Главная / Гуногун / Чингиз АЙТМАТОВ: ПОРААБРИ САФЕДИ ЧИНГИЗХОН

Чингиз АЙТМАТОВ: ПОРААБРИ САФЕДИ ЧИНГИЗХОН

Китоби ПОРААБРИ САФЕДИ ЧИНГИЗХОН

Тарҷумаи Низом ҚОСИМ

E-mail: nizom_kosim@mail.ru

Ба хонанда қиссае аз роман манзур мешавад. Чист ин – жанри нав оё? Табиист, ки чунин жанр вуҷуд надорад. Вале, агар ба назар бигирем, ки дар зиндагӣ рухдоди ягон чиз аз имкон дур нест, қиссае аз романи «Рўзе ҳаст дарозтар аз қарн» мавриди назар аст, ки дар маҷаллаи «Новый мир» чоп шуда буд. Аз тафсилоти он ки чаро дар он даврони ҳукмравоии идеологӣ, ки сензорҳои ҳамабин ва  «фикрҳои боло» тақдири асарро ба таври маъмурӣ ҳал мекарданд, нахустқаринаи роман бе ин пора нашр шуд, худдорӣ мекунам. Бисёр мешуд, ки ба хотири маҷмўан «гузаштан»-и китоб аз баъзе пораҳо сарфи назар кардан лозим меомад, то ки, образнок бигўем, киштии дар он тўфони шадид ҷониби соҳилҳои хонандагон равон аз ҳад зиёд гаронбор нашавад.

chingizxon

«Суруди носурударо то охир сурудан» на ҳамеша муяссар мегардад. Вале ин дафъа чунин имконият даст дод. Ва ман …  ин пораи романи куҳнаи «нав»-амро манзур мекунам. Бояд бигўям, ки дар қисса яке аз ривоятҳои шифоҳии бодиянишинон оид ба Чингизхон, устурае, ки ба воқеияти таърих кам нисбат дорад, вале аз хотираи мардум зиёд шаҳодат медиҳад, корбаст шудааст.

Қатораҳо дар ин бару бум аз ғарб ба шарқ мерафтанду аз шарқ ба ғарб…

Дар он шабҳои бўронии баҳманмоҳ, ҳини убури тумани сафеди паррон, ки бодҳо аз ҳамвории сарди Сарой бармехезонданд, қаторабонҳоро ҷидду ҷаҳди зиёд лозим буд, то миёни барфтўдаҳои дашти бекарон нимистгоҳи Бўрониро ташхис бикунанд. Қатораҳои нимишабии гирдбодолуд дар он тирагӣ, чун дар хобҳои ноорому пуризтироб, меомаданду мерафтанд…

Дар чунин шабҳо дунё гўё аз бесомонии азалии хеш бори дигар тавлид мешуд  –  дашти Сарой, дар банди сардии нафаси хеш, уқёнуси пурғубореро мемонд, ки дар задухўрди пуразоби нуру зулмот пайдо шудааст…

Ва дар он фазои беҳудуди биёбон ҳар шаб то саҳар равзанаке дар нимистгоҳ рўшанӣ мекард; гўё он ҷо, пушти он тиреза, касе баҳасрат ҷон меканд, гўё он ҷо касе сахт бемор буду ҷои шиштан намеёфт ё аз бехобии мудҳише азоб мекашид. Он тирезаи кулбаяки назди нимистгоҳ буд, ки хонадони Абўтолиб Қуттибоев мезист. Зану бачаҳояш, то саҳар чароғро хомўш накарда, роҳи ўро мепоиданд, Зарифа шаби дароз чандин бор пилтаи чароғ тоза мекард. Ва ҳар бор, дар рўшноии ҳар шўълаи нав, нигоҳи ў беихтиёр дар рўи кўдакони масти хобаш қарор мегирифт – ду писари сарсиёҳакаш, чун ду баррача, ором мехуфтанд. Таҳи як куртаи таҳпўш баданаш ба ларза медаромад ва ў, дастонашро ба сари сина фишурдаву дар худ ҳалқа зада, ба даҳшат меафтод, ба бачаҳакҳош нигариста, метарсид, ки падарашонро хоб мебинанд, дар хоб бо тамоми қувват сўяш  медаванд, дастаконашонро бол карда, гириставу хандида, баҳсмабаҳс метозанд, вале ҳеҷ ба ў намерасанд…

Дар бедориашон онҳо аз ҳар қатораи роҳгузаре, ки ақаллан ним дақиқа дар истгоҳашон меистод, фуромадани падарро мунтазир мешуданд. Ҳанўз қатора наистода, бачаякон назди тиреза калла мекашиданду тайёр буданд аз дилу ҷон ба истиқболаш битозанд. Вале падарашон намеомад, рўзҳо мегузаштанду аз ў дараке набуд, гўё таҳи тармаи баногаҳ кандаи кўҳ монда буду касе намедонист ин ҳодиса бо ў дар куҷо ва кай рух додааст…

Ва боз як тиреза, тирезаи панҷараи оҳанидоре дар гўшаи дигари дунё, дар нимтаҳхонаи маҳбаси тафтишотии Алмаато низ он шабҳо то саҳар рўшан буд. Расо як моҳ инҷониб Абўтолиб Қуттибоев аз нури чароғи пуриқтидори барқӣ, ки дар сақфи маҳбас фурўзон буд, ранҷ мекашид. Дуои баде буд, ки гирифташ. Намедонист сарашро ба куҷо бизанад, чашмони ранҷургаштаву сари сахташро аз нури сўзону буррони барқ чӣ гуна ҳимоят бикунад, то ақаллан як лаҳза худро фаромўш бисозаду аз ёд бубарад, ки барои чӣ ин ҷост ва аз ў чӣ мехоҳанд. Шабҳо, ҳамин ки куртаашро ба сар кашида, рў сўи девор мекард, ҳамоно нозири маҳбас барқосо ба камера медаромаду ўро, аз кати чўбӣ поён афканда, зери лагад мегирифт: «Рўятро сўи девор накун, палид! Саратро напўшон, власовчии мурдор!» Ва ҳарчанд доду фарёд мекард, ки власовчӣ нест ў, ононро ба ин коре набуд.

Ва боз, рў ба нури беамони барқ оварда, як каме чашмони беҳолшудаю варамидаашро нимпўш карда, аз дилу ҷон дар орзўи торикистон, дар ҳаваси дунёи тип-торики бенуре мешуд; гўр ҳам бошад, майлаш, гўре, ки дар он чашмону майна аз мавҷудият бозмемонанд ва он гоҳ ягон нозиру ягон муфаттиш имкон надорад гирифтори ин азоби тоқатфарсо – рўшноии мудҳишу бехобию латукўбҳояш бикунад.

Нозирон банавбат иваз мешуданд, вале яке аз дигаре батар буд – ягон нафараш заррае раҳм надошт, ягонтааш рў сўи девор гардондани маҳбусро нодида вонамуд карда наметавонист, баръакс, ҳамаашон, гўё ҳаминро интизор буданд, ки дарҳол бо хашму ҳақорат ба латукўб мепардохтанд. Абўтолиб Қуттибоев, бо вуҷуди он ки моҳияту вазифаи нозири маҳбасро медонист, баъзан навмедона аз худ мепурсид: «Барои чӣ ин хеланд онҳо? Ба зоҳир одаманд-ку! Чӣ гуна чунин золим шудан мумкин бошад? Охир, ман ба ягонтаашон бадӣ накардаам. То ҳол онҳо маро намедонистанду ман – онҳоро, вале чунон мезананду таҳқир мекунанд, ки гўё қасди азалӣ дошта бошанд. Барои чӣ? Аз куҷо пайдо мешаванд чунин одамон? Чӣ хел ин гуна бешафқату золим мешаванд? Барои чӣ маро ин қадар азоб медиҳанд? Чӣ хел тоқат кунам, ки девона нашавам ё сарамро ба девор зада майда накунам?! Илоҷи дигар нест, охир».

Боре ў дигар тоқат накард. Гўё дар вуҷудаш барқи сўзон шўълавар шуд. Худаш бехабар монд, ки ба нозири ҷаббор дарафтодааст. Ҳарду, гарми афтударафт, хеле рўи фарш ғел заданд. «Дар ҷанг дучорам мешудӣ-ку, саги девона барин мепаррондамат!» – бо овози гирифта мегуфт Абўтолиб, гиребони гимнастёркаи нозирро қарсас даррондаву гулўяшро бо ангуштони карахти хеш фишурда. Агар ду нозир аз долон расида намеомаданд, маълум набуд, ки он гирудор бо чӣ меанҷомид.

Абўтолиб танҳо рўзи дигар ба худ омад. Нахустин чизе, ки зимни торикиву дарди ҷонкоҳ дид, ҳамон чароғи фурўзони сақф буд. Баъд фелдшерро дид, ки дар болои сараш ҷунбуҷўл дошт.

– Хоб кун, хоб кун, акнун аниқ аз сафари он дунё баргаштӣ, – оҳиста гуфт ў, пахтаи тарбандиро ба пешонии маҷрўҳаш монда, – Минбаъд ин хел аҳмақи аҳмақ нашав. Ҳақ доштанд барои ҳуҷум  ба посбон дар ҷоят бипарронанд, саг барин мемурдиву касе ҳам суроғат намекард. Шукри Тансиқбоев кун, ки ба ў ҷасадат не, худат даркорӣ. Фаҳмидӣ?

Абўтолиб бехудона хомўш буд. Ба ў дигар фарқе надошт, ки чӣ рух медиҳаду қисматаш чӣ хел сурат мегирад. Эҳсоси дард дер гоҳ вуҷудашро тарк карда буд.

Ҳамон рўзҳо, ки гоҳ-гоҳ ақлаш тира мешуд, беэҳсосиву ниммадҳушӣ наҷоташ дод. Дар чунин лаҳзаҳо Абўтолиб мекўшид аз нури дидасўз нагурезаду пинҳон нашавад, балки ба истиқболи анвори бераҳму ҷаббор, ки ақлашро мерабуд, майл мекард ва чунин менамудаш, ки ба сарчашмаи дарду азобҳо расидаву аз худ гузашта, дар осмон пар мезанад, то қудрати бефосилаи рўшноии дидасўзро бартараф бисозаду ба адам бипайвандад.

Вале дар чунин лаҳзаҳо ҳам дар ҳушу ёди афгораш риштаяки восили ҳасрату хавотирии дилфишору қарини хонадону фарзандон ўро бо рўзгоре, ки даргузашта буд, мепайваст.

Банди ҳасрати тоқатнопазири онҳо, ки дар Сарой монда буданд, Абўтолиб мекўшид худро худ маҳкум бикунад, гуноҳи хешро дарёбад, ҷаҳд мекард ҷавоб бидиҳад, ки барои чӣ ў бояд мўҷиби ҷазо бошад. Ва посух намеёфт. Ба ҷуз асорат, асорати немисҳо, ки дар қатори ҳазорон муҳосирашудагони дигар вай низ маҳкумаш гардида буд. Вале барои ин чӣ қадар метавон ҷазо дод? Ҷанг кайҳо хотима ёфта, ҷурмҳо низ – бо нархи хуну машаққати лагерҳо – ҷуброн шудаанд, ҳамаи онҳоеро, ки дар он ҷанг буданд, кайҳо як по ба лаби гўр расидааст, вале ҳокими мутлақ ҳамоно қасд мегираду ҳеҷ таскин намеёбад.

Вагарна, ин ҳама чӣ маънӣ дорад? Дар ҷавоби хеш дармонда, Абўтолиб дар дил орзўе мепарварид, ки имрўз-пагоҳ  саҳви бо ў рафта маълум мешавад, он гоҳ ў, Абўтолиб Қуттибоев, омода аст ҳама ранҷу озорро бубахшад, зудтар озодаш кунанду ба хона фиристанд, шуд; ва ў ҳамоно он ҷониб, назди фарзандону оилаи хеш, ба Сарой, ба нимистгоҳи Бўронӣ, ки бачаҳояш Эрмаку Довул ва занаш Зарифа чашм ба роҳанд, мешитобад; балки не, бол бароварда, парвоз мекунад; ҷониби Зарифа пар мекушояд, ки дар он дашти қаҳратун фарзандонро, чун мурғ чўҷаяконашро, зери бол гирифтаву бо ашки сўзон ва таваллои бепоён мекўшад қисматро мутаассиру муътақиду нармдил бисозад, рўзу шаб рўи раҳми худоро мехоҳад, ки шавҳараш раҳо биёбад…

Барои он ки баногаҳ фарёд назанаду девона нашавад, Абўтолиб, ба умеди дарёфти осоиши фиребо, боз ғарқи орзў гардид – рўшан тасаввур кард, ки чӣ хел ў, бино бар бегуноҳӣ, сафед шуда, ногаҳон хонааш меравад; чӣ хел аз помонаки қатораи боркаш, ки то он диёрҳояш бурдааст, парида, сўи хонааш мешитобаду зану бачаҳош ба истиқболаш метозанд… Вале лаҳзаҳои хаёл мегузаштанду ў, чун аз сархушӣ, боз ба дунёи воқеъ баргашта, аз нав банди навмедӣ мешуд ва ҳамоно аз дилаш мегузашт, ки  «Қатл дар Сарой»,  он қиссае, ки ў рўи коғаз оварда буд, он андўҳу азоби модару падари маҳкуми қатл ва видояшон бо навзоди хеш ким-чии ҷовидонаеро дорост, ки акнун ба ў ҳам дахл дорад. Ў ҳам куштаи ҳаҷру ҷудоист… Охир, ҷуз марг дигар ҳеҷ чизу ҳеҷ кас ҳақ надорад волидонро аз фарзандон ҷудо бикунад…

Дар чунин лаҳзаи талх Абўтолиб хомўшона мегиристу пеши худ шармида, намедонист сиришкашро, ки дар як дам рухсораҳояшро тар мекард, чӣ хел боздорад. Охир, ҳатто дар ҷанг чунин азоб накашида буд ў, чунки он вақт як сари қоқи худаш буду халос ва акнун торафт бештару бештар бовар ҳосил мекард, ки бузургтарин маънии зиндагӣ дар зуҳуроти аз назари аввал муқаррарӣ – фарзандон ниҳон аст ва, дар ҳар ҳолати мушаххас ҳар касе бахти худро дорост – бахти фарзанддорӣ ва низ ҳар касе фоҷиаи худро дорад – фоҷиаи мабодо бе онҳо мондан… Акнун ў ба он чиз ҳам бовар мекард, ки зиндагӣ, қабл аз бохтани он, ҳангоме ки дар охирин соат, зери нури вопасину дилгири қабл аз рафтани ногузир ба зулмот, ҷамъбасти натоиҷ фаро мерасад, чӣ қимате дорад. Фарзандонанд натиҷаи асосии зиндагӣ.

Шояд табиат махсус чунин аст, ки волидон ҳаёташонро сарфи парвариши идомаи хеш мекунанд. Ва волидро аз мавлудаш рабудан маънои аз имкони иҷрои моҳияти азалиаш маҳрум кардани ў, зиндагиашро беҳудаву бебор намудан аст. Душвор буд дар чунин лаҳзаҳои бедории фикр навмед нашудан; Абўтолиб, мутаассирона саҳнаи дидорро қариб пеши назар тасаввур карда, ҳамзамон имконнопазирии вуқўи умедашро дарк менамуду қурбонии беилоҷӣ мешуд. Ҳузну ҳасрат рўз ба рўз амиқтар дилашро фаро мегирифту иродаашро сусттару сусттар мекард. Навмедиаш, чун барфе, ки дар печухамҳои кўҳ ҷамъ мешавад–ҷамъ мешаваду дар намуди тарма баногаҳ фурў меғалтад, торафт меафзуд…

Маҳз ҳамин даркор буд ба муфаттиши вазорати бехатарии давлат Тансиқбоев; маҳз ҳаминро ноил шудан мехост ў, парвандаи бо розигии сардорони воломақоми хеш маккорона бофтаашро оид ба алоқаи асири собиқи ҳарбӣ Абўтолиб Қуттибоев бо хадомоти махсуси англису югославӣ ва амалиёти вайронкории ғоявӣ миёни мардуми таҳҷои ноҳияҳои дурдасти Қазоқистон ғозу пардоз дода. Ҳамин хел буд маънидоди умумӣ. Кори тафтишот оид ба аниқу мушаххас намудани баъзе нуктаҳо идома дошт, куллан эътироф кардани Абўтолиб Қуттибоев ҷинояти хешро дар пеш буд, вале, аз ҳама муҳимаш, аллакай дар худи маънидоди ҷинояти фавқулъода муҳимми сиёсӣ, ки аз ҳушёриву кордонии мустаснои Тансиқбоев шаҳодат медод, баён шуда буд. Ва агар барои Тансиқбоев ин парванда барори бемисли зиндагӣ бошад, Абўтолиб Қуттибоевро домеву ҳалқаи маҳкумие буд, зеро натиҷаи чунин маънидоди мудҳиш фақат пурра ба гардан гирифтани ҷиноят ва кашидани ҷазои он мешуду бас. Натиҷаи дигаре имкон надошт. Дар чунин мавридҳо худи гуноҳборкунӣ далели бебаҳси ҷиноят буд.

Бино бар ин, Тансиқбоев метавонист ғами анҷоми хуби корашро нахўрад. Он зимистон оқибат  бахти ў хандид. Барои ҷурмаке дар хидмат чандин сол буд, ки аз рутбаи майор боло намерафт. Акнун – роҳ кушода. Дар ин мавзеи дурдаст ба парвандаи Абўтолиб Қуттибоев монанд чизеро начандон базудӣ дарёфтан мумкин буд. Худо бидиҳад, намегўяд бачаи киӣ…

Оре, метавон гуфт, ки дар он рўзҳои баҳманмоҳи соли 1953 таърих ба Тансиқбоев лутф кард; гўё таърихи кишвар барои ҳамин ҳам вуҷуд дошт, ки мутеона ба манфиати ў хидмат бикунад. Ў, бештар бо фаросат, ин лутфи таърихро, ки аҳамияти аввалиндараҷаи хидматашро рўз ба рўз меафзуд ва бо ҳамин эътиборашро назди худаш торафт баландтар мекард, эҳсос менамуду қабат-қабат гўшт мегирифт ва болидарўҳ мешуд. Баъзан, ба оина назар карда, ба ҳайрат меомад – чашмони шунқории тезнигоҳаш дер боз чунин ҷавонона намедурахшиданд. Ва ў, китфонашро рост кардаву сари сина дамонда, қаноатмандона зери лаб ба забони тозаи русӣ замзама менамуд: «Мы рождены, чтоб сказку сделать былью…» Занаш, ки шарики умедҳои ў буд, низ рўҳбаландона мегуфт: «Боке не, ба қарибӣ мо ҳам ҳақамонро мегирем». Ҳатто писараш, ки дар синфҳои боло мехонду комсомоли фаъол буд, ҳарчанд ки гоҳу ногоҳ гапношунавӣ мекард, чун сухан аз орзўи деринааш мерафт, муассир мепурсид: «Дада, кай бо подполковникӣ табрик мекунем?» Ин ҳама сабабҳои мушаххасе дошт, ки бевосита ба Танқисбоев вобаста набуд, вале, бо вуҷуди ин…

Гап дар ин ки ба наздикӣ, ягон ним сол пештар, дар Алмаато маҳкамаи пўшида доир шуд: трибунали ҳарбӣ гурўҳи миллатгароёни буржуазии қазоқро суд кард. Он душманони аҳли заҳмат бераҳмона ва абадӣ решакан карда шуданд. Ду нафар, барои ба қазоқӣ навиштани осори илмиашон, ки гузаштаи манфури патриархалӣ-феодалиро бар зарари воқеияти нав арҷ медод, маҳкуми ҷазои олӣ – паррондан, ду ходими илмии пажўҳишгоҳи забону адабиёти Фарҳангистони улум биступанҷсолӣ бадарға шуданд… Дигарон даҳсолӣ гирифтанд… Вале моҳияти кор он буд, ки вобастаи суд аз марказ барои ходимони махсуси дар ифшову бераҳмона решакан кардани миллатгароёни буржуазӣ мустақиман иштирокдошта мукофотҳои давлатӣ қатор шуд. Рост, ки мукофотҳо низ махфӣ буданд, вале ин эътиборашонро заррае кам намекард. Пеш аз мўҳлат додани унвонҳои навбатӣ, ордену медалҳо, мукофотҳои калони пулӣ барои иҷрои намунавии супоришот, ташаккурнома ва дигар нишонаҳои диққату эътибор зиндагиро беш аз будаш зеб доданд. Ба пешсафони маърака додани хонаҳои нав низ айни муддао буд. Ин ҳама дасту дилро бақувват, овозро баландтар, тақ-тақи пошнаро дилпуронатар мекард.

Танқисбоев дар гурўҳи унвону мукофотгирифтагон  набуд, вале дар тантанаҳои ҳамкасбон фаъолона иштирок менамуд. Қариб ҳар бегоҳӣ ўву занаш Ойқумис ба «шустан»-и навбатии унвону орден ва ё бўрёкўбон мерафтанд. Силсилаи тантанаҳои идона, ки ҳанўз дар арафаи Соли нав шурўъ шуд, бисёр зебову хотирнишин буд. Меҳмонон, ки дар кўчаҳои сарду торики Алмаато хунук 0хўрда меомаданд, аз остона ба гармии истиқболи соҳибони хушрўзи хонаҳои нав сарафроз мешуданд. Чӣ қадар дурахшу зиндадилию ифтихор мерехт аз рўю чашмоне, ки дар остона меҳмононро пешвоз мегирифтанд! Дар ҳақиқат, он ҳама тантанаи хосон буд, ки бори дигар маззаи бахтро мечашиданд. Дар он замон, ки ҳанўз қаҳтиву гушнагии солҳои ҷанг аз ёдҳо нарафта буд, осудаҳолии наву одатинашуда дар гўшаҳои дури кишвар махсусан бо тантанаю қаноатмандӣ истиқбол мешуд. Дар ин музофотҳо конякҳои қимати хушнавъ, зарфу қандилҳои ғанимати немисӣ фурў мерехт, рўи мизҳо, ки бо дастархонҳои сап-сафед пўшида буданд, маҷмўъзарфҳои боз ҳам ғанимати немисӣ медурахшиданд ва ҳамаи ин касро мафтун мекарду ба рўҳияи болидае моил месохт, ки гўё маънии азалии дунё ҳамин асту дар ҳама олам ҷуз ҳамин дигар чизи лоиқи таваҷҷўҳе буда ҳам наметавонад.

Ҳанўз аз долон бўи хуши матбах ба димоғ мезад; дар он ҷо, ғайри дигар хўрданиҳо, ҳатман шоҳи таомҳо – бешбармоқ – хўроки бобоӣ мепухтанд, ки мероси зиндагии кўчманчиёна буду дар ин чордевориҳои нав ҳам бўи хуши кўҳистон мепароканд. Ва ҳозирон, маззаи шомонаи сарҷамъонаро тасаввур карда, бо тамкину виқори меҳмон менишастанд. Вале моҳияти зиёфат натанҳо ва на чандоне дар таом буд, зеро, одам, ки сер шуд, ботинан аз фаровонии хўрданиҳои пешаш азоб мекашад; балки маънии ин ҳама нишастҳо дар гуфторҳои мутантан – табрикоту орзўҳои нек ифода меёфт. Ин маросим ким-чизи ҳамеша ширинеро дар худ ниҳон медошт ва ин ҳиси ширин ҳама он эҳсосеро, ки дар дил ниҳон буд, ба худ мекашиду дар хеш ҳал мекард. Ҳатто ҳасад муваққатан гўё ба илтифот табдил меёфту рашк – ба рафоқат, дурўягӣ лаҳзае ба самимият мубаддал мегашт. Ва ҳар яке аз ҳозирон ба тарзи аҷибе таърифбоб мешуду то тавонистан баақлонатар ва муҳимаш – зебо нутқ мекард ва беихтиёр ба мусобиқаи эълоннашудае бо дигарон мепардохт. Аҷаб саҳнаҳои фаттоне буданд он нишастҳо! Чӣ нўшбодҳои олиҷанобе, чун мурғони хушпарубол, сўи сақфи қандилдор пар мекушоданд, чӣ нутқҳои зебое, ҳозиронро гирифтори оҳанги мутантани хеш намуда, ҷорӣ мешуданд.

Тансиқбоеву занашро хоса нўшбоди як подполковники наврутбаи қазоқ, ки ботантана аз паси миз бархоста, чунон муассиру бовиқор суханронӣ намуд, ки гўё ҳунарпешаи театри дром буду нақши шоҳи маснаднишинеро меофарид, мафтун кард.

– Дўстони азиз, – шурўъ намуд подполковник, ҳозиронро бо нигоҳи махмуру бовиқори хеш аз назар гузарондаву бо ин зарурати таваҷҷўҳи пурраву батамом ҷиддии ононро зикр намуда. – Худатон мефаҳмед, ки имрўз дили ман баҳри саршор аст. Мефаҳмед! Ва ман сухан кардан мехоҳам. Ин лаҳза соати бахти ман аст ва ман гапамро мегўям. Мегўям, ки ман ҳамеша даҳрӣ будам. Комсомол тарбияам кардааст. Ман болшевики матинам. Мефаҳмед! Ва бо ин бисёр мефахрам. Барои ман худо вуҷуд надорад. Набудани худо ба ҳама, ба ҳар як мактаббачаи советӣ маълум. Вале ман чизи дигар гуфтан мехоҳам, мефаҳмед… гуфтан мехоҳам, ки худо ҳаст дар дунё! Мефаҳмед… Ман худоеро дар назар надорам, ки истисморгарони оммаҳои меҳнаткаш пеш аз инқилоб бофта баровардаанд. Худои мо соҳибҳукуматест, ки аз қудраташ, чунон ки газетаҳо менависанд, дар сайёра давраи нав сар мешавад ва мо, ғалаба то ғалаба, ба сўи тантанаи ҷаҳонии коммунизм меравем; он шахс доҳии беназири мост, ки лаҷоми даврон дар дасташ аст, чунон ки сорбон инони нахустуштури корвонро ба даст дорад; он шахс Иосиф Виссарионовичи мост! Ва мо аз паи ў меравем, ў корвонро раҳнамоӣ  мекунаду мо якдилона аз паси ў роҳ мебарем. Ва ҳар касе, ки дигар хел фикр мекунад ё дар сар андешаҳои бегона дорад, аз шамшери сазобахши чекистӣ, ки Дзержинскийи оҳанинирода ба мо ёдгор гузоштааст, амон намеёбад. Мефаҳмед… Мо ба душманон муборизаи беамон эълон кардаем. Авлоди онҳо, оилаҳои онҳо ва ҳар гуна унсурҳои хайрхоҳи онҳо, ба хотири кори пролетарӣ, чунон ки баргҳои хазонро тирамоҳ тўда-тўда месўзанд, несту нобуд карда мешаванд. Мефаҳмед… Барои он ки идеология фақат яктост, идеологияи дигар нест! Бино бар ин, мову шумо рўи заминро аз душманони идеологӣ – миллатчиёни буржуазӣ ва ғайраву ҳоказо… мефаҳмед… тоза мекунем, ба душман, дар куҷое, ки пинҳон нашавад, ниқоби касеро, ки ба рў накашад, ягон раҳму шафқат нест. Дар ҳама ҷо душмани синфиро фош кардану ҷосусони душманро рўи об баровардан… мефаҳмед… чӣ хеле ки рафиқ Сталин таълим медиҳад, душманро кўфтану рўҳи оммаҳои меҳнаткашро мустаҳкам намудан! – ана, ҳамин аст шиори мо. Имрўз, ки маро қадрдонӣ карданду фармони пеш аз мўҳлат додани унвони навро хонданд, савганд ёд мекунам, ки бемайлон бо роҳи сталинӣ меравам… мефаҳмед… душманро кофтаву ёфта, ниятҳои ҷинояткоронаашро фош месозам ва ў, барои он ниятҳои ифлос, ҷазои сахту сазовор мегирад. Мефаҳмед… мо миллатчиёни асосиро безарар карда бошем ҳам, институту редаксияҳо пури хайрхоҳонашон аст. Вале онҳо ҳам аз мо халосӣ надоранд ва мо ба онҳо ягон зарра раҳму шафқат намекунем. Боре, дар як пурсуҷў, як миллатчӣ… мефаҳмед… ба ман мегўяд, ки хоҳед-нахоҳед, таърихи шумо раҳгум мезанад ва худатон, чун иблис, ба нафрат гирифтор мешавед. Мефаҳмед?!

– Ин хелашро дар ҷояш паррондан лозим буд! – Тоқат накард Тансиқбоев ва ҳатто бо хашм нимхез шуд.

– Дуруст, майор, ман низ ҳамин хел мекардам, – дастгирӣ намуд ўро подполковник, – вале вай ҳанўз барои тафтишот даркор буд ва ман ба ў гуфтам… мефаҳмед… ба ў гуфтам, ки то мо раҳгум мезанем, нишони ту, палид, дар ин дунё намемонад! Саг меҷакаду корвони сталинӣ меравад…

Ҳама якбора, мазаммати сазовори он миллатчии ношудро маъқул дарёфта, шодона хандиданду чак-чак заданд, ҳама, ҷомҳои саршор дар даст, якбора бархостанд. «Барои Сталин!» – нафас берун карданд ҳама якбора, то охир нўшиданд ва гўё бо ҳамин ҳаққонияти нўшбод ва садоқати хешро ба он тасдиқ мекарда бошанд, ҷомҳои холиро ба ҳамдигар нишон доданд.

Баъдан дар идомаи он фикр бисёр суханон гуфта шуд. Ва он суханон, худ ба худ пайдову афзун шуда, то дер болои сари ҳозирон давр мезаданд. Он суханон, чун оилаи бақаҳромадаи занбўрҳои ваҳшӣ, ки аз афзуниву заҳрогинии худ бештар хашмӣ мешаванд, ғазаби ниҳониеро дар хеш ҷамъ меоварданд.

Дар вуҷуди Танқисбоев амвоҷи печоне туғён менамуд, ўро фикрҳои худаш беқарор медоштанд ва ин ҳама қатъияташро меафзуд. На аз он боис, ки чунин гуфторҳоро нав мешунид, баръакс, кулли ҳаёти ўву ҳамхидматони бешумораш мисли ҳаёти мардуми гирду атрофашон рўз ба рўз маҳз дар ҳамин муҳити шўрондани бардавому муборизаи беамоне мегузашт, ки синфиаш мехонданду бино бар ин, комилан ҳаққонӣ шумурда мешуд. Вале рози ниҳоне буд ин ҷо. Барои авҷи мубориза мавриду ҷараёнҳои нави ошкоркуниҳо лозим буд; азбаски бисёр ҷиҳатҳои ин кор аллакай амалӣ ва тамоми воситаҳо, то ба зўран фиристодани халқҳои алоҳида ба бадарғаҳои марговари Сибиру Осиёи Миёна, таҷриба шуда буд, ба тарзи куҳна айбҳои бозоргири бару бумҳои миллӣ – миллатгароии буржуазӣ-феодалиро корбаст карда, куллан муваффақ шудан торафт душвор мегардид. Одамон дар таҷрибаи талхи хеш дида буданд, ки хабаркашии андаке оид ба шубҳанокии идеологии ин ё он шахс боиси ҷазои бетаъхири ўву наздиконаш мешуд, бино бар ин, дигар ба хатоҳои марговар роҳ намедоданд, чизе намегуфтанду наменавиштанд, ки чун зуҳуроти миллатчигӣ тафсираш кардан мумкин бошад. Баръакс, бисёриҳо аз ҳад зиёд, ба дараҷае эҳтиёткору бамулоҳиза шуда буданд, ки ба овози баланд кулли арзишҳои миллӣ, ҳатто забони модариашонро рад мекарданд. Чӣ хел даст мегирӣ шахсеро, ки дар ҳар қадам маҳз бо забони Ленин сухан гуфтану фикр ронданашро зикр мекунад…

Маҳз дар ҳамин замони камвоқеаву барои авҷи мубориза баҳри ошкор кардани душманони нави ниҳонӣ мушкил, тасодуф ҳам бошад, бахти майор Тансиқбоев хандид. Ариза аз болои Абўтолиб Куттибоевро ба дасти ў аслан чун маводи моҳиятан дуюмдараҷа, на ба мақсади оғози тафтиши ҷиддӣ, балки бештар барои шиносоӣ дода буданд. Вале Тансиқбоев фурсати мувофиқи умрашро аз даст надод. Ва фаросаташ ўро нафиребид. Тансиқбоев, танбалӣ накарда, барои тафтиш ба ҷои воқеа рафт ва акнун торафт бештар бовар ҳосил мекард, ки ин парвандаи дар нигоҳи аввал назарногир, агар хуб таҳлилу тафсир бишавад, вазни зарур хоҳад дарёфт. Ва, аз афташ, кор агар табъи дил биравад, ў ҳам аз мукофотҳои боло бенасиб намемонад. Магар ў ҳамин ҳоло, паси ана ҳамин миз, шоҳиди чунин тантана нест, магар ў намедонад, ки чунин корҳо чӣ хел сурат мегиранд? Магар хуш нест ў бо ин шиносони хубаш, ки аз дилу ҷон ба Худо-Ҳокимият содиқанду дар сояи лутфаш рўи мизу сақфашон пурбулўр аст ва худ кайфу сафо доранд? Вале ба Худо–Ҳокимият танҳо бо як роҳ – тавассути хидмати ифлосу собитқадамона баҳри дарёфту ифшои душманони ниқобпўш метавон даррасид.

Ва аз душманон бодиққатонатар онҳоеро назорат кардан даркор, ки дар асорат буданд. Онҳо худ аллакай ҷинояткори тайёранд, чунки як тир ба пешонии худ назаданд;  ўҳдадор буданд онҳо бимиранду асир наафтанд ва бо ҳамин садоқати тамомашонро ба Худо-Ҳокимият, ки мурдану асир нашудан талаби бечунучарояш буд, собит бисозанд. Ва касе, ки асир шуд, ҷинояткор асту ҷазои ногузираш барои ин ҳушдори умрбодест тамоми наслҳоро. Чунин аст таълимоти доҳӣ – Худо-Ҳокимият. Қуттибоев, ки зери дасти ўст, ана аз ҷумлаи ҳамин собиқ асирони ҳарбист ва, муҳиммаш, дар парвандаи ў як риштаи зарурӣ, бисёр як ҷузъи дархўрди замон ҳаст – агар эътирофи Қуттибоевро дар ин хусус, бигзор каме ҳам бошад, ноил шудан даст диҳад, чун калиди парвандаи калон ба кор меояд. Он барои ифшои нақшаҳои аз азал хоинонаи ревизионистии дастаи Тито-Ранкович, ки бе маслиҳати Сталин ба роҳи хоси пешрафти Югославия даъво доранд, хидмат хоҳад кард. Бубин-а, чӣ хостаанд! Ҷанг нав тамом шудаасту ишон – аллакай ҷудо шуданӣ. Насибатон намекунад! Сталин ин мақсадро ба хокистар мубаддал месозаду ба бод медиҳад. Зимнан, барҷо мебуд, агар бори дигар, бо далели андаке ҳам бошад, исбот бишавад, ки идеяҳои хоинонаи ревизионистӣ дар Югославия бисёр барвақт, ҳанўз солҳои ҷанг дар байни командирҳои партизанҳо тавлид шудаанд ва ин ҳама зери таъсири бевоситаи хадамоти махсуси англис сурат гирифтааст. Дар ёддоштҳои Абўтолиб Қуттибоев лаҳзае ҳаст, ки партизанҳои югославӣ бо англисҳо вомехўранд, яъне, маҷбураш кардан мумкин, ки чизи барои имрўз зарурро иқрор бикунад. Ҳамин хел ки ҳаст, бо чӣ роҳе бошад, иқрорашро ноил шудан даркор. Сарро ба девор задан ҳам лозим ояд, ин қаламфарсои саройиро маҷбур бояд кард, ки чизи заруриро бигўяд. Дар сиёсат ҳама чизе, ки ба рафти об аст, кор меояд. Майдатарин далел метавонад охирин санге бошад, ки душманро дар гирудори мафкуравӣ аз по меафтонад. Бино бар ин, вазифаи ба даст овардани он санг ва ё, бигзор, сангчаҳо ва, рамзӣ бошад ҳам, бо дасти худ, аз дилу ҷон ба дасти Худо-Ҳокимият додани он сангчаи изофа ба миён меояд, то худаш ҳам назанад, каси даркориро бифармояд, ки бо он  думравони ревизионистони манфур Тито ва ҳамтабақаш Ранковичро бикўбад. Агар даркор нашавад, мегўянд, ки аз ҳад майда аст, лекин ҷидду ҷаҳдро ба назар мегиранд… Он гоҳ мебинӣ, ки аҳли ин нишаст меҳмони ў шудаанду он муносибати олиҷанобро қайд доранд. Охир, маънии зиндагӣ хушбахтист, муваффақият бошад, оғози бахт аст.

Дар ҳамин бора меандешид он шаби меҳмонӣ Тансиқбоеви шунқорчашм ва, пушти миз нишаставу ҳар замон миёни сўҳбат луқмаҳо партофта, мисли шиновари дарёи пуртуғён, он лаҳза дар гирдоби ҳирсу рағбати хеш шино мекард. Ва танҳо занаш Ойқумис, ки шавҳарашро хуб медонист, пай бурд, ки бо ў ким-чӣ рух додааст ва, чун даррандаи хашмӣ, ки нимашаб ба шикор баромадаву бўи сайдро гирифтааст, ба кадом як иқдоме тайёрӣ мебинад. Занак инро дар чашмони ў, ки нигоҳи устувори шунқоронаашон гоҳ сард мешуду гоҳ бо дуди эҳтирос пўшида, диду пичиррос зад: «Ҳамроҳи ҳама мехезему рост хона меравем». Тансиқбоев бо дили нохоҳам сар ҷунбонд. Дар пеши мардум эътироз накард, ҳарчанд ки лозим буд. Дар майнааш нақшаи наву васеътари амалиёт такмил меёфт. Охир, ҳамроҳи Қуттибоев боз бисёр касон дар ҳайати партизанҳои югославӣ буданд, ҳарчанд ки имрўз аз мушхонаҳояшон намебароянд, мантиқан онҳо низ баъзе чизҳоро медонанду ба хотир оварда метавонанд. Қуттибоевро маҷбур кардан душвор нест, ки фаъолтаринҳояшонро бигўяд. Маводи заруриро омўхтан даркор, худи пагоҳ дархост бояд дод. Ва ё шахсан ҳарчи зудтар ба марказ бояд рафт. Кофтаву ёфта, Қуттибоевро маҷбур намудан лозим, ки нуктаҳои даркориро тасдиқ кунад.  Дар асоси шаҳодати ў, асирони собиқи ҳарбиро, ки дар Югославия ҷангидаанд, гунаҳкор намуда, барои ҳангоми тафтиши комиссияи бозгардонданашон ба Иттифоқи Советӣ хабар надодану пинҳон кардани ниятҳои хоинонаи ревизионистҳои югославӣ ба ҷавобгарӣ кашидан лозим. Ин навъ одамон шояд ҳазорон нафар бошанд, мебояд ин фикрро – зудтар ва беҳтараш дар шакли хатчаи махфӣ – ба боло расонд; ҳамаи онҳоро аз осиёби пурсишҳо гузаронида, ба лагерҳо ҳай кардану ба ин кор хотима гузоштан даркор…

Ин фикр, ки дар сари  мизи пур аз анвои хўрданию нўшиданӣ аз дилаш гузашт, Тансиқбоев рўҳбаландӣ эҳсос кард, аз роҳату эҳсоси қаблии гардиши наве дар зиндагиаш боз нўшидану хўрдану сурудану бо ҳамнишинҳо шўхӣ намуданаш омад. Вай ҳамнишинҳоро бо нигоҳи чашмони пурасрор дурахшонаш аз назар гузаронд; ҳама ҳозирон худӣ, азизу қарин, аз як хок ва, аз ин рў, он лаҳза чунин дилҷў буданд ва ин одамони ба ҷону дил наздик пай намебурданд, ки шоҳиди лаҳзаи тавлиди фикрҳои бузурги ўянд. Аз ин эҳсос хуни гарм дар сараш туғён мекарду дили шоду пурфараҳаш тезтар мезад.

Ин ният Тансиқбоевро ҳатман ба зинаи баланд-тари мартаба   мебурд. Кори баақлонаю мантиқӣ: ҳар қадаре ки душмани пинҳоншударо безарар гардонӣ, ҳамон қадар худ бурд мекунӣ. Чунин пешомад дилро пурфараҳ мекард. Ва ў бо ифтихор аз дил гузаронд: «Одамони баақл, ана, ҳамин хел кор мекунанд! Ман низ, ҳазор мушкил ба сарам биёяд ҳам, аз ин роҳ намегардам!» Хоҳише пайдо шуд, ки бетаъхир ба кор сар бикунад – ҳамоно мошин ҷеғ бизанаду ба он ҷо, ба нимтаҳхонаи тирезаҳояш панҷарадор, ки изолятори тафтишотӣ ном дораду Абўтолиб Қуттибоев он ҷост, бишитобад ва ҳамин замон ба кор шурўъ бинамояд – ягон лаҳзаро аз даст надода, дар худи ҳамон ҷо, дар камера ба истинтоқ бипардозад, чунон истинтоқе, ки аз тарсаш дар бадани маҳбус ҷон намонад. Ва рўирост фарҷоми корашро бигўяд: агар Қуттибоев гуноҳашро ба гардан бигираду супоришҳои Англияву Югославия-ро иқрор кунад ва ҳамаи онҳоеро, ки ҳамроҳаш партизанӣ мекарданд, бигўяд, мувофиқи моддаи 58, банди 1 «б» 25 сол маҳкумии лагер мегирад, агар не – барои хиёнат, ҳамкории ҷосусӣ бо хадамоти махсуси хориҷӣ ва вайронкории мафкуравӣ миёни аҳолии маҳал парронда мешавад. Бигзор нағзакак фикр кунад.

Ҷараёни ин ҳодисотро тасаввур карда, Тансиқбоев бисёр чизҳоро пешбинӣ намуд: ҳам чӣ хел сурат гирифтани бозпурсӣ,  ҳам якравӣ кардани Қуттибоеву чораҳоеро, ки барои шикастани ў ба кор бурдан лозим меояд; вале ҳамзамон  медонист, ки маҳбусаш роҳи гурез надорад, зинда мондан бихоҳад, ягона илоҷаш ҳамин аст. Албатта, якравона худро сафед мекунад, ки гуноҳе надорад, гуноҳи асоратро, силоҳ ба даст, дар ҷанги якҷоя бо партизанҳои югославӣ, захмӣ шудаву хун рехта, ҷуброн кардааст, бо анҷоми ҷанг аз тафтиши комиссияи бозгардондани асирон гузаштаасту баъдан аз сидқи дил заҳмат кашидааст ва ғайраву ҳоказо. Лекин ҳамааш беҳуда. Аз куҷо медонад Қуттибоев, ки ў на бад-ин сифат, балки тамоман ба сурати дигар лозим аст. Ва дар он сурате, ки лозим аст, чун сарриштаи маъракаи томи решаканкунии душманони пинҳоншуда хизмат мекунад. Ў ба сифати нахустҳалқае лозим аст, ки занҷири тамоме аз пас дорад. Волотар аз манфиати давлат чӣ ҳам буда метавонад? Баъзеҳо гумон доранд, ки ҳаёти одамӣ. Содаҳо! Давлат бухориест, ки ҳезумаш одамонанд Ва як лаҳза бе чунин ҳезум бимонад, хомўшу сард мешаваду дигар ба кор намеояд. Вале, аз ҷониби дигар, ҳамон одамон низ бе давлат вуҷуд дошта наметавонанд. Яъне  одамон худ маросими сўхтани хешро баргузор мекунанд. Аловмонҳо бошанд, бояд пайваста ҳезум бипартоянд. Ана, ба ҳамин равиш барҷост ин дастгоҳ.

 Зимни баъзе чизҳои як вақтҳо дар мактаби ҳизбӣ оид ба таълимоти классикӣ шунидааш фалсафаронӣ кардаву дар бари занаш, ки фикрҳояшро баосонӣ мехонд, нишаста ва сўҳбати ҳамнишинҳоро шунидаву об дода, Тансиқбоев пеши асрори офариниши одам лол мешуд. Ана, масалан ў, дар маъракаи меҳмонони азиз нишаставу вонамуд мекунад, ки бо ҳама вуҷуд банди моҳияти ин лаҳзаҳост, вале дар асл хаёлҳои билкул дигар дорад. Кӣ тасаввур карда метавонад, ки ў чӣ ният дораду дар дилаш чӣ нақшаҳое тарҳрезӣ мешаванд?! Дарки он ки андар ўи оромакак сари миз нишаста ким-чизи харобкору ногузири вобастаи як иродаи вай ниҳон асту ниятҳояш, ки қудрати ниҳонашон, баробари амалӣ шудан, одамонро назди ў ва, тавассути ў, пеши худи Худо-Ҳокимият ба зону задан маҷбур мекунад, ва , бино бар ин, ў яке аз зинаҳои афзуну бо вуҷуди ин, ангуштшумори пояи мудҳиши Худо-Ҳокимият аст, вуҷудашро чун ҳини дидани таоми лазиз ва ё интизории карахтонаи ҷимоъ, роҳату беқарорие мебахшид. Ва, баробари нўшидани ҳар як қадаҳи навбатӣ, ин рағбат меафзуду дар шакли бемадорие вуҷудашро фаро мегирифт ва ў, ба як зўре ба худ талқин карда, ки иҷрои нақшаашро аз пагоҳ дер намемонад ва ҳоло вақти кофӣ дорад, худро нигоҳ медошт.

Ҷузъиёти парвандаи ояндаро хаёлан таҳурў карда, Тансиқбоев аз матонати мақсаду мантиқи нияти хеш эҳсоси қаноатмандӣ намуд. Бо вуҷуди ин, ҳис мекард, ки ҳанўз чизе намерасад, лозим буд, ки боз чизи наве дарёбад, гўё далелҳое ҳанўз корбаст нашудаву чунон ки мебояд, мавриди дарки амиқ  қарор нагирифта буданд.

Масалан, ишораҳои Қуттибоев аз вазъи манкурт ниҳонӣ чизе дорад, охир. Манкурт! Манкурти фирефтае, ки модари худро куштааст! Албатта, ривояти қадима аст он, вале Қуттибоев, ки онро сабт кардааст, зимнан чизеро дар назар доштагист?! Беҳудаву тасодуфӣ бо чунин ҷидду ҷаҳд ва муфассал рўи коғаз наовардааст он ривоятро. Манкурт, манкурт… Чӣ нуктае ниҳон аст ин ҷо, агар рамзест, чӣ маънӣ дорад? Ва, муҳимтар аз ҳама, Қуттибоев қиссаи манкуртро дар фаъолияти вайронкориаш чӣ хел, дар кадом шакл, ба чӣ тарз истифода бурданӣ буд? Хира-хира ким-чизи аз назари идеологӣ шубҳанокеро дар ривояти манкурт пай бурда бошад ҳам, Тансиқбоев ҳанўз онро қатъӣ изҳор карда наметавонист, ҳоло пурра бовар надошт, ки маҳбусро муттаҳам намуданаш муяссар мешавад. Хайр, қиссаро, чунон ки дар ин мавридҳо роиҷ аст, зиддихалқӣ бигўяду маҳз барои ҳамин ба ҷавобгариаш бикашад-чӣ? Дар ин ҷиҳат Тансиқбоевро салоҳият камтар буд, инро худаш хуб мефаҳмид. Ба ягон олим муроҷиат кардан даркор. Ифшои миллатчиёни  буржуазӣ, ки имрўз қайдаш карда истодаанд, ҳамин хел сурат гирифт-ку – аввал гурўҳеро дарёфтанд, ки дар миллатчигию бар зарари даврони сталинӣ тавсиф намудани гузашта айбдораш кунанд ва ҳамин кофӣ буд, ки осиёб рўзу шаб гардон бошад. Не, ягон сир ҳаст, ки Қуттибоев он қадар бо ҷидду ҷаҳд қиссаи манкуртро рўи коғаз овардааст. Боз як бор бодиққат ҳар як калимаро бояд хонд ва агар ягон асосаке пайдо бишавад, таҳияи қиссаро ҳам истифода карда, ба парванда афзудан ва чун гуноҳ ба кор бурдан лозим.

Ғайр аз ин, аз байни коғазҳои Қуттибоев матни боз як қисса бо номи «Қатл дар Сарой», ки аз замонҳои Чингизхон ривоят мекунад, пайдо шуд. Тансиқбоев, ки дар ибтидо ба он қиссаи доқиёнусӣ аҳамият надода буд, танҳо акнун ба хаёл рафт. Охир, дар он ҳам, агар нағзакак биандешӣ, кинояи сиёсие метавон дарёфт.

Ҳангоми юришаш ба Ғарб, рўзҳои қўшуни бешуморашро дар паҳнои бекарони Осиё аз паи худ ҳидоят намудан, Чингизхон дар дашти Сарой маросими қатле барпо карда, як юзбошӣ ва ҷавонзани зардўзеро, ки бар парчамҳои  абрешимии нусраташ аждаҳорҳои оташнафас медўхт, ба дор кашид.

Он вақт қисми зиёди Осиё аллакай зери дасти Чингизхон қарор дошту ба улусҳо ҷудо ва миёни писарону наберагону лашкаркашонаш тақсим шуда буд. Акнун бояд тақдири кишварҳои он соҳили Итил[*]*, тақдири Аврупо ҳал мешуд.

Дар дашти Сарой он дам тирамоҳ ҳукм меронд. Баъди боронҳои паиҳам кўлу дарёҳои тобистон хушкида сероб шуданд ва акнун аспонро дар роҳ шодоб кардан мумкин буд. Издиҳоми дашт мешитобид, чунки фатҳи дашти Сарой қисмати душвортарини юриш ҳисоб меёфт.

Се тумани даҳҳазорнафара, парчамҳояшонро афрошта, пеш-пеш мерафтанд. Қудрати онҳоро аз рўи ҳаракаташон – пардаи чангу ғуборе, ки аз суми аспонашон мехесту чун дуди сўхтори азиме то дуриҳои дур уфуқро мепўшид, қазоват кардан мумкин буд. Ду тумани дигар, ҳамроҳи галаи аспони эҳтиётӣ, корвон ва подаи говони қисир – барои куштани ҳаррўза – аз ақиб меомаданд; ба пас нигариста, ба ин бовар ҳосил кардан мумкин буд – чанги он ҷо ҳам ба осмон мехест. Дигар қувваҳои ҷангӣ ҳам буданд, ки бино бар дурии беҳадашон ба чашм намерасиданд. То мавқеи онҳо – туманҳои қанотҳои росту чап, ки ҳар яке сетуманӣ доштанд, аспсавор якчанд рўз рафтан лозим меомад. Он қўшунҳо мустақилона сўи Итил ҳаракат мекарданд. То оғози хунукиҳо дар соҳили Итил, дар қароргоҳи хон вохўрии сарлашкарони ҳамаи ёздаҳ туман пешбинӣ шуда буд, то ки амалиёти минбаъда маслиҳат бишаваду қўшунҳо, Итили яхбастаро убур карда, сўи мулкҳои сарватманду зебое, ки фатҳашонро Чингизхон, сарлашкаронаш ва ҳар яке аз саворон орзў доштанд, роҳ бигиранд…

 Ана, ҳамин тавр, устувор, лаҳзае таъхир накардаву фурсатро аз даст надода, харакат мекарданд қўшунҳо дар он юриш. Ва, бадии кор дар ҳамин буд, ки занон ҳам дошт корвони онҳо.

Худи Чингизхон, бо ним ҳазор посбонон – кезегулҳову надимон – жасавулҳояш, ки дар юриш ҳамроҳиаш мекарданд, чун ҷазираи шиновар дар байни қўшунҳо ҳаракат менамуд. Лекин ба тарзи хос – пеш-пеши онҳо мерафт ў. Фотеҳи Чаҳор Сўи Олам одами зиёдро хуш надошт, махсусан, ҳангоми юриш, ки бештар сукут кардану ба пеш нигаристан ва андешаи кор намудан лозим аст.

Ў савори саманди дўстдоштааш – Хубаи аҳлу беозор, сарисинадамида, ёлсафеду думсиёҳ ва нармрафтор, ки зери зини хон қариб ними дунёро тай карда буд, роҳ мепаймуд. Ду аспи эҳтиётии низ беҳад тобовару даванди дигараш бо рикоби дурахшонафзори хон, ки асппарварони савора мебурданд, сабук равон буданд. Хон аспонашро сарибод, ҳамин ки яке каме арақ кард, иваз менамуд.

Вале ҷолибтарин чиз на атрофиёни Чингизхон – кезегулу жасавулҳои ҷасур буданд, ки ҳаёташон беш аз худашон ба хон тааллуқ  дошт ва, бино бар ин, чун дами шамшер бисёр сахтгирона мунтахаб мешуданд ва на самандҳои олиҷаноби чун зари холис камёбашон. Оре, чизи ҷолиби он юриш тамоман дигар буд. Тамоми роҳ, Чингизхонро аз офтоб панаҳ карда, болои сараш абре шино менамуд. Куҷое, ки мерафт, абр аз паяш равон буд. Абраки сафед, ки ҳаҷми хаймаи калонеро дошт, чун мавҷуде аз пушти ў мерафт. Ва ба хотири касе намерасид, ки – абр кам аст дар осмон, охир, – он фол аст. Афлок ба Фотеҳи Оламҳо фотиҳа додааст. Вале худи Чингизхон, ки инро медонист, батадриҷ абракро назора карда, бештар бовар ҳосил менамуд, ки он, дар ҳақиқат, аломати Осмон-Тенгри, рамзи қазост.

Пайдоиши абрро ғайбдони дарвеше, ки Чингизхон боре имкони наздик шуданаш дод, пешгўӣ карда буд. Он мусофир ба зону наафтод, хушомад нагуфт, пешбиниҳои тамаллуқкорона накард. Ўи харобу ҷандапўш, ки бо мўҳои бетартиби ба китфон хамидааш зани мўпарешонро мемонд, рў ба рўи афти мудҳиши фотеҳи саҳроӣ, ки дар юртаи заррин рўи тахт менишаст, сарбаланд меистод. Дарвеш ҷиддинигоҳ, баришуфаш, гандумгуни харобрў буд.

– Ман омадаам ба ту бигўям, ки, хоқони кабир, – тавассути уйғури тилмоч гуфт ў, – бо хости Афлок бароят аз боло рамзи хосае ирсол хоҳад шуд.

      Чингизхон аз ин изҳори ногаҳонӣ лаҳзае лол монд. Ин дарвеш, ё аз ақл бегона аст, ё намефаҳмад, ки анҷоми ин кораш чӣ мешавад.

– Чӣ хел рамз? Ту инро аз куҷо медонӣ? – базўр хашмашро фурў бурдаву пешониашро чин карда, мувоҷеҳ шуд зўри зўрон.

– Аз куҷо донистанамро гуфтан манъ аст. Вале чӣ будани он рамзро мегўямат – дар болои сарат абре падид омада, ҳамроҳиат мекунад.

– Абр?! – Ҳайраташро пинҳон накардаву тунд абрў дарҳам кашида, хитоб намуд Чингизхон. Ҳамоно ҳозирон беихтиёр омодаи таркиши хашми хон шуданд. Лабони тилмоч аз тарс сафед гашт – аз эҳтимол дур набуд, ки ҷазо ўро ҳам дарёбад.

– Оре, абр, – ҷавоб дод ғайбдон. – Он нишонаи Қазои Афлок аст, ки воломақомии мутлақатро дар рўи замин шаҳодат медиҳад. Ту бояд он абрро эҳтиёт кунӣ, вагарна, гумаш, ки кардӣ, аз қудрати беназират мемонӣ…

Дар юртаи зарин хомўшии гароне ҳукмфармо шуд. Дар он лаҳза аз Чингизхон ҳама чизро интизор шудан мумкин буд, вале баногаҳ, хашми нигоҳаш, ҳамчун оташи нимсўзи гулхан, хомўш гардид. Майли бемисли ҷазодиҳиашро фурў нишонда, фаҳмид, ки суханони фолбини дайдуро густохии бадқасдона гирифтану ҷазояш додан лозим нест; бо ин шаъни хонии хешро паст мекунаду бас. Бино бар ин, лабханди маккоронаашро миёни мўйлабҳои тунуки зардаш ниҳон дошта, гуфт:

– Фарз кардем, Афлок ин суханонро ба дили ту андохт, ки ба мо бигўӣ. Фарз кардем, ки ман бовар кардам. Лекин, бигў, эй мусофири хирадманд, ки ман он абри озоди осмонро чӣ гуна эҳтиёт карда метавонам? Шояд галабонҳои савори аспҳои болдорро бифиристам, ки нигоҳубинаш бикунанд? Ё чун аспи сур, ба ҳар эҳтимол, лаҷомаш бизананд?! Абри осмониеро, ки бод сад сўяш мебарад, ман чӣ хел эҳтиёт карда метавонам?

– Инаш – кори ту, – кўтоҳ посух дод мусофир.

    Боз ҳама карахт шуданд, аз нав хомўшии амиқ ҳукмрон гардид, лабони тилмоч бори дигар сафед шуд ва як кас ҳам аз аҳли юртаи зарин ҷуръат накард сўи ғайбдони бадбахт, ки аз аблаҳӣ ё ба хотири ким-чӣ худро маҳкуми марги яқин карда буд, бингарад.

– Инъомаш кунеду бигуселонед, – зери лаб гуфт Чингизхон ва суханонаш ба дилҳо, чун қатраҳои борон ба мазраи хушкида,  ҷон бахшиданд.

Он ҳодисаи аҷибу ғариб базудӣ аз ёдҳо рафт. Дунё пури содалавҳу аблаҳон аст, охир. Ёфтааст ғайбдонашро! Вале, он мусофир танҳо аз сабуксарӣ бо сараш бозӣ кард гуфтан ҳам, аз рўи адолат набуд. Охир, нафаҳмида наметавонист, ки ба чӣ роҳ по мондааст. Ҳамон замон, барои густохиву беэҳтиромӣ, парпечон карда, ба думи аспи ваҳшие бастану шармандавор куштанаш пеши казегулҳои хон душворие надошт. Бо вуҷуди ин, чизе он мусофири навмедро такон доду талқин кард, ки ҳамчуноне пеши шери биёбон, рўёрўи ҳокими бераҳму хашмитарин биистаду бе тарсу ларз гапашро бигўяд. Рафтори девонаавзое буд он ё воқеан пайки Афлок?

Ва танҳо ҳангоме ки дар ташвишҳои айёми гузарон ҳамааш фаромўш шуд, баъди ду соли расо баногоҳ ғайбдони бадбахт боз ба ёди Чингизхон омад.

Расо ду соли салтанат сарфи омодагии юриши Ғарб шуд. Баъдтар Чингизхон бовар ҳосил кард, ки ин ду сол пурфайзтарин давраи ҷамъоварии қувваю воситаҳо буд барои тасхири дунё, расидан ба мақсади дилҷўяш, ба даст овардани сарзамину кишварҳое, ки бо фатҳашон метавонист худро Ҳокими воқеии Чаҳор Сўи Олам, дуртарин ҳудудҳои дунё биҳисобад; дуртарин ҳудудҳои дунё, ки расидани суми аспсаворони шикастнопазираш имкон дошт. Моҳияти мудҳиши он ҳокими саҳроӣ, вазифаи таърихии ў маҷмўан дар ҳамин ғояи девонаворона, ҳамин ҳирси серинопазири дороиву иқтидори мутлақ ифода меёфт. Аз ин рў, ҳаёту мамоти салтанати ў – ҳамаи улусҳои тобеаш дар паҳнои бепоёни Осиё, кулли аҳолии гуногуннажоде, ки зери дасти бетараҳҳумаш ба тақдир тан дода буданд, ҷумлаи дорову қашшоқи шаҳру бодиянишин ва, ниҳояти кор, ҳар як шахс, касеву чикорае набошад, батамом тобеи ҳамин ҳирси шайтонии умрбод носер – истилоҳои нав ба наву фатҳҳои тоза ба тозаи сарзамину халқҳо буд. Ҳамин буд, ки ҳама саросар банди хидмати муштарак буданд, ҳама ба нияти ягона – ҷамъ овардану афзудану такмили иқтидори ҳарбии Чингизхон итоат мекарданд. Ва ҳама чизе, ки аз конҳо ба даст овардану сарфи силоҳсозӣ намуданаш муяссар мешуд, тамоми  амали бунёдкоронаи мардум ба коми истилову ҷаҳиши муқтадири Чингизхон ба Аврупо, ҷониби шаҳрҳои бениҳоят дорояш, ки ҳар як сарбозро ғанимати дилхоҳе интизор аст, сўи ҷангалу чарогоҳҳои то синаи аспон алафзораш, ки қимиз дарёсон мешорад, фурў мерафт; шарики салтанати дунё хоҳад буд ҳар нафаре, ки зери шўълаи парафшони аждаҳори парчамҳои Чингизхон юриш мекунад ва аз файзи пирўзӣ, чун аз зане, ки оғўшаш волотарин лаззати олам аст, баҳра хоҳад бурд. Ба набарду пирўзиву фатҳи сарзаминҳо амр медод хоқони бузург ва фармонаш амалӣ мешуд…

Чингизхон бо тамоми вуҷуд марди амал буд, ки ҳар як чизро қаблан ба ҳисоб гирифтаву пешбинӣ мекард. Ҳангоми тайёрӣ ба истилои Аврупо ҷиҳатҳои майдатаринро ҳам омўхту ба назар гирифт. Тавассути ҷосусони содиқ, хоинон, тоҷирону ҳоҷиён, дарвешони мусофир ва кордонҳои чиниву уйғуру арабу форс ҳамаи чизҳоеро, ки барои ҳаракати издиҳоми бузурги ҳарбӣ зарур буд – роҳу гузаргоҳҳои мувофиқтарро фаҳмид. Ў расму русум, дину шуғли сокинони ҷойҳоеро, ки қўшунаш мешитофт, ба назар гирифта буд. Чун навишта наметавонист, лозим меомад, ки он ҳамаро, бо назардошти фоидаву зарари ҳаводиси юриш, дар хотир нигаҳ дорад. Танҳо ба ҳамин тариқ тартиби кор, ва аз ҳама муҳим, интизоми қатъиву сангинро ҷорӣ кардан мумкин буд, маҳз ҳамин хел ба комёбӣ умед бастан имкон дошт. Ва ягон зарра нармдилиро ба вуҷуди хеш роҳ намедод Чингизхон: касеву чизе набояд ба мақсади асосии ў – фатҳи Аврупо халал бирасонад.

Маҳз ҳамон вақт, сари тартиби корбарии хеш андешида, Чингизхон амри гўшношуниде дод, ки таваллудро дар қўшуни бешумораш манъ мекард. Гап дар он буд, ки зану кўдакони саворасарбозҳояш одатан бо корвон аз паси қўшун мерафтанду ҳамроҳи он аз ҷое ба ҷое кўч мебастанд. Ин анъана дер боз давом дошту аз зарурати ҳаёт бармеомад, зеро дар задухўрдҳои беохири қабилавӣ душманон пайваста қасосгирӣ мекарданду аҳли аёли ҳамдигарро, ки бе пуштибон монда буданд, нобуд менамуданд. Ва дар навбати аввал занҳои умедворро мекуштанд, то ки решаи авлодро бибуранд. Бо мурури замон зиндагӣ тағйир ёфт. Қабилаҳое, ки қаблан пайваста душманӣ доштанд, дар замони Чингизхон ҳарчи бештар оштӣ мешуданду зери гунбази давлати бузурги ягона муттаҳид мегаштанд.

Дар ҷавонӣ, замонҳое, ки Чингизхонро ҳанўз Темучин ном мебурданд, худи ў ҳам бо қабилаҳои ҳамсоя кам наҷангида буд; хунхорӣ хам намуду ҷабрҳо ҳам дид ва зани дўстдоштааш Бортэро ҳам, ҳангоми ҳуҷуми меркитҳо, дуздидаву канизак карда буданд. Сари қудрат омада, Чингизхон бераҳмона зидди задухўрдҳои қабилавӣ баромад. Кашокашҳо ба ҳокимияти ў халал мерасонданд, пояи давлаташро суст мекарданд.

Солҳо гузаштанд ва батадриҷ зарурати тарзи кўчманчиёнаи зиндагии оилаҳо аз байн рафт. Вале сабаби асосӣ он буд, ки оилаҳо дарди сари қўшун шуда, ҳангоми амалиёти бузургҳаҷми ҳарбӣ, махсусан вақти ҳуҷум ва убури дарёҳо, ба сафарбаркунӣ халал мерасонданд. Аз ин рў буд амри қатъии ҳокими саҳроӣ, ки ба занҳои ҳамсафари қўшун то анҷоми музаффаронаи юриши Ғарб зойданро манъ мекард. Ин амрро ў, якуним сол пеш аз ҳуҷум дода, гуфта буд:

– Мамлакатҳои Ғарбро мағлуб кардему аспҳоро нигоҳ дошта, по аз рикоб ки гирифтем, занҳои қўшун, чӣ қадаре бихоҳанд, бизоянд. То ҳамон вақт гўши ман бояд нашнавад, ки зане дар тумане зойдааст…

Ба хотири пирўзиҳои ҷангӣ Чингизхон ҳатто қонунҳои табиатро инкор мекард, ки худ таҳқири Ҳаёту Худованд буд. Ҳамли зан, ки кори Худост, Худоро ҳам ба хизмати хеш кашиданӣ буд ў.

На касе аз байни мардум эътироз карду на аз қўшун – касе ба ин бедодӣ фикри эътироз кардан ҳам надошт; он вақт ҳокимияти Чингизхон аллакай чунон муқтадиру муттамарказ шуда буд, ки ҳама бечунучаро ба амри гўшношуниди манъи зойиш сар фуроварданд, чунки ҷазои саркашӣ ногузир марг буд…

Рўзи ҳабдаҳум буд,ки Чингизхон ба юриши Ғарб мерафт ва рўзи ҳабдаҳум буд, ки ҳолати хосу бемонанди рўҳашро эҳсос мекард. Зоҳиран хоқони бузург худро, чун ҳамеша, муносиби ҷоҳу ҷалоли хеш – ҷиддӣ, канораҷў, мисли шоҳини фориғ воменамуд. Вале ботинан меболиду месуруду шеър мегуфт:

…Шабҳои абрӣ

Юртаи маро дар оғўши гарми хеш гирифта,

Посбонони ман бедорхобӣ мекашанд,

То маро дар юртаи чун қасрам хоби бароҳат

                                                                      бубахшанд.

Имрўз, дар роҳи сафар, мехоҳам шукрона кунам:

Посбонони деринаи шабҳоям

Маро бар тахти хонӣ нишонданд!

Зери барфу зери борон,

Ки саропои кас ба ларза меояд,

Зери селборону резаборон

Гирдогирди юртаи сафариам,

Маро ташвише надода,

Хотири ҷамъи мананд посбонони ман!

Имрўз, дар роҳи сафар, мехоҳам шукрона кунам:

Посбонони муқтадири шабҳоям

Маро бар тахт арҷ доданд!..

Дар миёни душманони шўру исёнгар,

Садои базўр шунавои тирдонро шунидан замон,

Бетаъхир

Ба набард бархостаанд онон.

Ба посбонони зираку ҳушёри шабҳоям

Имрўз, дар роҳи сафар, шукрона мегўям:

Ёлҳоро зери нури моҳ бадхашмона сих карда,

Галаи бовафои гургон

Пешвояшонро ҳангоми шикор дар ҳалқаи хеш

                                                                      мегиранд.

Ҳамчунин, дар ин ҳуҷум ба Ғарб

Аз ман ҷудонопазир аст галаи кабудёли ман.

Посбонони маснадам дар ҳама ҷо бо мананд…

Шукронаи онҳо мекунам дар роҳи сафар…

Ин шеър, агар баланд садо медод, дар забони Чингизхон бисёр беҷо буд – дигар кор надорад, ки ба баёни эҳсосот машғул мешавад ў! Вале дар ин роҳи сангин, ки аз субҳ то шомаш дар хонаи зин мегузарад, шеъргўӣ ҳам мумкин.

Сабаби болидарўҳии Чингизхон абри сафеде буд, ки ҳабдаҳ рўз боз, аз субҳ то шом, болои сараш дар осмон шино мекард – куҷое, ки мерафт, абри сафед дар тори сараш буд. Пешгўии пайғамбаронаи ғайбдон оқибат рост баромад. Вале он вақт кӣ бовар мекард! Барои беэҳтиромии рўиросту густохие, ки дар хаёли кас намегунҷад, худи ҳамон соат он содалавҳакро ба ҷаҳаннам фиристодан душворие надошт, охир; лекин дарвеши овора кушта нашуд. Пас ҳукми тақдир чунин будааст.

Ҳанўз рўзи аввали юриш, ҳамин ки туманҳову корвону галаҳо, мисли рўдҳои тирафоми айёми обхез, тамоми паҳноро ишғол намуда, сўи Ғарб ба роҳ даромаданд, чоштгоҳ, ҳини сарибод иваз намудани аспи беҳолгаштааш, Чингизхон тасодуфан боло нигарист, вале ба абраки сафеде, ки рост дар болои сари ў оҳиста шино мекард ва ё шояд беҳаракат меистод, ҳеҷ аҳамияте надод – осмони кушод абри кам дорад магар?

Ў дар иҳотаи кезегулу жасавулҳое, ки дуртар аз вай роҳ мепаймуданд, банди хаёлҳои худ, хавотиромез аз рўи зин ба атроф нигариставу ҳаракати қўшуни бисёрҳазорнафараи мутеонаю пурҷаҳд ба фатҳи дунё шитобонаш, қўшуни чандон ба иродааш мутеъ ва чандон дар иҷрои ниятҳояш кўшоро, ки гўё на инсонҳои ҳар яке ботинан хоҳони мисли ў соҳибқудрат шудан, балки ангуштони дасташ бошанд; ангуштоне, ки лаҷоми аспашро банавбат андар худ медоранд, назора намуда, пеш мерафт.

Аз нав ба осмон нигариставу ҳамон абрро болои сари хеш дида, Чингизхон боз ҳам бар он наандешид. Оре, ўи гирифтори нияти фатҳи дунё фикр накард, ки абри осмон барои чӣ пайваста тор-тори сари ўи хокӣ дар ҳаракат аст. Наандешид, ки чӣ муносибате миёни онҳо буда метавонад.

Ба чашми касе ҳам аз аҳли юриш он абрак натофт, касеро ба он коре набуд, касе ҳам гумоне надошт, ки дар рўзи рўшан мўъҷизае рух додааст. Вазифаи онон таҳи пои худро дидан буд, на осмони нопайдоканорро назора кардан. Қўшун, чанги суми аспону чархи аробаҳоро ба осмон хезондаву масофаҳои тайшударо шояд абадӣ ва бебозгашт ақиб ниҳода, дар намуди анбўҳи тирафоме равон буду равон. Ҳамаи ин ба хотири як сару савдо ва иродаи хон сурат мегирифт ва даҳҳо ҳазор одамон, сардарфармону умедвори ў, дар ҳирси дарёфти шўҳрату қудрату сарват, бо майли тамом мерафтанду мерафтанд.

Бад-ин минвол, то шомгоҳ роҳ паймуданд. Одатан, дар ҳамон ҷое, ки шаб фаро мерасид, лангар мепартофтанду субҳ боз роҳ пеш мегирифтанд.

Барои шаббоши хону аҳли рикобаш қаблан юртаҳои мўҳташаме устувор мекарданд, ки гунбазҳои сафедашон ҳанўз аз дуриҳо метофт. Парчами хон – матои сиёҳи ҳошияҳояш арғувонӣ ва бар рў акси аждаҳоре, ки бо риштаҳои зарин аз абрешим дўхта шуда буду аз комаш шўълаҳо меҷаст, аллакай бар фарози юртаи асосӣ парафшонӣ мекард. Кезегулҳо – баҳодурони мунтахабу гирифтачеҳра, чашм аз роҳ наканда, мунтазири ҳоким меистоданд. Дар ин ҷо шомонаи умум барпо мешуд  ва, низ дар ҳамин ҷо Чингизхон нахустмулоқоташро бо нойонҳои қўшун доир карданӣ буд, ки натиҷаҳои рўзи аввали юришро муҳокима  ва нақшаҳои фардоро тарҳрезӣ намоянд. Барори оғози ҳаракати бузургаш Чингизхонро ба лутфу марҳамат моил мекард – ў он шаб барои нойонҳо базм барпо карда, суханони онҳоро шунидану худ низ амру фармоне интишор намудан мехост; ва чун пешаш ҳама ҳушу гўш мешаванд, ҳар сухане, ки ў бар забон хоҳад овард, барои тамоми Чаҳор Сўи Олам гуфта хоҳад шуд, ба қарибӣ Чаҳор Сўи Олам мутеъона ба ҳарфи ў гўш хоҳад дод; барои ҳамин ҳам лашкар кашидааст ў – барои талқину иқрори сухани хеш. Сухане, ки қудрати абадист.

Вале баъдтар Чингизхон базмашро хобонд. Дили пуризтиробаш танҳоӣ мехост. Сабабаш он буд, ки…

Ба ҷои дамгирӣ наздик шуда, Чингизхон боз, бори сеюм ба абри шиноси тори сараш диққат дод ва якбора дилаш гум зад. Моту мабҳути дарки фавқулъодаи хеш, саропо сард гашту замин дар назараш таҳурў шуд – ба як зўре даст ба ёли аспаш бурд, ки сарнагун наравад. Ҳаргиз бо ў чунин ҳолат рух надода буд, зеро мавҷуде рўи Замини сияҳпистон – ин асоси вайронинопазири дунё, ки Афлок барои ҳаёту ҳокимият эҳдо кардааст, ўро чандон мафтун карда наметавонист, ки аз ғафлат ба ҳайрат биёяд; чунин менамуд, ки ҳамааш рўшан аст, ягон чиз дар ин дунё қодир нест, ки хиради бетараҳҳуми ўро мафтуну дили аз хунрезиҳо сангбастаашро маҳзун бикунад; ҳоло нашудааст, ки ў, номуси хониашро ба хок афканда, аз тарс чун занон ба ёли асп часпида бошад. Чунин нашудааст ва набояд бишавад, чунки хеле барвақт, гуфтан мумкин, аз бачагӣ, аз он замоне ки бародари худ – Бектери наврасро бо камонғўлаки хеш парронд, – зоҳиран – барои як моҳияки башастафтода, вале дар асл,- ў бо ҳиси бемаҳал бедоршудаи гургонааш бў бурд, ки зини қисмат барои ду кас танг аст, – аз ҳамон вақт ин ҷониб, зиндагиро бо роҳи дурусту беғалат – муштзўрӣ дарёфт; чизе нест ва нахоҳад буд, ки пеши қудрат мутеъ нашавад, ба зону наафтад, рангаш наканад; чӣ ҷои бандаи осӣ, ки сангу оташу обу дарахт ва дарандаю паранда аз фишори зўри ҷоҳилона ба хоки тира яксон мешавад.

Ҷое, ки зўрӣ ҳукмрон аст, зар ҷуз мисе несту гул – ҷуз хоре. Бино бар ин, хулосае бармеояд: ҳар чизе, ки помол карданаш имкон дорад, ночиз аст ва ҳар касе, ки бар поят меафтад, – вобаста ба кайфи ҳоли мутараҳҳим – сазовори тараҳҳум. Дунё ҳамин аст…

Вале Афлок, ки таҷассуми Абадияту Бекаронист ва гоҳе дарвешони Ҳимолойу китобхонҳои овора тафсираш мекунанд, дигар аст. Оре, як ў, Осмон-Тенгрии дастнорас зери ҳукму фармони ў нест. Балки пеши он ў худ касе нест – на исён карда метавонаду на тарсонда ва на зиддаш лашкар кашида. Илоҷи ягона пеши Осмон-Тенгри, ки аз қисмати заминиёну чунон ки китоббозҳои Ҳимолой мегўянд – ҳаракати дунёҳо огоҳ аст, ниёиш кардану сари таъзим фуровардан аст. Аз ин рў, чун ҳар як бандаи миранда, бо дуову қурбониҳояш Осмонро зорӣ мекард, ки лутфу марҳаматаш намояду олами хокиро батамом зердасташ кунад; ба гуфти ҳакимони овора, Коинот, ки пури оламҳо бошад, Осмонро мушкил аст, ки олами хокиро зери ҳокимияти пурраву мутлақи ўву авлодаш бисупорад; магар муқтадиртару арзандатар аз ў дар байни одамони рўи замин ҳаст? Нест, дигар одаме нест, ки аз ў зўртар бошаду Чаҳор Сўи Оламро идора карда битавонад. Ботинан ў торафт бештар бовар мекард, ки ҳаққи махсуси аз Афлок дархостани ҳокими халқҳо будан – он чизеро дорад, ки дигаре ҷуръати хоҳишаш намекард; ягон кас бояд ҳукмронӣ бикунад, охир, пас бигзор он шахсе бошад, ки дигаронро зўран мутеи хеш бигардонад. Афлоки бахшандаю меҳрубон то ҳол истилову қудратафзоиашро халалдор накарда буд ва Чингизхон торафт мўътақидтар мешуд, ки Афлок бар вай назари дигар дорад ва азизу авлиёяш мададгори ўянд. Лаънату нафринҳои бемисли мардуми бадодомадаи кишварҳое, ки ў ба дами теғу коми оташ дучорашон карда буд, ба сараш фурў мерехт, вале кораш бобарор буду ҳеҷ яке аз ин нафринакҳо ба афзоиши қудрату шўҳрати мудҳишаш таъсире намедошт. Баръакс, ҳар қадар ки дуои бадаш мекарданд, аз оҳу фарёди мардум, ки Афлокро ба имдод мехост, бештар сарфи назар менамуд. Бо вуҷуди ин, гоҳ-гоҳ ба дилаш ваҳму шубҳае роҳ меёфт, ки мабодо қаҳри Афлокро биёраду гирифтори ҷазоҳои он бигардад. Дар чунин ҳолатҳо хони кабир лаҳзае карахт мешуд, худро дар худ саркўб мекард, тобеъонашро имкони даме фароғат медод, омода мешуд таънаи сазовори Афлокро бипазирад ва ҳатто тавба кунад. Вале Афлок хашм намекард, норозигии худро зоҳир намесохту ўро аз лутфи бекарони хеш бенасиб намегардонд. Ва ў, чун ҳангоми қимор, бар рағми он чизе, ки ҳукми азалаш мехонданд, ҳарчи бештар таваккал мекарду сабри Афлокро имтиҳон менамуд. Афлок тоқат мекард! – ва ў натиҷа мегирифт, ки барояш коре номумкин нест. Бо мурури солҳо эътиқодаш мустаҳкамтар мешуд, ки ў мунтахаби Афлок, маҳз Фарзанди Афлок аст.

Дар иду маросимҳои бузург ҳофизон, самандсавор дар атрофи издиҳом гашта, дар сурудҳои хеш Зодаи Афлокаш мехонданду ҳамзамон ҳазорон дасти дуо шодона сўи осмон боло мешуд. Вале ў, на бино бар ин ба он чизе сахт бовар кард, ки фақат дар афсонаҳо бовараш кардан мумкин аст, не, ин ҳамаро ҷуз тамаллуқи содалавҳонаи одамӣ намедонист ў. Хулосааш аз таҷрибаи шахсӣ буд, яъне Осмони Яздонӣ барои он дар ҳама кор пуштибониаш мекунад, ки ў ҷавобгўи ниятҳои Осмон-Тенгри ё худ амалкунандаи иродаи Осмони Воломақом аст дар рўи замин. Яъне, Осмон ҳам, мисли ў, қудрат, қудратмандӣ ва қудратмандро эътироф мекунаду бас. Ва чунин шахс ҷуз вай дигар кист?…

Вагарна он чизе, ки баъзан худашро ҳам ҳайрон мекард – чун шоҳин ин қадар босуръат ба қуллаҳои шўҳрати мудҳиши сархушкунанда ва ҳокимии дунё баромадани ятимбачаи авлоди қашшоқи араткиятҳо, ки аз азал бо шикору чорвопарварӣ рўз мегузаронд, чӣ маънӣ дошт? Чунин ҳодисаи гўшношуниди таърихи салтанати дунёӣ чӣ хел сурат гирифта метавонист? Охир, зиндагӣ қодир буд ба як сағираи азҷонгузашта қисмати аспдузди чолокеро, ки ў дар аввал воқеан ҳам буд, беш надиҳад. Ҳоҷати тахмину гумон нест – бе хости  Осмон–Тенгри ҳаргиз Темучини якаспаро парчами акси аждаҳори зарини оташнафасдор ҳидоят намекарду ном Чингизхон намешуд ва тахти Юртаи Тилоӣ насиб намегашт!..

Ва, инак, оқибат аломате, ки ин ҳамаро тасдиқ мекунад, зуҳур намуду шаҳомати раднопазиру исботи аёни назари лутфи осмон ба хоқони Осиё падид омад! Ана, пеши назар аст он, абри дилрабое, ки зуҳурашро ғайбдони овора пешгўӣ кардаву қариб сарашро бохта буд. Вале гапи ў рост баромад. Абри сафед руқъаи Осмон аст ба Зодаи Хеш, нишонаи писанду фотиҳаи нек, пайки пирўзиҳои бузурги ояндаи ўст. Ба хаёли касе аз ҳазорон нафарони юриш намеомад, ки мўъҷизае чунин имконпазир аст, нафаре абри сафеди ҳамсафарро пай намебурд, ҳеҷ яке намеандешид, ки аз куҷост ону барои чист. Кӣ ҳам бар абрҳои озод меандешад?.. Танҳо як ў, хоқони кабир, фармонравои издиҳоми беназири саҳроӣ ва ҳодии он ба фатҳи дунё, маънии амиқи зуҳури абраки сафедро фаҳмид ва чунон моту мабҳут шуд, ки гоҳ ба имконпазирии ин зуҳуроти гўшношунид бовараш меомаду гоҳ не. Вуҷудашро шубҳаву гумонҳои дилфишор фаро гирифтанд, ки мушоҳидаву муносибаташро ба ин рухдод бигўяд ё на. Ў рози дил кардаву сир бикшояду абр дар як мижа задан ғоиб шавад-чӣ? Мардум гумон намекунанд, ки ў девона шудааст?

Баъд ў боз худро ба даст гирифту имон овард, ки пайдоиши абр беҳуда нест ва он баногаҳ ғайб нахоҳад зад, абрак пайки Осмон аст бар ў; он гоҳ вуҷудашро боз фараҳу эҳсоси сабукболӣ, боварӣ ба дурандешии хешу дурустии юришаш бар тасхири Ғарб фаро гирифт ва нияти бо шамшеру оташ бунёд намудани салтанати дилхоҳи ҷаҳонӣ дар дилаш қатъитар гашт. Ҳамин буд мақсади юришаш. Ҳамин буд рағбати азалии салтанати ҳарисона. Ҳар қадар, ки  сарваташ меафзуд, боз бештар андўхтан мехост…

Рўзҳои юриш сипарӣ мешуданд.

Абри сафед, ягон ҷониб моил нашуда, шино мекард пеши назари Чингизхон, ки савори саманди машҳураш – Хуба роҳ мепаймуд. Зотан ҳамин хел – ёлсафеду думсиёҳ буд Хуба.

Донандаҳо мегуфтанд, ки чунин асп ситораи хоссае дорад, зеро дар ҳазор сол як бор пайдо мешавад. Саманд не, бодпои бемислу пуртоқате буд Хуба. Мисли селборони гарм, ки башиддат рўи замин мерезад, йўрғаву тезрафтор буд. Аспе буд, ки лаҷомашро сар бидиҳӣ, дар гармии талошаш монанди борон, ки то охирин қатра мерезаду хушк мешавад, то мурдан медавид. Як ҳофизи қадим гуфта будааст: рўи ин хел асп одам бовар мекунад, ки абадзинда аст…

Хушбахту қонеъ буд Чингизхон. Мадори тозаи бемисле эҳсос карда, амал намудан, сўи мақсад тохтан мехост; ин лаҳза гўё худ бодпои хастагинопазире буду бо чорхези мавзун шитобон метохт, гўё чун дарёҳо ҷисману  рўҳан ба гирдоби пуртуғёни хуни саманди дартоз дармеомехт.

Оре, савору аспаш лоиқи ҳам буданду дар қудрат аз якдигар намемонданд. Ҳамин буд, ки ҷулуси савори батанутўши биринҷигун нишастани шоҳинро мемонд: кафи пойҳояшро бо ғуруру бовари намоишкорона ба рикоб тиргак карда буд; бар асп, чун бар тахт, росту сарбаланд ва бо ифодаи оромии томи чеҳраи тангчашмаш менишаст ў. Саропояш қудрату иродати ҳокими бузургеро аён месохт, ки қўшуни бешумореро сўи шуҳрату пирўзиҳо мебарад…

Хуллас, сабаби аслии сабукрўҳии Чингизхон абри сафеде буд, ки чун рамз, ҳамчун афсари сарнавиште кабир, болои сараш шино мекард. Ва, ба ин маънӣ, ҳамаи мавҷудот, муносибу мутаносиб буданд. Абр… Осмон… Дар пеш –  издиҳоми мутаҳаррик, дар дасти парчамдор – парчами юриш, ки ҳамеша наздики Чингизхон парафшонӣ мекард. Се нафар буданд онон – парчамдорони аз вазифаи беҳад пурифтихори бар ишон боваршуда бовиқору мағрур. Ҳар се, гўё махсус интихоб карда бошанд, рўи аспҳои сиёҳмушкин менишастанд. Дар байн нафаре парчамро бардошта мерафту ду нафари дигар, найзаҳояшонро сўи пеш нигаронда, аз ду тараф ҳамроҳиаш мекарданд. Хоқонро ба пеш ҳидоят намуда, абрешими сиёҳи зардўзӣ дар дами бод парафшонӣ дошту аждаҳори оташафшони он зинда метофт. Аждаҳор дар лаҳзаи ҷастан тасвир шуда буд ва чашмони  дами хашм пурбину чун чашмони уштур барҷастааш бо лаппиши матоъ ин сўю он сў рафта, воқеан зиндааш ҷилва медоданд…

Аз субҳ боз хоқони матин аз хонаи зин ба юриш роҳбарӣ менамуд. Аз чор тараф нойонҳо асптозон ба ў хабар меоварданду сарибод амру фармонҳо гирифта, чорхеззанон ба мавқеъҳои хеш, ба қўшуни мутаҳаррик бармегаштанд. Шитобидан лозим буд, ки то боронгариву лою чали пеш аз зимистон, охири тирамоҳ ба садди асосии роҳи юриш – соҳилҳои рўди бузурги Итил бирасанд ва сардиро мунтазир шуда, рўди яхбастаро бигзаранду сўи нияти наҷиби хеш – фатҳи Аврупо гом бубардоранд.

Юриш то бевақтӣ давом кард. Дашти нимторик зери анвори ба ғуруб моили офтоб то ба дуриҳои дур, чандоне дур, ки вусъати дунёи пеши назарро тасаввур кардан мумкин бошад, тўл кашида буд. Ва дар он паҳнои рангин аз анвори коҳандаи хуршед, ки ним андар уфуқ буд, вақти ғуруб сафҳои сарбозон, ҳазорон саворагон, қўшунҳое ҳаракат мекарданд, ки ҳар яке мавқеи худро дошт ва ҳама, аз дур ҷараёни рўдҳои сиёҳеро, ки шаб тираашон кардааст, ба ёд оварда, бомаром ҷониби офтоби рў бар ғуруб мерафтанд.

Пуштҳои афгори аспон танҳо шабҳо, вақте ки қўшун барои шабгузаронӣ меистод, аз зину саворҳои хеш меосуданд.

Ва саҳари барвақт дар қароргоҳ аз нав ғулғулаи добулбасҳо – нақораҳои бузургҳаҷми пўсти барзагов-кашида танин андохта, лашкарро ба идомаи юриш водор мекард. Бедор кардани даҳҳо ҳазор нафар одамон  осон набуд, бино бар ин, бедоркунандагон кўшиши беҳад ба харҷ медоданд ва добулбасҳояшон дар он паҳнои бекарон, то ҳамаи мавқеъу истгоҳҳо, мунтазам ғулғула меафканданд.

Ин вақт хоқон аллакай бедор буд. Ў қариб ки пеш аз ҳама мехест ва бомдоди ҳанўз рўшани тирамоҳон дар назди юртаи пуршукўҳаш гардишкунон ҳушу ёди худро ҷамъ меовард, перомуни фикру хаёле, ки шаб  ба сараш омада буд, меандешид, амрҳо мекарду лаҳзаҳои фориғӣ бодиққат ба ғулғулаи нақораҳо, ки қўшунро рўи зину аробаҳо мехонд, гўш медод. Рўзи навбатӣ оғоз меёфт, садои одамон, рафтуою овозҳо меафзуданд ва юриши ба дарозои шаб қатъгашта аз нав шурўъ мешуд.

Нақораҳо ҳамоно танин меандохтанд. Ғулғулаи саҳаргоҳии онҳо танҳо даъвати бедорӣ не, балки чизе буд, ки маънии бештаре дошт. Бад-ин васила Чингизхон ҳар як нафареро, ки бо ў ба юриши бузург равон буд, хала-халаву бохабар мекард, он огоҳии ҳокими серталабу собитқадаме буд, ки дар сурати ғулғулаи нақораҳо пештар аз ҳар гуна фикру хаёли дигар, ҷуз афкоре, ки аз худаш бармеомаду иродаи худашро талқин мекард, чун ба дарҳои баста, ба мафкураи нимхобу нимбедорон зада медаромад, чунки дар хоб одамон на ба иродаи худ тобеъанду на ба иродаи ғайр; зеро хоб озодии бемаъниву беҳудаву махуфест, ки баробари бозгашт аз хоб бояд қатъаш кард; чизест, ки қатъиву бераҳмона бар он мудохила намудан лозим аст, то ки бедоршудагонро ба    воқеият – ба хидмат, ба итоати бечунучаро, ба амалиёт бозгардонӣ.

Аз ғулғулаи мудҳиши ба наъраи барзагов монанди нақораҳо ҳар дафъа ба бадани Чингизхон мурғак медамид ва ин ба хотираи дерине вобаста буд: дар айёми наврасӣ, вақте ки як рўз дар наздикиҳо ду барзагови  баҳамдарафтода пурхаш-мона овоз баровардаву бо сумҳо хокро ба осмон бардошта, шохзанӣ мекарданд, вай, гирифтори ғурроси мудҳиши онҳо, худ ҳам ёд надорад, ки чӣ хел камонғўлаки ҷангиро ба даст гирифту тире ба синаи бародари ҳамхунаш – Бектери ғанабида, ки барои моҳияки аз дарё гирифтаашон бо ў ҷанҷол карда буд, зад. Бектер, фарёди мудҳише бароварда, парида хест ва, ғарқи хуни хеш, гашта ба замин афтод; вай, Темучин, – оре, он вақт ў танҳо Темучин, ятимаки Есугай – баҳодури бемаҳал даргузашта буду бас, – добулбасеро, ки пеши юрта мехобид, сари китф карда, аз тарс ба кўҳ гурехт. Дар он ҷо, дар сари кўҳ дурудароз ва якнавохт ба добулбас кўфту кўфт, дар поён бошад, модараш Аголен, бародаркушро дуои ҷон кардаву мўи сари хешро канда, фарёд мезаду менолид. Баъд дигарон давида омаданд ва, ҳама дастак зада, сўяш фарёд мекарданд, вале ў, беист бар нақора мекўфту чизеро намешунид. Барои чӣ бошад, ки касе наздикаш нашуд ва ў, то субҳдам нақоразанон, дар ҳамон ҷо монд…

Акнун ғулғулаи мудҳиши садҳо  добулбас нидои ҷангӣ, ғурриши пурхашмона, рамзи бебокиву бераҳмӣ, огоҳии ў буд ба аҳли юриш, ки гўш бидиҳанд ва бархезанду ба амал биоғозанд, сўи мақсад, ба фатҳи дунё равон бишаванд. Хоҳанд рафт онон, кулли одамону ҳайвоноте, ки гўши шунаво доранд, аз паи ў то охир, то поёни ин уфқи бекарон ва, саропо ларзида, хоҳанд гўш дод ба ғурриши нақораҳои ҷангии вай. Ҳатто абраки сафед, ин шоҳиди наву ҷудоинопазири афкори ниҳони ў, зери садои саҳаргоҳии нақораҳо, бемайлон болои сари ў чарх мезанад. Бодаки сахте парчами салтанатро, бо аждаҳори оташнафаси зиндамонандаш, ҷавлон медиҳад ва, ана, он ба рафти шамол рў-рўи матоъ медаваду аз ком шўълаи рўшане меафканад…

Ҳавои саҳаргоҳони рўзҳои охир хуб омад.

Шабҳо ҳам, пеш аз хоб, Чингизхон ба назораи атроф мебаромад. Паҳнои дашти бекарон пури гулхан буд, алангаи гулханҳои наздик ва милт-милти дурҳояш дар ҳар тараф ба чашм мерасид. Рўи қароргоҳи сарбозону шаббоши корвон ва ҷои исти  галабонҳову гала дуди сафед паҳн мешуд, одамон ин лаҳзаҳо, арақшор шуда, серӣ гўшт мехўрданд. Бўи гўшти пухта, ки калон-калон аз дегҳо берун меоварданд, дарандаҳои даштро ҷалб мекард. Гоҳ дар ин ҷову гоҳ дар он ҷо, миёни пардаи зулмот, чашмони беқарори он мавҷудоти  бадбахт дурахшон мешуду уллоси навмедонаашон ба гўш мерасид.

Лашкарро дар ин миён зуд мурдахоб мебурд. Фақат садоҳои посбонони шабгард, ки қўшунро ҳини фароғаташ назорат мекарданд, хотирнишон менамуд, ки шабонгаҳ низ ҳаёт дар ин ҷо мувофиқи тартиботи сахт муқарраршуда идома меёбад. Бояд ҳамин хел ҳам бошад: ҳама чизу ҳама кас вазифаҳои хешро доранд, ки ниҳоятан вобастаи мақсади ягонаву олӣ – хидмати бечунучарову содиқона ба фикри ҷаҳонгирии Чингизхон аст. Дар чунин лаҳзаҳо, ботинан сархуш шуда, ў моҳияти худ, яъне фавқулодам – ҳирси рафънопазири девонавори ҳокимиятро, ки бо фаротар шудани қудраташ торафт меафзуд, амиқ дарк мекард; аз ин ҷо ногузир хулосаи мутлақе ҳосил мешуд – матлуб танҳо ҳамонест, ки созгори мақсади қудратафзои ўст ва ҳар он чизе, ки ҷавобгўи он нест, ҳақи мавҷудият надорад.

Бино бар ин ҳам рух дод қатл дар Сарой, ки қиссаашро солҳои зиёде пас, ба бадбахтии хеш, Абўтолиб Қуттибоев рўи коғаз овард…

Боре, ҳангоми шаббош, саворапосбонон мавқеи қўшуни тумани қаноти ростро аз назар гузаронданд. Берун аз бошишгоҳи сарбозон истгоҳи корвону галабонону дигар аҳли хидмати юриш ҷойгир буд. Посбонон аз он ҳам сарфи назар нанамуданд. Низоми комил ҳукм меронд. Одамон, ки аз ин сафари беохир  хаста шуда буданд, дар ҳама ҷо – дар юртаҳо, хаймаҳо, аксаран зери осмони кушод, назди гулханҳои нимсўз, паҳлўи ҳам мехобиданд. Атроф сокиту кулли юртаҳо торик буданд. Талояи савора тафтишро анҷом медод. Се нафар сарбози он, аспҳояшонро нигоҳ дошта, аз кадом хусусе сўҳбат мекарданд. Сарбозе, ки сари талоя буд, – савораи тануманди телпаки юзбошӣ бар сар, – ба овози паст амр дод:

– Хайр, шуд, шумо рафта ғанаб кунед, ман боз каме ҳамин ҷоҳоро аз назар мегузаронам.

Ду савора рафтанд. Юзбошӣ, аввал атрофро бодиққат назораву гўш карда, баъд аз асп фуромад ва, онро этак намуда, аз назди корвону устохонаҳои сафарӣ, аробаҳои беаспи сарроҷону дўзандагон ва силоҳсозон сўи юртаи танҳои канори бошишгоҳ қадам зад. Ў, сарашро хам кардаву ба садоҳои атроф гўш дода, андешамандона мерафту анвори моҳи афлок тарҳи рўи калонаш ва чашмони хира-хира дурахшони аспашро, ки аҳлона аз ақиб равон буд, рўшан мекард.

Эрдене-юзбошӣ ба юртае наздик шуд, ки аз афти кор, интизораш буданд. Аз юрта зане, рўмол бар китфон, баромад ва мунтазирона назди дари он истод.

– Самбайну*[†], – садояшро пахш карда, ба зан салом дод ў, ва ташвишомез пурсид: – Чӣ ҳол доред?

– Ҳамааш нағз, шукри Осмон, кор ба хубӣ анҷомид. Дигар ташвиш нашав, – пичиррос зад зан. – Интизорат аст вай, бисёр интизор.

– Ман ҳам аз ҷону дил диданаш мехоҳам! – ҷавоб дод Эрдене-юзбошӣ. – Аксии корро бинед, ки нойон ба ҳисобукитоби аспҳо сар карду се рўзи дароз аз байни гала баромада натавонистам.

– Ҳеҷ гап не, Эрдене, худро нахўр. Ин ҷо ҳам мешудӣ, аз дастат чӣ кор меомад? Аз пеши чашми мардум дур бошӣ, беҳтар. – Занак, тасаллибахшона сар ҷунбонда, илова намуд: – Аз ҳама муҳимаш – нағз гузашт, осон таваллуд кард. Ягон бор ҳам дод назад, тоқат кард. Саҳарӣ дар аробаи пўшида ҷо кардамаш. Ҳамааш нағз, гўё ҳодисае рўй надодааст. Бисёр олиҷаноб аст занат… Ҳа, чӣ ин қадар лаққидам ман! – Ба худ омад занак. – Бози давлате, ки сари китфат нишаст, насибат кунад! – Муборакбод намуд ў. – Барои писарат ном биёб.

– Осмон дуоятро мустаҷоб гардонад, Алтун! Ману Догуланг умрбод аз ту миннатдорем. Ном бошад, меёбем, ғам нахўр.

Эрдене лаҷомро ба занак дод.

– Ташвиш нашав, Эрдене, чӣ қадар ки лозим бошад, нигоҳубинаш мекунам, – гуфт Алтун. – Бирав акнун, бирав, ки Догуланг бисёр интизорат аст.

Юзбошӣ, лаҳзае истода, шиддати эҳсосашро фурў нишонду баъд назди юрта рафт, пардаи маҳкаму вазнини намадиашро нимво кард ва, хам шуда, дарун даромад. Дар мобайни юрта гулхани калоне месўхт ва ў, дар партави хираву заифи он, Догулангашро дид, ки пўстини савсор ба китф, дар кунҷи боло нишаста буду бо дасти рост оҳиста-оҳиста гаҳвораи бо кўрпаи лаганда пўшидаро меҷунбонд.

– Эрдене! Ман ин ҷоям, – оҳиста юзбоширо садо кард ў. – Мо ин ҷоем, – шармин табассум намуда, худро ислоҳ кард пас.

Юзбошӣ, саросема силоҳи хеш – тирдону камону шамшери дарғилофашро кушода, назди даромадгоҳ монду дастонашро ёзонда, назди зан рафт Пеши ў ба зону зад ва рўйҳояшон ба ҳам расид. Онҳо, сарҳошонро ба китфони ҳам монда, якдигарро ба оғўш гирифтанд ва чанде ба ҳамон ҳолат монданд. Ва дигар дунёи онҳо фазои зери гунбази ҳамон юрта буду бас. Ҳама чизи берун аз он истиқоматгоҳи сафарӣ дигар вуҷуд надошт. Фақат он ду нафар, фақат он чизе, ки ишонро ҳини ғалаёни эҳсос мепайваст ва мавҷуди хурдакаки гаҳвора, ки се рўз пеш ба дунё омада буд, вуҷуд доштанду халос.

Аввал Эрдене лаб ба сухан кушод:

– Чӣ хелӣ, ҷонам? Аҳволат чӣ хел? – пурсид ў, нафаси  номураттабашро базўр боздошта. – Ман бисёр хавотир шудам.

– Ҳамааш гузашт, – табассум намуда, ҷавоб дод зан. – Дар ин бора фикр накун. Беҳтараш, дар бораи  вай бипурс, дар бораи писарчаамон. Ҳамин хел бақувватаке ҳаст, ки… Чунон сахт мемакад синаҳоямро… Ба ту бисёр монанд аст. Алтун ҳам мегўяд, ки бисёр монанд аст!

– Нишонам бидеҳ, Догуланг, бимон бубинамаш!

Догуланг худро канор гирифт ва, пеш аз он ки гаҳворапўшакро бардорад, беихтиёр хавотиромез ба садоҳои берун гўш дод. Атроф сокит буд.

Юзбошӣ, дар чеҳраяки ҳанўз беифодаи тифли хобида нишонаҳои ба худ монандро ҷуста, дурудароз ба ў нигарист. Нафасашро ба дарун гирифта, ба навзод менигаристу шояд бори аввал моҳияти яздонии ба дунё омадани авлодро ҳамчун асоси абадият дарк менамуд. Аз афти кор, барои ҳамин ҳам, ҳар як калимаро қаблан санҷида, сипас гуфт:

– Баъд аз ин ман ҳамеша бо ту хоҳам буд, Догуланг, ҳамеша, ҳар балое ба сарам биёяд ҳам. Чунки писари ман бо туст.

– Бо ман хоҳӣ буд? Кош! – Лабханди талхе кард зан. – Гуфтаниӣ, ки тифлак нусхаи дуюми туст, ҳамчунон ки Буддоро буд? Ҳангоми ўро сина додан ин фикр ба сарам омад. Ўро, ки се рўз пеш дар ин дунё набуд, рўи даст гирифтаму аз дилам гузашт, ки ту аз ман таваллуд шудӣ.  Ту ҳам ҳозир дар ҳамин бора фикр кардӣ?

– Ҳа, лекин каме дигархелтар. Ман худамро бо Буддо баробар карда наметавонам.

– Баробар ҳам накун! Ту Буддо не, аждари манӣ, аждараки ман, – меҳрубонона пичиррос зад Догуланг. – Ман умрест, ки дар байрақҳо тасвири  аждар медўзам ва касе намедонад, ки он ҳама туӣ. Дар ҳама байрақҳои ман акси туст. Баъзан хобаш мебинаму дар хоб зардўзиаш мекунам, он гоҳ аждар зинда мешавад ва ман, илтимос наханд, – дар хобам оғўшаш мегирам, мо ба ҳам меоему парвоз мекунем, аждар, бол кушода мепараду маро ҳам мебарад ва дар лаҳзаи ширинтарин дармеёбам, ки туӣ он. Дар хобам ту гоҳ аждариву гоҳ одам. Ва, бедор шуда, намедонам ба кадомаш бовар кунам. Ман пештар ҳам мегуфтамат, ки аждари оташниҳодам туӣ. Бешўхӣ мегуфтам. Ҳақиқатан ҳамин хел буд. Дар сурати аждар ман туро, таҷассуми туро зардўзӣ мекунам. Пас, маълум мешавад, ки аз аждар таваллуд кардаам.

– Чизе, ки дилат бихоҳад, бигзор ҳамон бошад. Вале гапи маро гўш кун, Догуланг. – Юзбошӣ хомўш монд ва лаҳзае пас гуфт: – Акнун, ки фарзанддор шудем, ояндаамонро фикр кардан даркор. Ҳоло  дар ин бора сўҳбат мекунем. Лекин қаблан, бидонӣ ҳам, ба ту гуфтан мехоҳам, ки ҳамеша дар орзуи дидорат будаму ҳастам. Мудҳиштарин чизе, ки метарсам, ногоҳ дар набард мурдан не, балки гум кардани ин ормон аст. Дар куҷое, ки бошам, пайваста меандешам: чӣ хел ормони хешро аз худ ҷудо кунам, то ҳамроҳи ман намираду бо ту зинда бимонад. Илоҷе намеёфтаму орзу мекардам, ки ормонам парандае ё дарандае, умуман, мавҷуди зиндае бишавад, то ба дасти туаш дода, гуфта битавонам, ки бигир, ин ормони ман аст, бигзор дигар  ҳамеша бо ту бошад. Он гоҳ аз ҳалокат боке нест. Акнун дарёфтам, ки писарам ҳосили он ормони ёду дидори туст. Ва аз ин пас ҳамеша бо ту хоҳад буд.

– Мо-ку ҳоло номаш ҳам накардаем. Ту ягон ном ёфтӣ? – пурсид зан.

– Ёфтам,- ҷавоб дод юзбошӣ, – агар ту розӣ бошӣ, Қунан номаш мекунем!

– Қунан!

– Оре.

– Номи нағз. Қунан! Саманди ҷавон.

– Бале, аспи сесоле, ки дар айни мадору қувват аст. Ёлаш бўронро мемонаду сумаш – сурбро.

Догуланг рўи навзод хам шуд:

– Гўш кун, писарам, падарат номатро мегўяд!

Ва Эрдене-юзбошӣ гуфт:

– Номат – Қунан, писари ҷонам, шунидӣ – Қунан.

Онон, гирифтори моҳияти он лаҳзаи умри хеш, чанде хомўш монданд. Шаби сокит буд. Танҳо дар бошишгоҳи ҳамсоя саге худ ба худ меҷакид ва аз дур шиҳаи аспе ба гўш мерасид – шояд дар ин нимашаб ватани кўҳсор, рўдҳои тезоб, марғзорҳои сабзу хуррам ва анвори офтоб, ки пушти аспонро гарм мекард, ба ёдаш меомад…

Навзод, ки акнун соҳиби ном шуда буд, бепарво мехобид. Қисмати тифлонааш низ алҳол паҳлўи ў ором мехуфт, вале ҷаста бар по хестанаш дур набуд.

– Ман натанҳо дар хусуси номи фарзандамон фикр кардам, – хомўширо халалдор кардаву мўйлабашро бо кафи  бақуввати дасташ молида, ғамгинона гуфт Эрдене-юзбошӣ. – Дар бораи чизи дигар ҳам андешидам, Догуланг. Худат медонӣ, ки бо навзод дар ин ҷо монданат мумкин нест. Тезтар рафтан лозим.

– Рафтан лозим?

– Оре, Догуланг ва, ҳар қадаре тезтар бошад, беҳтар.

– Ман ҳам дар ин бора фикр кардам, вале куҷо биравем, куҷо? Ту чӣ кор мекунӣ?

– Ҳозир мегўям. Ҳамроҳ меравем.

– Ҳамроҳ? Ин номумкин аст, Эрдене!

– Фақат ҳамроҳ! Магар дигар хел шуданаш мумкин аст?

– Як бор фикр кун, охир, ту юзбошии тумани ростӣ!

– Фикр кардам, бисёр фикр кардам.

– Аз дасти хоқон куҷо меравӣ? Чунин ҷо дар рўи дунё нест! Ба худ биё, Эрдене!

– Оромтар гўшам бикун, Догуланг, ман ҳамаашро фикр кардаам. Мо сари вақт, дар шаҳрҳои серодаму бозордору пури овораҳо, ки имкон буд, пинҳон нашудем. Ҳамон рўзҳо беҳуда нагуфта будамат, ки ҷандаи ғарибӣ бипўшему ҳамроҳи мусофирон овораи дунё шуда биравем.

– Кадом дунё, Эрдене?! – Бо алам хитоб кард Догуланг. – Куҷост он диёре, ки ба ҳоли худ зиста битавонӣ? Аз Худо гурехтан мумкин асту аз хоқон не. Худат медонӣ – барои ҳамин ҳам ҷуръат накарда будем. Касе ҳам аз аҳли қўшун чунин ҷуръат намекунад. Бино бар ин, миёни тарсу муҳаббат мондем ману ту бо сирри хеш – ту аз саф рафта наметавонистӣ, ки ҳамбаҳои сарат буд, ман – аз ту, ки ҳамбаҳои бахтам.  Ва, инак, танҳо нестем мо, писар дорем.

Банди изтироби фаровон ҳарду хомўш монданд. Баъд юзбошӣ гуфт:

 – Одамон баъзан аз шармандагӣ, бешарафӣ, аз ҷазои хиёнат мегурезанд, мегурезанд, ки ҷонашонро халос кунанд. Мо маҷбурем барои он бигурезем, ки қисмат фарзандамон додааст, вале баҳо ҳамон хоҳад буд. Тараҳҳум интизор шудан маънӣ надорад. Хоқон ҳаргиз амрашро вайрон намекунад. Ҳоло ки дер нашудааст, гурехтан лозим, Догуланг, илоҷи дигар нест. Решаи бахту бадбахтӣ як аст. Бо ҳам хушбахт будем, акнун – бо ҳам набояд аз бадбахтӣ битарсем. Гурехтан лозим.

– Мефаҳмамат, Эрдене, – оҳиста гуфт зан. – Ту, албатта, ҳақӣ. Лекин дар андешаи онам, ки мурдан хуб аст ё зиндагӣ. Ман ғами худамро намехўрам. Ман бо ту чунон хушбахт будам, ки ба худ мегуфтам: лозим шавад, мемурам, лекин нишони туро кушта наметавонам. Намедонам, аз доноӣ буд ё аз нодонӣ, ки дастам пеш нарафт…

– Худатро азоб надеҳ, Догуланг, ту бояд фикри мурдан ё зинда монданро накунӣ! Ману ту онеро, ки ҳанўз таваллуд нашуда буд, қурбон кардан нахостем. Акнун, ки таваллуд шудааст, ба хотири ў бояд зист. Бояд гурехту зинда монд. Ману ту писар мехостем, охир.

– Ман худамро дар назар надорам. Дигар чиз гуфтан мехоҳам. Намедонӣ, агар маро бикушанд, туву писаракатро зинда мемонанд ё не?

– Бас кун ин гапҳоро, Догуланг, маро шарм надорон. Ман чӣ мегўяму ту чӣ! Беҳтараш, бигў, ки аҳволат чӣ хел аст, ба роҳ баромада метавонӣ? Ту ҳамроҳи Алтун дар ароба меравӣ, вай аллакай омода аст, ки ҳамроҳиат кунад. Ман – бар-баратон аспсавор, то ки агар ҳодисае рўй бидиҳад, рафъ карда битавонам…

– Чизе, ки худат бигўӣ, – кўтоҳакак ҷавоб дод зардўз. – Бо ту бошам, шуд!  Дар бари ту…

Сарҳояшонро сўи гаҳвора хам карда, боз чанде хомўш шуданд.

-Эрдене, – гуфт Догуланг, – мегўянд, ки ба қарибӣ қўшун ба соҳили Жаиқ*[‡] мерасад. Алтун аз одамон шунидааст.

– Ҳа, баъди ду рўз мерасад, чандон вақти зиёд намондааст. Ба ҷойҳои обхезаш бошад, пагоҳ мерасем. Он тараф ҷангал сар мешавад. Жаиқ ҳамон ҷост.

– Калон аст Жаиқ, чуқур аст?

– То Итил бузургтарин дарёи сари роҳи мост. На ҳар асп гузаштааш метавонад, махсусан, ҷои тезобашро. Шохобҳояш рўяктаранд.

– Чуқуру ором аст, бигў.

– Оина барин сокит, лекин тезобҷо ҳам дорад. Медонӣ-ку: бачагии ман дар даштҳои соҳили Жаиқ гузаштааст – мо аслан аз ин ҷоҳоем. Сурудҳоямон ҳам ҳама дар бораи Жаиқанд. Маҳтобшабҳо замзама мешаванд сурудҳои мо.

– Ба ёдам ҳаст, – андешамандона ҷавоб дод зардўз, – боре як суруд хонда будӣ – суруди духтаре, ки аз маҳбубаш ҷудо кардандашу худро ба Жаиқ афканд – то ҳол фаромўшаш карда наметавонам.

– Суруди қадимаест он.

– Як орзў дорам, Эрдене, мехоҳам, рўи абрешими сафед манзараеро зардўзӣ кунам: об аллакай баҳам омадааст ва он ҷое, ки  духтарак худро афканда буд, мавҷҳои маҳине ба назар мерасанду халос, дар атроф – рустаниҳо, парандаҳо, шапаракҳо, вале духтарак нест, ба он алам тоб наовард ў. Мехоҳам, ки ҳар касе он дўхтаро бубинад, суруди пуралами бар фарози дарёи пуралам танинандоз дар гўшаш садо бидиҳад.

– Баъди як рўз мебинӣ он дарёро. Бадиққат гўш кун, Догуланг: шаби дигар бояд ту омода бошӣ. Ҳамин ки ман бо аспи эҳтиётӣ пайдо шудам, соати чанде ки бошад, бояд гаҳвораро гирифта, бароӣ. Таъхир кардан мумкин нест. Дилам мехоҳад ҳамин рўз бубарамат, ба куҷое, ки рост биёяд, бубарамат. Лекин атроф – дашти кушод, чор сў – чун дар кафи даст, ҷое нест, ки сар бизаниву пинҳон бишавӣ. Шабҳо ҳам маҳтобӣ шудаанд. Бо ароба дар ин дашти кушод аз таъқиби саворон дур гурехта наметавонӣ. Лекин онтарафтар, дар наздикиҳои Жаиқ, буттазорҳо сар мешаванду кор ранги дигар мегирад…

Онҳо боз дергоҳ машғули гуфтугў  буданд. Гоҳ хомўш мешуданду гоҳ аз нав ба муҳокима мепардохтанд, ки дар остонаи қисмати ноаёни оянда, ки акнун – бо он тифлаки навзод – се нафаррост, чияшон интизор аст. Майдаяк низ дер мунтазирашон накард – баъди чанд лаҳза дар гаҳвора ба ҷунбидан даромад ва, бабача барин минг-минг карда, гиря оғоз намуд. Догуланг рўи даст гирифташ ва, аз бетаҷрибагӣ худро гум карда, ба пистонҳои хеш ҷафсаш намуд, пистонҳое, ки ин қадар ба юзбошӣ шинос буданд, пистонҳое, ки дар ҷўши эҳсос бешумор бўсида будашон, пистонҳои суфтаву сафеде, ки ў ба пушти лундаяки мурғобӣ ташбеҳашон медод. Акнун пистонҳои ҷонбахши модар буданд онон. Чашмони юзбошӣ аз ҳайрату шавқ дурахшиданд ва ў, чизеро аз дил гузаронда, хомўшона сар ҷунбонд, – чӣ қадар ғам хўрд ў рўзҳои охир ва, инак, он чизе, ки дар мўҳлати муайянкардаи табиат бояд ба амал меомад, ба вуқўъ пайваст: акнун вай падар асту Догуланг – модар, онҳо писар доранду модар тифлакашро сина медиҳад… Аз қадим ҳамин хел аст ин дунё. Алаф аз алаф мерўяду фармонбари табиат аст, ҳайвон аз ҳайвон ба дунё меояду фармонбари табиат аст, танҳо инсон аст, ки якравона попархам меистаду садди роҳи табиат мешавад…

Тифлак чалап-чалап пистон мемакиду аз файзи пистон-мурғобӣ баҳра мебурд.

– Вой, қуҷ-қуҷакам* меояд, – хушнудона хандид Догуланг. – Ин хел балояк аст-е, часпидаасту дигар ҷудош карда намешавад-е, – мегуфт ў, гўё барои хандаи хушбахтонаи худ маъзарат хоста. – Аз ростӣ, ки Қунанмон ба ту бисёр монанд аст. Аждарбача – зодаи аждари калон! Ана, чашмаконашро кушод! Бубин, Эрдене, бубин, чашмони туро канда гирифта-аст, биниву лабҳоятро ҳам…

– Монанд аст, бисёр монанд, – бо майли тамом розӣ шуд юзбошӣ. – Касеро ба хотирам меорад ин майдача!

– Чӣ хел – касеро? – ҳайрон шуд Догуланг.

– Худамро, албатта, худи худамро!

– Маҳ, рўи дастонат бигир лундачаро. Сабуке ҳаст, ки мегўӣ бачаи заргўш бошад.

Юзбошӣ ноўҳдабароёна тифлакро рўи даст гирифт. Қуввату вазни дастонаш он лаҳза дигар нобарҷову нодаркор буд ва ў, ҳайрон, ки чӣ кор кунаду кафҳояшро барои нигоҳ доштани он мавҷуди маъсум чӣ гуна созгор созад, боэҳтиёт  тифлакро ба дилаш зер кард, – аниқтараш, наздики наздик намуд ва, барои он ҳиси нозуки то кунун барояш ноошно ифодаи мувофиқ ҷуставу аз дарки онлаҳзаинааш хушбахтона лабханд зада, мутаассирона гуфт:

– Медонӣ, Догуланг, ин бачаи заргўш не, дили ман аст рўи дастам…

Навзодро зуд хоб бурд. Вақти ба ҷои худ баргаштани юзбошӣ ҳам шуда буд.

Як поси шаб, аз  юртаи маҳбубааш баромада, Эрдене-юзбошӣ ба маҳтоб, ки дар фарози дашти Сарой торафт мунаввартар мешуд, нигарист ва якбора эҳсоси комили танҳоӣ фарояш гирифт. Рафтанаш намеомад, дилаш боз назди Догуланг, пеши писаракаш баргаштан мехост. Садоҳои асроромезу пуртанини шаби бардавоми дашт диққаташро ҷалб мекард. Аз он ки равонаи юриши Ғарб онҳо бо амри қисмат шарики корномаҳои ҳоқони кабиранд ва, хидмати ўро ба ҷо оварда, дар айни замон зери хатар қарор доранд, – ҳар лаҳзае ҷазои ногузири вай барои тавлиди тифл нобудашон карда метавонад, – Эрденеро ким-чизи ноаёну мудҳише дармеёфт. Яъне, пайванди онон бо Ҳокими Чаҳор Сўи Олам ғайритабиӣ, аз ҳамин лаҳза ин ҷониб бо ҳаёти шахсии худашон оштинопазиру носозгор аст ва, баробари ин, хулоса ягона хоҳад буд – бояд фирор бикунанд, озодӣ дарёбанд, ҳаёти тифлашон-ро наҷот бидиҳанд…

Базудӣ Эрдене дуртар аз юрта Алтун-канизакро, ки тамоми ин муддат аспи ўро нигоҳубин мекарду аз тўрбаи сафарӣ ҷаваш медод, пайдо намуд.

– Хайр, чӣ хел, бачаҳакатро дидӣ? – зуд ба гап сар кард вай.

– Раҳмат, Алтун, дидам.

– Номаш мондӣ?

– Мондам – Қунан!

– Номи нағз – Қунан.

– Ҳа, бигзор Осмон бишнавад… Акнун, Алтун, гўш кун, ин гапро дигар қафо партофтан мумкин нест. Ту ба ҷои хоҳарам ҳастӣ, Алтун. Барои Догулангу кўдакаш – модаре ҳастӣ, ки тақдир фиристодааст. Ту намешудӣ, ману ў дар ин сафар бо ҳам буда наметавонистему дарди фироқ мекашидем. Кӣ медонад, шояд дигар ҳаргиз ҳамдигарро намедидем. «Кулўхандозро подош санг аст» мегўянд, мо имрўз кулўхандозем… Ман миннатдорам аз ту, беҳад миннатдорам, Алтун…

– Медонам, Эрдене, – гуфт Алтун, – медонам, чиро дар назар дорӣ. Охир, коре кардаӣ ту ҳам – гўшношунид! – Алтун сар ҷунбонда, илова намуд: – Илоҳӣ, бахубӣ бианҷомад… Медонам, – идома медод ў, – ту имрўз юзбошии ин қўшуни бузургӣ, пагоҳ нойон мешудиву як умр бо обрўву эътибор мезистӣ. Он вақт ману ту чунин сўҳбат намекардем. Ту юзбошиию ман – канизак. Ман куҷову ту куҷо. Лекин  ту чизи дигарро интихоб кардӣ, бо амри дилат рафтӣ. Ман, ғайр аз нигоҳубини аспат, кўмаке ба ту карда наметавонам. Вазифаи ман, худат медонӣ, ба Догуланг ёрӣ расондан аст. Ва ман, ба ў меҳр бастаам, чунки ў, ба гумонам, духтари худои ҳусн аст. Оре, оре! Зебост ў – ҷои гап нест. Лекин ман чизи дигар гуфтаниам. Дастони Догуланг сеҳрофаранд – чанд калобаву порае матоъ ҳар касе ҳам ёфта метавонад, вале он чизе, ки Догуланг медўзад, беназир аст. Аз худам қиёс мекунам. Аждарҳое, ки медўзад, зинда барин рўи байрақ медаванду ситораҳояш рўи матоъ, чун дар осмон, медурахшанд. Гуфтам-ку: ҳунарманди худодод аст ў. Ман аз ў ҷудо намешавам. Рафтанӣ бошед, ман ҳам – бо шумо. Танҳо дар роҳ азоб мекашад ў, нав халос шудааст, охир…

– Ман ҳаминро гуфтанӣ будам, Алтун. Пагоҳ, қарибиҳои ними шаб, тайёр будан даркор. Мегурезем. Ту бо Догулангу кўдак – дар ароба, ман, лаҷоми аспи эҳтиётиро гирифта, аспсавор – бар-баратон. Ба дарёбоди Жаиқ меравем. Муҳимаш – то бомдод дуртар рафтан, ки саҳар аз паямон наафтанд. Он тарафаш осон…

Ҳарду хомўш монданд. Пеш аз он ки ба асп савор бишавад, Эрдене-юзбошӣ, сарашро хам карда, кафи дасти харобаки Алтун-канизакро бўсид. Қисмати меҳрубон фиристодааст барои ўву Догуланг ин зани резаандомро, ки солҳои зиёде пеш аз ин дар мулки Чин ба асорат афтодаву ҳамин тавр то пирӣ канизи корвони Чингизхон монда буд. Зоҳиран беш аз ҳамсафари тасодуфие дар гирдоби юриши Чингизхон ба Ғарб набуд ўро ин занак. Вале аслан дар рўзҳои сарнавиштсози умрашон пуштибони  содиқу ягонаи дилдодаҳо буд. Юзбошӣ мефаҳмид, ки дар ин дунё ҷуз ў, канизак Алтун, ба касе умед баста наметавонад. Ба касе. Дар байни даҳҳо ҳазор одамони мусаллаҳи ба юриши кабир равону бо нидоҳои мудҳиш набардҷў танҳо як ҳамин канизаки пир тарафи ўро мегирад. Як ў танҳову бас. Оқибат ҳамин хел ҳам шуд.

Бевақтии он шаб, савори саманди пешониқашқааш Оқжулдуз, аз паҳлўи қўшуни дар бошишгоҳу қароргоҳҳои корвон фориғ гузашта, юзбошӣ воқеаи пешомадро меандешиду ба хотири мавҷуди навзоду бегуноҳтарин аз Худо мадад мехост; охир, ҳар як навзод пайке аз нияти Худост, пайки нияте, ки мувофиқи он замоне ягон кас чун Худо дар сурати одамӣ зуҳур мекунад ва ҳама мебинанд, ки инсони ҳақиқӣ бояд чӣ сон бошад. Худо Осмон аст, Осмони бекарон, Осмоне, ки ақл ба даркаш оҷиз аст. Ва як ў медонад, киро чӣ сарнавиште бидиҳад – кӣ ба дунё биёяду умр бубинад.

Эрдене-юзбошӣ кўшиш кард аз рўи зин фазои ситоразорро назора бикунад, фикран Осмонро зорӣ бинамояду ботинан посухи қисматро бишнавад. Вале Осмон хомўш буд. Маҳтоби танҳо, дар намуди сели бунафши анвор, бар дашти Сарой, ки андар оғўши хобу пурасрории шабистон буд, фурў рехта, дар авҷ салтанат дошт…

Саҳар, мардумро ба хестан, мусаллаҳу ба аспҳо савор шудан, бору бандро ба аробаҳо бор кардан водор намуда, боз добулбасҳо ба ғулғула даромаданд ва боз издиҳоми саҳроии Чингизхон, мафтуну маҷбури ҳокимияти тавонои хоқон, сўи Ғарб роҳ пеш гирифт.

Рўзи ҳабдаҳуми юриш буд. Қисми зиёд – ҷойҳои душворгузари дашти Сарой ақиб монд, имрўз-пагоҳ дарёбоди Жаиқ оғоз мешуд, аз он пас роҳ сўи Итили бузург – дарёе, ки дунёи хокиро ба ду қисмат – Шарқ ва Ғарб ҷудо мекард, тўл мекашид.

Ҳама чиз чун пештара буд. Пеш-пеш, савори самандҳои сиёҳмушкин, парчамдорон мерафтанд. Баъди онҳо, дар иҳотаи кезегулҳову аҳли рикобаш – Чингизхон. Зери зини ў йурғааспи дўстдоштааш – Хубаи ёлсафеди думсиёҳ мавзун қадам мезаду дар тори сараш, ноаён нигоҳи хоқонро ороставу ғурури бе ин ҳам базўр фурўнишини дилашро афзуда, чун ҳамеша  ҳамсафари ҷудоинопазираш – абраки сафед ҳаракат мекард. Ҳеҷ аз ў ҷудо намешуд он. Дар рўи замин бошад, аз карон то ба карони паҳноро пур карда, издиҳоми одамӣ – фавҷ-фавҷи сарбозон, аробаҳо, лашкари беҳисоби Чингизхон равон буд. Садое чун ғурриши баҳри шўрида фазоро пур медошт. Ва ин ҳама, тамоми ин сели равони одаму аспу аробаву силоҳу дороиву ҳайвонот, таҷассуми қудрату қуввати ў буд, ба ў вобастагӣ дошту аз сарчашмаи ниятҳои ў об мехўрд. Ва он лаҳзаҳо, рўи зин, ў ҳамоно дар бораи чизе меандешид, ки касе ҷуръати андешиданаш дошт ё на – андешааш аз хусуси салтанати дилҷўи ҷаҳонӣ, давлати ягонаю ҷовидонаи рўи замин буд, ки баъди марг ҳам дар он ҳукм хоҳад ронд. Чӣ гуна? Тавассути амру фармонҳое, ки дар зиндагиаш абадӣ рўи лавҳҳои сангин сабт кардааст. Ва, то барҷо будани он харсангҳо, ки фармонҳои собиташон тарзи ҳукмронии оламро нишон медиҳанд, амри ў дар ин дунё воҷиб хоҳад буд.

Раҳравон он лаҳзаҳо хоқон дар ҳамин хусус фикр мекарду андешаи ҷолиби катибаҳои сангӣ, ҳамчун воситаи дарёфти умри абад, аллакай оромаш намегузошт. Қарор дод, ки бо ин кор ҳамин зимистон, дар соҳили Итил машғул бишавад. Дар интизори фурсати убур шўрои уламову хирадманду ғайбдонҳояшро ҷамъ мекунаду андешаҳои пурбаҳо-яшро оид ба давлати ҷовидон иброз дошта, амру фармонҳо медиҳад ва он ҳама бетаъхир дар харсангҳо сабт мешаванд. Он гуфтаҳо дунёро чаппагардон  мекунанд ва олам ҳама сар ба қудуми ў меорад. Бино бар ин ҳам, ў ба юриш равон асту мебояд кулли мавҷудоти рўи замин ба ин мақсад хизмат бикунад. Ва ҳар чизе, ки хилофи ин мақсад асту ба комёбии юриш мусоидат намекунад, маҳкуми бартараф намудану решакан кардан хоҳад буд.

Боз илҳоми шеър гуфтанаш омад:

Аз алмосҳои беназири давлати хеш

Дурахшон моҳе дар осмон устувор мекунам. Оре!..

Мўри пайроҳаеро ҳам гурез нест

Аз оҳанин суми аспони лашкари ман… Оре!

Анбони таърихро

Аз сағрии арақшори аспи ман

Авлоди қадрдонам бармедоранд

Ва қадри қудрат дармеёбанд… Оре!

Ҳамин хел шуд, ки маҳз ҳамон рўз, баъди пешин, ба Чингизхон хабар доданд, ки алорағми манъи қатъии хон зане дар қофила зойидааст. Падари кўдак маълум нест. Ин хабарро Арасан-хептегул овард. Хептегули рухсорасурху беқарорчашми хастагинопазиру ҳамеша аз ҳама чиз бохабар ин дафъа ҳам аз ҳама пеш дарак ёфт. «Қарзи банда ҳама чизро, тавре ки ҳаст, пешат арз кардан, аълоҳазратам, ҳушдори ҷанобашон аз ин хусус бандаро ба ҳамин водор мекунад», – то ки суханонашро бод набарад, барбабари ҳоқон асп рондаву аз фарбеҳӣ базўр нафас кашида, кўтоҳакак хабар дод ў.

Чингизхон аввал сарфаҳм нарафт ва ба хептегул ҷавобе надод. Ў, ки он лаҳза дар хусуси лавҳаҳои сангини орзўяш меандешид, дарзамон он алами ногаҳонро дарк накард; дер гоҳ пеши худ иқрор намудан ҳам намехост, ки таъсири инчунинеро аз ин хабар интизор набуд. Чингизхон ҳақирона сукут варзида, аз алам гардиши аспашро тезтар кард ва ҳамоно бари домони пўстини сабуки самуриаш, мисли ду боли мурғи рамида, ба ду тараф бод хўрд.  Арасан-хептегул, баробари ў асп давонда, дар ҳолати ногуворе монда буду чӣ кор карданашро намедонист: гоҳе, то ки ҳузураш қаҳри хоқонро наафзояд, лаҷомро мекашиду гоҳе баробараш асп меронд, то ки агар сухане бигўяд, шунида битавонад. Ў сабаби сукути бардавоми ҳокимро ҳеҷ фаҳмидаву дарк карда наметавонист – душвор аст магар ҳамагӣ ду калима – «Қатлаш кунед!»-ро ба забон овардан – ва ҳамоно он занаку ҳаромиашро дар ҷошон қуртакҷаф карда мекуштанд. Чунин густохзанакро ба намад печонда, дамгир кардан даркор, ки дигаронро ибрат бишавад.

Баногаҳ хоқон, ба ақиб нигоҳ накарда, чунон тунду тез гап зад, ки хептегул рўи зин нимхез шуд:

– Барои чӣ то зойидани он қанчиқ касе дамии шикамашро пай набурд? Ё диданду нагуфтанд?

Арасан-хептегул бесарунўг чаро ин хел шудани воқеаро шарҳ доданӣ буд, ки хоқон омирона гапашро бурид:

– Даматро бигир!

Баъди чанд лаҳза базарда пурсид:

– Бешў буданашро фаҳмидем, чикора будааст, ки раҳбараҳ мезойдааст – ошпаз аст, аловмон аст, подабон аст – кӣ аст?

Ва чун фаҳмид, ки халосшуда парчамдўз аст, беҳад ҳайрон шуд, чунки то ҳол боре ба хаёлаш наомада буд, ки касе ба ин кор машғул аст, яъне, парчамҳои зарини ўро мебураду медўзад, ҳамчунон ки фикр накарда буд – касе мўзаҳояшро бахиядўзӣ мекунад ва ё юртаҳои навбанаве месозад, ки умраш зери гунбазашон мегузашт. То ҳол ин майда-чайдаҳо дар хаёлаш намегунҷид. Чаро ҳам худро ба ин фикрҳо гаранг кунад, магар ин байрақҳо, ки чун гулханҳои пешакӣ афрўхта қабл аз ҳузури худаш дар қароргоҳҳо, миёни лашкар, дар набарду базмҳо пайдо мешуданд, бар фарози ўву лашкараш худ ба худ мавҷуд набуданд? Ана, ҳоло ҳам, пеш-пеш, барои ў роҳ кушода, парчамдорон равонанд. Ў ба Ғарб юриш дорад, ки парчамҳои худро он ҷо парафшон кунаду байрақҳои бегонаро зери поҳо афканад. Ҳамин тавр хоҳад шуд… Чизеву касе сари роҳи ўро гирифта наметавонад. Майдатарин сарпечии ҳар кадоме аз ҳамроҳонаш, ки бо ў ба ҷаҳонгирӣ равонанд, фақат марг аст. Ҷазо ба хотири мутеъ кардан – ҳамин аст воситаи тағйирнопазири ҳукми як кас бар ҳамагон.

Вале дар ин маврид натанҳо занаки зардўз, балки боз каси дигаре ҳам аз аҳли корвон ва ё қўшун гунаҳкор аст… Кист он?

Аз ҳамон лаҳза табъи Чингизхон хира шуд. Ин аз чеҳраи беифода, нигоҳи вазнин ва нишасташ рўи зин, ки гўё муқобили шамоли сахт қарор дошта бошад, аён буд. Вале ягон нафари ононе, ки бино бар корҳои таъхирнопазирашон ҷуръати ба ў наздик шудан карда буданд, намедонистанд, ки хиратабъии хоқон начандон аз ифшои  воқеаи густохонаи фармоншикании кадом як дўзандаву маҳбуби номаълумаш, балки бештар аз он аст, ки ин ҳодиса қиссаи тамоман дигареро хотиррасонаш кард; қиссаеро, ки дар дилу ҷонаш нақши талху носутурдании нангине гузошта буд.

Аз нав, хуншор шудаву дилу ҷонашро сўзонда, ҷароҳати замони ҷавониаш ба ёд омад; замоне, ки ў ҳанўз номи аслиаш – Темучинро дошт ва ҳоло касе гумон намекард, ки аз он сағераи бепадар – Темучин Ҳокими Ҷаҳор Сўи Олам мерўяд; он вақт ў худ низ ҳанўз дар хусуси ба ин монанд чизе фикр намекард. Ҳамон айёми дур, дар айни ҷавонӣ вай фоҷиаи нангинеро аз сар гузаронд. Зани ҷавонаш – Бортэро, ки волидони Темучин ҳанўз дар кўдакиаш хостгорӣ карда буданд, дар асалмоҳи хонадориашон, ҳангоми ҳуҷуми қабилаи ҳамсоя – меркитҳо дуздиданд ва то ў, ҳангоми ҳуҷуми навбатӣ, боз ба даст овардаш, ки рўзҳои зиёде сипарӣ шуд, рўзу шабони бешуморе гузаштанд, ки барои ҳисоби аниқашон акнун ҳам, агарчи бо қўшуни бисёрҳазора ба фатҳи Ғарб мерафт, то номи худро дар маснади салтанати ҷаҳонӣ барқарору абадан дастнорас бисозад ва ҳамаро – рўпўшу фаромўш, мадораш намерасид.

Он шаби дур, вақте ки меркитҳои палид, баъди гирудори серўзаи хунин, бетартибона гурехтанд; галаҳову қароргоҳашонро партофта гурехтанд; зери фишори мудҳиши бераҳмона, танҳо барои ҷони ночизашонро раҳо кардан, аз қасос гурехтанд; вақти амалӣ гаштани савганди интиқом, ки нидо мекард:

… Парчами куҳану аз дурҳо аёни худро

Пеш аз юриш дар хуни хасм тар кардаам

Ва нақораи ғулғулафкани хешро,

Ки пўсти барзагов ба рў дорад, ба садо овардаам.

Ба саманди сияҳёли хеш нишастаам,

Ҷавшани бешикаст ба бар кардаам.

Шамшери беамон ба даст бигрифтаам,

Бо меркитҳо то мурдан хоҳам ҷангид…

Мардуми меркитро то кўдаки гаҳвора нобуд

                                                            хоҳам кард

Ва то лонаи чуғз шудани маконашон…

– вақте ки дар он шаби фиғону нола ин савганди мудҳиш пурра ба иҷро расид, ҳамроҳи осемасар гурезандагон, ки таъқиб мешуданд, аробаи рўпўшидае ҳам бошитоб он маконҳоро тарк мегуфт. «Бортэ! Бортэ! Куҷоӣ? Бортэ!» – бо тамоми овоз фарёд мекард Темучин, маъюсона худро ба чор тараф задаву дар ягон ҷояш наёфта ва оқибат, ҳангоме ки ба аробаи рўпўшида расиду одамонаш сарибод аробакашро ба ҷаҳаннам фиристоданд, Бортэ ба фарёдаш ҷавоб дод: «Ман ин ҷоям! Ман – Бортэ!» – ва аз ароба парид, ў низ худро аз асп афканд, ҳарду ба истиқболи ҳам шитофтанду якдигарро миёни пардаи тирагӣ ба канор кашиданд. Ва ҳамон лаҳзае, ки ҳамсари ҷавонашро сиҳату саломат дар оғўшаш дарёфт, чун зарбаи ногаҳоние ба дилаш, бўи ношиносу бегонаи, аз афташ мўйлабҳои сахт дуди тамокуолударо, ки дар гардани гарму нарми ў монда буд, эҳсос кард ва лабони хешро, то хуншор шудан газида, ҷобаҷо карахт шуд. Дар атроф ҳамоно набарду гирудор, зумраеро нест кардани дигарон идома дошт…

Баъд аз он ў дигар ба ҷанг надаромад. Ҳамсари аз асорат раҳондаашро ба ароба шинонда, ақиб гашт. Мекўшид худро нигаҳ дорад, то дарҳол он чизе, ки вуҷудашро сўхт, аз даҳанаш набарояд. Баъд тамоми умр худро хўрд. Мефаҳмид, ки занаш на бо ихтиёри худ ба дасти душманон афтод. Вале ба чӣ қимате зинда монд ў? Як тори мўяш ҳам кам нашуд. Маълум буд, ки дар асорат азобаш надодаанд, азиятдида гуфтан мумкин набуд ўро. Вале баъдан ҳам дар ин бора миёни онҳо гуфтугўи рўирост доир нашуд.

Вақте он меркитҳои камшумор, ки пас аз торумор ба дигар мамолику ҷойҳои дастнорас кўч баста натавониста буданд, дигар хавфе ҳам надоштанд – ё чўпону хизматгор шуда буданд ё ғулом – сабаби қасоси беҳад бераҳмонаи Темучинро, ки аллакай Чингизхон шуда буд, касе намефаҳмид. Ҳамаи меркитҳо, ки гурехтан муяссарашон нашуда буд, аз дами теғ гузаштанд. Ва дигар касе аз онҳо гуфта наметавонист, ки ба Бортэи ў, дар рўзҳои асораташ дар қабилаи меркитҳо, алоқае дошт.

Баъдан Чингизхон боз се зан гирифт, вале чизе дарди зарбаи нахустину мудҳиши қисматро дар дилаш даво карда наметавонист. Ба касе ошкор намесохт, вале ҳамон дард, ҳамон захми хунчакон дар дил зиндагӣ мекард хоқон. Вақте ки Бортэ нахустфарзандаш – Ҷўчиро ба дунё овард, Чингиз-хон аниқ ҳисобукитоб кард, ки писари ў будани кўдак ҳам мумкину писари бегона ҳам. Каси номаълуме густохона ба номуси ў даст зада, умрбод қарорашро рабуда буд.

Ва ҳарчанд он марди номаълуми дигар, ки занаки парчамдўз ҳангоми юриш аз ў таваллуд карда буд, ба хоқон муносибате надошт, хуни ҳоким туғён намуд.

Баъзан як сабаби ночиз ҳам одамро ба ҳолате меорад, ки дар як мижа задан дунё пеши чашмаш чаппаву роста мешавад ва на чуноне менамояд, ки лаҳзае пештар – матлубу маъқул метофт… Маҳз чунин гардише рух дод дар дили хоқони кабир. Атроф ҳамон хеле буд, ки то ин хабар пеши чашм метофт. Пеш-пешаш, савори сиёҳмушкинҳо, дар даст байрақҳои парафшони аждардор, ҳамоно парчамдорон мерафтанд; зери зинаш, чун ҳамеша, йурғааспаш Хуба чорхез мезад; аз ду бару ақибаш, савори самандҳои хушзот, бо эҳтироми тамом аҳли рикобаш роҳ мепаймуд; атроф пур аз посбонони содиқаш – дастаҳои кезегулҳо буд; дар тамоми паҳное, ки ба чашм мерасид, туманҳои муқтадири ҷангиаш ва такягоҳи онҳо – ҳазорон аробаҳо ҳаракат мекарданд. Болои сараш, бар фазои он ҳама сели одамӣ, дар осмон абри сафеди бовафояш, ҳамон абре, ки аз нахустин рўзҳои юриш аз ҳимояти Осмони Воломақомаш шаҳодат медод, шино дошт.

Ҳама чиз чун пештара менамуд, вале чизе дар ин дунё беҷо шудаву тағйир хўрда буд, ки боиси хашми ҳардамафзои хоқон мегардид. Маълум мешавад, касе аз амри ў сар печидааст, нафси белаҷоми шаҳвониашро аз нияти ў боло гузоштааст, дониста зидди фармудаи ў рафтааст! Касе аз сарбозони ў, бештар аз хизмати садоқатмандонаву итоати бечунучарои хоқони хеш заневу нозболини варо хостааст! Кадом як нокиро занаке, амри ўро вайрон карда, ҷуръати зойдан намудааст!.. Дўзанда будааст! – Чӣ, ҷуз ў дигар байрақдўз ёфт намешавад?

Ин фикрҳо, мисли аҷириқу буттазори ваҳшӣ, дар вуҷудаш фаровон мерустанду пеши чашмашро бо пардаи хашм мепўшиданд ва ў, ҳарчанд мефаҳмид, ки ин  ҳодиса аслан кироӣ несту ба он аҳамияти хосае додан намебояд, садои дигаре, ки омиронатару қодиронатар буд, ҷазои сахт, қатли ногўшнавҳоро дар пеши чашми тамоми қўшун ҳарчи бераҳмонатар исрору талаб мекарду фикрҳои дигарро ҳарчи бештар пахшу танг менамуд.

Ҳатто Хуба, ки хоқон он рўз зинашро тарк нагуфта буд, гўё вазни изофаю ҳардамафзое эҳсос кард: йурғааспи хастагинопазире, ки ҳамеша чун тири камон рост ҳаракат менамуд, арақшор шуд; ин ҳол пештар рух намедод.

Чингизхон, хомўшу хашмӣ, роҳ мепаймуд. Бо вуҷуди он ки зоҳиран низоми юришро чизе вайрон намекарду ба ҳаракати он издиҳоми саҳроӣ ҷониби Ғарб ва амалӣ шудани нияти бузурги ў – тасхири дунё халал намерасонд, ҳодисае рух дода: сангаки ноаёну резае аз кўҳи вайронинопазири амру фармони ў канда шуда буд. Ва ин оромаш намегузошт. Раҳораҳ дар ин бора фикр мекард; ин ўро, чун хори таҳи нохун, беқарор менамуд ва, пайваста дар бораи як чиз фикр карда, торафт бештар аз ҳузури муқаррабонаш асабӣ мешуд. Чаро онҳо ўро акнун хабардор кардаанд, акнун, ки занак аллакай зойдааст, пештар куҷо буданд онон, ба куҷо нигоҳ мекарданд, пайбурди як занаки буғўз ин қадар душвор буд магар? Он вақт кор дигар мешуд – саги дайду барин ҳайаш мекарданду халос мешуданд. Акнун чӣ бояд кард? Чун ин ҳодисаро хабараш доданд, ў нойони барои ташреҳ ҳозиршуда – масъули корвонро сахт пурсид: чӣ хел шуд, ки то он дўзандазанак назойиду содиқин гиряи кўдакашро нашуниданд, ин ҳодиса пинҳон монд? Чӣ хел мумкин буд рух додани чунин воқеа? Нойон, забон хоида-забон хоида, ҷавоб дод, ки парчамдўз Догуланг дар ҷои хилвате, дар юртаи алоҳида мезист, бо баҳонаи серкорӣ бо касе алоқа надошт, аробааш ҳам ҷудо буду канизаке ёрмандиаш мекард, чун бо коре пешаш мерафтанд, занакро дар ғарами матоъ, аксаран абрешими парчамбоб, печида дармеёф-танд. Ва гумон мекарданд, ки  азбаски орову тороро нағз мебинад, ин корро ҳам барои зебаш мекунад. Бино бар ин, ҳомила буданашро пай бурдан душвор буд. Падари навзод маълум нест. Дўзандазанакро ҳанўз пурсиш накардаанд. Канизак бошад, мегўяд, ки чизе намедонад. Биёбу бигир…

Чингизхон бо алам аз дил гузаронд, ки ин воқеа сазовори таваҷҷўҳи волои ў нест, вале азбаски манъи зойишро худ муқаррар кардаву сарони қўшун аз тарси ҷон, ҳар рухдодро бетаъхир хабараш медоданд, хоқон беихтиёр гаравгони амри воҷиби хеш гашта буд. Фармони худро вайрон карда наметавонист ў. Аз ин рў, ҷазо ногузир буд…

Қарибиҳои нимашаб Эрдене-юзбошӣ, супоришҳои таъхирнопазирро пеш оварда, гуфт, ки назди нойон меравад, вале ин танҳо баҳонае буд, то аз бошишгоҳ бубарояду худи ҳамон шаб ҳамроҳи маҳбубааш фирор бикунад. Вай ҳанўз намедонист, ки хоқон аз ҳамааш бохабар аст, намедонист, ки ҳамроҳи Догулангу кўдакаш гурехтан муяссараш намешавад.

Аспи эҳтиётиро, чун саги шикорӣ, аз паси саманди хеш бурда, Эрдене-юзбошӣ бошишгоҳҳоро осуда паси сар кард ва, ба қофилае, ки  юртаи Догуланг дар қарибиҳои он буд, наздик шуда, худо мегуфт, ки ба нозирони шабгарди нойон барнахўрад. Нозирони нойон – хиратарину бераҳмтарин дастаҳои посбонон – баногоҳ агар сарбозеро сархуши қимиз ҳам дарёбанд, ҳеҷ таҳаммул намекунанд – ба ҷои асп ба ароба мебанданду  аробакаш қамчинкўбаш мекунад…

Нияти дастаи худро тарк гуфтану рў ба фирор ниҳодан намуда, Эрдене медонист, ки агар дастгираш кунанд, ҷазои олӣ – дар намад печонда, хафакуш кардан ва ё овехтан таҳдидаш дорад. Илоҷи дигар танҳо ба даст наафтодан, ба марзу буми дуру бегона рафтан асту халос.

Имшаб ҳам маҳтобӣ буд. Дар атроф, то дурӣ, бошишгоҳҳову галаҳо ба назар мерасиданд ва ҳама ҷо, пеши гулханҳои хомўшшуда, сарбозон мехобиданд. Дар байни ин қадар одаму ароба касеро ҳам ба куҷо рафтани касе кор набуд. Ба ҳамин умед дошт Эрдене-юзбошӣ ва, агар қисмати носозгор намешуд, ўву Догулангу писаракашонро фирор намудан муяссар мегардид…

Ба бошишгоҳи ҳунармандон наздик шудан баробар, юзбошӣ фаҳмид, ки балое сар задааст. Хез зада, аз зин фуромад ва, лаҷомҳоро таранг ба даст гирифта, дар паноҳи аспҳо карахт шуд. Оре, мусибат рух дода! Дар назди юртаи канорӣ гулхани калоне месўхту атрофро бо алангаи  изтиробангез рўшан мекард. Дар пеши он тақрибан даҳ жасавул, баланд-баланд сўҳбат карда, аспсавор меистоданд. Чанд нафаре, ки пиёда шуда буданд, аспу аробаро қўш мекарданд, ҳамон аробаеро, ки ўву Догуланг имшаб савораш гурехтан мехостанд. Баъд Эрдене дид, ки жасавулҳо Догулангро бо кўдак аз юрта берун карданд. Пўстини савсораш ба тан, ранги рўяш канда ва бепаноҳу ҳаросон, тифлро ба сари синааш зер карда, дар рўшании гулхан меистод ў. Жасавулҳо ким-чиаш мепурсиданд. Ҳар замон дўғу дарангашон ба гўш мерасид: “Ҷавоб бидеҳ! Ҷавоб бидеҳ, мегўям! Фоҳишаи осӣ!” Баъд нолаи Алтун-канизак баланд шуд. Бале, овози ў буд ин, бешубҳа, овози ў. Дод мегуфт, ки “Ман аз куҷо медонам?! Охир, барои чӣ маро мезанед? Чӣ медонам, аз кӣ таваллуд кардааст ў? Охир, ана дар ҳамин ҷо, ҳамин ҳозир нашудааст-ку ин кор! Кўдакро, худатон мебинед, нав зойдааст, лекин, наход нафаҳмед, ки ин воқеа нўҳ моҳ пеш рух додааст! Пас ман аз куҷо медонам, ки ў кай ва бо кӣ он корро кардааст? Чӣ маро мезанед, охир!? Вай бечораҳакро чӣ метарсонед, охир, кўдаки навзод дорад ў! Магар дар хизмати шумо набуд ў ва байрақҳои ҷангиеро, ки зерашон ба юриш меравед, оро намедод? Пас барои чӣ нобудаш мекунед, барои чӣ?”

Бечора Алтун, чун майсаяки зери суми асп, чӣ кор ҳам карда метавонист, дар сурате, ки Эрдене-юзбошӣ ҷуръати худро нишон додан надошт. Муқобили даҳ жасавули мусаллаҳ аз дасти ў чӣ ҳам меояд, ҷуз мурдану як ё ду нафарашро бо худ бурдан? Вале чӣ суд аз ин? Гала-гала зўранд ин жасавулҳо. Фурсат мепоянд, ки ҳамакаса дарафтанду азият бидиҳанду хун бирезанд!

Эрдене-юзбошӣ дид, ки жасавулҳо Догулангу кўдакро ба ароба шинонданд, Алтун-канизакро ҳам бор карданд ва дар торикӣ куҷое бурданд.

Ва бо ҳамин хапу хомўш шуд ҳама ҷову истгоҳ холӣ монд.

Танҳо акнун аз ким-куҷои қароргоҳ ак-аки сагону шиҳаи аспон ва садоҳои номафҳуме шунида мешуданд.

Гулхани назди юртаи Догуланги зардўз кўрдуд мекард. Ахтарони дурахшон, ин ҳама ҷонканиву гирудори одамиро хомўшона фурў бурда, чунон бетафовут ба фазои тиҳӣ менигаристанд, ки гўё ногузир буд рух додани ин воқеа…

Эрдене-юзбошӣ, чун дар хобу хаёл қадам ниҳода, бо панҷаҳои дарзамон карахту сардгаштааш лаҷоми аспи зиёдатиро даст-даст кард ва, бе эҳсоси ҳаракоти хеш, онро бароварда, ба таҳи пои асп партофт. Оҳани лаҷом хираяк садое дод. Эрдене нафастангӣ эҳсос намуд, ҳаво гирифтанаш торафт вазнинтар мешуд. Бо вуҷуди ин, қуввате дар хеш дарёфта, ба пушти асп тап-тап зад. Дигар даркор набуд он асп, озод буд он акнуну зарурате надошт, бино бар ин, сарҳўёна чорхез зада, ба галаи наздиктарин пайваст. Эрдене-юзбошӣ бехудона қадам мезаду намедонист куҷо меравад ва барои чӣ меравад. Аз ақиб оҳиставу бесадо пешониқашқааш Оқжулдуз – аспи бовафои ҷангиаш қадам мезад, аспе, ки ба сад набардаш бурда буд, вале натавонист савори он аробаи зани дўстдоштаву тифли навзодашро раҳнамоӣ кунаду аз қисмати бад бигурезонад.

Эрдене, чун нобино, таваккалбахудо қадам мезаду ашки шашқатораш бар ришаш мешорид ва нури сарди моҳ рўи китфони хамидаву ларзонаш ҳаракат мекард… Сар-сарӣ мегашт ў чун дарандаи танҳои аз гала рондаву дар дунёи бекарон ба ҳоли худ монда, ки битавонад, мезияду натавонад, мемирад. Роҳи дигар надорад ў… Чӣ кор бикунад, сарашро ба куҷо бизанад? Ғайр аз мурдан, корде ба сари сина, ба дили беамон нолони хеш задану худро ҳалок намудан ва бо ҳамин дарди сўзони онро таскин бахшидану қатъ кардан ва ё несту нобуд шудан, бебозгашт гурехтану абадӣ дар ягон гўр нопадид гардидан илоҷе нест ўро…

Юзбошӣ, худро ба рўи хок афканда, беовоз фиғон кашид, ба шикам хазида, бо нохун сангҳоро харошид, вале дили хок нарм нашуд, пас ў сари зону хест ва даст ба корди бари миёнаш бурд…

Дашт хомўшу тиҳӣ ва фазояш ситоразор буд. Танҳо як аспи вафодораш Оқжулдуз зери нури маҳтоб, хур-хур садо карда, пуртоқатона амри соҳибашро интизорӣ мекашид…

 

Он субҳ, қабл аз раҳакӣ шудан, нақорачиён, ки пешакӣ дар пуштае ҷамъашон карда буданд, бо садои хеш қўшунро ба гирдиҳамоӣ даъват намуданд. Добулбасҳо, бонги изтиробангези шадиду ҳардамафзое бароварда, дергоҳ хомўш нашуданд. Нақораҳо, нақораҳои пўсти барзагов, чун дарандаи бадомафтода, дурудароз ғурида, издиҳомро ба қатли зинокорзани парчамдўз, ки кам касон Догуланг ном доштанашро медонистанд, – зане, ки дар юриш кўдак зодааст, – мехонданд.

Ва зери ғулғулаи афсунгари нақораҳо, сад паи сад, пуштаро нимиҳота карда, саф кашиданд дастаҳои чун дар намоишҳо саропо мусаллаҳ; дар ду тараф бошад, аробаҳои пури бору банд ва ашхоси ёвар, ҳунармандони мухталифи юриш – юртасозҳо, аслиҳасозон, сарроҷон, дўзандаҳо – занону мардоне ҷой гирифтанд, ки ҳама ҷавон ва дар айни борварӣ буданд. Барои тарсондану панд додани онҳо барпо мешуд ин қатли ибратбахш. Яъне, ҳар касе, ки ҷуръати вайрон намудани амри хоқон бикунад, аз умр бенасиб хоҳад гашт!

Добулбасҳо, хунро дар рагҳо сард намуда, ҳамоно рўи пушта ғулғула доштанд. Ин садо вуҷудҳоро аз тарс карахт мекарду ба амале, ки бо райъи Чингизхон сурат мегирифт, розӣ ва, беш аз ин, ҳамдил мегардонд.

Инак, зери бонги мунтазами добулбасҳо, рўи тахти равони зарин худи хоқон, ки қатли осизани махуф – осизанеро, ки аз кӣ зойданашро ҳеҷ ошкор накард – ороста буд, ба пушта боло шуд. Тахти равонро рўи пуштаи хазонранг, миёни парчамҳои аз нурҳои нахустини офтоб дурахшону аз шамоли дашт парафшон фуроварданд. Рамзи хоқон буд аждаҳорҳои оташнафаси бо тамоми қувват паррони парчамҳо, вале ў, хоқон, гумоне ҳам надошт, ки дўзандаашон варо не, дигареро таҷассум кардааст. Дигареро, ки аждаҳори чобуку ҷасури хилватгаҳи оғўшаш буд. Ва касе аз ҳозирин пай ҳам намебурд, ки акнун маҳз барои ҳамин сарашро ба бод медиҳад.

Он лаҳза торафт наздиктар мешуд. Нақораҳо батадриҷ садояшонро паст мекарданд, то пеш аз қатл батамом сукут биварзанду хомўшии гаронеро, ки дар интизории мудҳишаш вақт беҳудуду бекарону беҳаракат мешавад, шиддат бубахшанд ва баъд, боз баланду бадхашмона ғулғула афканда, лаҳзаи қатъи зиндагиро бо садои ваҳшатбори хеш пур бисозанду дар вуҷуди махмури ҳар яке аз шоҳидон эҳсоси қасду кина ва шодмонии ниҳониеро барангезанд, ки маҳкуми қатли дор ў не, дигарест.

Садои нақораҳо фурў менишаст. Ҳозирон саропо ҳушу гўш ва аспон зери зинҳо шах шуданд. Чеҳраи Чингизхон ҳам ҷиддиву беифода буд. Аз лабони сахт ба ҳам фишурдаву нигоҳи бефосилаи сарди чашмони тангаш гўё заҳр меборид.

Баробари аз юртаи ба қатлгоҳ наздиктарин берун кардани Догуланги парчамдўз нақораҳо аз забон монданд. Жасавулҳои говзўр, аз таҳи каши занак гирифта, ба аробаи дуаспа телааш доданд. Дар рўи ароба ўро аз ақиб жасавули гирифтачеҳраи ҷавоне дошта меистод.

Ашхоси сафҳо, махсусан, занон, ба ғур-ғур даромаданд: “Ана, он дўзандазанак! Зинокор! Бешў зойдааст! Ба ин ҷавонию ҳусну ҷамол зани дуюм ё сеюми нойоне шуда метавонист, охир! Нойони пиреро меёфт-ку, ҳузур мекарду рўзи камиро намедид. Вале, инро бинед, ки ошиқбозӣ кардаву зойдааст, беҳаё! Ба рўи хоқон туф мекард, беҳтар буд! Акнун бигзор ҷазояшро бубинад. Бигзор дар кўҳаи шутур дораш бикашанд! Давидани гўсола – то каҳдон, хушрўча!” Ин маҳкамаи пичир-пичирҳо идомаи ғулғулаи бадхашмонаи добулбасҳо буд. Барои ҳамин ҳам чунин баисрору ғуррон ғулғула меандохтанд нақораҳои барзаговинапўш, ки майнаҳоро гиҷ кунанду нисбати оне, ки сабабгори хашми хоқон шудааст, адоват барангезанд.

– Бубинед, канизаку кўдакро бубинед! – шодона дод мезаданд занони корвон.

Ҳақиқатан ҳам, Алтун-канизак буд, ки навзоди куҳнапечро бардошта меомад. Пеш-пеши жасавули бадвоҳимае, дар худ фурў рафтаву ҳаросон ба чор тараф нигариста, Алтун бар-бари ароба қадам мезаду бо бори сари дасташ гўё ҷинояткории дўзандаи маҳкуми маргро тасдиқ мекард.

Бад-ин сурат онҳоро барои тамошои даҳшатноки арафаи қатл мебурданд. Догуланг мефаҳмид, ки акнун чизи дигареро чашм доштан имконнопазир аст, дигар на мебахшанду на авфаш мекунанд.

Дар юрта, пеш аз он ки ба шармсоркунӣ бароран-даш, кўдакро бори охир сина дода буд ў. Тифлаки бадбахти бехабар аз дунё, зери садоҳои батадриҷ фурўнишини нақораҳо, ғанаб карда буду бо ҷидду ҷаҳд пистон мемакид. Алтун-канизак ҳамроҳашон буд. Дарун-дарун гириста, бо кафи даст даҳонашро мепўшид, ки фиғон накашад. Ҳамон лаҳзаҳо муяссарашон шуд, ки чанд ҳарфе радду бадал кунанд.

– Вай куҷост? – Ҳарчанд медонист, ки Алтун ҳам аз ин бобат хабаре надорад, оҳиста пичиррос зад Догуланг, бошитоб синаи дигарашро ба даҳони кўдак монда.

– Намедонам, – гирякунон ҷавоб дод Алтун, – ба фикрам, аз ин ҷоҳо дур.

– Кошки! Кошки! – Тавалло намуд Догуланг.

Канизак дар ҷавоб баалам сар ҷунбонд. Онҳо ҳарду дар бораи як чиз меандешиданд – кош Эрдене-юзбошӣ битавонад, ки пинҳон бишавад, дуртар бираваду аз чашм нопадид бигардад.

Аз пушти юрта садои помонӣ, пас овозҳо ба гўш расиданд:

– Бикаш, буброршон акнун!

Занаки зардўз, охирин бор кўдакро  ба сари синааш зер карда, бо ҳасрат бўи ширинашро фурў бурду пас бо дастони ларзон ба канизакаш дод.

– То зинда аст, нигоҳаш кун…

– Беташвиш бош! – Алтунро ашк гулўгир шуд ва ў, дигар худро нигоҳ дошта натавониста, сахту навме-дона фиғон кашид.

Ҳамон замон жасавулҳо расиданду берунашон кашиданд.

Офтоб баланд шуда, рўи уфуқ меистод. Дар паси издиҳоми қўшуну аробаҳо, ки омода буданд баъди қатли занаки зардўз роҳи юришро идома бидиҳанд, ба чаҳор тараф дашти ҳамвору беҳудуди Сарой  тўл кашида буд. Сари яке аз пуштаҳои он равонтахти зарини хоқон медурахшид. Ҳангоми аз юрта баромадан Догуланг бо гўшаи чашм онро дид, ки рўяш хоқони Худосон дастнорас менишасту дар атрофаш байрақҳои аждаҳори оташнафасдори худаш дўхта аз насими дашт парафшон буданд.

Аз зери чодари тахти равони сари пушта Чингизхон ҳама чиз – ҳам дашту қўшун ва ҳам мардуми корвонро ба хубӣ медид, дар боло бошад, чун ҳамеша, тори сараш абраки сафеди бовафо шино дошт. Қатли зардўз он субҳ юришро ба таъхир меандохт. Вале анҷоми як кор зарур буд, ки идомаи дигаре имконпазир бошад. Ин қатл дар ҳузури ў аввалину охирин набуд – ҳар гуна саркашиҳо маҳз ҳамин хел ҷазо дода мешуданд ва хоқон ҳар даъфа аз нав имон меовард, ки барои ба тартиботи ягонаи муқарраркардаи ҳоким итоат намудани мардум қатли кушод зарур аст, зеро ҳам ҳарос ва ҳам шодмонии разилона, ки марги иҷборӣ на ба сари худашон омадааст, одамонро маҷбур мекунад ҷазои мудҳишро чун сазои лозим бипазиранд ва амали ҳокимиятро натанҳо маъзур бидоранд, балки маъқул ҳам бидонанд.

Ин даъфа ҳам, чун дўзандазанакро аз юрта бароварданду барои сайри шармандавор ба ароба савор карданд, одамон чун занбўрҳо шўр бардоштанду беқарор гаштанд. Вале мушаке дар чеҳраи Чингизхон беҷо нашуд. Ў ҳамоно зери чодари тахти равон, дар ҳалқаи парчамҳои парафшону кезегулҳои ҳайкалсон карахти байрақбардор менишаст. Мақсад аз қатли мазкур маҳз ҳамин буд – бигзор ҳамаро сабақ бишавад, ки дар роҳи юриш монеаи ночизтарин ҳам норавост. Ботинан Хоқон мефаҳмид, ки дар нисбати ин зани ҷавон, ин модар чунин ҷазои бераҳмонаро раво надиданаш ҳам мумкин буд, метавонист ўро бубахшад, вале дар ин амал маъние дарнамеёфт: олиҳимматӣ оқибати хуб надорад – ҳокимият суст мешаваду мардум – густох. Не, ў пушаймон нест, ягона боиси норозигиаш ҳамин аст, ки маъшуқи дўзандазанакро ошкор кардан муяссар нашуд.

Худи он дўзандазанаки маҳкуми дор, гиребончоку мўпарешон, савори ароба, аллакай аз назди сафҳои қўшуну корвон равон аст ва мўҳои сиёҳи анбўҳаш, ки аз нури офтоби субҳ чун ангишти муҷалло медурахшанд, рўи камхуну рангкандаашро пўшонда-анд. Вале сарашро паст намегирифт Догуланг ва бо нигоҳи тиҳиву ҳасратбор ба атроф менигарист – дигар чизи пинҳон мекардагӣ надорад ў. Ҳо-о, ана, он зан, ки мардеро беш аз ҷонаш дўст доштааст ва, ана, тифли мамнўъи ў, ки аз ин ишқ тавлид шуда!

Лекин одамон беш аз ин донистан мехостанду дод  мезаданд:

– Э байтал, куҷост айғират? Кист ў?

Ва, аз эҳсоси бешууронаи айб худ ба худ ба ваҷд омадаву хашмитар шуда, фарёд мезад издиҳом, ки хешро зудтар аз ин гуноҳи қабеҳ вораҳонад:

– Биовезед қанчиқро! Зуд биовезед! Дер кардан чӣ лозим?

Созандагони маросими қатл шояд умед доштанд, ки  тўдаи беш аз пеш хашмӣ рўҳи зардўзро шикаста метавонад. Нойони наровозу ҳангомахоҳе, ки ба хотири хоқон ба ҳама кор омода буд, аз иҳотаи хон ҷудо шуда, сўи он саҳнаи дилфишор – аробае, ки зардўзи маҳкумро мебурд ва канизаки тифл сари даст бар-бари он равон – асп тозонд.

– Биистед канӣ! – Аз роҳ боздошт онҳоро ва, ба сафи саворон рў оварда, дод зад: – Гўш кунед ҳама! Ин беҳаё бояд аз кӣ зойданашро бигўяд! Бигўяд, ки бо кӣ алоқа доштааст! Ку, бигў, падари кўдакат дар байни ҳамин мардон аст?

Догуланг ҷавоби рад дод. Ғулғулае сафҳоро фаро гирифт.

Ароба аз назди дастае пеши дигараш мерафту юзбошиҳо садо мекарданд:

– Дар дастаи ман нест! Шояд дар дастаи туст он чаққон?

Ҳамзамон он наровоз баисрор аз занаки зардўз талаб мекард, ки падари навзодашро нишон бидиҳад.

Ана, боз аробаро рўбарўи дастае нигоҳ доштанд ва боз ҳамон савол садо дод:

– Нишон бидеҳ, ҷалаб, аз кӣ зойдӣ?

Маҳз дар ҳамин саф, дар сари ҳамин даста буд Эрдене-юзбошӣ, савори Оқжулдузи пешониқашқааш. Нигоҳҳои Догулангу ў ба ҳам бархўрданд. Вале дар он ғулғулаву бесомонӣ касе диққат надод, ки ба чӣ душворие нигоҳҳояшонро аз ҳам барканданд онон, чӣ хел, мўҳои парешонашро аз пешонӣ дур карда, як қад парид Догуланг, чӣ гуна чеҳрааш лаҳзае шўълавар гашту ҳамоно хомўш монд. Танҳо як Эрдене тасаввур карда метавонист, ки ин як лаҳзаяки дидор барои Догуланг чӣ қимате дораду дар дилаш чӣ шодиву ҳасрате барангехтааст. Дар ҷавоби нойони наровоз Догуланг, ҳушёр шудаву худро ба даст гирифта, боз қатъӣ ҷавоб дод:

– Не, ин ҷо нест падари кўдаки ман!

Боз ҳам касе диққат надод, ки Эрдене-юзбошӣ якбора сар ба замин афканд ва ҳамоно бо як зўре худро ором вонамуд.

Се ҷаллод аллакай тайёр буданд. Онон, ки хилъатҳои сиёҳи остинҳояшон барзада ба тан доштанд, шутури дукўҳонаеро ба мобайн бароварданд. Шутур чунон калон буд, ки сари аспсаворон ҳамагӣ ба миёнаи шикамаш мерасид. Бино бар набудани чўб, кўчманчиён дар даштҳои кушод аз замони қадим чунин тарзи қатлро ба кор мебурданд – маҳкумшудагонро аз ду тараф дар кўҳони шутур меовехтанд ва агар муҷрим як нафар бошад, халтаи пур аз рег ба сифати ҳамтарозуяш хизмат мекард. Ҳамтарозуе  чунин барои Догуланги зардўз низ омода буд.

Ҷаллодон, бо дўғу даранг ва зарбаҳои чўб, уштури пурхашмона ғурронро маҷбур карданд, ки поҳои дарози барҷастаустухонашро зери худ ғундошта, ба замин бихобад. Дор тайёр шуд.

Нақораҳо боз батадриҷ ба хурўш даромаданд, то ки дар лаҳзаи зарур якбора ғулғула ангезанду дилу майнаҳоро карахту гаранг кунанд.

Нойони наровоз, аз афташ ин даъфа барои дилхушӣ, боз ба зардўз рў овард:

– Охирин бор мепурсамат. Ту, фоҳишаи беақл, аздусар мемурӣ, ҳаромиат ҳам зинда намемонад! Чӣ хел бифаҳмем, охир, наход надонӣ, ки аз кӣ буғўз шудаӣ. Шояд, боз камтар зўр зада, ба ёд меорӣ?

–  Ким-кай, аз ин ҷоҳо дур рўй дода буд ин воқеа, – посух дод зардўз.

Ҳар-ҳари мардону чирроси занон фазои даштро пур кард.

Нойон бошад, ҳеҷ таскин намеёфт:

– Пас, дар бозор ҷўр шудед?

– Ҳов, дар бозор! – Барқасдона гуфт Догуланг.

– Савдогар буд ё овора? Балки дузди бозор буд, ҳа?

– Савдогар буд, овора буд, дузди бозор буд – намедонам, – такрор кард ўро Догуланг.

Боз ҳар-ҳару чиррос ба фазо печид.

– Фарқаш чӣ барои ин, ки савдогар аст, овора аст ё дузди бозор, муҳимаш – он кор!

Ҳамин вақт, ғайричашмдошт, аз сафи сарбозон садое баромад – касе буррову баланд дод зад:

– Манам падари кўдак! Бисёр донистан бихоҳед, манам!

Ҳама якбора хомўшу карахт шуданд – кист ин? Кист, ки дар лаҳзаи охирин ба фарёди марг ҷавоб дод, дар лаҳзае, ки рози ошкорнакардаи зардўзро абадӣ бо хеш мебурд?

Ва, чун аспи пешониқашқаашро маҳмез занонда, Эрдене-юзбошӣ аз қатор баромад, ҳама моту мабҳут шуданд. Ў, Оқжулдузро боздошта, ба тўдаи мардум рў оварду баланд такрор кард:

– Бале, ман! Ин писари ман аст! Номаш – Қунан! Модари писарам – Догуланг! Худам – Эрдене-юзбошӣ!

Ин суханонро гуфту пеши назари ҳама ҷаҳида аз асп фуромад, даст дароз карда, ба гардани Оқжулдуз тап-тап зад, ки асп тўрид. Юзбошӣ, раҳораҳ силоҳу ҷиҳозашро аз тан раҳо кардаву ба ҳар тараф афканда, сўи зардўз, ки ҷаллодон аллакай дастонашро медоштанд, равон шуд. Ў мерафту ҳама медиданд, ки одаме бепарво ба истиқболи марг қадам мезанад. Ба маҳбубааш, ки омодаи қатлаш карда буданд, расида, Эрдене-юзбошӣ, ба зону зад ва ўро оғўш кард, зан даст бар сари вай ниҳод ва ҳарду пешорўи марг, боз ба ҳам пайваста, сокит монданд.

Ҳамон замон бонги добулбасҳо баланд шуд. Онҳо чун подаи бесаранҷоми барзаговон, бо тамоми овоз ғуррида, ғулғула андохтанд. Ғурришашон итоати умум ва шиддати ҳаяҷони ҳамагонро дармехост. Ва ҳама якбора ба худ омаданду ба ҳолати қаблӣ баргаштанд ва амру фармонҳо баланд шуд, ки ҳамаро ба омодагиву идомаи юриш вомедоштанд. Нақораҳо нидо мекарданд: ҳар кас бояд чун ҳамагон бошад, ҳамагон бояд қарзи хешро адо бикунанд!

 Ҳамоно ҷаллодон ба кори худ сар карданд. Боз се жасавул ба кўмаки ишон шитофтанд. Онҳо юзбоширо ба замин афканда, зуд дастҳояшро ба пушт бастанд, зардўзро низ ба ҳамин ҳол оварданд ва ҳардуро кашолакунон пеши шутури хобида бурданд; бошитоб банд партофта, як ҳалқаашро ба гардани юзбошӣ андохтанду дигарашро, аз болои кўҳони шутур гузаронда, ба гардани зардўз ва ношикебо, зери ғурроси якнавохти нақораҳо, ба хезондани шутур пардохтанд. Шутур бархостан намехосту муқобилат мекард, дод мезаду дандон-ҳояшро шараққас занонда, газиданӣ мешуд. Вале зарбаҳои беамони чўбҳо маҷбураш карданд, ки қомати беназирашро  рост кунад ва лаҳзае пас, аз ду тарафи шутури дукўҳона, пайванди ҳам ҷасадҳои ду нафаре, ки дар ҳақиқат ҳамдигарро то гўр дўст дошта буданд, овезон шуд.

Дар тўпаланги нақораҳо на ҳама аз сари пушта ғайб задани равонтахти хоқонро пай бурданд. Хоқон хушҳолона қатлгоҳро тарк мегуфт: ҷазодиҳӣ мувофиқи мақсад, беш аз интизораш сурат гирифт – оқибат оне, ки зардўзро ром кардаву дилхушиҳои таҳи кўрпаро аз ҳама чиз боло гузошта буд, маълум шуд, охир; пеши назари ҳамагон ҷазои сазовор гирифт ва шояд ин талофии гуноҳи он шахси охири кор номаълуммондае буд, ки Бортэи ў замоне оғўшашро дидаву нахуст-фарзанде таваллуд кард, ки ботинан хоқон ҳеҷ дўсташ намедошт…

Нақораҳо, ҳамоно мудҳишу шадид ғулғула афкан-да, ба гардиши шутур, ки ҷасадҳои овезони дилдода-гонро мебурд, ҷўр мешуданд. Дилдодагонеро, ки ду ҳалқаи як дори рўи кўҳони шутуреро ба ҳам дида буданд. Юзбошиву зардўз беҷон дар ду тарафи ҷонвари боркаш алвонҷ мехўрданд. Қурбоние буданд онҳо дар пояи тахти хунини ҳокими ояндаи дунё.

Добулбасҳо ҳамоно, ҳамаро талхакафу карахт намуда, садо мекарданд. Ва ҳар як кас он рўз бо чашмони худ медид, ки хилофи раъйи хоқони бемайлон сўи мақсади хеш раҳсипор рафтан ба сараш чӣ меорад…

Жасавулони ҷаллод, дори мутаҳаррикашонро пеш андохта, бовиқор аз назди қўшуну корвон гузаштанд. Ва то ҷасадҳоро дар чуқурии қаблан кандаашон гўр кардани онҳо добулбасҳо хомўш нашуданду нақора-чиҳо, арақшор гашта, ғулғула афканданд.

Дар ин миён қўшун ба роҳ баромад ва издиҳоми саҳроии Чингизхон боз сўи Ғарб ҳаракат намуд. Дастаҳои саворон, аробаҳо, галаҳо, устохонаҳои сайёр – ҳама аҳли юриш, ҳарчи тезтар қадам зада, мавзеи манфури дашти Саройро бошитоб тарк мегуфтанд. Бетаъхир рафтанд ҳама ва дар он ҷои матрук як вуҷуди зору танҳо – Алтуни тифл сари даст монд, ки намедонист сарашро ба куҷо бизанаду ҷуръате надошт аз худ дарак бидиҳад. Ҳама баногоҳ ўро аз ёд бурданд, гўё аз ҳанўз зинда буданаш ор карда, таркаш намуданд; ҳама чунин вонамуд мекарданд, ки намебинандаш, ҳама, чун ҳангоми сўхтор, мегурехтанду касеро фурсати пайхас кардани ў набуд.

Дере нагузашта, атроф сокит шуд, дигар на добулбасе монду на нидое ва на парчаме… Танҳо паи суми аспону роҳи пури пору, ки самти юришро нишон медод – нақши кўре дар дашти Сарой – ба чашм мерасиду бас…

Матруки ҳамагон – Алтуни зорро гўшҳо аз танҳоӣ садо медод, ў беҳолона аз назди  гулханҳои дўшин сарқути нимсўхтаву афканда ғун мекарду устухонҳои нимхоидаро дар халтае ҷамъ меовард. Миёни он ҳама пўстаки афкандае ҳам ёфту сари китф партофт, то шаб болини худу кўдак бикунад, кўдаке, ки бе ихтиёри хеш модараш шуда буд…

Ҳақиқатан, Алтун намедонист чӣ кор кунад, кадом сў биравад, дар куҷо сарпаноҳе ҷўяду тифлакро чӣ хел сер кунад. То шиштани офтоб ба мўъҷизае умед дошт, ки баногоҳ бахташ механдаду ягон юртаи бесоҳиби чўпонӣ – сарпаноҳе дар ин дашт – дучораш меояд. Ҳамин хел гумонҳо мекарду худро умедвор  менамуд ўи канизак, ки баногоҳ ҳам озодӣ ба даст оварда буду ҳам – аз қисмат дўшборе, ки аз хаёлаш меҳаросид. Охир, навзод ҳамин замон гушна мемонаду шир мехоҳад ва пеши чашмони ў аз гушнагӣ мемирад. Аз ҳамин меҳаросид ў. Ва илоҷу чорае надошт.

Чораи ягонаву аз эҳтимол  дуре, ки Алтун умед мебаст, дарёфтани одамон буд дар ин биёбони беодам ва, агар дар миёнашон ширдеҳ модаре бошад, кўдакро пеши ў бурдану худро ихтиёрӣ ба канизии  онҳо супурдан…

Таваккалан гоҳ сўи офтоббаро рафтаву гоҳ сўи офтобшин, зору ҳайрон мегашт занак дар он дашт… Кўдак сари даст бетанаффус мерафту мерафт. Қариби пешин буд, ки тифлак, торафт беқарор шуда, ба ҳиқ-ҳиқ даромад ва, гиря карда, сина хост… Занак, парпечакҳояшро ба тартиб овардаю раҳораҳ “ҷонам-шерам”-аш карда, рафтан гирифт. Вале, дере нагузашта, кўдак сахттар ба гиря даромад ва, дигар ором нашуда, то кабуд гаштан гирист; он гоҳ Алтун, аз роҳ бозистода, фарёд зад:

– Ёрӣ кунед! Ёрӣ кунед, охир, чӣ кор кунам ман?!

Дар тамоми он дашти бекарон на дуде ба назар мерасиду на шўълае. Дар он паҳнои беодам чизе ҳам набуд, ки нигоҳ бар он бархўрад… Дашт бекарон буду осмон бекарон ва танҳо  абраки сафеде оромона болои сар гирд мегашт…

Кўдак, печутоб хўрда, гиря мекард. Алтун ба зораву нола даромад:

– Чӣ мехоҳӣ, охир, аз ман, э тифлаки сарсахт!? Нав чоррўза шудаӣ, охир! Бадбахт ба ин дунё омадӣ, бадбахт… Чӣ хел серат кунам, охир, чӣ хел? Намебинӣ, ки дар атроф ҷонзоде нест! Дар ҳама дунё танҳоем мои бадбахт, танҳо абраки сафеде дар осмон метобаду бас, мурғаке ҳам намепарад, як абраки сафед тоб мехўраду тоб… Куҷо биравем ману ту? Чӣ хел туро сер кунам ман? Ману туро тарк карданд ҳама, партофта рафтанд, падару модаратро овехтанду гўронданд. Охир, чаро ҷанг мехоҳанд одамон, чаро бо байрақу нақораҳо зидди ҳам мераванд, туи навзодро бадбахт карда, чӣ мехоҳанд онон?!

 Ва боз, кўдаки гирён дар сари сина, дар дашт ба давутоз даромад ў; медавиду меандешид, ки бояд наистад, қарор нагирад, ки аз доғу дард зиндабазинда пора-пора мешавад… Лекин навзод инро намефаҳмид, аз гиря гулўгир шуда, ҳақи худро талаб мекард, шири гарми модар мехост. Алтун навмедона сари санге нишаст, гирёну хашмӣ гиребони куртаашро дарид ва синаҳаки пажмурдаи даҳони кўдак надидаашро ба лабони ў монд:

– Маҳ, бигир, маҳ! Бовар кун! Шир дошта бошам, наход надиҳамат, охир, ятимаки бадбахт! Маҳ, бубин, шояд боварат биёяду дигар ҷонбезорам накунӣ! Чӣ мегўям ман! Ба кӣ мегўям! Пистони хушкидаву гапҳои бефоидаи ман ба ту чӣ даркор! Чӣ ҷазо буд, ки додиам, эй Осмон!

Кўдак, пистонро гирифтан замон, ором шуд. Бо тамоми вуҷуд ба он неъмати дилхоҳ часпида, бо забону дандонҷояш мемакид ва чашмакони аз хурсандӣ дурахшонашро гоҳ мекушоду гоҳ мепўшид.

– Хайр, чӣ хел? – безардаву хастаҳол ширмакро надомат кард зан. – Бовар кардӣ акнун? Бовар кардӣ, ки бефоида мемакӣ? Ҳозир ту аз пештара ҳам сахттар ба гиря медароӣ. Он вақт ман сарамро ба куҷо мезанам дар ин дашти лаъин? Гумон мекунӣ, фиребат додаам, наход туро фиреб диҳам ман? Тамоми умр канизам, лекин касеро фиреб надодаам; модарам дар кўдакиам мегуфт, ки дар мо, хитоиҳо, касе касеро намефиребад. Майлат, камтар ором шав, ҳақиқати талхро ҳозир худат мефаҳмӣ…

Ҳамин хел суханон мегуфту мегуфт Алтун-канизак, худро ба қисмати ногузир омода карда, вале ногоҳ дар тааҷҷуб монд, ки ширмак аз пистони пуч ҳеҷ дил канданӣ набуду баръакс, дар чеҳраякаш нури ҳаловат медурахшид…

Алтун боэҳтиёт сари синаашро аз даҳани тифл гирифту ҳамоно оҳиста фарёд зад – аз пистонаш ҷўяи шир равон буд. Моту мабҳут гашта, синаашро ба даҳани тифл монду лаҳзае пас берун овард ва боз дид, ки ҳамоно шир мешорад. Шир кардааст ў! Эҳсос намуд зан, ки қувваи ноаёне ба тамоми вуҷудаш ҷорӣ мешавад.

– Худоё! – Беихтиёр нидо кард Алтун-канизак. – Пистонам шир кардааст! Шири ҳақиқӣ! Мешунавӣ, майдаҳаки ман, модарат хоҳам буд ман! Акнун ту ҳалок намешавӣ! Осмон ба додамон расид, ҷигаргўшаи манӣ ту акнун! Номат Қунан аст, чунин номида будандат волидон, падару модарат, ки ба якдигар дил доданд, то туро ба дунё биёранду дар ин роҳ бимиранд! Шукри оне бикун, эй тифл, ки ин муъҷиза – шири маро барои ту падид овардааст…

Алтун, моту мабҳути ин воқеа, сукут кард. Саропояш таспиду дар пешониаш қатраҳои арақ пайдо шуд. Ба чор сўи он паҳнои бекарон нигариста, касеву чизе надид ў, фақат офтоб шўълапошӣ мекарду абраки сафеди танҳое болои сарашон чарх мезад.

Тифлак, сер шуда, боз хоб рафт; ҷисмакаш рўи дастони нимқати зан, бо эътимоди том осуду нафасгириаш мунтазам шуд ва зан, ҳамаи он чизеро, ки аз сараш гузашта буд, фаромўш кардаву бонги мудҳиши добулбасҳоро, ки ҳанўз дар гўшҳояш садо медод, бартараф намуда, ғарқи эҳсоси ширини  то кунун ноошнои модарӣ гардид ва дар он эҳсос ваҳдати файзбори замину осмону пистони саршори шири ҷонбахшро дарёфт…

Дар ин миён юриш давом дошт… Издиҳоми бузурги фотеҳи дунё бо ҷараёни муқарраршуда ҷониби Ғарб мерафту мерафт. Дашт аз қўшуну корвон ва галаву подаҳо сиёҳӣ мекард…

Чингизхон, савори саманди бебадалу хастагинопазири ҳамчун сарнавишт дилфиреб – ёлсафеду думсиёҳаш, дар иҳотаи посбонону аҳли рикоб, аз паси байрақҳои парафшон, ки аз коми аждаҳорҳои қоҳирашон шўълаҳо бармеҷаст, ҳаракат дошт. Замин, зери суми оҳанини самандҳо ғуввас зада, ақиб шино мекард; қафо медавиду кам намешуд, балки, бо фазоҳои нав ба наваш мунтазам то ба уфуқи дастнорас тўл кашида, торафт меафзуд. Охир надошт он, ки надошт. Ва хоқон, ки дар нисбати бекарониву шаҳомати замин зарраяке беш набуд, ҳамаи ин аёну ниҳонро зери даст оварда, Ҳокими Чаҳор Сўи Оламаш эътироф кардани ҳамагонро ноил шудан мехост. Бино бар ин ҳам, ба фатҳи кишварҳо равон буду қўшунро ба юриш мебурд…

Хоқон, чунон ки мебоист, ҷиддиву хомўш роҳ мепаймуд. Вале касе намедонист, ки дар дилаш чӣ исёнҳост ва касе ҳам вақте низ чизе нафаҳмид, ки банохост воқеаи ғайричашмдошт рух дод – хоқон ногаҳон аспашро тез ақиб гардонд, чунон башиддат ақиб гардонд, ки думравонаш қариб ба ў бархўрда буданду ба зўре ду тараф шуданд. Хоқон, кафи ларзонашро рўи чашм соябон карда, музтарибу бесуд осмонро аз назар мегузаронд: не, абраки сафед ақиб намондаву раҳгум назада буд – на дар пеш метофту на дар пас…

Ҳамин хел ногаҳон ғайб зад пораабри сафеде, ки бебадал ўро ҳамроҳӣ мекард. Дигар на он рўз падид омаду на рўзи дуюму даҳум. Хоқонро тарк карда буд он.

Дар соҳили Итил рух дод ин ҳодиса. Чингизхон фаҳмид, ки Осмон аз ў рў гардондааст. Дигар он сў нарафт ў. Писарону набераҳояшро ба фатҳи Аврупо фиристоду худ ба Ўрда баргашт, то бимираду дар ҷои ноаёне хок бишавад…

Қатораҳо дар ин бару бум аз ғарб ба шарқ мерафтанду аз шарқ ба ғарб…

Нимаҳои баҳманмоҳи соли 1953 миёни қатораҳои мусофирбаре, ки дар дашти Сарой аз шарқ ба ғарб мерафтанд, қаторае, бо равонхонаи*[§] махсус дар оғози хеш, низ равон буд. Равонхонаи берақами мазкур, ки ба бағоҷхона мепайваст, зоҳиран аз дигаронаш фарқи казоӣ надошт, вале ин ҳамсонӣ танҳо дар зоҳир буд – як қисми он шўъбаи пўшида*[**] ҳисоб меёфту нимаи дигараш, ки аз пўшидахона батамом ҷудо карда шуда буд, чун равонмаҳбаси ашхоси мавриди таваҷҷўҳи хоси идораҳои бехатарӣ хизмат мекард. Ин даъфа, ба “шарофати” парвандае, ки муфаттиши калони яке аз шўъбаҳои аҷалакори** идораи бехатарии давлатии Қазоқистон Тансиқбоев бофта буд, чунин шахс Абўтолиб Қуттибоев қарор гирифт. Ва акнун, ҳамроҳи худи Тансиқбоеву дастаи пурзўри посбонон, ўро мебурданд дар он ҳуҷраи бандиён. Ба дигар шаҳрҳо, барои рўбарўкунӣ мебурданд.

Паи дарёфти мақсади хеш устувор касе будааст Тансиқбоев – пурсупосҳо раҳбараҳ ҳам давом доштанд. Вазифаи Тансиқбоев аз он иборат буд, ки батадриҷ шабакаи вайронкори аз ашхоси дар ҳолатҳои шубҳанок аз асорати немисҳо гурехтаву дар Югославия натанҳо бо ревизионистҳои ояндаи он кишвар, балки бо разведкаи Англия алоқабарқарор-карда сохтаи хадамоти махсуси душманонро ошкор намояд. Тавассути пурсишҳои бардавом, муқоисаи баёноти шоҳидон, далелҳои мустақиму ғайримустақим ва, муҳимаш, тавассути тантанаи шоҳи тафтишот – гуноҳи худро комилан эътироф кардани айбдоршаван-дагон ва пушаймониашон аз амали хеш фош намудани душманони зархариду то кунун пинҳон-шудаи Ҳокимияти шўравӣ зарур буд.

Асоси ин корро аллакай гузоштааст ў – дар рафти пурсиш Абўтолиб Қуттибоев номи қариб даҳ нафар асирони собиқи ҳарбиро, ки дар Югославия ҷангида буданд, ба ёд овард; тафтиш нишон дод, ки аксари онҳо зиндаву саломат дар гўшаҳои мухталифи мамлакат умр ба сар мебаранд. Онҳо ҳама аллакай ҳабс шуда буданд ва, дар навбати худ, ҳангоми  пурсиш боз номҳои бисёреро ба забон оварда, рўйхати хоинони югославиро пурра карданд. Хуллас, кор ҷон мегирифту бо розигии сардорони боло, ки низ ифшои унсурҳои душманро ҳамеша муфид медонистанд, ба марҳалаи батамом ҷиддии хеш ворид мешуд. Зимни зиддияти ҳардамафзои байналмилалӣ бо ҳизби коммунисти Югославия ва Титоро радди маъракаи идеологӣ хондани худи Сталин барор кардани он беҳад муфид мебуд ва натанҳо ба оғозгараш – Тансиқбоев, балки ба бисёр ҳампешёаҳояш низ, дар дигар шаҳрҳо, ки бо ҳамон сабаби истифода аз фурсати мувофиқ “боло” рафтан мехостанд, “ҳосили фаровон” ваъда мекард. Сарчашмаи мувофиқати амал ҳамин буд. Ба ҳар ҳол, дар Чкаловск (Оренбурги собиқ), Куйбышев, Саратов барин марказҳои вилоятҳо, ки Абўтолиб Қуттибоевро барои рўбарўкунӣ ва пурсишҳои муштарак мебурданд, Тансиқбоевро бесаброна интизорӣ мекашиданд.

Тансиқбоев таъхир намекард, суръату суботи корро дўст медошт ў. Аз назараш пинҳон намонд, ки берун шудан аз маҳбас ба бандӣ чӣ таъсире расонд; медид, ки бандиаш аз паси панҷара бо чӣ дарду ҳасрат ба деҳкадаҳои пушти тирезаи равонхона гузарон менигарад. Тансиқбоев туғёни ботини Қуттибоевро мефаҳмиду  мекўшид бо оҳанги ба ҳадди имкон боварибахш талқинаш кунад, ки ўи муфаттиш ба вай заррае бадӣ намехоҳад, зеро тахмин мекунад, ки гуноҳаш начандон калон аст, резидент – раҳбари шабакаи ҷосусие, ки хадамоти махсус барои фурсати мувофиқтар нигоҳ доштаанд, низ, албатта ў, Абўтолиб Қуттибоев, нест ва, агар вай ба тафтишот дар ошкор кардани резидент ёрӣ расонад ва, муҳимаш, инро ҳангоми рўбарўкунӣ ошкору қатъӣ исбот кунад, гуноҳаш хеле сабук мешавад. Хеле. Мебинӣ, ки панҷ-ҳафт сол пас ба хона, пеши фарзандонаш баргаштааст. Ба ҳар ҳол, агар ба кори тафтишот кўмак кунад, аз ҷазои олӣ – паррондан халос мешавад, вагарна, ҳар қадар зиёдтар пофишорӣ намояду корро вайрон кунад ва ҳақиқатро аз идораҳои муҷозот пинҳон дорад, аҳволи худашро батар мекунаду ба аҳли оилааш бадбахтии бештар меорад. Он гоҳ, аҷаб нест, суди махфӣ ба паррондан ҳам ҳукмаш кунад…

Боз як бурди Тансиқбоев дар он буд, ки бандиро талқин менамуд: агар ҳамкорӣ кунад, ривоятҳои китобаткардааш, билхоса, “Қиссаи манкурт” ва “Қатл дар Сарой” ба парвандаи ҷиноӣ ҳамроҳ карда намешаванд ва баръакс, агар ин корро накунад, Тансиқбоев матнҳоро чун тарғиби пардапўши миллатгароӣ пешкаши суд месозад. “Қиссаи манкурт” даъвати зарарноки эҳёи забони нодаркору фаромўшшудаи гузаштагон ва муқобилат ба омезиши миллатҳост, “Қатл дар Сарой” бошад, маҳкум кардани ҳокимияти пурзўри олӣ, шикастани ғояи бартарияти манфиатҳои давлат аз манфиати шахсӣ, таваҷҷўҳ ба худпарастии пўсидаи буржуазӣ, номаъқул донистани коллективикунонӣ, яъне, мутеи мақсади ягона будани ҳамагон аст ва аз ин ҳама то маънидоди манфии сосиализм чандон дур нест. Ва, чунон ки маълум аст, ҳар як вайрон кардани принсипу манфиатҳои сосиалистӣ сахт ҷазо дода мешавад… Беҳуда даҳ сол намедиҳанд ба ашхосе, ки бе иҷозат аз саҳрои ҷамъият хўшае чидаанд. Чӣ ҷои касе, ки “хўша”-ҳои идеологӣ мечинад! Мавод, ки ин хел пешкаш бишавад, суд метавонад, бино бар моддаҳои иловагӣ, ҳукмҳои изофа барорад. Барои эътимоди бештар Тансиқбоев якчанд бор хулосаҳои возеҳашро оид ба қиссаҳои Сарой қироат кард, оид ба қиссаҳое, ки ҳамчуноне ў гаштаву баргашта таъкид менамуд, нахустсабаби зиндонӣ шудани Қуттибоев ва оғози парвандаи ҷиноӣ гардиданашон тасодуфӣ набуд…

Шабонарўзи дуюм буд, ки қатора роҳ мепаймуд. Ва ҳар қадар ки ба дашти Сарой наздиктар мешуданд, Абўтолиб, аз тирезаи панҷарадор ба паҳнои ҳардамафзо нигариста, бештар ба ҳаяҷон меомад. Соатҳои фориғ аз пурсишҳо, баъди талқинҳои дилфишору таҳдидҳои бадхашмона, вай имкон дошт дар зиндонҳуҷраи  оҳанкўбаш худ ба худ бошад. Ин ҳам, чун нимтаҳхонаи Алмаато, зиндон буд, панҷараи тирезаҳояш маҳкамтар буд, ки сусттар не ва дар ин ҷо ҳам нигоҳи сангдилонаи нозир аз чашмаки дар канда намешуд, вале, бо вуҷуди ин, зиндонҳуҷра ҳаракат дошт, мунтазам ҷой иваз мекард ва ниҳоят дар ин ҷо ў аз нури пурсўзу чашмбари сақф халос буд; муҳимтар аз ҳама, умеди таскиннопазиру ҷонсўзе, ки гоҳ аланга мегирифту гоҳ хира мешуд – умеди ақаллан як назар дидани зану фарзандонаш  дар нимистгоҳи Бўронӣ – дилашро  гарм медошт. Дар ин қадар вақт натавонист, ки ба онҳо номаякеву хабараке бифиристад, аз онҳо низ сатраке нарасидаш.

Аз он даме, ки Абўтолибро дар мошини маҳками маҳбас ба истансаи Алмаато оварданду ба равонхонаи махсус, ба ҳуҷраи зери назорат шинонданд, дилаш саршори ҳамин умеду интизориҳо буд. Ва ҳамин ки аз рўи ҳаракаташ ба самти Сарой рафтани қатораро фаҳмид, дилаш пурзўртар ба оҳу нола даромад; Худо мегуфт, ки ақаллан бо гўшаи чашм, як лаҳзаҳак фарзандонашро бубинад, Зарифаро бубинад, баъд – ҳарчи бодо, бод, як боракак, як назари гузарон бубинадшон, бас…

Чунон пазмон шуда буд, ки дар бораи ягон чизи дигар фикр карда наметавонист, пайваста Худо мегуфт, ки убури истгоҳи Бўронӣ ба рўз рост биёяд. Илоҳо, шаб набошад, торик набошад, илоҳо, қатора аз истгоҳ маҳз ҳамон вақте бигзарад, ки Зарифаю ҷигарбандонаш ҳам дар чордевориашон не, дар берун бошанд.

Ҳамин буд ниёзи ў аз қисмат. Ниёзе буд ҳам каму ҳам бисёр. Лекин, агар биандешӣ, тасодуфро оё зўр меомад маҳз чунин ҳукм кунад, ки бачаҳову Зарифа он лаҳзаҳо рўи ҳавлӣ бошанд; бигзор, бачаҳо саргарми бозиашон бошанду Зарифа – машғули либософтобкунӣ ва ҳамзамон  ба қатораи гузарон бингарад; бачаҳо низ, баногоҳ дар ҷояшон биистанду чашм аз тирезаи рўшани қатора накананд. Ва ё, ногаҳон чизе рух диҳад, ки хеле кам, вале воқеъ мешуд – қатора бепурсупос чанд лаҳзаяке сари дуроҳа қарор бигирад! Аз ин хаёл ҷигари Абўтолиб хун шуд: ҳам дилаш мехост, ки бахте чунин баногоҳ рух бидиҳад, ҳам намехост – тоби чунин озмоиши мудҳиш надорад ў, ҷобаҷо мемирад; аз кўдаконаш ҳам дареғаш меомад, ки падарашонро пушти тирезаи панҷарадор бубинанд, чӣ фиғон мекунанду ҳолашон чӣ мешавад… Не, беҳтараш, дидор набинанд…

Ва, барои тасаллии хеш, то қисматро  розиву раҳим бисозад, ки орзўҳояшро амалӣ бигардонад, ў, аз рўи нишонаҳои роҳи оҳан ва истгоҳҳое, ки дучор меомаданд, беихтиёр қаринаҳои гуногуни ҳаракати қатораро ҳисобукитоб мекард – муҳим буд бидонад, ки Дуроҳаи Бўрониро кадом вақт мегузаранд. Вале шубҳаву изтироб ҳангоме ҳам таркаш накард, ки ҳисобукитобаш нек баромад; охир, қатора таъхир карда метавонист, дер монда метавонист – чунин ҳолатҳо дар зимистонҳои сербарф кам воқеъ намешуданд.

Бисёр аламнок мебуд, ки қатора нимистгоҳро шабона убур кунад, вақте бигзарад, ки Зарифаву кўдаконаш, бехабар аз он ки падарашон ҳамагӣ даҳ қадам дуртар аз хона равон аст, хоб бошанд. Ин аз эҳтимол дур набуд ва, бечорагиву вобастагии комилашро ба ҳукми тасодуф дарк карда, бештар азият мекашид ў.

Абўтолиб боз аз як фалокат бисёр хавф дошту Худо мегуфт, ки аз он амонаш бидиҳад – мабодо ки муфаттиши шунқорчашм Тансиқбоев пурсиши навбатиашро маҳз ҳангоми убури дуроҳаи Бўронӣ сар кунад.

Чӣ қадар монеаву хатарҳо буданд, ки беҳад бераҳмона ба таманнои поки як назар пайвандони хешро дидани як инсон муқобилат мекарданд – ҳамин буд сазои маҳбусӣ ва танҳо як чиз шодиву умедаш мебахшид, ки алҳол бахташ хандидаасту тирезаи равонзиндон аз рост, маҳз аз тарафи дуроҳаи Бўронист.

Ҳама ин андешаву ҳарос ва шубҳаву гумонҳо Абўтолибро чандон ба гирдоби андўҳ мекашиданд, ки худашро аз ёд мебурд; саропо ғарқи интизории шадид шуда, дигар дар бораи худ фикр намекард ў, ба моҳияти ҳодиса сар фурў бурдан намехост; тасаввур намекард ҷиноятҳои мудҳише, ки Тансиқбоев ба вай мечаспонаду бораш мекунад, ба сараш чиҳо меорад; ин муфаттиши мунтазам толиби иқрори ў мутаассибонаву бешармона мақсади азмкардааш – ифшои шабакаи худаш бофтаи ҷосусҳои душманро, ки гўё ҳанўз аз солҳои ҷанг амал мекардааст, ноил шуданӣ буд; фош намудан мехост онро, то несту нобудаш бикунаду давлатро аз хатар эмин бидорад.

Тансиқбоев, ки на Раҳмонро мешинохту на шайтонро, чун Раҳмону чун шайтон ҳама чизро ба ҳисоб гирифтаву қаблан муқаррар карда буд ва акнун танҳо амал мебоист. Бино бар ин ҳам, равон буд ў, бино бар ин ҳам, дар равонмаҳбас Абўтолиб Қуттибоевро рўбарўкунӣ мебурд, то ин корро саранҷом бисозад.

Абўтолиб бошад, аз Худованд фақат як талаб дошт – мехост чизе халал нарасонадаш, ки аз тирезаи равонхона ақаллан як лаҳза бачаяконаш Эрмаку Довулро бубинад, Зарифаро бубинад, бори охирин бубинад, барои умрбод бубинад. Зиёдтар аз ин дар зиндагӣ чизе намехост ў, бо ҳасрат дарк мекард, ки аз азал дар пешониаш ҳамин хел навишта будаанд; ҳамон дам вопасин лаҳзаи бахташ хоҳад буд, дигар ў ҳаргиз ба хонадонаш барнахоҳад гашт, зеро айбе, ки Тансиқбоев – Тансиқбоеве, ки пешорўяш ў билкул беҳимояту беҳуқуқ аст ва, табиист, пешорўи ҳокимияти абарқудрат низ ҳамин гуна ҳимояту ҳуқуқе надорад, – ба гарданаш бор кардааст, ҷуз марг, марги фаврӣ ва ё батадриҷи дар лагерҳо, боре намеорад. Абўтолиб ба хулосаи ногузир расид, ки қурбонии комили дасти Тансиқбоев аст ў. Дар навбати худ, Тансиқбоев як мурватчаи сохти бемаънии муҷозотии мунтазам қудратафзое беш набуд. Ва ин сохт зидди душманоне, ки ҳаракати ҷаҳонии сосиализмро боз-доштан мехостанду тантанаи коммунизмро дар рўи замин  монеъ шуданӣ буданд, беамон мубориза мебурд.

Ҳамин ки ин ифодаи пурсеҳру ҷоду боре ба касе чун айбнома пешниҳод шуд, дигар  роҳи халосӣ набуд. Натиҷа танҳо ва танҳо ҷазое – паррондан, биступанҷ, понздаҳ ва ё даҳ сол маҳбусӣ – буда метавонисту бас. Натиҷаи дигар пешбинӣ нашуда буд. Касе ҳам дар чунин мавридҳо натиҷаи дигарро интизор намешуд. Ҳам ҷафокаш ва ҳам ҷафокор яксон мефаҳмиданд, ки ин тасвияти ҷодугарона, баъди эътибор пайдо кардан, ҷазодиҳандаро натанҳо пуштибонӣ мекунад, балки, беш аз ин – ўҳдадор месозад, ки барои решакан намудани душманон аз тамоми воситаҳо истифода бубарад ва ҷафокашро, ки пеши деви дигарандешихор чун қурбонии навбатиаш афкандаанд, вазифа-дор мекард саранҷоми худро чун зарурати томе бипазирад.

Ҳамин хел ҳам  шуд. Қатора дар дашти Сарой мерафту мерафт ва Тансиқбоеву муҷримаш дар як равонхона мусофират доштанд, то бо ҳам ва дар айни замон ҳар яке ба тарзи худ кори ба манфиати заҳматкашон муфид – ифшои навбатии душманони пинҳоншудаи мафкуравиро ба иҷро бирасонанд, вагарна сосиализм имконнопазир мегардаду дар шуури оммаҳо нопадид мешавад. Бино бар ин, бетанаффус бо ким-киҳо мубориза кардану ким-киҳоро фош намудану  ким-киҳоро аз байн бурдан талаб карда мешуд…

Қатора ҳамоно мерафту мерафт. Абўтолиб, ки тақдирашро заррае тағйир дода наметавонист, ноилоҷ ба қисмати пешонӣ, чун ба балои рафънопазире, тан дод. Акнун асли воқеаро чандон мутеъонаю навмедона мепазируфт, ки қаблан бааламу ноилоҷона муқобилаташ мекард. Ў торафт бештар имон меовард, ки аз нав ба дунё биёяд ҳам, аз бархўрд бо қудрати бечеҳраю ноодамонае, ки Тансиқбоев тимсолаш аст, гурехтан муяссараш намешавад. Ин қудрат аз ҷангу аз асорат ҳам даҳшатноктар будааст, зеро фалокатест бемўҳлат ва шояд аз замони офариниши дунё бардавом. Эҳтимол Абўтолиб Қуттибоев – як омўзгори оддии мактаб – нафаре аз он абнои башар аст, ки ҷаримаи азияти бекории бардавоми шайтонро мекашанд; ҷаримаи замонеро, ки ҳанўз инсон дар паҳнои Коинот пайдо нашуда буд ва баъдан пайдо шуду ягона миёни ҳама мавҷудоти рўи замин ҳамоно ситорааш бо ситораи шайтон мувофиқ омад ва рўз ба рўзу аср ба аср тантанаи шарро роиҷ кардан гирифт. Оре, танҳо инсон ба ин дараҷа золим баромад. Ба ин маънӣ Тансиқбоев барои Абўтолиб тимсоли азалии шайтанат буд. Ва, аз ин рў, дар як қатор, дар як равонхонаи махсус, баҳри иҷрои як кори фавқулмуҳим равон буданд онҳо.

Тансиқбоевро дар истгоҳҳои гуногун ҳамхизматони маҳаллиаш пешвоз мегирифтанд ва, яке ба расми ёриву дигаре ба тақозои ҳамкорӣ раҳтўшаҳои хўрданиву нўшиданӣ оварда, аз кораш мемононданд. Ва ин Абўтолибро хурсанд мекард, зеро барои пурсишҳои пуразоб ҳарчи камтар вақт мемонд.

Махсусан, дар вокзали Қизилўрда зўр пешвозаш гирифтанд дўстони ҳампеша – ба равонхона таоме оварданд, ки рўяш бо сачоқи сафед пўшида буду ҳанўз ҳавраш мебаромад. Дар долон давуғечи посбонон, ки зиёфатро қабул мекарданд, сар шуд. «Қазӣ! Қабурға! – баиштиҳо пичиррос зад якеи онҳо. – Чӣ хел бўи нағз! Дар шаҳр ин хелаш нест, ин гўшти саҳрост!»

Абўтолиб аз гўшаи тирезаяки панҷарадор Тансиқ-боевро дид, ки шинелаш сари китф хайрухушкунӣ перрон баромад. Давра меистоданд ҳама – гўё мунтахабашон карда бошанд, ғалчаву фарбеҳ, телпакҳои қароқўлӣ ба сар, афташон суп-сурхи муҷалло, лабҳо пури табассум, хушҳолона ҳаракатҳо кардаву якдилона, шояд аз боиси латифаи навбатӣ, қоҳ-қоҳ механдиданду даҳонашон дар ҳавои қаҳратун бўғи гарм мепароканд ва пошнаи мўзаҳошон эҳтимол рўи барфи тунук ғиҷирас мезад. Милисаҳои зирак бошанд, касеро он сў роҳ намедоданд ва дар сари қатора, назди равонхонаи махсус танҳову қонеъу мўътамиду хушбахт меистоданд Тансиқбоеву ҳам-табақонаш ва касеро коре ҳам набуд, ки дар паҳлўяшон, дар ҳуҷразиндони қатора шахси бо ҷаҳду талоши онҳо бандишуда азият мекашад: шахсе, ки на дузд асту на таҷовузкору одамкуш, баръакс, инсонест некандешу бовиҷдон, ки ҷангу асоратро дидаасту ҷуз муҳаббати зану фарзандони хеш, ки дар он маънии аслии зиндагиро дарёфтааст, ба оини дигаре намегаравад. Вале маҳз чунин як одаме, ки узви ягон ҳизби дунё нест ва савгандҳо нахўрдаву тавбаҳо накардааст, даркор буд ба онҳо дар зиндон, то халқи заҳматкаш хушбахтона бизияд…

Баъди Қизилўрда ҷойҳои шиносу азиз сар шуданд. Шом фаро мерасид. Дар хамгашти барфпўше, оҳиста тоб хўрда, Сирдарё ҷило доду дар байни дашт баҳри Арал намоён шуд. Аввал бо нишонаҳояш – гоҳ қамишзори пурпечу хам, гоҳ гўшаяки дури оби мусаффо ва гоҳ ҷазираяке – аз худ дарак дод баҳр ва, дере нагузашта, Абўтолиб мавҷҳояшро дид, ки рўи реги намноки наздики роҳи оҳан мехазиданд. Ин ҳама – ҳам барф, ҳам рег, ҳам сангҳои соҳил, ҳам баҳри нилгуни бодовар, ҳам галаи уштурони сурхусиёҳтоби нимҷазираи сангис-тонро ҳамзамон зери осмони баланди пур аз доғҳои абрҳои сафед дидан хеле аҷиб буд.

Абўтолиб ба хотир овард, ки Едигейи Бўронӣ аслан аз соҳили баҳри Арал асту моҳигирони шиносаш, тавассути роҳбаладҳои қатораҳои боркаш, ба Қазонқоп моҳии хушкондаи баҳри Арал мефиристанд ва ҳамоно дилаш бо изтироб ба сўзиш даромаду танг шудан гирифт – то дуроҳаи Бўронӣ начандон зиёд, якшаба роҳ монда буд; саҳарӣ, соатҳои даҳ ё каме баъдтар, қатораи мусофирбари дар оғозаш равонхонаи махсус, аз бари кулбаҳои бодхўрда, сарочаву оғили шутурон, ки аз дарзаҳои пурхор иҳота доштанд, гузаштаву роҳҳои давонро пас гузошта, аз назар ғоиб мешавад; меояду меравад он. Чӣ қадар мегузаранд қатораҳо аз шарқ ба ғарбу аз ғарб ба шарқ, вале дили Зарифа гувоҳӣ медода бошад, ки Абўтолиб он саҳар ба ғарб дар ҳуҷразиндони равонхонаи махсус хоҳад гузашт; ё шояд дилҳои кўдакон номафҳуму пуризтироб чизе пай бубаранду маҳз ҳамон соат дидани қатораҳои раҳгузар биштобанд? Худоё, чаро чунин гарону талх аст умри одамон?

Офтоби баҳманмоҳ ғуруб мекарду дар дуродур, андар намуди пораосмони коҳандаи арғувонии байни хоку афлок, хомўш мешуд; аллакай говгум фаро мерасиду шаби зимистон оҳиста қомат меафрохт. Дар  тирагӣ рўъёҳо хомўш мешуданду чароғҳои истгоҳҳо фурўзон. Қатора бошад, печутоб хўрда, ба қаъри шаби дашт раҳ мебурд…

Хобаш намеомаду азият мекашид Абўтолиб Қуттибоев. Ўи дар ҳуҷраи оҳанкўб маҳкам ҷои нишаст намеёфт, худро аз як кунҷ ба кунҷи дигар мегирифту оҳи сард мекашид, бекор хоҳиши ҳоҷатхона рафтан мекарду нозирро ба ғазаб меовард. Вай, дари ҳуҷраро нимво карда, аллакай якчанд бор огоҳӣ дода буд:

– Э бандӣ,  чӣ ин қадар мелўтӣ? Мумкин не ин хел! Рост бишин!

Вале Абўтолиб, ки қудрати худро ором намудан надошт, нозирро зорӣ мекард:

– Илтимос, ягон чиз бидеҳ, хобам бубарад, ки мемурам. Бахудо, мемурам! Чӣ даркор ба шумо мурдаи ман? Ба сардорат бигў – чи даркор ба шумо мурдаи ман? Хобам намебарад, бахудо, хобам намебарад!

Аҷоиб, ки (сабаби ин меҳрубониро Абўтолиб саҳари рўзи дигар фаҳмид) нозир аз ҳуҷраи Тансиқбоев доруи хоб овард ва Абўтолиб онро хўрда, нимаҳои шаб ғанаб кард, вале хоби ҳақиқиаш  наомад, ки наомад. Нимхобу нимбедор, зери садои якнавохти чархҳо ва ғурриши боди дашт ба назараш менамуд, ки пеш-пеши қаторакаш[††] медавад, ҷон коҳондаю нафасгардон шуда, медаваду қатора бо тамоми қудрат думболагириаш мекунад. Ҳамин тавр медавиду медавид ў он шаб рў-рўи роҳи оҳан, пеш-пеши қаторакаш ва чунон мудҳишу воқеӣ буд он ҳама, ки гўё дар бедорӣ рух медод. Ҳалқаш қоқ шуда буду нўшидан мехост. Қаторакаш  бошад, бо чароғҳои фурўзонаш роҳро рўшан карда, аз пасаш меомад. Ва ў ҳамоно, бошиддат ба чор сўи бўронӣ нигоҳ карда, миёни роҳ медавид ва, ҳар тараф рў оварда, раҳмовар ном мегирифту нидо мекард: «Зарифа, Довул, Эрмак, куҷоед шумо? Биёед пешам! Падаратонам ман! Куҷоед шумо? Овоз бидиҳед!». Вале касе овоз намедод. Пеш тип-торик буду аз ақиб қаторакаши ғулғулаафкани ба помол намуданаш омода дарёбаш мекард ва ў мадоре надошт бигурезаду дар ягон ҷо аз қаторакаши думболагир, ки дам ба дам наздиктару наздиктар мешуд, панаҳ бубарад…

 Ва аз ин ҳолаш батар мешуд – ҳаросу навмедӣ суръаташро маҳдуд мекард, поҳояш дигар гапашро намегирифтанд, нафасаш дамбадам дарун мезад…

Саҳари барвақт, нимтанаи пахтагиашро сари китф партофта, Абўтолиб, ки ранги рўяш кандаву чеҳрааш варамида буд, аллакай назди тирезаи панҷарадор нишаста, ба дашт менигарист. Берун сарду ҳанўз торик буд, лекин батадриҷ тарҳи замин аён мешуду субҳ медамид.

Ва, ҳарчанд ки осмон ҷо-ҷо мекушод, маълум буд, ки ҳаво тира мешаваду шояд барф ҳам буборад…

Акнун аниқ дашти Сарой, ки аз барфу барфтўдаҳо пур бошад ҳам, аз рўи тарҳи хеш – теппаву хамгашту қарияву нахустин дуди аз сафарҳои пешин шиноси бомҳояш нигоҳи дақиқро ошно буд, сар мешуд. Азиз метофтанд он бомҳои бегона, ки аз тўтаҳошон дуд мебаромад. Ба ҳамин зудӣ бояд истгоҳи Қумбел пеш биёяд, пас он, баъди ягон се соат дуроҳаи Бўронист. Гуфтан мумкин, ки масофае ҳам намонда буд – охир, Едигейу Қазонқоп ҳангоми зарурат – дар тўйу азоҳо шутурсавор ба ин ҷоҳо меомаданд… Дар ин саҳари мардон ҳам касе, савори шутури бўр, телпаки мўинаи рўбоҳ ба сар, равон буд ва Абўтолиб беихтиёр ба панҷара ҷафс шуд, ки яке худӣ бошад… Рафту Едигей бошад, ки савори Қаранораш барои чизе ба ин ҷоҳо омадааст? Савори маркаби муқтадираш, ки чун заррофаҳои Африқо чусту чолок аст, сад чақримро тай карда, ин ҷоҳо омадан чӣ душворӣ дорад барои ў…

Боре, худаш ҳам бехабар, банди ҳолате шуд Абўтолиб, ки беихтиёр, гўё ба манзил расида бошад, ба тайёр шудан сар кард. Ду маротиба ҳатто пайтова печонду мўза пўшид, борхалтаашро ба тартиб овард ва мунтазир шуд. Лекин тоқат карда натавонист – посбононро ба ҷону ҳолашон намонд, ки иҷозаташ бидиҳанд барвақттар дастурў бишўяд ва, аз нав ба ҳуҷра баргашта, боз ҳам намедонист худро ба чӣ машғул бидорад.

Қатора ҳамоно дар дашти Сарой равон буд… Абўтолиб, ба қисмат тан дода, дастонашро байни зонувон фишурда менишасту гоҳ-гоҳе ба тиреза менигарист.

Дар истгоҳи Қумбел қатора ҳафт дақиқа истод. Ин ҷо аллакай ҳама чиз худӣ буд. Ҳатто қатораҳо, қатораҳои боркашу мусофирбар, ки қабл аз ҳар сўе рафтан дар роҳи ин истгоҳи калон ба қатораи онҳо дучор меомаданд, Абўтолибро азизу дилҷў менамуданд – охир, онҳо, чанд лаҳзаяке пеш, аз истгоҳи  Бўронӣ гузаштаанд, аз  истгоҳе, ки бачаҳову ҳамсари ў зиндагӣ доранд. Ва як ҳамин кофӣ буд, ки он ҷисмҳои беҷон қарини дилаш бошанд.

Ва, ана, қатораи онҳо боз ба роҳ даромад ва то он ки қад-қади перрон мерафту аз ҳудуди истгоҳ набаромада буд, Абўтолиб тавонист чеҳраҳои шиностоби сокинони маҳаллиро бубинад. Оре, оре, ў бешубҳа мешинохт он қумбелиҳои дидаашро ва онҳо низ эҳтимол сокинони деринаи Бўронӣ – Қазонқопу Едигей ва аҳли хонадонашонро медонистанд; охир, писари Қазонқоп – Собитҷон, ки акнун дар донишкада мехонд, мактаби ҳамин ҷоро тамом карда буд…

Истгоҳро пас гузошта, қатора суръат мегирифту торафт тезтар роҳ мепаймуд. Ба ёд овард Абўтолиб, ки боре ҳамроҳи бачаҳо барои тарбуз омада буд ин ҷоҳо, дафъаи дуюм – барои арчаи солинавӣ ва баъдан – бо корҳои дигару дигар…

Ба хўрдание, ки саҳар додандаш, даст назад Абўтолиб. Ҳамвора дар фикри он буд, ки то дуроҳаи Бўронӣ тамоман кам, бештарак аз ду соат вақт мондааст ва аз он меҳаросид, ки мабодо барф бибораду бўрон бишавад, он гоҳ Зарифаю бачаҳо аз хона намебароянду вай ҳатто аз дур ҳам дидаашон наметавонад…

«Худоё, – аз дил мегузаронд  Абўтолиб, – барфатро нигоҳ бидор. Сабр кун каме. Вақти барфборӣ меёбӣ баъд. Мешунавӣ, худоё? Илтиҷо мекунам!» Мух задаву дастонашро байни зонувонаш фишурда, мекўшид ҳушашро ҷамъ биёрад, тоқат бикунад, ба худ фурў биравад, то фоли қисматашро халалдор насозаду чизеро, ки аз сарнавишт дархоста буд – аз тирезаи қатора дидани зану фарзандонашро – интизор бишавад. Бошад, ки онҳо ҳам ўро бубинанд… Субҳ, вақте ки зери назорати посбон дар ҳоҷатхона дастурў мешуст, ба оинаи зангорбастаи болои дастшўяки зангзада нигаристу худро пуркидарангу мурдасон хазончеҳра, чандон хазончеҳра, ки ҳатто дар асорат ин хел набуд ва тамоман мўсафед дарёфт; чашмонаш ҳам чун пештара не – аз ҳасрат бенур шудаву пешониашро ожанг зер карда буд… То ҳол пирӣ дар хаёлаш ҳам намеғунҷид… Бачаяконаш Довулу Эрмак ва Зарифа бубинанд, гумон аст бишносандаш. Ҳатто шояд аввал биҳаросанд. Вале баъд чи хел шод мешаванд онҳо; ў низ, ҳамин ки ба хонадонаш баргашту  дар бари фарзандону ҳамсараш осудагӣ дарёфт, боз батадриҷ асли қадим мешавад…

Дар ин хусус андешида, боз ба тиреза чашм давонд Абўтолиб. Ана, боз ҷоҳои шинос – ду тараф пуштаҳову байнашон – хамгаште. Орзў дошт, ки ягон вақт бачаҳои Бўрониро ин ҷо биёрад, то пушта ба пушта, чун рў-рўи амвоҷ, хурсандона нидо намуда, даводав кунанду даводав…

Ҳамин вақт калидҳои дари ҳуҷразиндон баланд садо доданду дар кушода шуд. Дар остона ду нозир меистоданд.

– Ба пурсиш баро! – Фармуд калонашон.

– Кадом пурсиш? Барои чӣ? –Беихтиёр баромад аз даҳони Абўтолиб.

Нозир ҳатто мутааҷҷиб қадаме сўяш монд, ки мабодо аз ақл бегона шуда бошад:

– Чӣ хел «ба кадом пурсиш»? Ҳоло ҳам намедонӣ–чӣ? Ку зуд баро!

Абўтолиб маъюсона сар ба зер афканд. Панҷарааш намешуд, бе ягон фикру хаёл бод барин аз тиреза берун мепарид… Лекин чӣ илоҷ – маҷбур аст итоат кунад. Насиб набудааст. Акнун, аз дилу ҷон ба тиреза часпида, он чизеро, ки ин қадар интизориаш мекашид, намебинад. Абўтолиб, чун одаме, ки бори гароне ба дўш дорад, оҳиста аз ҷо хест ва зери назорати посбон, ҳамчунон ки таҳи дор мерафта бошад, сўи равонҳуҷраи*[‡‡] Тансиқбоев қадам монд. Қадам монду шўълаи охирин умед, ки дар пеш боз якунимсоата роҳ асту шояд то он вақт пурсиш тамом бишавад, дар дилаш рўшан шуд. Ҳамин буд ягона умед. То равонҳуҷраи Тансиқбоев ҳамагӣ чаҳор қадам буд, вале бо чӣ машаққати тўлоние тай кард онро Абўтолиб.

Муфаттиш бесаброна интизораш буд.

– Биё, Қуттибоев, биё, камтар кор  кунем, – ҷиддияти чеҳраву овозашро риоя намудаву манаҳи навтарошидаашро, ки атри тезбўе шакида буд, молида, нигоҳашро ба Абўтолиб дўхт Тансиқбоев. – Бишин, иҷозат медиҳам, бишин. Шишта гапзанон кунем, ҳам ба ту қулай мешаваду ҳам ба ман.

Посбонон, ки омода буданд баробари нахустнидо пайдо бишаванд, паси дар монданд. Шунқорчашмро куштан имконнопазир буд. Чизе набуд, ки бо он куштааш бишавад. На шишае ба назар мерасиду на истаконе, ҳарчанд ин ашёро тасодуфан дар ҳуҷрааш мондани шунқорчашм имкон дошт. Бўи арақу хуришҳо аз ин дарак медод.

Қатора ҳамоно, чун пештара, дашти Саройро бурида мерафту то дуроҳаи Бўронӣ торафт камтар роҳ мемонд. Вале Тансиқбоев шитоб надошт, батакрор ким-чӣ хел навиштаҳоро мехонду дурудароз коғазҳояшро ҷамъу парешон мекард.  Абўтолибро тобу тоқат намонду саропо бемадору ҷонбезор шуд дар он чанд лаҳза – ҳамин хел гарон буд даъвати навбатии муфаттиш. Оқибат ба Тансиқбоев гуфт:

– Ман интизорам, гражданин сардор.

Тансиқбоев мутаҳаййирона сар бардошт:

– Интизорӣ? – ҳайратзада гуфт ў. – Чиро интизорӣ?

– Пурсишро. Саволҳоро…

– Ана, ин – га-а-п! – кашоласухан гуфт Тансиқбоев, шодмониашро фурў нишонда. –Хайр, бад не ин, бад не, Қуттибоев, рости гап, бисёр хуб аст, ки айбдоршаванда, чунон ки мегўянд, ба ихтиёри худ, аз карда пушаймон, интизори пурсиш бишаваду ногуфтаҳояшро бигўяд… Пас, гуфтание дорад, асроре дорад, ки бояд пеши мақомоти тафтишот бикушояд. Ҳамин хел не? – Тансиқбоев фаҳмид, ки пурсишро имрўз маҳз ҳамин тавр, таҳдидро ба оҳанги фиребои хайрхоҳона бадал намуда, бурдан лозим аст. – Маълум мешавад, ки, – идома дод ў, – гуноҳатро фаҳмидаӣ ва, фарз кардем, худат низ, душман ҳам бошӣ, ба мақомоти тафтишот дар мубориза бо душманони Ҳокимияти шўравӣ ёрӣ расонданиӣ. Муҳим он ки барои ману ту чизи аввалиндараҷа, аз падару модар ҳам азизтар, Ҳокимияти шўравист, албатта, ҳар  касро ба тарзи худ, – вай, қонеъона лаҳзае хомўш монда, баъд илова кард: – Ман аз аввал мегуфтам, ки ту, Қуттибоев, баақл одамӣ. Ва ҳамеша умед доштам, ки забони ҳамдигарро меёбем мо. Чаро хомўшӣ?

– Намедонам, – номафҳум ҷавоб дод Абўтолиб, – намефаҳмам, ки гуноҳам чист, – илова намуд ў, дуздона аз тиреза ба берун нигариста. Қатора бошиддат равон буду дашти Сарой, зери осмони гирифтаи овезон, чун дар кинои беовоз, бо суръати беҳад ақиб мегурехт.

– Гапи маро гўш кун, Қуттибоев, биё, рўирост гап бизанем, – давом дод Тансиқбоев. – Бидон, ки беҳуда шоҳ барин дар вагони махсус намебарандат. Ин хелаш ҳамту нашудааст. Барои андак-мандак гуноҳ дар купеи алоҳида намебаранд. Яъне, ту дар ин тафтишот шахси муҳимӣ. Ба ту вобаста аст бисёр чизҳо. Бино бар ин, талабот ҳам махсус аст аз ту. Фикр кун. Сахт фикр кун. Ва гапи маро бишнав: имрўз, бевақтии шаб ба Оренбург, ба Чкаловск яъне, мерасем. Он ҷо моро интизоранд. Нуқтаи аввалина-мон аст он. Медонӣ, ки дар он ҷо ду шарикат зиндагӣ мекунад – Попов Александр Иванович ва Ҳамид Сайфуллини тотор. Ҳардуяшон, воқеан, аз рўи баёноти ту, маҳкаманд аллакай. Ҳарду ҳам қоил шудаанд, ки бо ту дар Бавария асир будаанду баъд ҳамроҳ гурехтаед. Воқеан, ана, ҳаминаш шубҳанок, ки танҳо бригадаи шуморо аз кони санг гурехтан муяссар шудааст. Мо ҳоло инро месанҷем. Баъд дар Югосла-вия фаъолият доштед ва онҳо ҳарду шаҳодат медиҳанд, ки бо миссияи Англия вохўрдаед. Ту нағз медонӣ, ки ман чиро дар назар дорам. Дар ин бора ту дар ёддоштҳоят навиштаӣ, бояд гуфт, ки аҷиб навиштаӣ. Мо медонем, ки Попов резидент асту Сайфуллин – ёрдамчӣ, дасти росташ. Албатта, ту, Қуттибоев, дар ин дастгоҳи ҷосусӣ он қадар одами муҳим нестӣ, бино бар ин, агар ба тафтишот ёрӣ бирасонӣ, гуноҳат сабук мешавад.

– Чӣ хел дастгоҳи ҷосусӣ? Гуфтам-ку, баъди соли чилупанҷ, аз тамом шудани ҷанг ин ҷониб надидаам онҳоро, – сухани Тансиқбоевро бурид Абўтолиб.

– Ин муҳим нест. Тамоман муҳим нест. Шарт не шахсан, рўбарў дидан. Касе миёнарав буда метавонад. Фарз кардем, ҳамон Едигей Ҷонгелдини ҳақиқатпараст ҳаргиз ба Оренбург ё ягон шаҳри дигар нарафта буд? Шумо ба воситаи ягон каси дигар ҳам метавонистед алоқа кунед. Як фикр кун аввал.

– Едигей ба Оренбург савори шутураш Қаранор рафт бигўям, мешавад? – худро дошта натавонист Абўтолиб.

– Боз ҳамон гапҳо, Қуттибоев. Беҳудаанд ин ҳама, беҳуда. Ман ба хубӣ гап бизанам, ту худатро намешиносӣ. Саркашӣ – танҳо бар зарари худат. Ғами Едигейро ҳам нахўр. Лозим шавад, ўро ҳам маҳкам мекунем, бо шутураш маҳкам мекунем. Бихоҳӣ, ки ба ў даст нарасонем, дар рўбарўкунӣ ғам нате.

Қаторакаш ба қаторае, ки аз он сў меомад, дурударозу сахт нидо кард. Фиғони гўшхарошаш дили Абўтолибро реш-реш намуд. То дуроҳаи Бўронӣ торафт камтар вақт мемонд. Гуфтаҳои шунқорчашм Абўтолибро ба ваҳм овард. Барои ин қувва дар тамоми кишвар имконнопазир коре нест. Лекин ҳоло ўро беш аз ҳама он чиз дилтанг мекард, ки Тансиқбоевро ногоҳ хуши гапзанӣ омада буду пурсишро ҳеҷ хотима додан намехост.

– Хуллас, – коғазҳоро аз пешаш дур кардаву ба Абўтолиб нигариста, хомўширо халалдор намуд Тансиқбоев, – боварӣ дорам, ки ҳамдигарро мефаҳ-мем, халосиат танҳо дар ҳамин аст. Рўбарўкунии Оренбург чизи асосиро маълум хоҳад кард – ё ту ба ман ёрӣ дода, ба гуфтаам кор мекунӣ, ё ман ҳама корро мекунам, ки биступанҷ сол ё шояд ҳукми паррон бигирӣ, он вақт пушаймонӣ судат намекунад. Ҳамаашро худат нағз мефаҳмӣ. Ҳоло навбати худи Тито ҳам мерасад, Титое, ки шумо ин қадар солҳо дар хизматаш будед. Ин кор зери назорати худи Иосиф Виссарионович аст. Ягон кас беҷазо намемонад. Ҳамаро бераҳмона решакан мекунем. Хуллас, азизам, шукр кун, ки ман бадӣ намехоҳамат. Ту ҳам набояд қарздор бимонӣ. Мақсад фаҳмо?

Абўтолиб хомўш буд. Вай, саропо ба даҳшат афтода, дар дилаш дақиқаҳои ба нимистгоҳ расиданро ҷамъутарҳ мекард. Ҷигарбандонро ақаллан аз тиреза дидан насиб набудааст – ин фикр майнаашро пармасон афгор мекарду афгор мекард.

– Чӣ хап кардӣ? Туро мепурсам ман – мақсад фаҳмо? – Ба ҷонаш мерасонд Тансиқбоев.

Абўтолиб сар ҷунбонд. Албатта, мефаҳмад ў мақсадро.

– Кайҳо бояд ана ҳамин хел мешуд! – сарҷунбониро аломати розигӣ дониста, гуфт Тансиқбоев ва бархоста, пеши Абўтолиб омаду ҳатто даст ба китфаш ниҳод. – Медонистам, ки беақл нестӣ ту, ҷигит, медонистам, ки ба роҳи дуруст медароӣ оқибат. Пас, гап пухт. Ягон гумони дигар накун. Ба гуфти худам кардан бигир. Аз ҳама муҳимаш – ҳангоми рўбарўкунӣ натарс, рост ба чашмашон нигоҳ куну ҳама гапро, чӣ хеле ки ҳаст, бигў. Попов резидент аст, бигў, аз соли чилучор ҷосуси  разведкаи Англия аст, пеш аз бозгашт дар машварати худи Тито ҳузур дошт, супориши дарозмўҳлате дорад, ки ҳангоми нотинҷиҳо амалӣ мекунад, бигў. Тамом, ҳамин қадар кифоя. Акнун дар хусуси Сайфуллини тотор, Сайфуллин дасти рости Попов аст, бигў, бас. Он тарафашро худамон дуруст мекунем. Натарсида гуфтан бигир. Аз ягон чиз парво накун, аз ягон чиз. Сахт ваъдаат медиҳам. Ана, ҳамин хел. Бо душманон гапро зиёд намекунем мо – аз беху бун канда мепартоемашон. Лекин бо дўстон – гапи дигар – ҳамкорӣ мекунем, фаромўш накун. Инро ҳам аз ёд набарор, ки бо ман шўхӣ кардан оқибати  хуб надорад. Воқеан, чӣ ин қадар рангпаридаву арақшорӣ, мазаат нест-чӣ? Ё ҳаво бад аст?

   Гўё чизи ғализе хўрда бошад, Абўтолибро сар чарх мезаду дил мешўрид.

– Ҳа, худамро бад ҳис мекунам, – ин ҳолатро рафъ карда, базўр гуфт ў.

– Хайр, ин хел бошад, дигар манъат намекунам. Ба ҷоят бираву то Оренбург истироҳат кун. Лекин дар он ҷо шайкак барин тайёр бошӣ! Фаҳмидӣ? Ҳангоми рўбарўкунӣ набояд ягон дудилагӣ бошад. Боз «ёд надорам, намедонам, фаромўш кардаам» накунӣ… Ҳамаашро, чӣ хеле ки ҳаст, бигў вассалом. Аз боқии кор ташвиш нашав. Он тарафашро худамон соз мекунем. Ана, ҳамин хел. Ҳозир навис-навис намекунем, бирав, дам бигир, дар Оренбург, натиҷаҳои рўбарўкуниро ҷамъбаст ки кардем, аз рўи қоида коғазҳоро имзо мемонему ту баёнотатро тасдиқ мекунӣ. Ҳозир – бирав, ба гумонам, маслиҳатамон нағзакак пухт. – Бо ҳамин суханон Тансиқбоев Абўтолибро ба ҳуҷразиндонаш роҳӣ кард.

Аз ҳамон лаҳза Абўтолиб гўё зиндагии наве оғоз намуд. Ба назараш чунин мерасид, ки қатора гашташро тезтар кардааст. Аз тиреза бошитоб манзараҳои шиноси шинос мегузаштанд – дақиқаҳои башумор монда буд то Бўронӣ. Ором шудан, худро ба даст гирифтан, сабр кардану ба ҳар гуна саранҷоми хеш омода гардидан, вале, пеш аз ҳама – суръати қатораро мўътадил намудан лозим буд. «Кош оҳистатар мерафт» – аз дил гузаронд Абўтолиб, кадом як қудратеро тавалло  намуда ва, базудӣ эҳсос кард ё ба назараш чунин тофт, ки қатора суръаташро кам карду батадриҷ шитоби беҳади манзараҳои паси тиреза қатъ гардид. Он гоҳ ба худ гуфт: «Чизе бихоҳам, мешавад!» – ва каме осуда гашту нафасгардонаш гузашт; пас, бо тамоми вуҷудаш ба тирезаи панҷарадор часпида, мунтазир шуд.

Воқеан ҳам, қатора ба дуроҳаи Бўронӣ, ба он ҷое наздик мешуд, ки бахти бад Абўтолибро бурда буд; ба маскани нав хў гирифта, орзу дошт то калон шудани бачаҳо нобасомониҳои айёмро он ҷо сипарӣ созад. Вале ҳамин ҳам насиб набудааст: ин замон оилааш ҳаволаи тақдир буду худаш аз он манзилу макон маҳбуси ҳуҷразиндон мегузашт.

Абўтолиб бо чунон диққате ба берун менигарист, ки гўё чизҳои дидаашро тамоми умр, то нафаси вопасину нури охирини чашмон ба ёд гирифтанаш зарур бошад. Ва ҳама чизе, ки ў дар он соати пеш аз ними рўзи баҳманмоҳ медид – барфтўдаҳову пораяке марғзор, дашти гоҳ пурбарфу гоҳ урён – ҳамаро чун хоби шарифе бо ҳаяҷону зориву дўстдорӣ мепази-руфт. Ана, он теппаҳак, ана, сой, ана, пайраҳае, ки ҳамроҳи Зарифа, асбобу анҷом сари китф, раҳсозкунӣ мерафтанд, ана, марғзоре, ки тобистонҳо бозигоҳи бачаҳои Бўронӣ ва кўдакони ў – Довулу Эрмак буд… Ана, чанд уштур, ҳо дар он ҷо – боз як ҷуфт, якеаш Қаранори Едигей аст, ки аз дур шинохтанаш душвор нест, саланг-саланг куҷое меравад он бузургҷусса; баногоҳ, барф сар шуду зарраяконаш дар ҳаво ба рақс даромаданд; аслан табиӣ буд ин ҳол, чунки аз саҳар осмонро абрҳо гирифтаву маълум буд, ки ҳаво вайрон мешавад, лекин камакак, як камакак сабр мекард барф; охир, уштурхонаҳову боми аввалин, ки аз тўтааш дуд мебарояд, аллакай намоёнанд, ана – раҳнамо ва пеши он қатора ба роҳи эҳтиётӣ мегузараду чархҳояш дар пайвандҷоҳо ба тақ-тақ медарояд, ана, раҳнамобон*[§§], ки байрақча дар даст назди хонаҳакаш истодааст, Қазонқоп аст ў, Қазонқопи чун дарахти хушк қоқина; Худоё, ана, як назар хоначаи Қазонқоп ба чашм тофт, қатора, қад-қади деҳкада, даршитоб аст; ана, хоначаҳо, бому тирезаҳошон, ана, кадоме ба хона даромад, ки Абўтолиб танҳо пушташро дида тавонист, ана, нафаре пеши чўбу тахтаҳо моломол дорад, барои кўдаку чўдак чизе месозад. Едигей, оре, Едигей аст ў, дар танаш нимтанаи остинҳояш барзада, дар пешаш – духтарчаҳояш ва ҳамроҳашон – Эрмак; оре, ҷигарбанди ман Эрмак, бачаҷони ширинам, дуртар аз Едигей истода, аз замин ба ў чизе медиҳад, Худоё, рўяш як назар тофту халос, лекин куҷост Довул, Зарифа куҷост? Ана, он зани вазнин ҳамсари сардори дуроҳа Саулест ва, ана, Зарифа, рўмолаш ба китфаш фуромада; Зарифаву Довул, Зарифа дасти писараки хурдиашонро гирифтаву ҳарду ҷонибе мераванд, ки Едигей ҳамроҳи бачаҳо чизе месозад; мераванду намедонанд, ки вай, Абўтолиб, ин лаҳзаҳо беихтиёр бо даст даҳонашро пўшидааст, ки навмеду девонавор фарёд назанад: «Зарифа! Азизам! Довул! Писаракам Довул! Ин манам! Манам, ки шуморо бори охирин мебинам! Алвидоъ! Довул! Эрмак! Алвидоъ! Фаромўшам накунед! Ман бе шумо зиста наметавонам! Бе шумо мемурам ман, бе фарзандони азизу ҳамсари меҳрубонам мемурам! Алвидоъ!»

Дуроҳаи Бўронӣ, ки дергоҳ интизориаш мекашид, кайҳо пас монда буд, вале тамоми чизҳои дар он лаҳзаҳои нафасвор кўтоҳ дидааш гаштаву баргашта пеши назараш меомад. Дар пушти тиреза барф меборид, барфи анбўҳу фаровон; ҳама чиз бебозгашт ба гузашта рафт, вале барои Абўтолиб Қуттибоев вақт дар он макони тайшуда, дар он пораи роҳ, ки ҳама дарду маънии зиндагиашро дар хеш дошт, аз ҳаракат монда буд.

Ҳарчанд ки аз паси пардаи барф дигар чизеро фарқ кардан имкон надошт, ў худро ҳеҷ аз тиреза дур карда наметавонист. Ба ҳамин тарз, моту мабҳут назди тиреза меистоду ҳайрон буд, ки ҳарчанд бедодгариро сар нафуровард, маҷбур буд ба кадом як қуввае итоат кунаду бесадову дуздона аз назди зану фарзандонаш чун ҳайвони безабон гузашта биравад, зеро ба ин ҳамон қувва, ки аз озодӣ маҳрумаш намуда буд, маҷбураш мекард ва ў, ба ҷои он ки аз қатора бипараду аз худ дарак бидиҳад ва рўирост сўи оилаи пазмонаш биштобад, ҳақиру бечора ба тиреза менигаристу Тансиқбоевро имкон медод бо ў чун бо саге, ки амраш кардаанд дар кунҷаке бишинаду ҳаракат накунад, муносибат намояд. Ва Абўтолиб, барои тасаллои дилаш, аҳде кард, ки худаш медонисту Худо…

Акнун заҳри талхи лаҳзаҳои дидорро то охир менўшид Абўтолиб. Фақат ҳамин меомад аз дасташ, як ҳамин дар ихтиёраш буд, ки он лаҳзаро ҷузв-ҷузву зарра-зарра ва аён пеши чашмони хеш эҳё намояд: аввал Қазонқопро пеши назар овард, ки ҳамоно, байрақчаи бебадалаш дар дастони қоқина, дар посгоҳи доимии хеш истода буд, чи қадар қатораҳоро қабулу гусел кардааст ў дар умри хеш дар ин канору он канори дуроҳа; баъд – кулбаҳову молхонаҳои Бўронӣ ва дуди тўтаҳои рўи бомҳоро ва аз он пас – Эрмакро, миёни бачаҳо, назди Едигейи Бўронӣ – он одами Худо, ки дар ин дунё чун кўҳ собиту устувор монда буду он лаҳзаҳо барои тифлакон чизе месохт, дидану аз фарёду алам қариб нафасгардон шуданашро. Эрмак ба Едигей тахтача ва ё ким-чизи дигаре медод. Ва Абўтолиб дар он чанд лаҳза Едигейи тануманду бақуввату сиёҳҷурдаи ба бачаҳо меҳрубонро, ки дар тан пўстинчаи остинҳояш барзадаву дар по мўза дошт, Эрмакаки телпакчаи куҳнаву мўзачаҳои намадӣ пўшида ва Зарифаву Довулро, ки сўи онҳо мерафтанд, бисёр рўшану аён пеши чашми худ дид. Зарифаи бечораву азиз – ҳам рўмолашро, ки ба китфонаш хамида, мўйҳои сиёҳи печонашро намоён карда буд, ҳам чеҳраи рангканда ва ин қадар муассири дилҷўяш, палтои тугмаҳояш кушода, мўзаҳои дағалеро, ки худ барояш харида буд, сари сўи бачаякашон хамашро низ – ба Довулак ким-чӣ мегуфт – беҳад наздик дид ў ва ин ҳама чизи беҳад қарину азизу фаромўшинопазир дер гоҳ Абўтолибро дар хайрбоди хаёлии баъди дидор ҳамроҳӣ мекард… Талафоте буд ин, ки бо ягон чиз ва ҳаргиз ҷуброн намешуд…

Тамоми роҳ барф мебориду бўрон менолид. Дар яке аз истгоҳҳои пеши Оренбург қатора як соати дароз истод – барфтўдаҳои роҳро тоза мекарданд. Овозҳо ба гўш мерасид – одамон, боду ҳаво ва ҳама чизи дунёро нафрин намуда, машғули кор буданд. Баъд қатора, дар пардаи гирдбоди бўронӣ, боз ба роҳ даромад. То даруни Оренбург дурудароз раҳ паймуданд, шохаҳои чун ҳезуми  гўристони бесоҳиб сиёҳу каҷукилеби дарахтони сари роҳ лолу тира овезон буд. Худи шаҳр қариб ки ба чашм намерасид. Дар истгоҳи тақсимоти  қатораҳо низ то дери шаб истоданд – равонхонаи махсусро аз қофила ҷудо карданд. Абўтолиб инро аз рўи таконхўрии равонхонаҳову садоҳои ходимони равонхонаи махсус ва фарёди қаторакашҳо фаҳмид. Баъд равонхонаро боз ба куҷое, аз афти кор, ба роҳи эҳтиётӣ кашида бурданд.

Оқибат ними шаб равонхонаи махсус дар ҷои муқарраршуда қарор гирифт. Охирин бор такон хўрд равонхонаву охирин бор амре аз поин садо дод, ки «Шуд! Нарасед дигар!» ва он дигар аз ҷо наҷунбид.

– Хайр, тамом! Тайёр шав, маҳбус! Бубаро! – Дари ҳуҷраро кушода, Абўтолибро фармуд нозири калон. – Вақта нагир! Бубаро зудтар! Хобат бурд-чӣ? Як ҳавои тоза бигир!

Абўтолиб оҳиста аз ҷо хест ва, ба нозир тамоман наздик шуда, навмедона гуфт:

– Тайёрам ман. Куҷо рафтан даркор?

– Тайёр ки бошӣ, рафтем! Куҷо рафтанатро посбонҳо мегўянд, – нозир Абўтолибро роҳ дод, ки ба долон барояд, вале баъд, ҳайрону хашмӣ фарёд зада, боздошташ: – Борхалтаат ҳамин ҷо мемонад-чӣ? Куҷо? Барои чӣ борхалтаатро намегирӣ? Ё бароят боз ҳаммол биёрем? Канӣ, зуд лату путатро бардор!

Абўтолиб, ба ҳуҷра баргашта, бо дили нохоҳам борхалтаи фаромўшкардаашро гирифт ва ҳангоми баргаштан ба долон қариб буд ба ду ходими махсуси ҳаминҷоӣ, ки бо шитобу изтироб мерафтанд, бархўрад.

– Биист! – Абўтолибро ба девор пахш кард нозир. – Раҳ бидеҳ! Бимон аввал рафиқон гузаранд!

Аз равонхона баромада, Абўтолиб садои дари ҳуҷраи Тансиқбоевро кўфтани онҳоро шунид.

– Рафиқ Тансиқбоев! – Садои пурҳаяҷонашон шунида мешуд. – Зиёрат қабул! Аз интизорӣ як чиз шудем! Дар ҷойҳои мо – барф! Бубахшед! Иҷозат диҳед худро  муаррифӣ кунем, рафиқ майор!

Дастаи мусаллаҳи посбонон – се нафари телпакҳои гўшакдору либоси аскарӣ пўшида – дар поён интизори маҳбус буд ва бояд ўро, аз рўи роҳҳои оҳан гузаронда, назди мошини махсус мебурд.

– Ку зуд фуро! Боз чӣ интизорӣ? – Шитобонд яке аз посбонон.

Абўтолиб, пеш-пеши нозир, хомўшона бо зинаҳо аз қатора фуромад. Шамоли сард мевазиду барфи реза меборид. Аз сардии завлонаҳои яхбаста дастонаш якбора раг кашиданд. Торикистони истгоҳи ноошноро чароғҳои рўи  роҳ сина медариданд, роҳҳои оҳанро бўрон барфпўшу ноаён карда буд, қаторакашҳо пуризтироб нидо мекарданд.

– Маҳбуси  навадуҳафтумро супурдам! – Ба дастаи посбонон арз кард сардори нозирон.

– Маҳбуси навадуҳафтумро қабул кардам! – Чун акси садо ҷавоб дод сардори посбонон.

– Шуд! Куҷое барандат, рафтан гир! – Гуфт ба Абўтолиб сардори нозирон ҳангоми видоъ ва баъд, барои чӣ бошад, ки илова намуд: – Бо мошин мебарандат…

Абўтолиб, борхалтааш сари китф, батахмин рў-рўи тахтаву оҳанҳои роҳ қадам монда, пеш-пеши посбонон ба роҳ даромад. Аз барф худро паноҳида мерафтанд. Гоҳ аз ин сўву гоҳ аз он сў қаторакашҳои шабкор садо медоданд.

Ҳамкорони оренбургӣ, ки барои меҳмонхона бурданаш ба ҳуҷраи Тансиқбоев омада буданд, банди таҷлили ташрифи ў, дер карданд. Таклиф намуданд онон, ки барои  шиносоӣ ҳамон ҷо, дар худи равонҳуҷра бинўшанду бихўранд – шаб аст, охир ва вақти кор кайҳо тамом шудааст. Кӣ ҳам намепазирад чунин таклифро? Ҳини сўҳбат Тансиқбоев лозим донист бигўяд, ки корҳо хуб аст, ба барори рўбарўкунӣ, ки барояш онон аз худи Алмаато омадаанд, дилпур бошанд.

Ҳамкорон зуд забон ёфтанду сўҳбаташон тасфид. Баногоҳ аз берун овозҳои пуризтироб омаду дар долон садои қадаммонӣ баланд шуд ва ҳамоно посбону сари нозирон бошитоб вориди ҳуҷра гардиданд. Посбони саропо хунолуду ваҳшатзадарў, даст ба чакка бурда, сўи Тансиқбоев дод зад:

– Маҳбуси навадуҳафтум ҳалок шуд!

– Чӣ хел ҳалок шуд? – Бехудона аз ҷо парида хест Тансиқбоев.– Чӣ хел ҳалок шуд?!

– Худро таҳи қаторакаш партофт! – Шарҳ дод сари нозирон.

– Чӣ хел партофт? Чӣ хел партофт?! – Бадхашмона нозирро такон дод Тансиқбоев.

– Вақте ки мо рўи роҳҳо баромадем, аз чапу рост қаторакашҳо ҳаракат мекарданд, – канда-канда ба фаҳмонидан шурўъ кард посбон. – Қатораеро ҳам ин сўву он сў мебурданд. Дар ҳамон ҷо… Мо истодем, ки қатора гузарад… Ҳамин вақт маҳбус, кашидаву кушода, бо борхалтааш ба сари ман заду худро рост таҳи чархҳои қаторакаш партофт…

Ҳама, аз ин ҳодисаи ғайричашмдошт худро гум карда, хомўш буданд.

– Ҳа, мурдоре! Палиде! Халос шуд-а! – бесаранҷомона ҳақорат медод Тансиқбоеву овозаш меларзид. – Ҳама корро расво кард! Ина бинед-а! Халос шуд-е, халос шуд! – Баъд, навмедона даст афшонда, истаконашро  пури арақ кард.

Ҳамкорони оренбургиаш дарзамон посбонро ҳушдор доданд, ки масъулияти ин ҳодиса бар дўши дастаи посбонон хоҳад буд…

 

 

 

АБРИ ЭҲСОНИ ХУДОВАНД

 

Яке аз бузургтарин нависандаҳои муосири дунё –  Чингиз Айтматов дер боз миёни хонандагони хушзавқи тоҷик ҳам маҳбубияти сазовор пайдо кардааст. Аз қиссаҳои зебои давраи аввали эҷодиёташ, ки аксаран зиндагии пуртаззоди як инсон ва тавассути он рўзгори  бузургворонаю фоҷиавии инсониятро бозгў кардаанд, то романҳои ба ҳар маънӣ бузургу фарогираш, ки Инсону Кайҳонро бо он ҳашамату бекаронӣ ба тасвир гирифтаю зимнан шодию нишот ва дарду аламҳои ҳар як одами хокиро хеле муассир инъикос намудаанд, ин қаламкаши забардаст дар мадори муҳаббати китобхонҳои дунё қарор дорад.

Чунон ки хонандаи мўҳтарам медонад, тақрибан бист сол пеш романи нахустин, вале ҳамоно устодонаи Чингиз Айтматов – «Рўзе ҳаст дарозтар аз қарн» ё худ «Дуроҳаи бўронӣ» манзури ҳамагон гардид. Тавассути қаламдоди рўзгори ашхоси оддии заҳматкаш, аз як ҷониб ва тасвирҳои хаёлии кайҳонӣ, ки барояш одатӣ набуданд, аз ҷониби дигар, адиби қудратманд масоили мубрами замонро пеш ниҳода, чун ҳамеша ҷомеаро ба андешаи амиқ перомуни оламу одам водошта буд. Ҳамон вақт он асари зебову хоноро мутолиа кардаву ба қудрати сухан мафтун шуда ва аз ҷасорати адабиву инсонии муаллиф ба ҳайрат афтода, шояд кам касоне андешида буданд, ки ин китоби ҷолиб низ аз заррабини мафкуравӣ гузаштаву таҳрироти иҷбориеро дучор омада ва, беш аз ин, аз пораҳои дилраси хеш маҳрум шудааст.

Мутаассифона, ҳамин хел шуда буд ва, хушбахтона, замоне расид, ки ҳамон пораи соқити роман чун қиссаи ҷудогона манзури хонандагон гардид. Дар маркази ин пораи роман ё худ қиссаи алоҳидаи Чингиз Айтматов низ, чун дар осори дигараш, Инсони оддии заҳматкаш қарор дорад; Инсоне, ки бори дунёро ба дўш бардоштаву бо вуҷуди ин қудрату бузургӣ ҷуз осоиши хонадони хешу дигарон, муҳаббати ҷонибайни одамон, яъне хушбахтии оддию душворҳосили заминӣ, ормоне надорад.

Дар қисса образҳои маъруфи романи «Рўзе ҳаст дарозтар аз қарн» – Абўтолиб Қуттибоев ва майори хадамоти амнияти давлат Тансиқбоев амал мекунанд ва табиист, ки зимнан ҷиҳатҳои нави характерҳояшон тасвир мешавад. Ҳамзамон бо қудрати беназиру ғайриинсонии мошини муҷозотӣ, ки дар шахси «одами давлат» Тансиқбоев нишон дода шудааст ва бечорагию беҳуқуқии Инсон, ки зимни образи Абўтолиб манзур мешавад, хати дигари сужет мегузарад. Ин хати тоза аз масири таърихи инсоният убур карда, замони истилои муғулро бо даврони сотсиализми пирўз, салтанати худкомонаи Чингизхонро бо диктатураи бедодгарбунёдкори Сталин пайвастааст. Ва чизи ҷолибтарине, ки зимнан мушоҳида мешавад, образи Инсон аст, «инсони оддии заҳматкаш» (таъбири Чингиз Айтматов), ки бо вуҷуди тағйироти чашмгири иҷтимоиву сиёсиву фарҳангӣ аз азал то имрўз кам дигаргуниеро мувоҷеҳ шудааст. Ҳоло низ ў ҳамон инсонест, ки ду, се, даҳ аср қабл буд, ҳамон гуна азият мекашад, меандешад, ғам мехўраду аз ночизтарин баҳонаи тараб шодӣ мекунад. Ин фикри ҷолиб зимни хати пайванде, ки миёни образҳои Абўтолиб Қуттибоев ва Эрдене-юзбошӣ устувор аст, бозгў шудааст. Абўтолиб, ки дар даврони дигаргуниҳои бузурги иҷтимоиву техникӣ, замони пайванди қутбҳову қитъаҳо, тасхири  авҷи кайҳону қаъри замин, бунёди истгоҳҳои бузурги барқ, ихтироъи дорую дармони бемислу силоҳҳои беназири одамкуш зиндагӣ дорад, мубталои ҳамон дарди азалиест, ки Эрдене-юзбошӣ – сарбози соҳибдили Чингизхонро дар доми худ медошт. Ҳарду низ – ҳам инсони асри сездаҳу ҳам муосири мо чизи бисёре намехоҳанд: дар зиндагӣ ба ҳоли худ зистан, касеро дўст доштану дўстдоштаи касе будан, фарзанд ба дунё овардану сазовор парваридан кофист барои хушбахтии комили онҳо. Лекин рўзгор – ҳам дар он ва ҳам дар ин замон – бисёр бераҳм буду ҳаст ва лозим намедонад Инсонро ба камтарин таманнои дилаш ҳам комёб кунад.

Ҳарду низ – ҳам Эрдене-юзбошӣ ва ҳам Абўтолиб  зоҳиран коре накардаанд, ки сазовори ҳайрату мафтунӣ бошад. Вале моҳиятан ҳарду низ исёнкоранд ва мебояд қаҳрамонони созандаи адабиёт маҳсуб бишаванд.

Эрдене-юзбошӣ амалдори қўшуни бешумори Чингизхон аст, ки ҳар ҳафта шаҳреву ҳар моҳ кишвареро зери даст мекунад. Ў имкон дорад ба коми дили як инсони худком бизияд. Вале Эрдене-юзбошӣ инсони қолабӣ нест, ў бояд исён бикунад, ба зоҳир не, ба моҳият исён бикунаду қадру манзалати Инсонро биафзояд.

Абўтолиб – фарзанди асри бист бо Эрдене-юзбошӣ аз ҳамин ҷиҳат қаробат дорад. Ў вазифадор аст оддитарин арзишҳоро қадр бикунаду суннатҳоро зинда бидорад, дар мушкилтарин ҳолатҳо, ки қисмат ба сараш меорад, Инсонро дар хеш бой надиҳад. Абўтолибро бо гуноҳҳои гўшношуниде муҷрим медонанд, бо ҷазоҳои мудҳише метарсонанд, вале ў, беш аз ҳама, аз як ҷазо, ки қисмат мубталояш кардааст – ҷудоӣ аз зану фарзандон ҳарос дораду бас. Ҳамин ҷудоии ҷовид аз пайвандони дилу ҷон, ҳамин талафоти мудҳиш нуқтаи дигарест, ки қисматҳои Абўтолибу Эрдене-юзбоширо ба ҳам мепайвандад. Талафоте, ки ҳаргиз ва ба ҳеҷ чиз ҷуброн намешавад ва, бинобар ин, ҷуз Офаридгор касе ҳақ надорад Инсонро ба он дучор бикунад.

Бадбахтии Инсон аст, ки бо талқини Шайтон аз доираи вазоифи раҳмонии хеш убур мекунаду ба сари ҳамзотонаш балоҳо меорад. Вай дар осори Чингиз Айтматов маҳз ҳамчун як офаридаи комил-тарину ноқистарини Худованд, ки пайваставу мунта-зам ба такомул ниёз дорад ва, бадбахтона, дар роҳи қисмати хеш хоҳу нохоҳ ва аксаран ба коҳишҳои рўҳонию маънавӣ мувоҷеҳ мешавад, ба қалам омадааст. Аз ин ҷиҳат, махсусан, образи Чингизхон ҷолиб аст. Вай, бо ҳама шукўҳу шаҳомат, дар сояи лутфи қисмат – дар иҳотаи қўшуни бисёрҳазора ва ходимону надимони содиқ (садоқате, ки решааш ҳарос аст) дар авҷи салтанату ҷаҳонгирӣ тасвир шудааст. Вале назари заррабини адиби ҳунарманд, аз ҷавшани заркўби ў гузашта, дилу ҷонашро урён мебинад ва дармеёбад, ки ў низ, бо вуҷуди он ҳама ободии зоҳир, доғҳое дар дилу ҷон дорад. Чунин тасвири амиқу воқеӣ хонандаро маҷбур мекунад ба образи маъруфи адабиёти дунё дигаргунатар назар андозад. Фоҷиаҳое, ки он абарқудрату ҷаҳонталаби хунхору мардумозор аз сар гузарондааст, варо лаҳзае чун Инсон – чун мавҷуди муқтадиру бечораи мўҳтоҷи раҳму дилсўзӣ вонамуд месозад; вале фоҷиаҳое, ки ў худ ба сари инсонҳо меорад, ўро аз мадори камтарин таваҷҷўҳ низ берун мекунад. Ин таваҷҷўҳи оддии инсонӣ не, балки ҷозибаи хоси кайҳонӣ, беш аз он, муҳаббати раҳмонист. Чунки Инсон, тавассути мақсадҳои поки хеш, пайванди Офаридгор аст ва нияти азалии ўро амалӣ месозад. Нияти азалии Худованд – ободии оламу озодии одам, муҳаббати пайвандону парвариши фарзандон, нек гуфтану нек кардан, шукргузориву меҳршиорӣ, хуллас, накўкорӣ, ки чун паҳнои Ҷаҳону қудрати Яздон поён надорад, тавассути Инсони асил дар дунё собит мешавад. Ва, мантиқан, ҳар касе, ки бо кирдори шайтонӣ мавриди нафрати Инсон қарор мегирад, ҳамзамон нафрати Яздонро сазовор мегардад.

Чингизхон, чун як абарқудрат, аз доираи вазоифи инсонии хеш гузашт ва фармудаи Офаридгор – идомаи наслро ҳангоми юришҳои хеш муроот накард. Эрдене-юзбошиву Догуланг ин фармони шайтониро риоят нанамуданд ва гирифтори ҷазои бераҳмоната-рин гаштанд: ҷаҳонгири хунхор онҳоро аз зиндагӣ ва лаззати ширинтарин меваи дарахти умр – фарзанд бенасиб сохт. Худованд, чун мукофоти амал, Чингизхонро аз сояи марҳамати хеш – абри сафеде, ки аз оғози юришаш ҷониби Ғарб ҳамроҳиаш дошт, маҳрум намуд.

Тансиқбоев, алорағми воқеияту ҳақиқат, Абўтолибро дучори тўҳмату маҳрумиятҳо карда, ба ҳалокат расонд ва аз бузургтарин орзў – дидори зану фарзандон маҳрум сохт. Ва моҳиятан ба нафрати Худованд дучор гардид.

Рамзист, ки ин ҳодиса баҳманмоҳи соли 1953 рух дод. Баъди чанде Сталин даргузашт ва шикастани мошини мудҳиши тарсу ҳарос, тўҳмату бўҳтон, шиканҷаву ҷазо, ки дар баҳои ҷону азобҳои алими Инсон тансиқбоевҳоро ба манзили муродашон мерасонд, оғоз гирифт…

Ҳамин аст фарҷоми ҳар амале, ки алайҳи нияти азалии Худованд корбаст мешавад.

Ҳамин аст хулосаи қиссаи муассиру омўзандаи Чингиз Айтматов «Пораабри сафеди Чингизхон».

Дар қисса порае ҳаст, ки дарвеши ғайбдоне пайдоиши абри сафедро болои сари Чингизхон пешгўӣ мекунад: «Он нишонаи Қазои Афлок аст, ки воломақомии мутлақатро дар рўи замин шаҳодат медиҳад. Ту бояд он абрро эҳтиёт кунӣ, вагарна, гумаш, ки кардӣ, аз қудрати беназират мемонӣ…» Ҳама таркиши хашми Хоқонро интизор мешаванд, вале ў густохии ғайбдони дарвешро оромона таҳаммул мекунад: «Фарз кардем, Афлок ин суханонро ба дили ту андохт, ки ба мо бигўӣ. Фарз кардем, ки ман бовар кардам. Лекин, бигў, эй мусофири хирадманд, ки ман он абри озоди осмонро чӣ гуна эҳтиёт карда метавонам? Шояд галабонҳои савори аспҳои болдорро бифиристам, ки нигоҳубинаш бикунанд? Ё, чун аспи сур, ба ҳар эҳтимол, лаҷомаш бизананд?! Абри осмониеро, ки бод сад сўяш мебарад, ман чӣ хел эҳтиёт карда метавонам?» Дарвеши ғайбдон, бо ҳамон густохиву лоқайдии бузургворона, посух медиҳад: «Инаш – кори ту…»

Оре, ҳар касе ҳам, агар Инсон аст, бояд пораабри марҳаматеро, ки Худованд бар фарози ҳар бандаи покаш парафшон медорад, посбону посдор бошад. Чӣ гуна – кори ҳар кас аст, вале як чиз мусаллам аст, ки бе нияти неку амали нек, ки вазифаи азаливу абадии Инсон аст, дар сояи пораабри марҳамати Худованд будан имкон надорад.

 

                                Низом ҚОСИМ

E-mail: nizom_kosim@mail.ru

* Волга

* Дуруд (муғулӣ)

*рўди Урал

* вагон

*почта

**оперативӣ

[††] локомотив, паровоз

*купэ.

* стрелочник

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …