Главная / Ҷамъият / Чиҳил ҳаққе, ки баъд аз мурдани падару модар дар зиммаи фарзандон мебошад

Чиҳил ҳаққе, ки баъд аз мурдани падару модар дар зиммаи фарзандон мебошад

Чиҳил ҳаққе, ки баъд аз мурдани падару модар дар зиммаи фарзандон мебошад

Падару модарро бар фарзанд ҳаштод ҳақ аст, чиҳил дар ҳолати ҳаёт ва чиҳил дар ҳоли мамот, яъне баъди мурдани падару модар. Он чиҳил ҳаққи дар ҳолати ҳаёт будани падару модарро қаблан гуфта гузаштем. Акнун дар хусуси он чиҳил ҳаққе, ки баъд аз мурдани падару модар аст, сухан мекунем.

Аввал кӯшиш намоед, ки ба зудӣ ӯро баъди мурдан дафн кунед, яъне қабр кунед, ки азизии мурда дар он аст, ки зудтар вайро дафн кунанд. Фармони шарь дар он аст ва ӯро ба тарики шарь бишӯянд ва кафани суннатӣ кунанд. Яъне се кафан. Аз се кафан зиёда накунанд, ки исроф мешавад. Кафанро бояд аз моли ҳалол кунанд. Агар қарз карда кафан кунад, лозим аст, ки қарзро зуд адо кунанд.

Агар соҳибилм бошад, имом дар намози ҷаноза худаш шавад, ки соҳиби майит ӯст, гӯр ё лаҳад кунад, ки суннат ин аст. Майитро мебояд дар мавзеъе дафн кунанд, ки хасме набошад, яъне замини дигар кас набошад. Ва агар хасме бошад, бо ризои вай кунанд ва дар ҳаққи вай дуъо кунанд ба ин тарика, ки Худои таъоло фармудааст: “Рабби-р-рҳамҳумо камо раббаёни сағиран”, яъне, эй Парвардигори ман, раҳмат кун ба падару модари ман, ҳамчунон ки онҳо маро мепарвариданд ва раҳм мекарданд бар ман дар ҳоли хурдӣ ва заифии ман.

Маънии дигар он бошад, ки раҳми онҳо дар дили ман бинеҳ, ҳамчунон ки раҳми ман дар дили онҳо ниҳодӣ. Дар ҳоли тифлӣ ва хурдсолии ман ва ба хок худаш ниҳад, ки соҳиби ӯ вай аст,

Бояд гӯрканон ва коркунонро хушнуд кунад ва агар музд гиранд, музди онҳоро кам надиҳад ва дар миёни аҳли салоҳ дафн кунанд. Яъне дар миёни одамони нек дафн кунанд, на дар миёни одамони бад, ки аз ҳамсояи бад ӯро ранҷ расад.

Қабрро ба хок ва хишти хом кунанд, ба чӯб ва хишти пухта  накунанд. Гӯрро ба саҳро кунанд, на ба хона, ки суннат ин  аст ва барои ӯ садақа ва дуъо кунанд.

Қарзҳои ӯро низ мебояд адо кунанд, васиятҳои ӯро ба ҷой оваранд, намозҳои зиёдатӣ ба нияти ӯ бихонанд, яъне дуъо  кунанд, то савоб ба онҳо расад. Ва рӯзаҳои зиёдатӣ бигиранд ва савобашро ба ӯ бахшанд ва ба зиёрати қабри онҳо раванд. Ба рӯҳи падару модар тиловати Қуръон кунанд.

Расули акрам (с) фармуданд: ҳар ки ба зиёрати қабри падару модари худ равад, фариштагон ба зиёрати қабри вай оянд.

Расули акрам (с) фармуданд: ҳар ки рӯзи ҷумъа як бор ба зиёрати қабри падару модари худ равад, гуноҳони ӯ омурзида шаванд ва номи ӯ аз некон шавад ва дар вақти зиёрат ба такбир ва салавот ва дуъо хондан ва Қуръон хондан машғул шавад. На ба навҳа кардан, яъне нола кардан ва суханони носавоб ва беҳуда гуфтан. Чунки онҳоро аз он ранҷ мерасад. Ҳар ки зиёрати қабри падару модари худ кунад ва дар ҳаққи онҳо дуъо кунад, Ҳақ таъоло ҳама гуноҳони ӯро мағфират кунад. Илоҳо рӯҳи падарон ва модаронро аз мо шод гардонӣ.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …