Главная / Гуногун / Дуо кадом вақт қабул мешавад?

Дуо кадом вақт қабул мешавад?

Чигунагии қабул шудани дуо

Ҳазрати Сайд ибни Ҷубайр (paҳ) мефармояд: Ончунон оятеро аз Қуръон ёд дорам, ки ҳар касе онро бихонад ва пас аз он ҳар дуое бикунад, дуояш қабул мегардад, баъд аз он ин оятро хонд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Қулиллоҳумма фотира-с-самовоти ва-л-арзи Олима-л-ғайби ва-ш-шаҳодати Анта таҳкуму байна ибодика фӣ мо кону фиҳи яхталифун.[1]

Тарҷума: Бигӯ: «Бор Худоё, эй Пайдокунандаи осмонҳову замин, Донандаи ниҳону ошкоро! Ту миёни бандагони Худ бар чизе, ки онҳо дар он ихтилоф мекарданд, ҳукм мекунӣ».

Нусхаи Набавӣ дар мавриди бахшиши гуноҳон баъд аз намози ҷумъа

Расулуллоҳ (с) мефармояд: Ҳар шахс, ки баъд аз намози ҷумъа сад маротиба ин калимоти зеринро бихонад, сад ҳазор гуноҳ аз худаш ва бисту чаҳор ҳазор гуноҳ аз падару модараш мавриди бахшиш қарор мегирад. Калимот ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Субҳоналлоҳи-л-Азим ва биҳамдиҳ.[2]

 [1] Сураи Зумар, ояти 46.

[2] Аз ривояти Бухорӣ ва Муслим иддаои фавқ собит мегардад: Аз Ҳазрати Абӯҳурайра (раз) ривоят шудааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуд: “Ҳар касе рӯзона сад маротиба «Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи»-ро бигӯяд, Худованд гуноҳонашро мавриди афву бахшиш қарор медиҳад, ҳарчанд ба андозаи кафки оби дарё бошад».

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

hayvonho

Дуои муҳофизат аз ҳайвонот ва душманон

Нусхаи муҳофизат аз ҳайвонот ва душманон Агар шахсе дар масири роҳ аз ҷониби ҳайвон ва …