Главная / Гуногун / ДАҚИҚӢ – дар Баҳористони Абдураҳмони Ҷомӣ

ДАҚИҚӢ – дар Баҳористони Абдураҳмони Ҷомӣ

Аз ҷумлаи шуарои мотақаддам42 аст ва ибтидойи «Шоҳнома»-ро вай оғоз кардааст ва бист ҳазор байт камобеш гуфта ва Фирдавсӣ онро ба итмом расонида. Ва аз ҷумлаи суханони вай аст ин ду байт:

Ш е ъ р
Ёре гузидам аз ҳама мардум паринажод,
З-он шуд зи пеши чашми ман имрўз чун парӣ.
Лашкар бирафту он бути лашкаршикан бирафт,
Ҳаргиз мабод кас, ки диҳад дил ба лашкарӣ.

Ва ин қитъаи дигар:

Ман ин ҷо дер мондам, хор гаштам,
Азиз аз мондани доим шавад хор.
Чу об андар шамар 43 бисёр монад,
Уфунат44 гирад аз ороми бисёр.

ИМОРА

Вай низ аз мутақаддимон аст ва дар замони давлати Сомониён будааст ва табъе х(в)ашу шеъре дилкаш дошта. Ва аз ҷумлаи суханони вай аст ин ду байт:

Ш е ъ р
Ҷаҳон зи барф агар чанд гоҳ симин буд,
Зумуррад омаду бигрифт ҷойи тўдаи сим.
Нигорхонаи кашмириён ба вақти баҳор
Ба боғ кард ҳама нақши хештан таслим.

Ва ин қитъаи дигар:

Ғарра машав ба он, ки ҷаҳонат азиз кард,
Ай бас азизро, ки ҷаҳон кард зуд хор.
Мор аст ин ҷаҳону ҷаҳонҷўй –моргир
В-аз моргир мор барорад гаҳе димор.

Ва дар «Мақомот»- и султону-т-тариқа Шайх Абўсаид Абулхайр46 мазкур аст, ки рўзе қаввол47 дар пеши эшон ин байт бихонд:

Ш е ъ р
Андар ғазали хеш ниҳон хоҳам гаштан,
То бар лаби ту бўса занам, чун-ш бихонӣ.

Шайхро вақт хуш шуд. Пурсид, ки:
— Ин шеъри кист?
Гуфтанд:
— Аз они Имора.
Гуфт:
— Бархезед, то бар зиёрати вай равем. Ва бо ҷамиъи муридон ба зиёрати вай рафтанд.

У Н С У Р Ӣ

Муқаддами шуарои асри худ будааст ва вайро Яминуддавла Маҳмуди Сабуктегин49 ба назари қабул мулоҳазот фармуда ва аз суханони вай аст ин ду байт дар мадҳи ў:

Н а з м
Ту он шоҳӣ, ки андар Шарқу дар Ғарб
Ҷуҳуду габру тарсову мусулмон
Ҳамегўянд дар тасбеҳу таҳлил,
Ки ё раб, оқибат Маҳмуд гардон.

Ва ин рубоӣ ҳам:

Р у б о ӣ
Бигрифт сари зулфи ту ранг аз дили ту,
Биздуд вафову меҳр занг аз дили ту.
То кам нашавад кибри паланг аз дили ту,
Мум аз дили ман баранду санг аз дили ту.

Ва гўянд вайро маснавиёти бисёр будааст мувашшаҳ ба мадҳи султони мазкур ва яке аз он ҷумла мавсум аст ба «Вомиқу Азро» 50. Аммо аз онҳо айну асар пайдо нест.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …