Главная / Маданият ва санъат / Дар баёни булуғ ва худошиносӣ

Дар баёни булуғ ва худошиносӣ

Дар баёни булуғ ва худошиносӣ.

Бидон, ки бӯлуғ ду навъ аст, яке ҳукмӣ, дигаре ҳақиқӣ, аммо булуғи ҳукмии писарон аз дувоздаҳ-понздаҳ солагист ва булуғи ҳақиқии онҳо, вакте аст, ки ӯ эҳтилом мешавад, яъне ӯро дар хобаш шайтон фиреб медиҳад ва об мебинад. Дар ин вақт ӯ болиғи ҳақиқӣ мешавад ва ӯро лозим аст, ки ғусл кунад.

Тариқаи ғусл кардан чунин аст: аввал таҳорат мекунад, баъд се бор даҳонашро ва се бор бинияшро об мегардонад. Баъд ҳамаи баданашро се бор мешӯяд, то вақте, ки ягон мӯяш хушк намонад. Агар зери як мӯяш хушк монад аз ҷанобат пок намешавад.

Булуғи духтарон бошад, ҳукмиаш аз нуҳ солагист ва ҳақиқияш, вақте ки эҳтилом мешавад, ё ин ки ҳайз мебинад.

Ҳайз хунест, ки аз бачадони зани болиға мерезад. Камтари вай се рӯз аст ва бисёраш даҳ рӯз аст. Чун духтар аз ҳайз пок шавад, ба вай низ ғусл кардан ба тариқи гуфташуда лозим мегардад.

Нифос ҳам махсуси занон аст ва нифос хунест, ки баъд аз кӯдак меояд. Камтари он муайян нест ва бисёраш чил рӯзаст.

Даҳ рӯз дар ҳайз ва чил рӯз дар нифос дар ҳаққи духтарон ва занонест, ки бори аввал ҳайз мебинанд ё фарзанди нахустинро таваллуд мекунанд. Агар зан се бор ҳайз бинад ё се кӯдак таваллуд кунад, дар ҳаққи ӯ одат эътибор аст. Чунончи духтарест, ки аз се дафъа баъд, дар панҷ рӯз қоқ мешавад, одати ӯ даҳ не, балки панҷ рӯз аст, ё зане, ки баъд аз се фарзанд дар бист рӯз қоқ мешавад, нифоси ӯ чил рӯз не, балки бист рӯз аст. Агар мӯҳлати баъзе занҳо аз ин мисоли овардашуда зиёдтар ё камтар бошад, ҳамаашро ба ҳамин қиёс кунед.

Зани дар ҳайз ё дар нифос буда корҳои зеринро ҳаққи иҷро кардан надорад: намоз намехонад, рӯза намегирад, Куръон намехонад, дар масҷид намедарояд, тавофи хонаи Каъба намекунад, бо мард ҳамхоба намешавад.

Зани аз нифос пок шуда низ ғусл мекунад. Баъд рӯзаро қазо медорад ва намозро не. Дар мавзӯи ҳайз ва нифос суханҳо бисёр аст, ҷойҳои нофаҳмӣ бошад, аз шахсони донишманд бипурсед, чунки ман ин ҷо мухтасаран овардам.

Эй бародар ва хоҳари азизу мехрубон, ту ки ба балоғат расидӣ, вақги бепарвоӣ ва шӯхию бозият гузашт. Вақти он расидаст, ки ту бо дилу ҷон Худоро бишносӣ ва гуфтаҳои ӯро ба ҷо биёрӣ, чунки ҳамаи ин шароитҳоро ҳазрати  Худованди азизу меҳрубон барои мову ту ато кардааст. Яъне тани сиҳат, чашми бино, гӯши шунаво ва ғайра. Чунон зиндагонӣ кун, ки гуфтаанд: Ту чунин будӣ, ки вақти омаданат ту гирён будиву ҳама хандон, акнуи чунон зиҳ, ки вақти рафтанат ҳама гирён бошанду ту хандон. Яъне вақте ки ту таваллуд шудӣ, ту гирён будӣ ва мардум хандон буданд, ки кӯдак таваллуд шуд ва ту чунон зиндагонии ботоат ва ибодат кун, ки вақти аз дунё рафтанат ҳама ба марги ту гиря кунанд ва ту, ки худопараст ва бо тақво бошӣ, хандон меравӣ.

Бародар ва хоҳари азиз, пеш аз ҳама бояд, ки Худованди қодиру тавоноро бишносӣ ва имони фитриро мустаҳкам карда, камол диҳӣ. Яъне калимаи Тайибаро, ки “Ло илоха иллалоҳу Муҳаммадур-расулуллоҳ” аст, бар забои бигӯй ва ба дил тасдиқ ва бовар кунӣ, ки нест Худое магар Аллоҳ таоло ва Муҳаммад алайҳи-с-салом пайғамбари барҳақ аст.

Расули акрам (с) фармудаанд: касе ,ки нафси худро бишносад, парвардигори худро мешиносад, яъне касе дар офариниши худ фикр кунад, мефаҳмад, ки Худои мутаол ӯро аз як қатра оби палид ба ин сурати зебо офарид ва ҳамаи аъзоҳои ӯро шакли мӯътадил ва зебо дод. Барои мисол чашмро гирем, ҳам сабаби зебоии мост, хам сабаби биноии мост. Агар нигоҳ кунем, дар як назар кардан чандин фарсаҳ дуриро бедушворӣ мебинем, бе он ки ба ӯ қувваи барқ ҳамроҳ кунем ё ин ки ягон мурвати ӯро тобем, ё ин ки фикру хаёлро мисол  оварем. Агар хоҳем даврони кӯдакӣ ва ҷавониро ба хотир оварем, дарҳол даврони ҷавонӣ дар пешамон аён мешавад, бе он ки лентаро ба қафо гардонем, ё ба ӯ қуввае ҳамроҳ кунем.

Агар даҳонро мисол орем, ҳам сабаби зебогии мост, ҳам мавзеи сухагӯии мост, ҳам мавзеи таомхӯрии мост. Хулосаи калон ин ки ҳар як аьзои мо чандин кореро иҷро мекунад, ки ҳар кадомаш ба санъати илоҳӣ далолат мекунанд.

Шумо фикр кунед, барои сохтани як аробачаи кӯдакӣ созанда ва офаранда лозим аст. Ин дунё бо ин калонӣ замину осмон, офтобу моҳтоб, кӯҳу дарёҳо бе созанда ва офаранда ҳеҷ гоҳ ва ҳаргиз ба вучуд намеоянд.

Ҳикоят. Овардаанд, ки дар замони ҳукумати подшоҳ Маъмун аз шаҳри Рум ба назди ӯ табибе фиристоданд. Табиб бисёр донишманд буд, ба дараҷае, ки сесад касро ҷамъ оварданд ва ҳар яке аз онҳо ба шишаҳо пешоб карданд ва шишаҳоро бо якдигар иваз карданд. Яке шишаи дигареро гирифта ба пеши табиб мебурд. Ҳатто пешобҳои чанд нафареро дар як шиша андохта, ба назди ӯ бурданд. Донишмандии ӯ чунон буд, ки соҳиби аслии ҳар кадоми он шишаҳоро ёфта, доруи онҳоро муайян менамуд. Ҳама аз донишмандии ӯ ҳайрон шуданд, лекин ӯ ба Худо бовар надошт.

Мегуфт: агар касе бар ҳастии Худо далел орад, ман мусалмон мешавам. Олимҳои Рум аз далели боварибахш овардан оҷиз монданд. Ҳама ҷамъ шуда машварат намуданд ва гуфтанд, ки дар фалон деҳа Хоҷа Аҳмад гуфтанӣ шахси донишмандест, ӯ метавонад, бо табиб баҳс кунад. Подшоҳ барои овардани ӯ шахсеро равон кард ва воқеаро ба вай расониданд.

Хоҷа Аҳмад гуфт: шумо маҷлисро ташкил кунед ва ӯро ба

сухан машғул гардонед, ман дертар меоям. Маро суол кунед, ки чаро дер омадӣ? То ман ҷавоб гӯям.

Ҳамчунон маҳфил оростанд. Хоҷа андаке дертар ба маҷлис ҳозир шуд.

Подшоҳ аз вай пурсид: Хоҷа, чаро дер омадӣ?

Хоҷа гуфт: ба лаби дарё рафтам, то ин ки таҳорат кунам, аҷоиберо дидам, ба тамошои он дер мондам.

Подшоҳ гуфт: чӣ дидӣ?

Хоҷа гуфт: дидам, ки дарахте аз замин баромад бе он ки ӯро касе бибурад, бияфтод ва дар замон тахтаҳо шуд ва дар якдигар баста шуд. Ва бе дуредгар киштӣ шуд ва бе ронанда ба рӯи об равон шуд. Машғули тамошои ин шудаму дер мондам.

Табиб ин суханро шунида гуфт: ин пири беҳудагӯй омадааст, ки бо ман баҳс кунад, ин девона аст, баҳсро нашояд.

Хоҷа гуфт:‘беҳудагӯй ва девона чароям?

Табиб гуфт: Муҳол мегӯйӣ. Ҳаргиз дарахт ҳуд намебарояд, ки худ афтода тахта шавад ва дар якдигар баста шавад ва бе дуредгар киштӣ шаваду бе ронанда дар об равон шавад.

Хоҷа гуфт: пас, эй ноҷавонмард, вақте ки дар сохтани як киштӣ ин муҳол омад, ки бе созанда дар об равон нашавад, оламе бад-ин оростагӣ чи гуна бесонеъ бибошад ва ин осмон бад-ин баландӣ ва ин замин бад-ин маҳкамӣ ва ин чандин ҳазор сурат бад-ин зебоӣ худ ба худ чӣ гуна мавчуд шаванд? Касе, ки оламро бе сонеъ гӯяд, пас беҳудагӯй ва девона ӯ бошад.

Табиб ҳайрон шуда лаҳзае андешид, баъд аз он cap бароварда гуфт: бар худ такабур натавон кард ва гуфт: ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ ва мусулмон шуд. * * *

Эй бародар, гар ту ҳастӣ ҳақталаб,

Ҷуз ба фармони худо макшой лаб.

 

Хоҷа ин суханро аз барои ҳуҷҷат гуфт, на барои дурӯғ гуфтан.

Бародар ва хоҳари азиз, худовандро, ки шинохтӣ, бояд ба гуфтаҳои ӯ амал намоӣ, то ки дар дунё ва қиёмат сарбаланд ва обрӯманд бошӣ.

Шахсе, ки даъвои мусалмонӣ мекунад, ӯ бояд бидонад, ки имон чист? Ва ислом чист? Ва дин чист? Ҳазрати Имоми Аъзам раҳматуллоҳу алайҳи мегӯяд, ки имон иқрор кардан аст ба забон ва устувор доштан аст ба дил, ҳамин калимаи шарифро – ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ, яъне нест худое ғайри худои таборак ва таоло ва Муҳаммад фиристодаи худои таолост.

Ислом бошад, худро ба шариат супоридан ва амрҳои шариатро ба гардан гирифтан аст. Имон бе ислом ва ислом бе имон дуруст намешавад, чунончи пушт бе шикам намешавад ва шикам бе пушт. Яъне инсоне, ки шикам дошта бошад ва пушт надошта бошад, ӯ зинда намемонад ва инчунин инсоне, ки пушт дошта бошад ва шикам надошта бошад зинда намемонад. Аз ин фаҳмида мещавад, касе ки ба худо бовар дошта бошад ва амалҳои исломиро ба ҷо наёрад, имони вай комил нест ё амалҳои исломиро ба до орад ва ба худо бовар надошта бошад, имони ӯ низ комил нест. Барои ҳамин кӯшиш кардан лозим аст, ки баъди худоро шинохтан амалҳои исломиро ба ҷо биоварӣ.

Дин номест, ки дар бар мегирад имонро ва исломро ва ҳамаи ҳукмҳои шариатро, яъне имон ҷамъ мешавад, ислом ҷамъ мешавад ва ҳамаи ҳукмҳои шариат ҷамъ мешаванд ва динро ташкил мекунанд ва инсон шахси диндор мешавад. Барои он ки мову шумо шахси диндори комил шавем, бояд гуфтаҳои зеринро иҷро намоем.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

шеъри модар

Шеърҳои беҳтарин дар васфи Модар

Муҳаббати модар Писар, рав, қадри модар дон, ки доим Кашад ранҷи писар бечора модар. Бирав, …