Главная / Маданият ва санъат / Дар баёни Лайлатулкадр

Дар баёни Лайлатулкадр

Дар баёни Лайлатулкадр

Дар ин моҳи бузург шабе ҳаст, ки ӯро шаби қадр меноманд ва дар кадом шаб будани вай ихтилоф аст. Лекин ба қавли аксари уламо ин шаб ба шаби бисту ҳафтуми рамазон рост меояд. Ҳар кӣ дар ин шаб ду ракаъат намоз хонад ва дар ҳар ракаъат баъд аз Алҳамд ҳафт маротиба сураи Қул ҳуваллоҳу аҳад хонад ва баъд аз салом ҳафтод бор “Астағфируллоҳи  таъоло ва атубу илайҳи”-гӯяд ҳанӯз аз ҷои худ барнахоста  бошад, ки Аллоҳ таъоло он банда ва падару модари ӯро 1 магфират кунад.

-Ҳазрати пайғамбар алайҳи-с-салом фармуданд, ки ҳар гоҳе ки бандаи мӯъмин рӯзаи моҳи рамазонро тамом дошта, рӯзи ид ба намозгоҳ равон шавад, Аллоҳ таъоло гӯяд, ки эй фариштагон, ҳар ки ба касе хизмат кунад, музди ӯро талаб мекунад, бандагони ман хизмати рӯзаи маро тамом карда акнун аз барои музди он ба идгоҳ баромаданд, шумоён шоҳид бошед, ки онҳоро магфират кардам.

Расул алайҳи-с-салом фармуданд: ҳар ки садақаи фитрро пеш аз ид адо накунад, рӯзаи ӯ дар байни осмону замин муаллақ меистад. Ҳар гоҳе ки садақаи фитрро адо кунад, он гоҳ Аллох таъоло ба рӯзаи ӯ ду боли сабз ато кунад, то осмони ҳафтум парвоз карда, бо амри Аллоҳ таъоло ба кандиле аз қандилҳои арш нишаста, аз соҳиби худ изҳори ризомандӣ намояд.

Овардаанд, ки дар моҳи мубораки рамазон рӯзе ҳазрати Усмон(р) пайғамбарро(салаллоҳу алайҳи ва саллам) барои ифтор ба хонаи худ даъват карда буд. Дар хотири Усмон гузашт, ки ҳеҷ медонӣ, киро ба хонаи худ даъват кардаӣ? Касеро ба хона»: худ даъват кардан, ки гарди қадами ӯ ки ба арш расида буд, арши азим ифтихор мекард. Пас эй Усмон, туро ҳам шукронаи ин қадам мебояд кард.

Пас қадамҳои ӯро шуморид, ки аз масҷид то хонаи Усмон (р) сесаду шаст қадам шуд. Дар бадали ҳар қадами пайғамбар алайҳи-с-салом амири мӯъминин Усмон аҳд кард, ки як ғулом озод кунад. Чун Усмон ғуломонро овард, пайғамбар Алайҳи- с-салом пурсид: ё Усмон, инҳоро барои чӣ овардаӣ? Гуфт: назр кардаам ба бадали сесаду шаст қадами мубораки шумо инҳоро аз мулки худ озод кардам. Баьд аз он чанд навъ таъом пеши пайғамбар ва ёрони ӯ гузошт.

Чун аз таъом хурдан фориғ шуданд, Расул (а) дуьо карданд ва бозгаштанд. Дар хотири Амирулмӯъминин Алӣ карамаллоҳу ваҷҳа гузашт, ки як домод туӣ, дуюм домод Усмон(р). Ӯ чандин иззату икром бикард Пайғамбарро. Аммо дар хонаи ту нони ҷавин барои ифтори Ҳасану Хусайн нест. Алӣ нигаронхотир ба хона омад.

Назари хотуни ҷаннат ҳазрати Фотима бар Алӣ (р) афтод, пурсид: чаро рухсораи мубораки шуморо нигарон мебинам?

Алй (р) ҳеҷ нагуфт. Боз Фотимаи заҳро гуфт: ҷонам фидои ту бод, чаро ҷавоб намегӯӣ?

Боз Амирулмӯьминин Алӣ хомӯш ва сукут монд. Боз он шафиъи занон оғоз кард: Ё Алӣ, магар аз чиҳати тангии маъош, яъне камбудии хона нигаронӣ? Ҳеҷ ғам махӯр, ки фақр фахри бобои ман аст. Алӣ сухан намегуфт. Фотимаро тоқат намонда бархост. Ҳафтод бор бар гирди сари Алӣ гашт ва ҳамегуфт, ки (пайғамбар салаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд, ки агар ба ғайри худованд (зоти пок) саҷда ба касе раво будӣ, мефармудам, то занон мар шавҳарони худро саҷда мекарданд. Акнун, ё Алӣ, аз ғалабаи ғами ту тоқатам намонд, акнун бигу, туро чӣ дар ғам оварда аст?

Гуфт: Ё Фотима, Усмон Пайғамбар (а)-ро ба хонаи худ ба ифтор бурд ва ба ҳар қадами ӯ як ғуломе озод кард ва таъомҳои рангоранг пеши Пайғамбар ва ёронаш кашид.

Дар хотири ман гузашт, ки як домод Усмон ва як домод манам. Ӯ чандин неъмат хайр кунад ва дар хонаи ман нони ҷавин баҳри фарзандон набошад.

Фотима гуфт: Ё Алӣ, магар мехоҳӣ, ки фақри маро зоҳир кунонӣ. Ту ҳам бирав, фардо Пайғамбарро бо дучанд ёрон, ки дар хонаи Усмон рафта буданд, биталаб ва биёр. Алӣ гуфт; Ё Фотима, дар хона барои шаб ҳам таъом намебинам. Пайгамбарро бо дучанд ёр чӣ тавр талаб кунам?

Фотима гуфт: ғам махӯр Худо бо мост.

Алӣ ба масҷид назди Пайғамбар рафта гуфт: Ё Расуллаллоҳ, бо он қадар ёрон, ки дар хонаи Усмон рафта буданд, имрӯз бо ду чанд ёрон баҳри ифтор дар хонаи мо оед. Пайғамбар фармуд: Ё Алӣ, ман аҳволи хонаи шумо некӯ медонам, чӣ тавр ин қадар халқро мехонӣ?

Гуфт: Худованд меҳрубон ва розиқ аст. Пайғамбар гуфт: Эй Билол, саҳобагонро хабар кун, то вақти ифтор дар хонаи Алӣ ҳозир шаванд.

Чун вақти ифтор наздик шуд, Алӣ дар гӯшаи хонаи худ назар кард, аз ягон тараф асари дуд маълум нест. Алӣ гуфт: Эй Фотима, вақти ифтор расид, чӣ кор кунем. Фотима гуфт: ё Алӣ, Расули Худо ва ёронашро талаб карда биёр. Алӣ ба масҷид омад ва гуфт: Ё Пайғамбар бо ҷамиъи ёрон ба хонаи мо биёед. Пайғамбар(а) бо ҳамроҳии асҳоб ба хонаи Алӣ биёмаданд, Пайғамбар (а) фармуд: Ё Алӣ, аввал ба хона ту даро, баъдан мо медароем.

Алӣ даруни хона даромада дид, ки Фотима даруни ҳучра cap ба саҷда ниҳода ба даргохи Худованди таъоло илтимос мекунад. Илоҳӣ, агар Усмон Пайғамбарро ба куввати мол ба хонаи худ талабид, ман бар азаммату карами ту эътимод кардам, акнун маро назди падару ёрон ва назди Алӣ шарманда масоз.

Алӣ бар дари ҳуҷра истода шуд, медид дастархоне аз олами ғайб, гӯё як дона лаъл аз ҳаво пайдо шуд ва дар ҳуҷра даромада қарор гирифт. Алӣ cap даруни ҳуҷра карду гуфт:

Ё Фотима, cap аз саҷда бардор, ки мақсуди ту ҳосил шуд. Фотима cap аз саҷда бардошт, дастархони олами ғайб дид ва гуфт:

  • Ё Алӣ, акнун дасти меҳмононро бишӯед.

Пайғамбар бо ёрон даст бишустанд. Алӣ дар ҳуҷра даромад, то дастархон аз ҳуҷра берун орад, аз забони Алӣ беруномад:

  • Бубин, ё Фотима, ки ёрон бисёранд, аммо дастархон хурд аст.

Фотима гуфт:

  • Ё Алӣ, магар дар ҷанги яҳуд ҳамроҳи пайғамбар набудӣ, ки дар водии хароб пайғамбар ва ёрон ҷудо афтода буданд. Ёрон мегуфтанд: Сайидо, магар дар водию биёбон ҷон хоҳем дод, ки ҳеҷ об наменамояд ва шутурон забон аз даҳон берун кашидаанд. Пайғамбар алайҳи-с-салом фармуд:
  • Қадре об дар коса кунед ва пеши ман биёред.

Ёрон ҷустучӯ карданд, кадре об ёфтанд ва онро пешипайғамбар оварданд. Пайғамбар (салаллоҳу алайҳи ва саллам ) панҷ ангушти муборак дар коса андохт, аз ҳар ангушт чашмаи об равон шуд хама бихурданд ва бо худ об гирифтанд ва ҳамаи шутурон сероб шуданд. Ё Алӣ, ту ҳам ин дастархонро пеши падари ман бурда бигӯй: Сайидо, Фотимаи ту мегӯяд: то дасти муборак дар хон кунад ва бигӯяд, ки эй хон, васеъ шав. Он кадар васеъ шавад, ки тамоми ёрон бинишинанд ва таом хӯранд.

Амири мӯьминин Алӣ хон бигирифту пеши пайғамбар овард ва илтимоси Фотимаро арз кард. Бо илтимоси Фотима Расул алайҳи-с-салом даст дар таом карду гуфт: эй хон, он кадар шав. ки тамоми ёрони ман ғунҷанд. Дарҳол дастархон чунон васеъ гашт, ки ҳама ёрон бинишастанд ва таъоми он хон бихурданд.

Баъд аз хурдани таом ҳазрати Ҷабраил алайҳи-с-салом даррасид ва дар поён истода шуд, назари пайғамбар алайхи- с-салом бар меҳтари Ҷабраил афтод, гуфт:

  • Эй бародари Ҷабраил, барон чи омадӣ ва чи истодаӣ?

Гуфт:

Ё пайгамбари Худо, ман ҳодими аҳли нубуватам ва муждаи башорат ба чиҳати Алӣ ва Фотима ба чиҳати гунаҳгорони уммати ту овардаам ва дили муборакро шод гардонам. Ҳақ таъоло мефармояд: агар Усмон кадамҳои Шумо шуморида бар ҳар қадами Шумо як банда озод карда бошад, Алӣ ва Фотима дар дунё фақр, яъне камбағалиро ихтиёр кардаанд аз ҷиҳати онҳо фармон ба фариштаҳо додем, то қадамҳои Шумо дар шумор оранд, эй Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам, аз хонаи Алӣ то масҷиди ту сесаду чанд қадам шудааст. Дар бадали ҳар қадами Шумо ҳафтод ҳазор осӣ, яъне гунаҳгоронро, ки номи онҳо дар дӯзах аст, озод гардонидем.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …