй дӯст, кори анбиё шуд,

Намоз, эй дӯст, кори авлиё шуд.

Ба ӯ хоҳӣ гузашт аз роҳи борик,

Намозат мӯниси шабҳои торик.

Намозат роҳати тан, низ ҷон аст,

Намози ту садои душманон аст.

Намозат шуд дуоятро иҷобат,

Намозат шуд қабули ҷумла тоат.

Намозат асли имон аст, эй ёр,

Намозат файзи Раҳмон аст, дидор.

Намозат соя бошад рӯзи маҳшар,

Намозат мӯниси гӯр аст, бингар.

Намоз аз оташи дӯзах наҷотат,

Намозат бигзаронад аз сиротат.

Нигаҳдорандаи гӯрат Аҳад шуд,

Намозат рӯшноии лаҳад шуд.

Намозатро гаронӣ шуд ба мизон,

Намозат дурии ғамҳои даврон.

Намозат сояи рӯзи қиёмат,

Намозат дур дорад аз надомат.

Намозат парда аст аз нори сӯзон,

Нигаҳ дорад намозат бар ту имон.

Намозатро сари имон ҳамедон,

Касеро cap набошад, нест имон.

Сутуни дин намоз аст, эй бародар,

Намозат нест, дини туст абтар.

Чаро ғофил аз он рӯзи шуморӣ,

Намози хешро вақташ гузорӣ.

Ҳаётат доду сиҳат доду қудрат,

Ҳамин тавфиқ бошад баҳри тоат.

Макун дигар баҳона, эй ҷавон мард,

Намозатро ҳамебояд адо кард.

Расули ҳақ ҳабиби хоси Раҳмон,

Чунин фармуд рӯзе ӯ ба ёрон.

Касе тарк оварад намози бомдодон,

Аз ӯ безор гардидаст қуръон.

Намози зуҳрро тарк оварад ҳай,

Малоик мешавад безор аз вай.

Чу дигар тарк орад, эй мусалмон,

Шавад безор аз он кас низ имон.

Ҳар он кас тарк месозад ишоро,

Зи худ безор гардонад худоро.

Вақте ки шахси мусалмон таҳорат карда ба болои ҷойнамоз меояд, Худои таоло ба малоикаҳо мегӯяд, ки ин бандан ман берунашро тоза кард, шумоён дарунашро тоза кунед. Яъне гуноҳояшро берун кунед, то ки ин банда бегуноҳ шуда ба ман сухан гӯяд. Малоикаҳо гуноҳҳои ӯро берун мекунанд, вақте ки намозро тамом, кард малоикаҳо мегӯянд, ки худовандо, ин бандаи ту намозро тамом кард, гуноҳҳояшро ба ӯ бозгардонем?

Ҳазрати худованд мегӯяд, ки ман гуноҳҳои вайро ба  муносибати намоз хонданаш бахшидам.

Шахси бенамоз лаънат карда шудааст, дар чаҳор китобе,

ки Худой таоло ба пайғамбарон фиристодааст.

* * *

Ба ҷаннат нест ҷои бенамозон,

Диҳад дӯзах сазои бенамозон.

* * *

Суханҳо дар мавзӯи савоби намозгузорӣ ва азоби бенамозӣ бисёр аст, лекин ман гумон мекунам ҳамин ҳам барои шахси бофаҳм кифоя аст. Хулоса ин ки дар дунё аз бенамозӣ гуноҳи вазнинтаре нест.

Худованди бузург ба ҳамаи мову шумо тавфиқи намоз хонданро арзонӣ дорад, омин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …