Главная / Илм / ЧЙ ТАВР ОБРО АЗ ОМЕХТАГИҲО ТОЗА КАРД

ЧЙ ТАВР ОБРО АЗ ОМЕХТАГИҲО ТОЗА КАРД

  1. Ба истакони обдор як чумча хоки хушкро андохта, онро омехта намоед. Баъд гузоред, то таҳшин шавад. Пас аз чанд вақт, ҳиссачаҳои хоки хушк дар таги иста­кон шуруь ба ҷамъ шудан менамоянд. Оби тозаро метавон боэҳтиёт ба зарфи ди- гар бирехт. Тоза кардани обро таҳшиншавй меноманд. Онро метавон дар истгоҳҳои обрасонӣ мушоҳида кард. Пеш аз он ки об бахати обрасонй бирасад, вай дар ҳавзҳои калонитаҳшинкунанда, таҳшин мешавад. Ҳиссачаҳои сахти об дар таги зарф ҷамъ мешаванд ва об тозаю шаффоф мешавад. Тоза кардани оби нӯшиданӣ бо роҳи таҳшинкунй нокофй мебошад. Зеро ҳиссачаҳои хурди лой дар он тайи муддати дароз таҳшин намешаванд.

taf

  1. Обро тавассути тасвия намудан тоза кардан мумкин аст. Дар табиат, вақте об тавассути қабатдои регӣ ҷорӣ мешавад, омехтагиҳои ҳалнашаванда дар қабати регҳо дармонда, аз ин рӯ об шаффоф мешавад. Дар истгоҳои обрасонӣ об тавассути ҳавзе, ки аз рег пур аст, яъне филтри регй гузаронида мешавад.
  1. Оби тасфияшударо дар шиша чаконида, онро гарм менамоям. Об дар шиша бухор гардида, дар шиша доғи сафед боқӣ мемонад. Пас маълум мегардад, ки дар обе, ки аз омехтагиҳои ҳалнашаванда тавассути тасфиякунй тоза шудааст, моддаҳои маҳлулшуда мавҷуд мебошанд.
  2. Чй тавр обро аз омехтагиҳои ҳалшаванда тоза кардан мумкин аст? Обро дар зарфи шишагин бирезед. Дар об андак намак ва маргансовкаро ҳал намоед. Зарфро бо сарпӯше, ки дар он найчаҳои ба кунҷҳо қатшуда доранд, бипӯшонед. Нӯги озоди найчаро ба истаконе бихалед, ки он ба оби сард овезон шудааст. Оби рангиншударо дар зарфи шишагин гарм кунед. Ҳангоми ҷӯшонидан об ба буг мубаддал мешавад. Буғ бошад тавассути найчаи дар истиконе, ки дар оби хунук ғӯтонида шудааст, ҷамъ мешавад, хунук мешавад ва ба ҳолати моеъгй мегузарад. Ин равандро «интиқолдиҳӣ» меноманд.
  1. Оби ҳосилшударо аз назар гузаронед. Вай шаффоф ва тоза мебошад. Агар мазаи онро бичашед, вай бемаза аст. Ин обро дар рӯи шиша чаконида, бухор менамоем. Дар шиша ягон доғ боқй намемонад. Ин баёнгари он аст, ки об аз омехтагиҳои ҳалшаванда халосу пок шудааст. Вай як моддаи тоза аст. Обе, ки ба ҳамин тарз тоза карда шудааст, оби дистилятсионӣ номида мешавад. Оби дистилятсияшударо ҳангоми тайёр кардани воситаҳои доругӣ истифода мебаранд.

Супориш. 1. Оби тирагунро тавассути таҳшин намудан тоза намоед.

  1. Барой тоза кардани об таҷриба гузаронед.

Пурсишҳо

  1. Чй қадар моддаҳоро дар об мунҳал кардан мумкин аст?
  2. Маҳлули ғализ чист?
  3. Оё газ дар об ҳал мешавад?
  4. Маҳдулнокии моддаҳо чӣ тавр ҳангоми баланд ва ё паст кардани ҳарорат дигаргун мешаванд?
  1. Чй тавр обро аз ҳиссачаҳои хоке, ки дар ҳаст, тоза кардан мусмкин аст?
  2. Таҳшинкунй чист?
  3. Тасфиякунй чист?
  4. Чаро об дар чашма шаффоф аст? Об дар табиат чй гуна тоза мешавад?
  5. Чаро дар шаҳр оби хати обрасониро аз қабати гафси per мегузаронанд?
  6. Кадом хосиятҳои оби дистилятсияшудро медонед?
  7. Чаро оби борон ҳангоми бухор шудан, аз худ нақше ё изе боқй намегузорад?
  8. Обро чй тавр тоза мекунанд?
  9. Фарқи аз ҳама муҳими оби дистилятсияшуда аз оби одй аз чй иборат аст?

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …