Главная / Илм / ДАБИЛА

ДАБИЛА

dabilaДар мавриди Д. зардоб ба бофтаҳо гузашта, онҳоро таҷзия мекунад ва ба фазои байни ҳуҷайраҳо паҳн мегардад (бо чунин хусусият аз думбал фарқ дорад). Д. метавонад дар ҳар қисми бадан ба вуҷуд ояд. Сабаби пайдоиши Д. ба бофтаҳои нарм роҳ ёфтани микроорганизмҳо аст. Хусусан Д.-ҳое бештар дучор меоянд, ки ангезандаашон бактерияҳои зардобӣ мебошанд (стафилококкҳо, стрептоккокҳо ва ғ.). Д.-и фасодӣ дар натиҷаи ба бофтаҳо ворид шудани ангезандаи амрози сироятии пӯсишовар ба вуҷуд меояд. Мас., қаламчамикроби рӯда, протея ва ғ. Д.-и анаэробӣ бинобар сирояти анаэробӣ сар мезанад.
Бактерияҳо бисёр вақт ба бофтаҳо аз ҷойҳои осебдидаи пӯст ё луобпардаҳо мегузаранд. Д. метавонад дар натиҷаи аз манбаи сироят ба воситаи хун паҳн гаштани ангезандаҳо ё аз манбаи сироят ба бофтаҳои наздик гузаштани онҳо низ пайдо шавад (мас., денофлегмона, ки ҳангоми лимфаденит инкишоф меёбад).
Ба рушди Д. суст шудани неруи муҳофизии организм бинобар майзадагии музмин, диабети қандӣ, нуқси иммунитет ва ғ. мусоидат менамоянд. Дар ин бобат дараҷаи бемориоварии бактерияҳо низ мавқеи хос дорад. Хусусан бактерияҳои тосиш ва бодовари анаэробӣ таъсири зиёд мерасонанд. Ба бофтаҳои нарм роҳ ёфтани онҳо Д.- еро ба вуҷуд меорад, ки бо ихтилоли гардиши хун, мубодилаи газҳо, равандҳои биохимиявӣ дар хун ва бофтаҳо ҷараён мегирад. Дар ибтидои Д. насҷи зери пӯст бо яхнӣ монанд буда, бо моеъи зардобии тираранг фаро гирифта мешавад. Баъди хуруҷ ёфтани беморӣ, инфилтратсияи бофтаҳои нарм якбора афзуда, тарашшӯҳ зардобӣ мегардад. Ҳангоми Д.-и тосиш бофтаҳои зардобгирифта мепӯсанд ва бадбӯй мешаванд. Дар мавриди Д.-и анаэробии тосишӣ дар бофтаҳои нарм илтиҳоб рух намуда, дар онҳо ҳубобчаҳои сершумори газ ба вуҷуд меоянд. Вобаста ба ҷараён Д. шадид ва музмин, вобаста ба мавқеъ бошад, зерипӯстӣ, зериниёмӣ, байнимушакӣ, узвӣ, байниузвӣ, пасисифоқӣ, косӣ ва ғ. мешавад.
Ҳангоми Д. дар ҷои иллатӣ дарди сахт ба вуҷуд меояд; дар мавриди ба сатҳи болои насҷи зери пӯст густариш ёфтани беморӣ пӯст варам карда, сурх мегардад, таб баланд (39 – 400), мавзеи иллат нарм мешавад, бемор табларза мекунад, беҳолӣ ва ташнагӣ рух менамояд. Ҳангоми Д – и амиқ аломатҳои беморӣ бармаҳал падид омада зуд авҷ мегиранд. Гардиши хун ва нафаскашӣ халал меёбад, фишори артерия мефарояд, мариз дамкӯтаҳ мешавад.
Д.-и музмин, одатан, дар мавриде ба мушоҳида мерасад, ки агар ангезандаи он қобилияти бемориоварии суст дошта бошад.
Усули асосии табобати Д. ҷарроҳӣ аст. Муолиҷа ба воситаи антибиотикҳо, блокадаи новокаинӣ, физиотерапия фақат дар давраи аввали беморӣ натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Сари вақт табобат кардани Д. садди ба вуҷуд омадани оризаҳои гуногун мешавад. Д.-и амиқи байниузвӣ мумкин аст боиси сар задани уфунат (сепсис) гардад.
Сабаби Д.- и кӯдакон асосан сирояти стафилококкҳо мебошад. Бисёр вақт ба инкишофи Д. шалҳидани пӯст ва пиодермия низ мусоидат мекунанд. Беморӣ баъди 5 – 8 рӯзи ба дунё омадани тифл оғоз меёбад; ҳарор. баланд (38 – 390) гашта, пӯст сурх (хусусан тахтапушт ва чорбанд) мешавад.
Барои пешгирии Д. риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ аҳамияти калон дорад.
Ад.: Зоиров П.Т., Бемориҳои пӯст, Д., 1999; Ҳамон муаллиф, болезни кожи, Д., 2002; Ҳамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.

П.Т. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …