Главная / Гуногун / ЧАШМАИ МУСАФФО

ЧАШМАИ МУСАФФО

Имрўз хушбахтона ва бадбахтона китоб бешумор нашр мешавад. Бадбахтона барои он, ки бисёре аз ин китобҳо ба қавли Низом Қосим “селборони харобикореанд, ки дар роҳи худ на мазраъҳои ҳавасро барҷо мегузоранду на киштаҳои завқро”. Хушбахтона барои он, ки китобҳое ҳам ҳастанд, ки сабаби ташаккули завқу салиқа, тафаккуру парвози баланди хаёлоту парвариши зеҳну ҳофиза ва худшиносии хонанда мегардад.

ochaБа бахши “хушбахтона” романи Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин “Шоҳроҳи абрешим” шомил аст, ки банда онро ҳамчун як тўҳфаи пурбаҳо пазируфтам.

Бояд ёдовар шуд, ки романи “Шоҳроҳи абрешим”-ро доктори илми таърих Ваҳҳоб Набиев “Саҳифаи нав дар ҳошияи таърих” меномад. Аз тарафи дигар ин роман яке аз қадамҳои дилпуронаи Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин дар мавзўи бағоят мушкилписанду заҳматталаби таърихӣ буда, саҳифаи тозае дар эҷодиёти гуногунқираи онҳо мебошад.

Чаро онҳо рў ба таърих оварданд? Ин суоли хуб аст. Ва лоиқи ҷавоб мебошад.

Аввалан ин амри замон буд. Сониян собиқ Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У Хун Бин хеле оқилона қайд мекунад, ки: “Ҳеҷ як тамаддун худ ба худ инкишоф наёфтааст. Ин ҳақиқати бебаҳс ҳангоми шиносоӣ бо китоби Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин “Зиндагиномаи Чжан Тсян ё худ Шоҳроҳи бузурги абрешим” пурра аён мегардад”.

Шоҳроҳи абрешим на танҳо таърихи зиндаи ниёгон, на танҳо роҳи гузашта, балки роҳи фардои шукуфоии Тоҷикистон мебошад. Он эъҷозе аст, ки моро рў овардан ба таърих, ба реша, ҷўёи асли хеш шудан ҳидоят мекунад. Ва устод Мўъмин Қаноат барҳақ: “Ва ин роҳи васл ба сўи асл аст!” гуфта сурудааст:

          “Меъмори азал аҷаб раҳе сохтааст,

          Меъмори наве тарҳи нав андохтааст”.

Бале, меъмори нав, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов шоҳроҳи Кўлоб – Дарвоз – Қулмаро сохт, ки он на танҳо Шоҳроҳи абрешимро эҳё кард, балки кафолати мавҷудияти минбаъдаашро ҳам таъмин намуд.

Ва боз се заминаи дигар мушоҳида мешавад. Аввалан Ато Ҳамдам роҳи пуршараферо тай карда, мактаби ду рўзномаи бонуфуз – “Тоҷикистони советӣ” ва “Комсомоли Тоҷикистон”-ро гузаштааст. Баъдан ҳангоми адои вазифа ба сифати Вакили мардумӣ, Вазири фарҳанг, мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғурури миллӣ ва нангу номуси ватандориаш ба ҷунбиш омадааст. Ва сониян аз ҳама муҳим ин меҳр аст, муҳаббат аст, ишқ аст ва шавқу завқ.

Леонид Чигрин ҳам солҳои зиёди умрашро сарфи тарҷумаи осори адибони тоҷик намуда, беш аз сад филми мустанаду ҳунарӣ офаридааст. Солҳои зиёд рўзноманигор буд ва оид ба воқеаҳои бузурги замонҳои гуногуни Тоҷикистон, ки дар тамаддуни ҷаҳон нақши муҳим бозидаанд, маводи зиёди таърихӣ гирд овардааст.

Ҷои баҳс нест, вале мавриди афзудан аст, ки романи “Шоҳроҳи абрешим” дар адабиёти ҷаҳони муосир аввалин ва ягона асари арзандаест оиди Шоҳроҳи абрешим. Инро гуфтаҳои собиқ Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У Хун Бин тасдиқ мекунад: “Ман дар бораи нахустсафири императори Чин ҳанўз дар мактаби миёна хонда будам, бинобар ин мақсаду ҳунари императорро хуб медонам ва номи Чжан Тсян ва ҳамсафари бовафои ў Ганфуро аниқ дар хотир дорам. Аммо вай дар шакли муфассали асари бадеӣ бори аввал дар ин китоб таҷассум ёфтааст ва он на фақат ҳаққонӣ, балки бо риояи одоб ва эҳтиром ба қаҳрамони асосӣ ба сомон расидааст”.

Аввалин таҳқиқгари роман адабиётшиноси намоёни тоҷик, доктори илми филологӣ Атахон Сайфуллоев ба вуҷуд омадани ин романро дар адабиёти муосири тоҷик воқеаи тоза номида, гуфтааст: “То ба ҳол дар насри мо чунин асар офарида нашуда буд”.

Бале, ин аввалин асар аст ва офаридани он осон набуд. Вале чунон ки шоир гуфта:

          “Сояи Ҳақ бар сари банда бувад,

          Оқибат ҷўянда ёбанда бувад”.

Худи муаллифон ҳам қайд мекунанд, ки онҳо “автопойгаҳи адабӣ”-и хешро дар роҳҳои пурпечутобу серталаби таърих оғоз мекунанд. Ин амал барояшон дунёи навро мекушояд. Дунёи ҷасорату мардонагӣ ва ҷонфидоиро. Адибон он ҳама дастовардҳои худро дар мизони тафаккур бармекашанд, хулоса мекунанд, месанҷанд.

Нахуст қиссаи “Зиндагиномаи Чжан Тсян ё худ Шоҳроҳи бузурги абрешим” тавлид меёбад. Асар на танҳо аз ҷониби хонанда, балки аз тарафи раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин самимона пазируфта мешавад.

Моҳи майи соли 2002, вақте ки муаллифи аввал дар Пекин нашри чинии қисмати аввали ин китобро ба раиси ин кишвар ҳадя кард, ҷаноби Тсзян Тсземин пурсид: “Ин Шумоед?”. Маълум гашт, ки эшон аз эҷоди ин асари дар Чин чопнашуда воқиф гашта будааст.

Аз ин рў, қаҳрамони асар барояшон боз ҳам азизтар мегардад. Ва боз оташе ба дили адибон фитода, онҳоро ба изтироб ва ҳаяҷон меорад. Ва мисраҳои: “Қонеъ нашавӣ ба ҳар чӣ ёбӣ, аз хуб ба хубтаре шитобӣ” шиорашон мегардад. На вазъи сиёсӣ ва на вазъи иқтисодӣ садди роҳашон намегардад. Онҳо “боз ғарқи ҷилдҳои таърихномаҳо, ёддоштҳо, рисолаҳои илмиву тадқиқотӣ” мегарданд. Онҳоро боз меҳнату машаққат, ташвишу тараддуд ва имтиҳону озмоишҳои сахттаре пеш меоянд, боби дигари достони диловарӣ оғоз мегардад. Ин ҳама маводи аҷоибу фаровон муаллифонро ба ваҷд меорад, ки иброз медоранд: “Таърихи Чжан Тсян ба ҳадде мароқангез буд, ки нанавиштан аз хусусаш ғайриимкон гардид. Дар асри беқаҳрамонии мо, ки арҷи мафҳумҳои одоб коста шудааст, бе ҳаяҷон дарки арзишҳои ахлоқиро чун садоқат ба вазифаи шаҳрвандӣ, хирадмандӣ, қаҳрамонӣ, нахустпаймои Роҳи бузурги абрешим – Чжан Тсян зоҳир мекард, ногузир буд”.

Ранҷу заҳмати кашидаи муаллифон барабас нарафта, бор меорад ва на танҳо қисми дуюми роман бо номи “Супориши махсус” тавлид меёбад, балки қисми аввали он ҳам такмил ёфта, сенздаҳ боб илова мегардад.

Роман асари таърихии реалистиест, ки дар заминаи воқеаҳои таърихӣ эҷод шудааст. Аз он замон бошад беш аз ду ҳазору сад сол сипарӣ гаштааст.

Ду ҳазору сад сол!

Табиист, ки рўи қоғаз овардани он рўзгори мозӣ корест хеле сангин. Ва олими намоёни тоҷик Атахон Сайфуллоев қонунан суол пеш меорад: “Оё нависандагони мо аз ўҳдаи иҷрои ҳамин вазифаи хеле душвор баромадаанд?”. Ва худ посух медиҳад: “Бешубҳа, аз ўҳдааш баромадаанд”. Ва муаллифи пешгуфтори нашри дуюми китоб У Хун Бин ба асар баҳои баланд додааст: “Дар ин асар воқеаҳое, ки бештар аз ду ҳазор сол қабл аз ин содир шудаанд, бо маҳорати баланд ва нерўи бадеӣ инъикос ёфтаанд”.

Эҳёи воқеаҳои айёми гузашта аз тарафи муаллифон ҳам аз нигоҳи забону тарзи баён ва ҳам аз дидгоҳи баррасии таърихӣ хеле андешамандона ва масъулона сурат мегирад. Муаллифон ҳам дар оғози роман шикастанафасона иқрор мешаванд: “Мо аз ҳуқуқи таҳайюлоти бадеӣ ва шарҳу тавзеҳи ҳаводиси қадим камтар истифода кардем… бештар ба меҳрамон нисбати қаҳрамонону номеҳрубониямон ба душманони онҳо такя кардан лозим омад. Ҷузъиётеро ҳам, ки ба хатти асосии қисса начаспид, сарфи назар кардем”.

Муаллифон эҳёи шоҳроҳи абрешимро ба тафсил ба тасвир гирифта, хонданибоб таҳрир карда тавонистаанд. Агар мушаххас гўем, онҳо ҳар гуна ҳисси назарфиребу нопойдор ва василаҳои дуюмдараҷаро сарфи назар карда, бештар ба мазмуну мундариҷаи ғоявӣ диқати махсус додаанд. Гўё рўҳи Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ асар карда, ки гуфтааст:

          “Агар ҳушмандӣ, ба маънӣ гирой,

          Ки маънӣ бимонад, на сурат ба ҷой!”.

Ҳамин маънӣ муаллифонро дар мадори якрўю якҷиҳат ва ҳақиқатнигорӣ нигоҳ медорад. Ва яке аз дастовардҳои калони онҳо дар ҳамин аст. Дастоварди дигар он аст, ки дар роман арзишҳои волои инсонӣ – озодиву истиқлол, донишу маърифат, хираду тадбир, росту дурўғ, кину ҳасуд, сулҳу дўстӣ хеле равшан иншо шудаанд.

Қисми аввали роман дар шакли ахбори таърихӣ, бо тарзу баёни киноповест, қисми дуввум оҳанги лирикӣ ва услуби ривоятӣ дорад. Роман бо ҷумлаи “Абрҳои пар-пар” оғоз мегардад. Ҷумла хеле мавзун буда, унсуре аз шеърият дорад. Умуман забони асар соддаву равон, бетакаллуф ва фикру эҳсосу баён шоирона аст. Аз ин рў, ҳар сухан вазн дорад, нишонрас аст.

Авроқи рангини ин романи пуршўр эҳсоси аҷиберо падид меорад. Фонӣ будани ҳаёти инсон дарк шуда, гўё ин мисраҳои Бедил гаштаю баргашта танин меандозад:

    “Ғофил манишин, бинои умр чу киштии дар об,

    Истода менамояд, чун тир меравад”.

Ва ин ҳақиқати зиндагӣ аз забони Чжан Тсян танин меандозад: “Гўё ҳамин дина навҷавон будӣ, аз зиндагӣ меболидӣ ва бовар доштӣ он безавол аст. Имрўз бар сарат барфи пирӣ рехтааст. Чинҳои рўят ҷўйчаҳоеро мемонанд, ки чун рўзҳои гузарон куҷо мераванд, намаълум”.

Бале, арғамчин, ҳарчанд дароз бошад ҳам, охир дорад. Бале, умри абадӣ вуҷуд надорад, марг ногузир аст. Бале, мурури замон на ба шоҳ тараҳҳум дорад на ба гадо.

Ҳадафи асосии муаллифон дар оинаи воқеияти таърихӣ инъикос намудани ҳақиқати зиндагӣ мебошад. Ин аст, ки роман дар худ мавзуи умумибашарӣ – маънии ҳаёт ва моҳияти онро ғунҷондааст.

Ҳақиқат ҳамеша талх аст. Вале он аз афсона зеботар аст. Инро Чжан Тсян вақте дарк мекунад, ки бо кўҳҳои ба осмон теғкашида, сукути ҷовидонаи биёбон, шукўҳу зебоии баҳри Арал шинос мешавад. Ин ҳама абадиятро таҷассум мекарданд.

“Тухми некию меҳрро бедареғ бикор, – зери лаб такрор кард Чжан Тсян суханони ҳакими бостон Мо Диро, – ва ҳосили фаровоне хоҳӣ гирифт”.

Вақте пешвои оташпарастон Зитан аз ў мепурсад, ки: “Чӣ сир дорӣ, ки дар ҳама ҷо бо дили кушод қабулат мекунанд?”, ў ҷавоб медиҳад: “Сирри ман ин аст, ки сирре надорам”.

Бале, ў инсон аст, тамом вассалом!

Ва инсон ҳам, чун табиат, аз “панҷ унсур” иборат аст ва аз ҳайвон танҳо бо хиради хеш фарқ мекунад.

Ин инсонро муаллифон чунин ба қалам медиҳанд: “қоматбаланд, бабозў, тахминан сисола, чеҳрааш ҷиддиву нигоҳаш барқосо, ки Чжан Тсян ном дораду сарбоз – муҳофизи император аст”.

Чжан Тсян боз як ҳақиқати бебаҳсро кашф мекунад: одамони нек бештаранд дар дунё. Вай бо онҳо бисёр дучор меояд. Ва ҳар боре ки аз онҳо ҷудо мешавад, гумон мекунад, ки аз пораи дилу ҷонаш ҷудо мегардад. Вале одамони бад ҳам кам нестанд. Симои яке аз онҳо чунин аст: “қадпасти танаю тўшдор, миёнсол, чашмонаш бозингару суханаш саросемавор – Шэн Ян, яке аз амалдорони хурди лашкар, шахси ҳасуду маккор”.

Ҳар амали инсон ҳосили пиндори ўст.

Дардо, ки то чун Шэн Ян баринҳо ҳастанд зиндагӣ бедард нест! Аммо чӣ гуна дарде!? Кину ҳасад, ки ба хиёнат мебарад. Шэн Ян нисбати Чжан Тсян хиёнатро раво дида, боварӣ дошт, ки зинда намемонад. Агар зинда монад ҳам, як умр асир мегашт, ки аз марг ҳам бадтар аст. Лек, Чжан Тсян ба ҳеҷ ваҷҳ буқаламунвор чеҳра тағйир намедиҳад. Ин чӣ ҳиммати мардона! Пас, суол меояд: ба чӣ хотир?! Ба хотири иҷрои қарзи инсонӣ. Қарз қарз аст. Иҷрои қарз фарз.

Маънии зиндагӣ – сўхтану сохтан!

Бале, одамизод бояд ҳамин хел бошад: бунёдкору созанда!

Рисолати ҳастию пўяндагии ҳар инсон ин аст, ки онро мушаххас дарк кунад ва ба умқаш сарфаҳм биравад. Дар акси ҳол зиндагӣ мазмуни худро гум мекунад. Зеро ки ангезае барои идомаи ҳает боқӣ намемонад. Чжан Тсян на танҳо соҳиби дилу нияти софу пок мебошад, балки ҷанговари нотарсу хирадманд ва дурандешу бофарҳангест. Ва сафири ҳақиқист. Он гуна ки Ҳаким Фирдавсӣ мефармояд:

          “Фиристода бояд, ки доно бувад,

          Ба гуфтан далеру тавоно бувад”.

Оре, сафир бояд далеру тавоно бошад!

Ва Чжан Тсян инсонест дорои қувваю нерўи беҳамто ва хунсард. Дар баробари ин хоксору меҳрубон, орому ботамкин, поку самимӣ ва оқилу одил. Ва гоҳо ба тифли беғаму беқароре табдил меёфт. Ҳаминро афзудан лозим аст, ки ин ҳама сифатҳои Чжан Тсян на дар сухан, балки дар амал зуҳур меёбанд. Ва банда хулосаи Атахон Сайфуллоевро сад дар сад пазируфт, ки гуфта: “Симои қаҳрамони асосӣ хеле барҷаста аст”.

Ва инак, Чжан Тсян саманди худро тозиёна мезанад ва он дар тоз мешаваду чанги роҳ ба ҳаво мехезад. Вай худро ба оғўши боди сарди мусофират зада, ба истиқболи хавфу хатар меравад.

Ҳаёти Чжан Тсян борҳо сари мўе овезон буд. Аммо тарс надошт, худро ором нигоҳ медошт, қадру қимати худро медонист. Даҳ соли дароз заҳри асорат чашид. Ба азобу шиканҷае, ки асирон паси сар мекарданд, ягон ҳайвон тоб оварда наметавонист. Вале Чжан Тсян тоб овард, пеши касе сар хам накард, ватанашро нафурўхт. Пешвои гуннҳо Гюнчен ба ў мегўяд, ки ғуломон барои мо ҳамеша мол буданду ҳайвони корӣ. Лекин ман ба ту ҳаёт мебахшам ва мушовири ман мешавӣ. “Аз ин баъд ту, Чжан Тсян, гуннӣ. Кадом номи гунние, ки маъқулат аст, бигир. Ту соҳиби ватани наву зиндагии навӣ, аз ин пас”.

Вале Чжан Тсян рад мекунад.

“Номро нав кардан мумкин, – мегўяд ў, – вале ватанро… не, имкон надорад. Инсон, дар куҷое, ки бошаду дар куҷое, ки бизияд, як ватан дорад”.

Ҷолиби таваҷҷўҳ аст, ки муаллифон масоили мухталифи ҳаёт – ваҳдату дўстӣ, ҷангу сулҳ, дину оин, ишқу муҳаббатро моҳирона ба риштаи тасвир кашидаанд. “Одамон бо ваҳдат муқтадиранд” – мегўяд Чжан Тсян. Бале, танҳоӣ хеле душвор аст. Зўри одамон дар ягонагист. Чжан Тсян дасти Шеракро ба даст мегирад.

“ – Нигоҳ кун – ин як ангушт ва онро қат кардан осон. Дутояшро ҳам қат кардан мушкил не. Лекин агар ҳамаи ангуштонро ҷамъ кунӣ, чӣ мешавад?

– Мушт! – писарак рамзро пай бурда, механдад”.

Чжан Тсян равобити тиҷоратӣ ва муносибатҳои дўстонаро омили гулгулшукуфии кишварҳо медонад. Ба қавли ў ҷанг ҳаргиз воситаи муомилаи халқҳо нест. Ҷанг бадтарин кор аст, ки одамонро аз ҳам ҷудову бадбахт мекунад. Сулҳ аз ҳар гуна ҷанги фотеҳона беҳтар аст. Ва ў шоҳи мақдунӣ Искандарро мисол меорад.

“Искандар хост Осиёро фатҳ кунад, вале пирўзияш саробе дар биёбон буду бас. Заминҳоро гирифт ў, вале фатҳ карда натавонист. Қаламраваш кўрпаи пурямоқи бенавоёнро мемонад. Ҳамин ки мурд, давлаташ чун хоначаҳои гилини кўдакон пош хўрд, лашкараш чун дуде дар шабистон дар паҳнои Осиё гум шуд…”.

Фаъолияти Чжан Тсян дар ин самт ҳикмати ҷовидонаи Саъдии бузургворро ёд меорад:

          “Агар пилзўрӣ в-агар шерҷанг,

          Ба наздики ман сулҳ беҳтар, ки ҷанг”.

Аз саҳифа ба саҳифа воқеаҳои гуногуни ғайричашмдошт пеш омада, беҳтарин хислатҳои Чжан Тсян равшану комилтар ба зуҳур меоянд. Муаллифон тавонистаанд, ки иродаи матин, дониши фитрӣ, ақлу заковат, зеҳни тез, фазилат ва мудаббирии фавқулодаи ўро ба риштаи тасвир кашанд.

Сафарҳо ба Чжан Тсян имкон медиҳад, ки боз як ҳақиқати зиндагиро бифаҳмад: бузургии ҳама чиз дар муқоиса аён мешавад. Ва ў дарк мекунад, ки барои чӣ императорҳои Чин бузургтарошӣ ва худхоҳиҳои бемисл нишон медиҳанд. Ин аз он сабаб аст, ки онҳо дунёро надидаанд. Ҷаҳонбинии онҳо дар дунёи қасру кохҳои худ маҳдуд аст.

Вай кўшиш ба харҷ медод, ки ҳалқаи дўстонашро физояд. Ва хушбахтона, ин ба ў ҳамеша муяссар мегардад. Вай ҳатто тавонист рақиби деринаш Омаргро, ки ўро куштан мехост, дўст гардонад. Дўстию меҳрубонии Чжан Тсян бо қалам тасвир кардан мушкил аст. Ҳар касе, ки ин романро мутолиа бикунад, воқеан ҳавас хоҳад кард, ки чунин дўсти ҷонӣ дошта бошад. Шоире чӣ хуб гуфта:

          “Зиндагӣ бе рафиқҳо марг аст,

          Шахси бе дўст шохи бебарг аст”.

Дар сюжети роман ишқ ҳам чун гули печон омада, ҷои намоёнро ишғол мекунад. Сайёҳи чинӣ қиссаи чанд сол шунидаашро ба ёд меорад. Сарватманде, ки мулки зиёд, ҳазорон ғулом, кўҳи тило дошту ногузир ба коми пирӣ фурў мерафт ба хирадманде муроҷиат мекунад, ки чӣ хел ҷавониамро баргардонам? Ҳаким посух медиҳад, ки: “Гирифтори ишқи бедареғи маҳҷабине бишав”.

Бале, чӣ бебаҳо неъматест дўст доштану ишқ варзидан!

Дар роман ишқи се зан – Любава, Фароҳат ва Сибэй тасвир ёфтааст.

Ганфу бо амри тақдир аз Любава ҷудо мегардад. Вале Любава бозгашти Ганфуро интизорӣ кашида, ба ў муҳаббат ва садоқат нишон медиҳад. Дўсти Ганфу Гелди ба амонат хиёнат накарда, нисбат ба Любава бародарвор ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Ишқи Фароҳат хеле фоҷиавӣ сурат мегирад. Пешвои оташпарастон Зитан ба Чжан Тсян мегўяд: “Агар мақсадат тиҷорат ва ё саёҳат мебуд, ёриат намекардам. Вале чун ғами дилбаратро мехўрӣ, кўмакат мекунам”. Ва қиссаи ишқи худро нақл карда, хулоса мекунад: “Муҳаббати занро бо зўрӣ ноил шудан мумкин нест”.

Чжан Тсян барои ишқаш талошҳо мекунад, вале фарҷоми он фоҷиангез шуд. Фароҳат ба қабилаи усуниҳо асир афтода тобеи онҳо мешавад, ба тақдир тан медиҳад. Ў ва Омарг охири охирон Фароҳатро ба даст медарорад. Вале Омарг ўро ҳамчун зани хиёнаткор ба ҳалокат расонд. Аслан Фароҳат дурандешӣ зоҳир менамояд. Вай наметавонист ҳақиру шарманда ба Бохтар равад. Аз ин рў маргро авлотар донист. Ва Чжан Тсян, ин марди далеру тавоно пеши худ иқрор шуд: “Чӣ аблаҳӣ кард Чжан Тсян! Чӣ кўрдиланд мардон умуман. Танҳо худро мебинанду аламҳои кўчаки худро ва аксаран фоҷиаи дили нозуки заиферо фаҳмида ҳам наметавонанд”.

Ва баъдтар ба хулосаи амиқ омада, мардона иқрор шуд: “Фароҳатро Омарг не, худи ў кушт, рашку алами ў кушт”.

Дар роман Сибэй хеле содиқу бовафо тасвир шудааст. Аз ишқи поки ў танҳо метавон дар оташи ҳасад сўхт.

Номи ў рамзист. Дар сад сол дар биёбон як бор борон меборад. Ва он гоҳ дар регтеппаҳо гулҳои нозуки кабуд мешукуфанд, ки Сибэй ном доранд.

Сибэй Чжан Тсянро бо самимият “Мавлоно” “Хоҷаи ман” меномад. Вай ба хорию зорӣ нигоҳ накарда шавҳарашро интизор мешавад. Ва ҳангоми дидани ў худро пеши пояш мепартояд.

“ – Хоҷаи ман… Омадӣ? Ман шодам… – дастони ўро мебўсид зан.

Сайёҳи чинӣ аз ин самимият моту мабҳут гашт.

– Маро фаромўш накардаӣ?…

– Хоҷаи ман, магар зан шавҳарашро фаромўш карда метавонад? Ман ҳамеша интизорат будам ва бароят хўрок ҳам пухтаам.

Чжан Тсян ба гўши худ бовар накард:

– Ҳар рўз барои ман хўрок мепўхтӣ? Ҳамин қадар сол?

– Албатта. Охир, агар ту меомадию хўрок тайёр намебуд, занатро ҷазо медодӣ”.

Хулоса, Чжан Тсян иродаи матину тобу тоқати оҳанин зоҳир намуда, то охирин нафас, дандон ба дандон ниҳода, бо он ҳама орзуву ниятҳои покаш, ишқу муҳаббаташ, аҳду вафояш ҳамеша устувор мемонад. Ин аст, ки император ўро бо унвони ифтихории “Арбоби бузург” сарфароз намуд, маоши ҳарсола муайян кард, ҳавлию боғ, хизматгорон ва панҷоҳ нафар ғуломон ба ихтиёри ў бидод.

Чжан Тсян ба қавли Ҳофиз ҳақ дошт бигўяд:

          “То дарахти дўстӣ боре диҳад,

          Ҳолиё рафтему тухме коштем”.

Пас аз мутолиаи роман мисраҳои Хайёми Нишопурӣ ба ёд меояд:

          “Онон, ки куҳан буданду онон, ки наванд,

          Ҳар як паси якдигар якояк бираванд,

          Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,

          Рафтанду равему боз оянду раванд”.

Бале, Чжан Тсян рафт, вале номи некаш ҷовидона монд. Ва романи “Шоҳроҳи абрешим” далели ин гуфтаҳо аст. Мо ба муаллифон барҳақ ҳамақида ҳастем: “Чжан Тсян воқеан зиста буд ва ин китоб далели умри пурбаракати ўст”.

Атахон Сайфуллоев менависад: “Дар насри муосири тоҷик ҳанўз асари идеалиеро нахондаам. Ин асар ҳам моҳи беайб нест”. Албатта, роман аз камбудиҳо орӣ нест. Баъзе камбудиҳое, ки ба назар мерасанд, ҳаргиз қимату арзиши романро коста намегардонанд.

“Чин ва Тоҷикистон мамлакатҳои дўст ва ҳамсояанд, ки тавассути кўҳҳои баланд ва дарёҳои бузург ба ҳам пайвастаанд. Дўстии халқҳои ҳар ду мамлакат таърихи қадимӣ дорад” – менависад Ходими намоёни давлатию ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзян Тсземин.

Имрўз бошад шоҳроҳи Кўлоб – Дарвоз – Қулма ин кўҳҳои баландро убур карда, лаб-лаби дарёҳои бузург “чун тори хушнавои сози мусиқӣ пуртанин аст”.

 Хушбахтона, дар баробари дарёҳои бузург чашмаи мусаффое арзи вуҷуд намуд. Ин чашмаи мусаффо романи Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин “Шоҳроҳи абрешим” мебошад. Аз ин чашмаи мусаффо роҳати ҷисму рўҳ эҳсос мешавад. Беҳуда дар Машриқзамин нагуфтаанд: “Инсоне ки об аз чашмаҳои мусаффо менўшад, худ низ ботинан ва зоҳиран поктар мешавад”.

Бигузор ин чашмаи мусаффо дарёи муҳаббату дўстии халқҳои чину тоҷикро бо оби поки ҳақиқату адолат ва маърифат шодоб гардонад.

Мо дар арафаи чорабинии муҳими сиёсиву давлатӣ – 15-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ба гумони ғолиби ман бори сеюм бо таҳрир  ва иловаҳои нав дар як ҷилд бо ду забон ба табъ расидани романи “Шоҳроҳи абрешим” беҳтарин тўҳфаи аҳли эҷоди Тоҷикистон ба муносибати ин чорабини муҳим аст. Ато Ҳамдам ва Леонид Чигринро бо ин дастовардашон самимона муборакбод намуда, онҳоро даъват мекунем, ки романи наве аз имрўзи Шоҳроҳи абрешим, ки пайвандгари дирўзу имрўз аст нависанд. Мо ба онҳо тавфиқ ва парвози баланди эҷодӣ таманно дорем. Аз фурсати муносиб истифода карда аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Ли Хуэйлай эҳтиромона хоҳиш дорем, барои ҳарчи зудтар бо шакли пурра ба забони чини тарҷума ва нашр шудани ин китоби арзанда мусоидат намоянд.

Ташаккур ба таваҷҷуҳатон!

23 декабри соли 2006

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …