Дар ҳар лаҳзаи ҳаёт, мо аз неъматҳои бешумор истифода мекунем. Ҳавое, ки нафас мекашем, обе, ки меошомем, таоме, ки тановул мекунем, ҳайвоноте, ки гӯшти онҳоро ҳамчун ғизо ва ширашонро ҳамчун нӯшокӣ истифода мебарем, меваҷот ва сабзавоти гуногун, ки ҳар кадомашон ранг, бӯ ва маззаи ба худ хос доранд. Ҳар яки ин неъматҳо барои мо ҳадяи Аллоҳ Таъоло буда, далели меҳрубонӣ ва муносибати некаш нисбати мо мебошад.
Агар шахсе ба манфиати мо ягон амали некеро ба анҷом бирасонад, мо бениҳоят хушнуд гардида, ба ӯ изҳори сипос ва муҳаббат мекунем. Ва агар ин шахс аз мо иҷрои кореро хоҳиш намояд, мо бо хурсандӣ, хоҳиши ӯро пазируфта, кӯшиши ҳар чӣ зудтар анҷом додани онро мекунем. Ҳамин тавр не? Ва наход мо ба Аллоҳ Таъоло, ки моро аз нестй ба ҳастӣ расонида ба, мо неъматҳои фаровонро ато намуд, сипосгузор набошем? Наход мо бо хушнудӣ, ибодате, ки Ӯ фармудааст ба ҷо наоварем?
Мо ибодатро ба ҷо оварда, ба василаи он ба Аллоҳ Таъоло, барои неъматҳои ато намудааш, изҳори сипос мекунем. Ба ғайр аз ин, бо воситаи ибодат эътиқод, муҳаббат ва вафодории худро нисбат ба Аллоҳ Таъоло изҳор мекунем. Ба туфайли ин, мо ба муҳаббати Аплоҳ Таъоло сазовор мегардем. Агар Аплоҳ Таъоло моро дӯст дорад, Ӯ бешубҳа, моро парасторӣ хоҳад кард ва дар охират зиёда аз ин неъматҳои дунёиро ба мо ҳадя хоҳад кард ва дар биҳишт хушбахтии абадиро ба мо насиб хоҳад гардонд.