Главная / Гуногун / Чаро Ҳофизи Шерозӣ мегўяд?

Чаро Ҳофизи Шерозӣ мегўяд?

Ҷанги ҳафтоду ду миллат  ҳамаро узр бинеҳ.

Чун надиданд ҳақиқат раҳи афсона заданд.

Модом, ки аҳли дин ҳақиқатро ёфта натавонанд, пас дин аз баҳри чист?

Ҷавоб: Ин ҷо Ҳофиз равияҳои гуногуни диниро дар назар дорад, ки роҳи Ҳақ-яъне роҳи «Ҳақ-таоло»-ро ёфта натавониста, ба ҳам меҷанганд. Ҳол он ки Худи Муҳаммад (а) дар Қуръон хеле ҳам воҷеҳу равшан гуфтааст: «Мо ба китобҳои муқаддас, ки …ба Мусо, Исо ва дигар пайғамбарон нозил шудаанд, ягон тафовутро байни онҳо намебинем. Мо худро ба Ў (яъне Худо) додаем» (Қуръон).

Дини Исломро мисол мегирем. Мо аз шарҳи Аркони панҷгонаи Ислом худдорӣ карда, фақат аз китоби «Тамҳидот»-и Айнулқузот дар бораи имон як шингил мисол меорем:

«Ба Иброҳим Халилулллоҳ ҳамин хитоб омад:

– Дил мусулмон кун!

Гуфт: – Дил мусулмон кардам.

Хитоб омад: – Ҳама мўъминон мусулмон бошанд, аммо ҳама мусулмонон мўъмин набошанд».

Дини Ислом илова ба Аркони худ, боз қонуни ахлоқии худро дорад. Кодекси ахлоқии дини Ислом нисбат ба Аркони панҷгонаи вай хеле  доманадор аст; аз тамоми динҳои бузурги ҷаҳонӣ дини Ислом дини тез паҳншаванда аст, зеро дар ин дин нисбат ба ҳамаи динҳои дигар, хусусияти гражданӣ – сиёси (табаавӣ – сиёсӣ) ва аҳлоқи  афзалият дорад. Шариат ё ҳуқуқи исломӣ, кодекси қонунҳои худро дорад, ки тарафҳои гуногуни ҳаёти заминии  мусулмононро ба тартиб меоварад. Шариат ҳамаашро дар бар мегирад: шахси мусулмон дар адои намоз, дар кор, дар ҷамъият, дар оила, дар муносибат ба хешу табор ва ғайраҳо худро бояд чигуна нигоҳ дорад, чи хел бошад, муайян кардааст. Риояи ин қонун одамро инсони комил мегардонад.

Хулоса,  Ислом – ҳамчун дин, бо хусусиятҳои гражданӣ – сиёсии худ ба ҷаҳонбинии аҳли мусалмон сахт ҷойгир шуда, ўро мўъмин мегардонад. Аз ин лиҳоз ҳақ ба ҷониби Саид Ҷамолиддини Афғон аст, ки мегўяд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …