Главная / Гуногун / ЧЙ ТАВР МО МЕШУНАВЕМ? ГӮШҲО

ЧЙ ТАВР МО МЕШУНАВЕМ? ГӮШҲО

Мо овозҳои муҳити зистро тавассути гӯшҳо мешунавем.

Гӯш ин узви шунавоист. Вай аз гӯши берунй, миёна ва дохилй (расми 8) иборат аст. Ба гӯши берунй суфраи гӯш, роҳи берунаи шунавой дохил мешавад. Суфраи гӯш барои дарёб кардани садоҳои муҳити зист хидмат мекунад. Гӯши беруниро ме- тавон бо даҳана (қиф) муқоиса кард. Садоҳое, ки дар ҷавфи гӯш ҷамъ мешаванд, тавассути роҳи гӯш ба пардаи гӯш ворид мешаванд. Азбаски пардаи гӯш аз мембра- наи( ғишои) борик иборат аст, вай ҳангоми ворид шудани мавҷқои овозй ба ҳаракати чумбанда интиқол меёбад.

gush

Аз ақиби пардаи гӯш гӯши миёна қарор дорад. Вай аз се адад устухончаҳои хурд: кӯбак, сандонча ва путкча. Садои (ҷумбиши ҳаво) ба пардаи гӯш афтода ва чумбиши путкча интиқол ёфта, аз путкча тавассути сандонча ба кӯбак метузарад. Асоси кӯбакро даричаи тухмшакли гӯши дохилй, ки гӯши мобайнй ва беруниро бо ҳам васл мекунад, мепӯшонад. Гӯши дохилӣ аз системаи мураккабе, ки каналҳо ва ҷавфҳоро пайваст месозанд, иборат аст. Ин системаро лабиринт- кӯчаи сарбаста ме- номанд.

Як қисми лабиринт ба илтивои гӯш – найчаи ба мисли спирал тобдодашуда, ки аз 2,5 вестка иборат аст, монанд аст. Як қисми лабиринт (даруни гӯш) ба даричаи тухмшакли ба моеъи конолй интиқол меёбад. Тагйирёбии моеъбамоддаи асосй, ки дар он импулс пайдо мешавад, ба қисмати чаккаи мағзи cap тавассути асаби гумроҳ мерасад, интикол меёбанд.

Гӯш узви махсуси ҳискунанда ба шумор меравад.

Аксари ҳашарот садоро намешунаванд. Миттаҳо, чирчиракҳо шапаракҳо дорой аъзои шунавой мебошанд.

Вале ин аъзо на дар cap, балки дар пойҳо ва шикам қарор доранд. Онҳо бо пойҳо ба ҳар тараф ҳаракат карда, аз куҷо омадани овозро муайян мекунанд.

Суфраи гӯши одам чандон муҳим нестанд.

Суфраи гушҳои баъзе аз ҳайвонот хеле рушд кардаанд.

Баъзан аз рӯйи андозаашон тезии овози онҳоро муайян мекунанд.

Ҳайвоноте чун харгӯш ва бисёр сумдорон, ки суфраҳои гӯшашон имкони давр заданро доранд, метавонанд бе гардиши cap самти хатарро муайян намоянд.

Гӯши ҳайвоноти дарранда маъмулан ба пеш, гуфтан мумкин, беҳаракат нигаро- нида шудаанд. Онҳо барои дарёфти туъма мутобик гардонида шудаанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …