Главная / Гуногун / Чаро забони форсии нав мегўянд ?

Чаро забони форсии нав мегўянд ?

Ба «Форсии нав» кадом забон дохил мешавад ?

 Баробари ҷорӣ шудани дини Ислом забони форсӣ танг шуда, аз майдон баромад. Форсҳо бо хати арабӣ менавиштагӣ шуданд. Ҳамаи корҳои динӣ, навиштаҷоти динӣ ба забони арабӣ сурат мегирифт. Вале Муҳаммад Пайғамбар ҳамчун даҳои инсоният дарк намуда буд, ки бидуни форсҳо дини Исломро ҳеҷ кас қудрати ба саҳнаи ҷаҳонӣ баровардан надорад, бинобар Имоми Аъзам ва Сайиди Бухоро барин садҳо тоҷикони забардаст ба Арабистон ҷалб карда шуда, поягузори тамаддуни исломӣ гардиданд. Ҳатто падари забоншиноси араб Ибни Халил ҳам шогирди Себўяи Форсӣ буд.

Хулоса, ҷалб карда шудани ашхоси забардасти форсизабон ба Арабистон, на фақат дини Исломро ба саҳнаи ҷаҳонӣ баровард, балки мамлакатҳои исломиро ба гаҳвораи тамаддуни ҷаҳон табдил дод. Эҳёи тамаддуни исломӣ сабабгори бунёди забони нави форсӣ гардид. Акнун ин забон аз Бухорои Шариф ба тамоми мамлакатҳои форсизабони Шарқ дар асри 9-10 дастур медод.

Забони форсии нав имрўз ин забони тоҷикони Тоҷикистону Эрону Авғонистон ва қисми Покистону Ҳиндустон аст. Бо ин забони таърихии аҷдодӣ имрўз халқҳои форсизабони дунё сухан мекунанд, асарҳо меофаранд ва чун аҷдодонашон ба инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳиссаи сазовар мегузоранд. Дар бораи забони форсии нав ҳанўз аз замонҳои кўҳан муаллифҳои халқҳои гуногун китобҳои хеле зиёде иншо кардаанд. Профессор Шароф Рустамов менависад: “Решаҳои нави забони форсӣ ба гузашта хеле амиқ рафтаанд. Лексикографияи он аз асри 10 ибтидо мегирад. Дар ҳазорсолаи гузашта луғатҳои бисёре мураттаб ва нашр шуданд”. Дар бораи грамматикаи забони форсии нав (тоҷикӣ) дар мамлакатҳои гуногуни олам даҳҳо китобу этюд ба табъ расидаанд. Масалан: Грамматикаи забони форсии нав. Аз рўи забони лотинӣ: Вуллерс (Гисс., 1, 1840; 2, 1850; нашри 2. 1870), Гейтлин (Гелсингфорс, 1846, бо муҳовараҳо); ба забони франсавӣ. А.Ходзко (П., 1883), Биберштейн-Казимирский (“Dialogues fr.-pers”, 2, 1883), Никола (“Dialogues persfr”. – П., 1869), Гарсен-де-Тасси (аз рўи Ҷонс, Париж, 1845), Оллендорф (Франфурк); англ.: Мирзо Муҳаммади Иброҳим (Лондон, 1843, бо муҳовараҳо), M.Lumsden (Калк., 1810), Ҷонса (Л., 1775, нашри 2. 1804); бо забони италявӣ. Пицци (Лпс., 1883; нашри 2 ислошуда., 1891), Флей-шер (Лпс 1875, аз рўи Мирзо Муҳаммад), Залеман ва Жуковский (В., 1889); ба забони русӣ: Березин (Қазон, 1853), Залеман ва Жуковский (СПб, 1890), Мирзо-Ҷаъфар (Қазон, 1885, нашри 2 М., 1897), “Китоби муҳовараи русӣ-форсӣ” –и ў (Қазон, 1882; 2 нашри иловагӣ., М., 1897), Гоаннисянтс (М.,1856). Ниг. Трумпп, “Ueber den Accent u. die Ausspraohe d. pers.” (“Sitzungsber. d. bayr. Akad.”, Мюнхен, 1875, 1). Луғатҳо: Вуллерс “Lexicon Persico-Latinum” (Бонн, ҷ.2, 1864); Сенкер, (“Dectionnaire turcarabe-persan” (Лпс., 1, 1866; 2, 1876); Менинский, “Lexicon Tircico arabico-persicum” (В., 1780-1702); Ричардсон, “Persian-arab.-engl. dictionary” (Лон-дон, 1806; нашри иловагӣ. Ф.Ҷонсон, Л., 1826); Берже, (“Dectionnaire oeresan-fr.” (Лис., 1869, на он қадар ҳам калон); барои аз забони франсавӣ ба форсӣ тарҷума кардан–Никола (П.,: 1885) ва Ганҷерӣ (М., 1840-1841), аз забони русӣ–Наливкин (Қазон, 1889). Луғатҳои тафсирии забони форсӣ: “Бурҳони қотеъ” (Калкутта, 1818), “Фарҳанги Шоурӣ” (Константинопол, 1746); “Ҳафт колзум” (Лукнов, 1822); “Фарҳанги Рашидӣ” (Калкута. 1875) ва ғайра. Дар бораи зарфҳои забони форсӣ, ки дар ҳар кадом вилоят тағйир меёбанд ва ҳусусан дар сарҳадҳо хеле фарқ мекунанд, ниг. Березин, “Recheres sur les dialtctes persans” (“Учёные Записки Казанского Унив.”, 1851 ва 1852); Дорн, “Материалы” (СПб, 1866); Жуковский, “Пред-варительные Заметки” (“Зап.Вост.Отд.”, 1886) ва “Материалы (СПб, 1888); Мелгунов (“Zeitsxhr. D.1). Morg. Gesellsch.”, т.22); Фр.Мюллер (“Stzber. d. Wein. Akad.”, Ҷ. 77 ва 78).

Дар тадқиқи таркиби овози забони форсии нав (тоҷикӣ) хизмати И.И. Зарубин бағоят зиёд аст. “Этнологические задачи экспедиции в Таджикистане”, с.1926., Л.Бузургзода “Фонетикаи забони адабии тоҷик”, с.1940, В.С.Соколова “Фонетика таджидского языка”, 1949, В.С.Расторгуева “Краткий очерк фонетики таджидского языка”, 1955г., Саидризо Ализода “Морфология ва синтаксиси забони тоҷикӣ”, с.1926, Б.Ниёзмуҳаммадов “Ҷумлаҳои содда дар забони ҳозираи адабии тоҷик”, 1968, Д.Тоҷиев “Тарзҳои алоқаи муайяяншаванда бо муайянкунанда дар забони ҳозираи адабии тоҷик”, с.1955, “Ҷумлаҳои мураккаби тобеи якчанд ҷумлаи пайрав дошта”, с.1966 ва “Воситаҳои алоқаи ҷумлаҳои мураккаби тобеъи ў, с.1971., М.Исматуллоев “Пуркунандаи бевосита дар забони ҳозираи тоҷик”, с.1955, “Ҳолҳои макон ва вақт” с.1971, Ш.Рустамов “Ҷумлаҳои мураккаби тобеи ҷумлаҳои пайрави сабаб дошта дар забони ҳозираи адабии тоҷик”, с.1968 , А.Эшонҷонов “Хабарҳои исмӣ ва тарзҳои ифода кардани онҳо” с.1969 ва муҳимтарин тадқиқотҳои ин соҳа ба қалами В.В.Фрейман, М.Н.Боголюбов, В.А. Лившитс, И.М.Ораныкий, В.С.Расторгуева, А.З.Розенфелд, Н.Маъсумӣ, А.Кари-мов, Р.Додхудоев, М.Давлатова, Б.Сиёев ва Азим Байзоев тааллуқ доранд.

Олими машҳури асри 19 рус А.Шепотев менависад: “Забони нави форсӣ (забони  тоҷикӣ. – И.У.) аз забонҳои туркӣ ва арабӣ бакуллӣ фарқ мекунад, он забони зебо ва бой ба ҳисоб рафта дар Осиё бештар паҳн гардидааст”.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …