Главная / Маданият ва санъат / Дар баёни Ҳаҷ кардан

Дар баёни Ҳаҷ кардан

Дар баёни Ҳаҷ кардан

Ҳаҷ дар луғат қасди амри бузургу азимеро гӯянд ва дар истилоҳи шарьӣ иборат аз қасд ба сӯи Байтулҳарам бо аъмоли махсус, дар замони махсус аст. Ҳаҷ дар шариати ислом аз муҳимтарин фароиз буда ва мункири он аз дин хориҷ аст.

Зиёрати хонаи Каъба бар касе воҷиб аст, ки зод ва роҳила – (туша ва аспи саворӣ) дошта бошад, инчунин шароити хоҷагиаш буд бошад ва пулу мол дошта бошад барои раҳкиро ва роҳ кушода бошад ва ғайра. Дар шароити ҳаҷ мардон ва занон баробаранд, магар он ки мар занонро шавҳар ё маҳрам шарт аст. Баъд аз зиёрат кардани хонаи Каъба зиёрат кардани равзаи Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам лозим аст.

Ҳикоят. Нақл аст, ки Абдуллоҳи Муборак соле ба ҳаҷ рафта буд. Баъд аз адои ҳаҷ дар хоб дид, ки ду фаришта аз осмон фуруд омаданд. Яке аз дигаре пурсид, ки имсол чанд нафар ба ҳаҷ омадаанд?

Гуфт: шашсад ҳазор.

Боз он фаришта пурсид, ки ҳаҷи чанд нафар кабул гардид?

Гуфт: ҳаҷи ҳеҷ кадомаш кабул нагардида аст. Абдуллоҳи Муборак мегӯяд:

Чун ин сухан бишунидам, ларза дар вуҷудам пайдо шуд,-гуфтам кори мушкил, ки шашсад ҳазор бандаи мӯҳточ аз гӯшаву канори олам бо машақкати тамом биёбонҳо бурида ва риёзазҳо кашида омадаанду ин ҳама бекор шавад ва ҳаҷи ҳеҷ кадомаш кабул нагардад.

Он гоҳ фаришта гуфт:

Дар Димишқ мардест, номи вай Алӣ бинни Мавфиқ. Ӯ ба ҳаҷ наёмадааст, аммо ҳаҷи ӯро Худои таъоло қабул кардааст ва хаҷи ин шашсад ҳазор ҳоҷиро ба туфайли ӯ қабул кардааст.

Чун бедор шудам бо рафиқони худ хайрухӯш намуда ба сӯи Димишқ рафтам ва хонаи вайро талаб карда ба шитоб ба дари хонаи вай омадам ва дарашро куфтам. Шахсе берун омад, гуфтам:

– Номи ту чист?

Гуфт:

-Алӣ бинни Мавфик.

Ӯ гуфт:

Номи ту чист?

Гуфтам:

Номи ман Абдуллоҳи Муборак.

Чун номи ман бишунид, наъра бизад ва беҳуш шуд. Чун ба хуш омад, он хобро бо вай ҳикоят кардам ва гуфтам:

Маро аз ҳоли худ хабар деҳ, ту чи кор кардаӣ, ки ҳаҷи туро қабул кардаанд ва шашсад ҳазор ҳоҷиро ба ту бахшиданд?

Гуфт:

– Бидон, ки ман марди кафшдӯзе ҳастам ва си сол маро орзуи хаҷ буд. Аз порадӯзӣ сесад дирам ҷамъ карда будам ва нияти ҳақ доштам. Ҳамсарам дар хона ҳомила буд, аз хонаи ҳамсоя бӯи таом шунид, маро фиристод, ки аз он таоми ҳамсоя камтар барояш биёрам. Ба дари хонаи ҳамсоя рафтам ва фарёд кардам. Ҳамсоя берун омад, он ҳол бо ӯ гуфтам. Гирён шуду гуфт: эй Алӣ ибни Мавфик, ин таом, ки мо сохтем бар шумо ҳалол набошад. Бидон, ки се шабонарӯз аст, ки кӯдакони ман таом наёфтаанд ва дар ҳамаи шаҳри Димишқ ҳеҷ коре наёфтам ва касс маро кор нафармуд. Хари мурдаеро дидам, ба қадри зарурат аз ӯ гирифтам, то барои тифлон таом созам, ки он бар шумо ҳалол набошад.

Чун ин сухан бишнидам, дарде дар дарунам пайдо шуд. Ба худ гуфтам: ба Каьба куҷо меравам, хаҷи ман ин ҷо аст. Он сесад дирам бад-ӯ додам ва гуфтам ин пулҳои хонаи Каьба рафтанам буд, бигиру бар аҳлу аёли худ нафақа кун, ки ҳаҷи ман ин аст.

Абдуллохи Муборак гуфт:

Рост гуфтанд малоикахо дар хобам.

Азизи ман, дилҳои шикастагонро дарёб, дардмандонро хотирҷӯӣ кун, дармондагонро ёрӣ кун, ки ба ҳақиқат ҳаҷи мабрур ва амали мақбул он аст. Тавофи Каъбаи дил кун, ки аз тавофи Қаьба зиёдат аст.

Дил ба даст оред, ки ҳаҷҷи Акбар аст.

Аз ҳазорон каъба як дил беҳтар аст.

Каъба эҷоди Халили озар аст,

Дил назаргоҳи ҷалили Акбар аст.

Илоҳӣ моро ба роҳӣ рост ҳидоят намуда, ҳаҷи мабрурро насибамон гардонӣ, омин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …