Главная / Гуногун / ДАР АРАФАИ БАҲОР

ДАР АРАФАИ БАҲОР

Интиҳои зимистон буд. Аз ҷониби ғарб шамоли ғашовар мевазид. Чор тарафи бошишгоҳро аз назар гузаронидам. Касе наметофт. Дари қаровулхо–наро кушодам. Он ҷо болои катча Солеҳ-саркор ва боз ду нафар марди дигар ноништа мекарданд.

– Баъди як дам Нормат-амак мебиёянд, – хабар расондам пас аз пурсупос, – Гулбоғро набурида истанд гуфта хоҳиш кардаанд…

gori-priroda-tajikistan

– Сад афсўс! – андешамандона гуфт Солеҳ-саркор. – Дилам гувоҳӣ медод-а. Бистарӣ бошад ҳам, то қиёмат аз мо меранҷад. Замони ҷанг аз фронт баргашта, бо сад умеду орзу ҳамин гулбоғро шинонда будааст. Ҳамсолонаш мегўянд, ки ҳар як ниҳолро мисли кўдак парвариш мекард. Сонӣ-сонӣ дарахтон ба воя расиданд, чуқур реша давонданд, дигар ба нигоҳубини мўйсафед мўҳтоҷ набуданд. Бо мурури солҳо, мардум, ҳарчанд себу биҳӣ, ноку гелос, ангурашро хўранд ҳам фаромўш карданд, ки Нормат гуфтанӣ инсоне ҷон коҳондааст…

Баҳсу талош тўл кашид.

– Ин боғ боғи ман, раис, ман шинондагӣ…

– Хайр чӣ шудааст? – ба миёни сухани пирамард лағат зад, – шинондагӣ бошед, нағз кардед. Ҳаққи меҳнататонро гирифтагистед.

Пирамард Нормат оҳи вазнин кашид.

– Медонед раис, вақте, ки боғро, дарахтонашро мешинондам, шумо луб-луч оби биниатон овезон мегаштед…

– Ҳурмату иззататонро нигоҳ доред! Ман бачаи очаатон нестам, ки…

– О боғи бутта-бутунро решакан кардан ин бераҳмӣ, беинсофӣ аст. Ин боғ! Мефаҳмед ё не?! Боғ! Як олам току дарахт дорад. Мева медиҳад…

Пирамард Нормат ҳаяҷону изтиробашро базўр нигоҳ медошт.

– Агар пахта коранд, колхоз панҷ-шаш бор, ҳатто аз ин зиёдтар даромад мегирад.

– Чӣ қадар заминҳои васеи шўразор лабташнаву ҳайрон истодаанду омада-омада чашми шумоён ҳамин боғро дид? Магар фикр накардед, ки то одам кардани ин боғ дилу ҷигари ман хун шудагӣ. Охир дар вақташ ин ҷойҳо чўлу биёбон буданд.

Пирамард Нормат бо дастрўймолчааш оби чашмонашро пок кард.

– Ҳа, майлаш. Лаҷоми аспи мансаб ба дастатон аст. Чӣ ҳам мегуфтам? Зиндагӣ ҳамин будааст. Пир ки шудӣ, офтоби сари деворӣ, ҳа.. Агар ҳамин боғро баъд аз сари ман мебуридед, олам гулистон мебуд. Шояд ман ҳам намедидаму намешунидам, дилам дардро ҳис намекард. Ба ин ҷанҷол ҳоҷат намемонд…

Ҳамроҳи пирамард Нормат сар-сари марза ба қалъача бозгаштем. Аз ҷониби боғ «тақ-тақ-тақ» садои зарбаи табар ба гирду атроф паҳн мегардид. Ба рўи пирамард нигаристам, ваҷоҳаташро хаставу ночор, нигоҳашро музтар ёфтам.

Хайрият, соддалавҳона аз дил гузаронидам ман, гўши пирамард андак вазнин аст. Вагарна ба назарам ҳар зарби табар банд-банди дили ўро мебуррид.

– Биё, пирасам, як нафас лаби ҳавз шинем, – ва худаш чорзону ба замин нишаст. Ман пайравӣ намудам.

Оби ҳавз, ифлос, хазони тирамоҳи равон андаруни он рехтаву пўсида, ранги  сиёҳро гирифта буд… Аҳли маҳалла се рўз пас марҳумро гўру чўб карданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …