Главная / Гуногун / Чаро доллар қиммат мешавад?

Чаро доллар қиммат мешавад?

Суҳбати ихтисосии хабарнигори рӯзномаи “Тоҷикистон” Усмон Раҳимзода бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, доктори илмҳои иқтисод Шариф Раҳимзода аз 3 апрели соли ҷорӣ маро водор сохт, то дар тақвияти гуфтаҳои олими варзида чанде аз назару андеша ва таҳлилу мушоҳидоти худро атрофи нархи бозору қурби асъор ва дигар печидагиҳо дар ин самт манзури хонандагони рӯзнома гардонам.

Бозор – сарчашмаи даромад? Воқеан ҳам аз диду мушоҳидот дар соҳаи иқтисодиёт бармеояд, ки имрӯз иқтисодиёти кишварамон ниёз ба ислоҳоти ҷиддӣ дорад. Зеро як қатор омилҳои маъмуливу бештар сунъие пайдо шудаву аз ҷониби манфиатҷӯёне эҷод мегарданд, ки иқтисодиёту молиёти мамлакатро мувоҷеҳ ба мушкилот гардонидаанд ва дар ноил шудан ба зиндагии шоистаи мардум таъсиргузоранд. Ба касе пӯшида нест, ки имрӯз ягона сарчашмаи пешбурди рӯзу рӯзгори мардум ин бозор аст. Яке молу маҳсулоти аз хориҷи кишвар овардаашро пешниҳоди харидорон мегардонад, теъдоди дигар аз як гӯшаи бозор маҳсулот харидорӣ карда, гӯшаи дигар нишаста, болои он чанд тангае гузошта, бо ҳамин васила рӯз мегузаронанд.

Яъне, қариб ҳар хонаводаи тоҷикистониҳо бозоршинанд ва рӯзии худро аз бозор пайдо мекунанд. Маҳз ҳамин омил, эҳтиёҷоти мардум ва рӯ овардан ба бозор нархи маҳсулот ва арзиши долларро боло бурдааст. Мусаллам аст, ки ҳар гоҳе нархи маҳсулоту қурби доллар дар Тоҷикистон ба боло дакка хӯрад, дигар он асло поён намефарояд. Чаро? Зеро сатҳи маърифати бозордории мо ва нафси теъдоде аз манфиатҷӯи муассисаҳои молиёту иқтисодиёти кишвар, ки бозори асъорро ба худ монополия кардаанд, сабаби эҷоди чунин монеаи сунъӣ гаштаанд.

Одитарин маҳсулоти полезӣ дар бозор – гашничу шибит, пиёзи сабзу пудинаву дигар намуди кабудиҳост, ки як бандчаи ин намуд аз маҳсулоти хӯришӣ 50 дирам арзиш доранд. Чун сабаби гаронии нарх пурсед, фурӯшандаҳо бидуни андеша посух медиҳанд: “Доллар боло рафтааст.” Дигар фурӯшандагони сабзавоту меваҷот низ болоравии қимати долларро омили боло рафтани нархи маҳсулот маънидод мекунанд. Аксар фурӯшандаҳои бозор, ки маҳсулоти полезиро аз дасти сеюму чорум харидорӣ мекунанд, омил пеш меоранд, ки нуриҳои минераливу тухмиву сӯзишворӣ воридотианд ва он ҳамаро бо доллар харидорӣ мекунанд. Магар чунин хулосарониро метавон омили боло рафтани нархи маҳсулот маънидод кард? То ҷое метавон ба ин гуфтаҳо розӣ шуд, аммо набояд аз мадди назар дур дошт, ки аксари бозоршинҳо ҳаннотонанд, маҳсулот мустақиман аз полезҳо вориди бозор намегардад.

Саҳеҳтараш, деҳқон ҳаққу ҳуқуқе надорад, ки мустақиман маҳсулоти худро вориди бозор гардонад. Пас, кӣ нархи бозорро назорату ба танзим медарорад? Сарварони бозорҳо низ ба мисли фурӯшандаҳо дар ғами манфиати хешанд… Дар Афғонистони ҷангзада вақте дар минтақае даргирӣ то чанд рӯз идома меёбад, нархи маҳсулот бинобар банд будани роҳҳо каме боло меравад ва чун даргирӣ хотима меёбад, нархи маҳсулот ҳолати авваларо мегирад, яъне поён мефарояд ва қурби асъори хориҷӣ низ танзим меёбад. Чаро доллар бологузар аст? Воқеан ҳам тӯли чандсолаҳост, ки доллар дар қиболи пули миллӣ ҷойгоҳи баландеро ба худ касб кардааст ва масъулини муассисаҳои молиявӣ ҳарчанд ба қавли худ ҷаҳду талош меварзанд, то қимати пули миллиро боло баранд, аммо танзиму низоми ягонаи онро пайдо карда наметавонанд.

Чаро имрӯз талаботи мардум нисбат ба доллар бештар асту аммо он дар бозори асъор камчин аст? Инро дастандаркорони Бонки миллии Тоҷикистон, бахусус Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди ин ниҳод хуб медонанд ва онҳо дар машваратҳои ҳарҳафтаинаи худ аз қурби пули милливу вазъи нархи молу маҳсулот дар бозорҳои кишвар маълумот медиҳанд. Омилҳоро низ нишон медиҳанд, аммо ҷиҳати ҳаллу аз бунбаст берун гаштанро касе ба ёд ҳам намеорад. Осонакак омилҳои берунаро мисол меоранду бо ҳамин об ба лаби ҷӯ баробар мегардад.

Бозор ҳамон бозор, молу маҳсулот ҳамон маҳсулот, фақат нархҳо осмонӣ. Соле муқаддам як масъули Бонки марказии кишвар ба суоли хабарнигоре омилҳои баланд шудани қурби долларро “дар афзоиш ёфтани фаъолнокии иқтисодии соҳибкорон баъд аз мавсими зимистон” маънидод карда буд. Дигар фаслҳо чӣ, магар қурби доллар дар дигар фаслҳо ба боло дакка намехӯрад? Ҳатто масъулини Бонки миллӣ чанд соле қабл гуфта буданд, ки болоравии қурби доллар аз онҳо вобаста нест. Пас, он аз кӣ вобаста аст? Хонандагон хуб дар хотир доранд, ки як муддат фурӯши нарху мошинаҳо бо доллар сурат мегирифт ва қариб аксарият дар ҷайб доллар доштанд.

Иқдоми Бонки миллӣ долларро аз муомилот бардошт, нуқтаҳои табодули асъор низ барҳам хӯрданд, ҳар кӣ бо доллар додугирифт мекард, ба ҷавобгарӣ кашида шуд, доллар камчин гашт ва гумон мерафт, ки ин ягона роҳи баланд бардоштани қурби пули миллӣ мегардад. Аммо баръакс, қурби пули миллӣ дар сатҳи паст қарор гирифт, сатҳи таваррум дар бозорҳо ба нуқтаи баландтарин расид, аксари корхонаҳо муфлис шуданд, мавҷи ин баҳри пуртуғён ҳатто бархе аз бонкҳоро низ муфлис гардонд.

Ёдам ҳаст, замоне ки муомилоти доллар озод буд ва дар ин роҳ ҳеҷ садде вуҷуд надошт, фурӯшандаҳои нуқтаҳои табодули асъор ва ё ба қавли маъмул “валютчикҳо”, аз Бонки миллӣ доллару евроро озодона харидорӣ мекарданд ва ба болои он 1 долларӣ гузошта, дар нуқтаҳои саррофӣ ба мардум мефурӯхтанд. Аз чунин фурӯши озоди доллару табодули асъор ҳам бонкҳо фоида медиданду ҳам саррофон. Ҳатто дар роҳраву кӯчаҳо низ афроде ба чашм мерасиданд, ки пинҳонӣ доллар табодул мекарданд ва коршиносон онҳоро фурӯшандаҳои бозори сиёҳ маънидод мекарданд.

Воқеан ҳам, агар воқеъбинона масъаларо таҳлил кунем, баръало он чиз аён мегардад, ки қаблан вақте мардум дар ҳамён доллар доштанд, дилхоҳ молу маҳсулотро аз хориҷи кишвар бидуни мушкилот вориди бозорҳо мегардониданд ва нархи молу маҳсулот низ то ҷое муътадил буд. Чун муомилоти долларӣ ба иборае “ба танзим” дароварда шуд, аксари тоҷирону соҳибкорон муфлис шуданд, мардум дар як ҳолати ногувори буҳрони иқтисодӣ қарор гирифтанд. Ҳамагон огаҳӣ доранд, ки ҷиҳати коркарди молу маҳсулот дар корхонаҳои кишвар, ашёи хом аз хориҷи кишвар ворид мегардад ва гӯё чунин вориднамоӣ метавонад бозорро ба танзим дарорад? Замоне семент аз хориҷи кишвар ворид мегашт ва қимати як халтаи сементи навъи Покистон аз 33 то 36 сомонӣ буд.

Аммо имрӯз, ки семент дар дохили кишвар истеҳсол мегардад, арзиши як халтаи он 40 сомониро ташкил медиҳад. Магар ашёи хоми семент хориҷ аз кишвар ворид мегардад? Ё иллат дар он аст, ки чиноиҳо ин бозорро аз худ карда, ҳаққи худро бо доллар мерӯёнанд? Чӣ бояд кард? Вақте мегӯем қурби пули миллӣ коҳиш ёфтаву доллар болост ва нархи маҳсулот ҷавобгӯи кисаи мардум нест, пас чаро давлатмардони кишвар дар танзими нархи маҳсулоти бозор мусоидат намекунанд? Он рейду санҷишҳое, ки ба хотири худнамоишдиҳӣ дар бозорҳо гузаронида мешаванд, роҳҳи ҳалли масъала нест. Иқдомоти шаҳрдорӣ дар мавриди ташкилу таъсиси ярмаркаҳои фурӯши молу маҳсулоти деҳқонӣ бо нархи дастрас, воқеан ҳам, ба манфиати мардум аст.

Маҳз монеагузорӣ дар муомилоти асъори хориҷӣ, қурби онро баланд кардааст. Тоҷирону соҳибкорон молу маҳсулотро аз хориҷа бо доллар харидорӣ мекунанд ва баъд аз ворид кардани он ба кишвар, аз рӯйи қурби муайянкардаи худ онро ба сомонӣ табодул мекунанд, ки омили даҳчанд боло рафтани нархи молу маҳсулот мегардад. Чунин амалкард зарбаи ҷонкоҳе мегардад ба камари хамгаштаи қишри камбизоати ҷомеа.

Тавре дар боло ишора кардем, дар мо анъана шуда, ки болоравии қурби долларро мавсимӣ арзёбӣ мекунем. Мавсими мактаб фаро расад, формаи мактабӣ қимат мешавад, ҷашну идҳои миллӣ аз қабили идҳои Рамазону Қурбон ва дигар ҷашнҳои миллӣ баргузор шаванд, молу маҳсулоти ғизоӣ даҳчанд боло мегардад ва касеро парвое нест ва ҳеҷ гуна назорат дар бозорҳо дида намешавад. Дар маҷмӯъ мардум ин ҳамаро монополикунонии бозори асъор аз ҷониби афроди манфиатҷӯ маънидод мекунанд, ки ба хотири пешбурди кори бонкҳои худтаъсисдодаашон роҳи гардиши долларро ба самти худ гардонидаанд.

М. МУҲАММАДЗОДА, коршинос

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …