Главная / Гуногун / ЧЕҲРАИ ОШНО

ЧЕҲРАИ ОШНО

Шодмон ба бўрёкўбони ҳамсояи  навашон каме таъхир карда омад. Аллакай ҳамсояҳо ҷамъ омада буданд, як хона пур аз одам буд. Баробари ба хона ворид шудани Шодмон ҳамагон ба истиқболаш аз ҷой хеста, ўро ба пешгаҳ гузарониданд ва чун ба ҷойҳои худ нишастанд, соҳибхона, марди  тахмин шаст-шаступанҷсола, ки мўйҳои  сап-сафедаш дар партави  чароғи электр медурахшид, Шодмонро ба чанд тан меҳмонон, ки яқин хешовандонаш буданд, шинос кард.

Дар байни меҳмонон ҷавоне менишаст  гандумгин, миёнқад, мўи сараш сиёҳи ҷингила ва дар таги чашми росташ чени нохун холи  сиёҳе дошт. Чеҳраи ў ба назари Шодмон хеле гарм тофт, аммо ҳарчанд зўр зад, ба  ёд оварда натавонист, ки дар куҷо дидааст ўро: дар ҷои кор дучор омада буд? Ё дар  ҳамин наздикиҳо зиндагӣ мекунаду дар кўча вохўрдаем? Ё дар нақлиёт… Хулоса, ёдаш наомад, ки онҳо дар куҷо вохўрда буданд? Вақте аз дасти соҳибхона  пиёлаи чойро  мегирифт, боз чашмаш ба ҳамон ҷавон  афтид. Нигоҳҳояшон ба ҳам бархўрданд. Ҷавон, яқин Шодмонро шинохта буд, ки гарм табассум кард.

duxtaroni-tojik-118Ҳамин тариқ аз байн фосилае гузашт. Аҳли давра аз ҳар дар сўҳбат  доштанд, мегуфтанду мехўрданд. Соқии давра ба ҳамагон шароб рехта, ба навбат  сухан медод то соҳибхонаро табрик гўянд. Чун навбат  ба он ҷавон, Музаффар будааст номаш расид, қадаҳро ба даст гирифта, гуфт:

-Ман хеле хурсандам, ки падарам бо чунин одамони давраорову зиндадил ҳамсоя шудаанд. Дар урфият мегўянд, ки хона нахар, ҳамсоя бихар. Ман низ ҳамчун  фарзанди калони ҳамин хонадон ҳамсояи шумо ҳастам ва ин қадаҳро барои он менўшем, ки ҳамсояҳои  бесоя набошем.

Ҳамагон ба ҷавон  офарин гуфта, қадаҳҳои  худро нўшиданд. Ва Шодмон низ ба онҳо пайравӣ карда, қадаҳ бардошту ба нохост  ёдаш омад, ки ин ҷавонро дар куҷо дида буд. Аз овозаш шинохт ўро…

Он рўз ҳаво сард буд. Баргҳои  дарахтон  кайҳо хазон гашта, даруни ҷўйбору рўи роҳравҳо  ба пўсидан оғозида буданд. Аз гирду  атроф бўи хазон омехта ба дуд ва бедаи тар меомад. Чанд рўз боз дар шаҳр ҳар гуна овозаҳои  воҳимаангез пайдо шуда, аз дуру наздик садои якка-якка ва гоҳо мусалсали тир меомад. Аз ноҳияҳои дуру наздик гурезагон савори мошини боркашу тракторҳо  гурўҳ-гурўҳ ба пойтахт омада, як қисмашон дар хонаи  хешовандони худ ва хобгоҳу меҳмонхонаҳо  маскан мегирифтанду қисми дигарашон саросема ҷониби кўҳистон мерафтанд.

Вақти намози аср Шодмон аз кор бармегашт. Азбаски вақтҳои охир ҳаракати нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ фалаҷ гашта буд, одамон бештар пои пиёда  сўи манзилҳои  худ мешитофтанд. Тасодуф ягон автобус ё троллейбус пайдо шавад мардум саросема ба он мечаспиданд, агар ба дохили он роҳ наёбанд ба поймонак ва ҳатто болои боми он савор шуда мерафтанд. Шодмон  хеле мунтазири автобус нишаста, аммо аз он дарак набуд. Ва чун рўз бегоҳ мешуду дар кўча касе наменамуд, ноилоҷ пиёда ба сўи хонааш роҳ пеш гирифт. Қариб роҳ нисф шуда буд, ки дар болои  кўпрук ба  дидбонгоҳ дучор омад. Ду нафар силоҳбадастон  мошин ва пиёдагардонро боздошта, ҳуҷҷатҳояшонро тафтиш мекарданд. Вақте ки пагоҳӣ  Шодмон  ба кор мерафт, дар ин ҷо дидбонгоҳ нагузошта буданд. Азбаски бо худ ҳуҷҷат надошт, хост ақиб гашта, ба кўчаи дигар равад. Аммо аллакай дер шуда буд ва аз тарси он ки  силоҳбадастон ягон гумони бад набаранд, аз раъяш гашт. Худро тамоман бепарво вонамуда қариб аз дидбонгоҳ гузашта буд, ки аз он тарафи роҳ яке аз дидбонҳо садо баланд кард:

– Ҳой мардак!

Шодмон, дар ҳоле ки ба баданаш мурғак дамид, ба тарафи овоз рўй овард.

– Куҷо? – бо ишораи сар пурсид дидбон.

– Хона.

– Чӣ, мо барои ту бачаи ҷайраем, – лаб инҷ кард вай. – Саломи худоиятро ҳам намедиҳӣ.

– Шумо ба тафтиш банд будед, – гуфт Шодмон, – халал расондан нахостам.

– Ту магар сутуни осмонӣ, ки ҳуҷҷат нишон  намедиҳӣ? – ба ў наздик шуд дидбон. – Ё моро назарат намегирад.

– Ҳуҷҷат надорам, дар хона фаромўш шудааст.

– Аз куҷо меоӣ?

– Аз кор.

– Дар куҷо кор мекунӣ?

– Дар рўзнома… журналистам.

– Аз қафои ман биё, – ҷониби вагончаи  тахтагини кўҳна, ки канори роҳ гузошта шуда буд, рўй овард силоҳбадаст.

– Ака, бевақт шуд, монед равам. Ба худо қасам, ки ман одами ҳамин шаҳрам. Пагоҳ ҳуҷҷатамро оварда нишон медиҳам.

– Ту гапа намефаҳмӣ?! Ман ба ту чӣ гуфтам? – асабиёна автоматро ба даст гирифт дидбон.

Шодмон ноилоҷ аз қафои ў ба роҳ даромад.

Дар дохили  вагон се нафар низомиёни дигар, ки  аз либосашон рутбаашонро  аниқ кардан душвор буд, қартабозӣ доштанд. Дар дами дар мизе  гузошта шуда буд, ки болояш анвои  хўрдании  гуногун ва чанд шиша арақу пиво  менамуд. Дар назди миз ҷавони тахмин ҳабдаҳ-ҳаждаҳсола диккак нишаста пиёзу картошка  пўст меканд. Шодмон ҳини ба вагон ворид шудан аввал ба ў даст дода вохўрӣ кард. Ҷавон бо нигоҳи  тарсолуд ҷаста аз ҷой хеста, ба ў даст дод.

– Як нафар маҷалланависа қапидем, – ба марди  паҳлавонҷусса, ки яқин  командирашон буд, муроҷиат кард дидбон,- шиноснома надорад.

Мард ба сўи Шодмон чашм ало карда, қартаҳои  дасташро болои миз гузошт:

– Чаро беҳуҷҷат мегардӣ?

– Ман дар шаҳри худамон ҳеҷ гоҳ бо худ шиноснома намегардонам, – гуфт Шодмон.

– Шаҳри худамон мегўӣ? Акнун ин шаҳри шумо нест. Фаҳмидӣ?!

Шодмон лом нагуфт.

– Ту ўро мешиносӣ? – ба ҳамон ҷавоне, ки картошка пўст меканд, ишора кард мард.

– Не, – ҷавоб дод Шодмон.

– Пас, чаро бо ў вохўрдӣ кардӣ?

– Вай ҳам инсон аст, чаро салом накунам.

– Инсон нест вай, – аз ҷой хест мард. – Мисли  ту як ҳайвони  оқипадар аст… Ё мешиносию худатро ба нодонӣ мезанӣ?

– Не, намешиносам.

– Шояд  ҳамроҳаш дар як майдон нишаста, аз як дег ошу шўрбо хўрда бошӣ, – лаб инҷ кард мард.

– Ман дар ягон майдон нанишастам.

– Наход?

Лаҳзае ҳар ду хомўш ба чашмони якдигар нигаристанд.

– Бевақт шуд, – гуфт Шодмон чашмонашро гурезонида. Ва баъд нигоҳашро аз тирезаи панҷарадори  вагон  лағжонида, илова кард. – Монед ман равам. Дар хона кўдакони хурдсол дорам, ташвиш мешаванд.

– Ҳеҷ куҷо намеравӣ?

– Ман чӣ гуноҳ кардам… Рост ба роҳи худам  равон будам.

– Шумо дар маҷаллаҳоятон ҳар гуна сафсата навишта, мардума ҷанг андохтед. Акнун, ки ба  даст афтодӣ, худата мусичаи бегуноҳ мегирӣ, а!

– Чӣ хел мо мардума ҷанг андохтем?

– Росту дурўғ ҳамаро сиёҳ карда, халқа ба шўр овардед.

– Шахсан ман ҳеҷ каса ба шўр наовардам ва дурўғ ҳам нагуфтам. Агар  бо имзои ман  чунин мақола чоп шуда бошад, исбот кунед.

– Ба ту асос даркор, –  ба Шодмон наздик шуд мард ва чанд лаҳза бо чашмони ҳақорат ба ў нигариста, ногоҳ ба миёни пойҳояш лагад андохт.

– Ба рўят хандидем забон баровардӣ-ку! – гуфт вай бо овози хирросӣ ва аз ҷайбаш таппонча  бароварда, ба қундоқи он ба сари  Шодмон  чунон зад, ки вай мисли дарахти аз бех бурида парў афтод.

Мард  пайиҳам  ба сандуқи синаи Шодмон чанд лагад зада, девонавор  наъра кашид:

– Хез аз ҷоят!

Шодмон калавида ба по шуд.

– Медонӣ барои чӣ туро мекушам? – гуфт мард, мили таппончаро ба даҳони Шодмон андохта. – Барои он ки башараат ба ман маъқул нашуд. Нигоҳат ҳам ғаши касро меорад. Давои ту мурдан . Аммо пеш аз мурдан барои дилхушии мо рақс мекунӣ.

– Ман раққос нестам, – гуфт Шодмон калавида.

– Эҳа, ҳоло шаттаи гови мурдаро нахўрдаӣ. Чунон мерақсӣ, ки гўё аз модарат раққос таваллуд шуда бошӣ, – гуфт нафари  дуюм, ки чанд лаҳза  пеш бо мард қартабозӣ мекард. Вай аз ҷой хеста назди Шодмон омаду бо ангушти ишоратиаш  аз таги манаҳи ў бардошта, ба сараш  ба даҳону бинии Шодмон зарба зада, онро ғарқоби  хун кард. – Мерақсӣ, очағар!

– Намерақсам, – гуфт Шодмон, хуни даҳонашро бо нафрат туф карда.

Он ду нафар гўё маҳз ҳамин лаҳзаро  интизор буданд, ки аз нав гургвор ба Шодмон часпида, ўро лагадборон карданд. Командир шояд аз задан дилаш хунук шуда, ба қафо гашт ва он ҷавони  картошкатозакунро бо ишораи даст назди худ хонд.

– Ҳўй, очағар! Ин ҷо биё.

Ҷавон тарсон дарҳол кордро даруни зарф гузошта, дар назди мард ҳозир шуд.

– Ҳозир… агар бо як мушт ин ҳашаротро  аз пой афтонӣ, ҷонат халос, – гуфт мард, ба сўи Шодмон ишора карда. – Вагарна ба як тир  рост ба маркази  ҷаҳаннам мефиристам! Фаҳмо?

– Ман дар умрам ба сари касе мушт набардоштаам, – гуфт ҷавон бо овози ларзон.

– Ҳозир ман ёдут метиям, – гуфт мард ва  як қадам ба қафо гузошта, бо пои росташ  ба сандуқи синаи ҷавон чунон зад, ки пойҳои вай  аз замин канда шуда, ду қадам он тараф ба тахтаи пушт афтид. Мард аз зарбаи  худаш хушаш омада, чеҳрааш дигаргун  шуд. – Картошкаи боқимондаро низ тоза кун, ана баъд ба  ҷаҳаннам меравӣ, – гуфт мард, ҷавонро аз ҷой  хезонда. Ва баъд ба ҳамраҳаш рўй овард.

– Дар пост чанд кас истодааст?

– Се нафар.

– Яктояшро фарёд кун.

Пас аз чанд дақиқа ҷавони сабзинаи  ҷингиламўе, ки дар зери чашми росташ мисли нохун холи сиёҳ дошт, ба вагон ворид шуд.

– Ин ҳашаротро берун бароварда паррон, – гуфт мард ба ҷавони воридшуда Шодмонро  нишон дода. -Беҳтараш  дар лаби дарё… мурдаашро ба об парто. Одами  барои ин ҳайвон қабр мекандагӣ нест.

Ҷавон Шодмонро, ки ба зўр ба по меистод, пешандоз карда, аз вагон берун шуд. Онҳо пасопеш  ба пайраҳае, ки ҷониби дарё мебурд, равон шуданд.

– Чаро бе ҳуҷҷат мегардӣ? – пурсид ҷавон. – Вазъи шаҳр  ба худат маълум…

Аз ин овози нарм дили Шодмон қувват гирифт ва аз роҳравӣ бозистода, ба ақиб нигарист.

– Бародар!

– Ба пеши поят нигоҳ кун. Роҳ гард.

– Аз ин пас шиносномаамро ҳаргиз аз ҷайбам берун намекунам.

– Акнун дер шуд. Наист, қадам зан. Журналистам гуфтӣ? – аз пайроҳаи шағалпўш поён лағжида ба зўр  мувозинаташро  нигоҳ дошт ҷавон. – Ҳамкасби падарам будаӣ. Ман ҳам мехостам журналист шавам, аммо падарам розӣ нашуд. Ноилоҷ ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи таърих супоридам.

– Дар куҷо кор мекунанд падарат? – аз гаштан бозистода, ба қафо нигарист Шодмон.

– Наист гуфтам, – сахт карда гуфт ҷавон, – ҳозир дар мактаби деҳаамон муаллимӣ  мекунад. Лекин чандин сол  дар газета кор кардааст.

– Дар кадом газета?

– Ин ба ту чӣ лозим? – норозиёна ғурингид ҷавон. – Тезтар қадам мон.

Бо ҳамин гуфтугўи онҳо хотима  ёфт. Шодмон даст ба пушт пеш-пеш қадам зада, афсўс мехўрд, ки бе ҳеҷ гуноҳ, беҳуда ҳайф  мешавад. Ба гумон аст, ки фарзандон мурдаашро ёбанд. Худо медонад об ҷасади ўро  то куҷо бурда, ба соҳил мебарорад. Тўъмаи сагони  дайду мешавад ҷасадаш. Сиву ҳашт сари сол  дар ин дунёи пурмоҷаро  ва замини пургуноҳ  бо дасту дили пок зиста, оқибат се газ кафану  замини сиёҳ ҳам насибаш нашуд. Бе ў аҳволи зану фарзандони хурдсолаш чӣ мешавад. Хор  мешаванд онҳо бе саробон.

Шодмон ҳамеша хабари одамонеро, ки  ба марги  муфоҷо  мефавтиданд, шунида, худ  ба худ  меандешид, ки марҳум дами вопасин маргро рў ба рўяш дида, дар бораи чӣ андешида бошад, киро ба ёд оварда дар дилаш чӣ гапҳо гузашта бошад. «Шояд пас  аз шунидани марги ман зану фарзандонам низ ба худ чунин суол диҳанд».

Ба лаби дарё расиданд.

Ҷавон автоматро аз китфаш гирифта, тақарросзанон тирро ба мили он равон карда, гуфт:

– Бишин, – ва худ аввал сари санге нишаста, автоматро болои зонувонаш кўндаланг гузошт. Сипас, аз ҷайбаш қуттии сигарет баровард ва як донаашро ба лаб монда, оташ дод.

– Мекашӣ? – пурсид аз Шодмон.

– Не, ташаккур, намекашам.

– Аз мурдан метарсӣ?

– Лаҳзаи аввал… тарсидам. Аммо ҳозир  дар вуҷудам тарс гум шуд. Воқиан, вақте одам маргашро рў ба рў дид, тарсро дар  ниҳодаш мекуштааст… Шояд худи инсон  не, балки  ҳайбати марг тарсро аз хонаи дили ў берун мекунад. Лекин…

– Чӣ лекин?

– Аз ту як илтимос дорам. Мурдаи маро  ба об напартофта, дар ҳамин наздикиҳо зери сангу қум куну баъд бо ана ин рақам телефон карда гўй, ки дар фалон ҷой мурдаи  падаратонро ёфтем. Об овард гўй.

Шодмон рақами телефони хонаашро гуфт.

– Ту аҷаб одами содда будаӣ.  Барои ин савобҷўиям медонӣ онҳо чӣ кор мекунанд маро, – гуфт ҷавон, ба тарафи вагон, ки дар байни анбўҳи дарахтон наменамуд, ишора карда.

– Ту як одами  дуппа – дуруст чӣ хел ба онҳо ҳамроҳ шудӣ?

– Ту аз куҷо медонӣ, ки ман чӣ хел одамам. Намебинӣ автомат бардошта гаштаам.

– Ҳозир худат гуфтӣ, ки падарат муаллим, худат низ мактаби олиро хатм кардаӣ.

– Хайр чӣ? Магар дар мактаби олӣ фақат  фаришта тарбия мекунанд? Медонӣ ҳамоне ки ҳозир барои куштанат фармон дод, чӣ кора аст?

– Не, аз куҷо донам.

– Духтур. Ўро ҳам дар мактаби олӣ ҳафт сол тарбия кардаанд. Соҳиби касбе мебошад, ки мисли он дар олам пешаи  инсонпарваронае нест. Ё дурўғ мегўям?

– Гапат рост.

Чанд лаҳза хомўш монданд. Оби дарё аз соҳилҳо фурў рафта бошад ҳам, шасташ тез буд.

– Мехоҳӣ бидонӣ, ки ман чӣ хел ба дастаи онҳо ҳамроҳ шудам? – гуфт ҷавон.- Ҳозир, бародар, бетараф будан хавфнок аст. Оё шиори касе, ки бо мо нест, душмани мостро нашунидаӣ? Дар ин айёми буғзой бетарафӣ баробари марг аст. Аз тақдири худат қиёс гир. Хулоса, маро тундбоди ҳодисаҳои охир ба онҳо ҳамроҳ кард… Хўш-ш – аз ҷой хеста, автоматро  ба даст гирифт ҷавон- Бихез!

Баробари аз ҷой баланд шудани Шодмон садои канда-кандаи тир ба ҳаво рафт. Та-та-та! Шодмон аз тарс бо кафи дастон сарашро дошта, баргашта ба ҷояш нишаст.

– Бихезу гурез, – пичиррос зад ҷавон. – Беҳтараш худатро ба дарё андоз. Тезтар! Дигар ҳаргиз дар ин наздикиҳо сиёҳиатро нишон надеҳ. Агар  шиносанд, кори ҳардуямон тамом!.. Чаро нишастаӣ, бихез!

 Шодмон саросема худро ба дарё зад. Вай худро мурдасон ба ҷараёни об вогузошта, хеле вақт мунтазир буд, ки ҷавон  ҳамин ҳозир  паси сари ўро  нишон гирифта, мағзи сарашро дар рўи об пош медиҳад. Аммо дигар садои тир набаромад…

Шодмонро садои хандаи аҳли давра, ки яқин  ягон латифаи намакин, ё нўшбоди  хандаовар  шунида буданд, аз олами хаёлот  вораҳонд. Вай  бо баҳонаи пиёларо  дароз кардан аз болои дастархон даст ёзида, ба Музаффар гуфт:

– Ҳозир ҳам муаллимӣ мекунӣ?

– Дигар чӣ кор ҳам мекардам… дигар кор  аз дастам намеояд, – табассум кард Музаффар.

– Биё, – қадаҳашро аз болои дастархон бардошт Шодмон. – Барои ҳамон тире, ки ба ҳаво рафт, менўшем.

– Биё!

Аҳли давра аз ин гуфтугўи онҳо чизе нафаҳмиданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …