Главная / Гуногун / Чорводорӣ ва паррандапарварӣ дар Тоҷикистон

Чорводорӣ ва паррандапарварӣ дар Тоҷикистон

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 дар ҳамаи шаклҳои  хоҷагӣ 2313,5 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 1195,3 ҳазор сар модагов, 5693,0 ҳазор сар гӯсфанду буз, 6452,1 ҳазор сар паранда ва 82,2 ҳазор сар асп мавҷуд аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон  37,3 ҳазор сар ё 1,6 фоиз, аз ҷумла модагов 23,1 ҳазор сар ё 2,0 фоиз, гӯсфанду буз 98,4 ҳазор сар ё 1,8 фоиз ва паранда 1293,7 ҳазор сар ё 25,1 фоиз, асп 1,5 сар ё 1,9 фоиз зиёд гардид.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2018 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамагӣ 1529175 тонна хӯроки дурушт захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 149710 тонна ё 11,0 фоиз зиёд аст.

chorvo-paranda

Чарогоҳҳо дар ҷумҳурӣ манбаи асосии таъмини хӯроки чорво буда, дар миқёси ҷумҳурӣ ба 1-уми январи соли 2018 майдони умумии чарогоҳҳо 3832083 гектарро ташкил дода, аз он дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 734116 гектар, вилояти Суғд 784595 гектар, Хатлон 1227470 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  1085902 гектар мебошанд. Аз миқдори умумии чарогоҳҳо 783684 гектар чарогоҳҳои зимистона, 2 055 320 гектар тобистона, 714623 гектар баҳорию тирамоҳӣ ва чарогоҳҳои доимо истифодашаванда 278458 гектарро ташкил медиҳанд.

Бояд қайд кард, ки солҳои охир бинобар сабабҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба паст гардидани ҳосилнокии чарогоҳҳо, махсусан чарогоҳҳои ба минтақаҳои аҳолинишин наздик оварда расонидааст.

Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки бо мақсади зиёд намудани ҳосилнокии чарогоҳҳо ва омода намудани чарогоҳҳои зимистона барои чорво чораҳои саривақтӣ андешанд.

Дар соли 2018 дар миқёси ҷумҳурӣ 292 нуқтаи бордоркунии сунъӣ, аз ҷумла 77 дар бахши ҷамъиятӣ ва 215 дар бахши аҳолӣ фаъолият намуда, тавассути ин нуқтаҳо ба ҳолати 1 октябри соли 2018-ум 25628 сар чорвои калон сунъӣ бордор карда шуда, аз ҳисоби бордоркунии сунъӣ 19995 сар гӯсолаи хушзот гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта гирифтани насли хушзот 1264 сар  зиёд аст.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли тухм ба миқдори 285,1 млн. дона ё 132,2 фоиз (69,4 млн. дона), гӯшт ба 135,8 ҳазор тонна ё 104,0 фоиз (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 ҳазор тонна), шир – 609,4 ҳазор тонна ё 101,8 фоиз (10,5 ҳазор тонна), асал – 3569,0 тонна ё 100,2 фоиз (5,6 ҳазор тонна), пашм – 6,2 ҳазор тонна ё 101,5 фоиз (0,1 ҳазор тонна) ва моҳӣ ба 737,7 тонна ё 104,5 фоиз (32,1 тонна) расонида шуд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорвопарварӣ дар нуҳ моҳи солҳои 2014-2018 (ҳазор. тонна)

Истеҳсоли пилла 0,7 ҳазор тонна ё 84,0 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (0,2 ҳазор тонна ё 17,4 банди фоиз) коҳиш ёфт.

Сабаби коҳишёбии истеҳсоли пилла аз ҳисоби сол аз сол бо мақсади васеъ намудани роҳҳо ва сохтмонҳо, дарахтони тут ва тутзорҳо, инчунин сифати пасти тухми кирмак ва хушксолии солҳои охир, ки зиёда аз 50 гектар тутзорҳо хушк гаштаанд, арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон сифати пасти тухми кирмак, ки асоси истеҳсоли пилла ба ҳисоб меравад, таъсири худро низ расонид.

Бо назардошти маҳдуд будани замини кишоварзӣ, масъулони соҳаро лозим аст, ки бештар ба маҳсулоти дорои арзиши баланд аз қабили маҳсулоти чорводорӣ ба монанди гӯшти мурғ, тухм, асал ва моҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Дар маҷмӯъ, соҳаи кишоварзӣ дар нуҳ моҳи соли 2018-ум 4 фоиз рушд карда бошад ҳам, суръати рушди он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (6,1 фоиз) 2,1 банди фоизӣ кам мебошад. Чи тавре дар боло қайд гардид, аз ҳисоби дар сатҳи зарурӣ таъмин накардани кишти зироатҳо, истеҳсоли баъзе маҳсулоти растанипарварию чорвопарварӣ, истифодаи самараноки заминҳо, эҳтиёҷи хоҷагиҳо бо маводи зарурӣ, аз ҷумла тухмии хушсифат, нӯриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ба амал омадааст.

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои қайдгардида Вазорати кишоварзиро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва моқомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …