Главная / Илм / КЛИМАТОТЕРАПИЯ

КЛИМАТОТЕРАПИЯ

klimatoterapiyaКЛИМАТОТЕРАПИЯ (Clumatotherapia; аз юн. klima – иқлим ва терапия), иқлимшифоӣ, бо мақсади муолиҷаи беморон ва беҳдошти саломатӣ истифода бурдани хусусиятҳои шифобахши иқлим дар маҳалҳои аҳолинишин ё курорту шифохонаҳои махсуси иқлимӣ. Барои К. ё иқлимро муваққатан иваз мекунанд (дар давраи дар курорт ё санатория табобат кардан), ё муолиҷаро дар иқлими барои бемор одатӣ (дар маҳали истиқоматии ӯ) мегузаронанд. К.-ро алоҳида ё якҷоя бо диг. усулҳои табобат истифода мебаранд.
Воситаҳои табобати иқлимӣ чунинад: муолиҷа бо ҳавои тоза –аэротерапия, муолиҷа бо офтоб – гелиотерапия (ниг. Ваннаҳои ҳавоӣ ва офтобӣ), оббозӣ дар баҳр, дарё, кӯл. Барои К. иншоотҳои махсус, яъне аэросолярҳо (айвончаҳои махсус барои қабули ваннаҳои ҳавоӣ ва офтобӣ), шипангҳо, пляжҳо, ҳавзҳо ва ғ.-ро кор мефармоянд.
Бояд дар хотир дошт, ки якбора иқлимро иваз кардан (хусусан дар фасли гарми сол) ба организм сахт таъсир мерасонад. Ба кӯдакони хурдсол, одамони кӯҳансол ва шахсоне, ки муддати дароз гирифтори иллати узвҳои нафаскашӣ, дилу раг ва узвҳои дигаранд, инчунин ба шахсони асабашон ноустувор ва ҳаяҷонпазир тағйири иқлим таъсири бад меорад. Реаксияи мутобиқати онҳо суст буда, дар давраи акклиматизатсия ба шароити иқлими нав бемориашон авҷ мегирад. Чунин одамон бояд дар шароити иқлими одатӣ табобат карда шаванд.
Пеш аз ба курорт сафар кардан, аз духтур маслиҳат пурсидан зарур аст. Одатан, духтур хусусиятҳои фардии бемор, синну сол, дараҷа ва ҷараёни беморӣ, фасли сол ва ғ.-ро ба назар гирифта, меъёри муолиҷаро таъин мекунад; дар аснои муолиҷа дар курортҳои иқлимашон мувофиқ (ба тавсия ва зери назорати духтур) фаъолияти системаи асаб беҳтар ва механизми мутобиқати организм мукаммал гашта, организм ба таъсири омилҳои номусоид устувор мешавад, обутоб меёбад. Дар сурати дуруст интихоб кардан ва оқилона гузаронидани К. фаъолияти узвҳои усораи дохилӣ мӯътадил ва хастагӣ рафъ мешавад. К. аксуламали махсуси организмро низ ба вуҷуд меоварад. Чунончи, ҳангоми қабули ваннаҳои ҳавоӣ ва офтобӣ организм обутоб ёфта, зимни таъсири нури офтоб дар организм витамини D ва диг. моддаҳои фаъоли биологӣ ҳосил мешаванд; дар натиҷа мубодилаи моддаҳо ва қобилияти муҳофизати организм меафзоянд.
К.-ро бештар дар шароити курорту санаторияҳо, хусусан дар курортҳо истифода мебаранд. Дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ курортҳое мавҷуданд, ки барои К. аҳамияти калон доранд. Дар шароити иқлими наздибаҳрӣ (мас., Соҳили ҷануби Қрим), ки обу ҳавояш мӯътадил ва радиатсияи офтоб фаровон аст, шахсони гирифтори баъзе намудҳои бемории сил, инчунин амрози шуш, роҳи болои нафас, системаҳои дилу раг, мубодилаи моддаҳо, невроз ва ғ. муолиҷа меёбанд. Дар шароити минтақаҳои субтропикии сернам (Сочи-Масеста, Гагра, ва ғ.) бемориҳои асаб, узвҳои такяю ҳаракат ва дилу рагро табобат мекунанд. Вале ҳарорати баланду сербориши фасли тобистони ин курортҳо барои табобати бемориҳои шуш номусоид аст. Ғайр аз ин, дар фасли гарми сол ба ин курортҳо сафар кардани шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг, эндокринӣ ва невроз ҷоиз нест. Курортҳои иқлими биёбон ва нимбиёбон (Байрам Алӣ, Ситора ва Моҳи Хоса), ки тобистони гарму хушк ва рӯзҳои офтобии зиёд доранд, ба шахсони гирифтори касалиҳои гурда мувофиқ мебошанд.
Дар Тоҷикистон барои К. хоса фароғатгоҳҳои Хоҷаобигарм, Зумрад, Гармчашма, Шомбарӣ, Обигарм, Ҳавотаг ва ғ. созгоранд. Барои К. шароити иқлим ва обу ҳавои Тоҷикистон хеле мусоид аст. Бисёрии рӯзҳои офтобӣ (дар Душанбе соле то 2731 соат), шиддати радиатсияи офтоб, камии миқдори боришоти солона (аз 70 то 1270 мм) ва намнокии нисбии ҳаво (аз 43 то 64%) ҷиҳатҳои хоси иқлими ҷумҳурӣ мебошанд. Дар шароити иқлими Тоҷикистон бо роҳи К. бемориҳои дилу раг (гипертония, ишемияи дил), мубодилаи моддаҳо (артрит, полиартрит), амрози шуш (пневмония, бронхит) ва ихтилоли фаъолияти силсилаи асаб муолиҷа карда мешаванд. Духтур вобаста ба хусусияту намуди беморӣ, синну сол ва хусусиятҳои фардии мариз, барои К. ин ё он курортро тавсия мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …