Главная / Гуногун / Чиштия – равия дар Ислом

Чиштия – равия дар Ислом

Чиштия – тариқати ҳанафии сӯфия, ки дар вилояти Ҳирот /Афғонистони Шимолӣ/ дар асри XII таъсис ёфт, пас фаъолияти тариқат тавассути Муинуддини Чиштӣ /вф.1236-Аҷмири Ҳиндустон/ ба Ҳиндустон манқул гардид. Тариқат ба анъанаҳои демократӣ маъруф буд. Таъбири фақр /ар.бенавоӣ/ тавассути шуюхи чиштия ҳамчун қашшоқии моддӣ, дар маҳкуми сарват, дар тарғиби /нестяжательства/ эълони таҳрими қабули вазоифу мансаб ва дигар ҳадяҳо, аз ҳокимияти доро мушоҳида мешуд.

Шайх Фарид /1175-1266/ хатиби маъруфи тариқат манзили худ «Ҷамоатхона»-ро дар Аҷудхон /Пакпаттани муосир, дар Покистон/ бунёд кард. Таркиби иҷтимоии пайравони тариқат ҳеҷ вақт якҷинса набуд; байни тарафдорон Шайх Низомуддини Авлиё ва шоири маъруф Амир Хусрави Деҳлавӣ ва муаррих Зиёуддини Боронӣ /а.ХI ҳ/ низ буданд. Дар нимаи дуюми асри XIV тадриҷан феодалшавии пешвоёни тариқати чиштия ба амал меояд, ки онҳо ба заминдорони хусусӣ мубаддал мегарданд; ҷудоӣ, бо доираи демократӣ, мушоҳида мешавад. Ҳоло пайравони чиштия дар Афғонистон, ва Ҳиндустон мавҷуданд;

 

Инчунин кобед

Расми модари точик

Расми модари тоҷик

Модари ҷонам, Шуҳрату шонам, Пораи ҷонам, Набзи замонам, Фахри ҷаҳонам, Модари ҷонам, Модари ҷонам. Ахтари …