Главная / Варзиш / «Чуқурчаҳо» (бозии русӣ)

«Чуқурчаҳо» (бозии русӣ)

Дар бозӣ 6-10 нафар бача иштирок мекунад. Дар замин чуқурии диаметраш 20-30 см мекананд. Ин «дег» аст. Дар атрофи он дар масофаи 1- метрӣ якчанд чуқурча «моҳчаҳо» месозанд. Чуқуриҳо аз шумораи бозингарон бояд якто кам бошад. Ҳар як бозингар яктогӣ чӯби дарози- аш якметра мегирад. Чӯбро ба даруни чуқурии ба худаш таалуқдошта мегузорад. Як нафар бозингар баранда интихоб мегардад ва тӯбро мегирад. Вай «моҳча»-и худро надорад. Мақсади баранда бо ёрии тӯб ба «дег» андохтани тӯб мебошад. Бозингарони дигар тӯбро бо чӯбҳоя- шон гардонда ба «дег» андохтан намегузоранд.

Расми 42
Расми 42

Онх.0 бояд эҳтиёт шаванд. Дар лаҳзае, ки онҳо чӯбашонро аз даруни чуқурӣ мегиранд, баранда метавонад чои онхоро ишғол намояд. Ва дар ин ҳолат бозинга- ре, ки чуқуриашро баранда ишғол намудааст, баранда мешавад. Агар баранда тӯбро ба даруни «дег» андохта тавонад, ҳамаи бозингарон ҷойҳои худро иваз мекунанд ва дар ин лаҳзаҳо баранда метавонад чӯби худро аз даруни чуқурие, ки ягон нафар ҳанӯз ишғол накардааст, гузо- рад. Бозингаре, ки бе чуқурӣ монд, баранда мешавад. Агар барандаи якум ягон чуқуриро ишғол карда натавонист, вай боз баранда мешавад. Дар лаҳзаи иваз кардани баранда бозӣ қатъ намешавад.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …